Энергетикаи Тоҷикистон: натиҷаҳо, самтҳои стратегӣ ва роҳи рушди устувор
Соли 2025 ба охир мерасад ва мо фаъолияти соҳаи энергетикаро, ки яке аз пояҳои асосии иқтисоди миллӣ мебошад, натиҷагирӣ менамоем. Соли равон давраи таҳкими инфрасохтор, амалӣ шудани тарҳҳои бузурги стратегӣ ва роҳандозии ташаббусҳои нав гардид, ки самти рушди минбаъдаи соҳаро барои солҳои оянда муайян мекунанд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии кишвар – таъмини истиқлоли энергетикӣ ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ, то соли 2025-ум дар кишвар 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 миллиард (млрд) доллари ИМА амалӣ карда шуда, 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,6 млрд доллари ИМА дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Дар натиҷа, зиёда аз 2000 МВт иқтидорҳои нав ба кор дароварда шуда, иқтидори энергетикии мамлакат ба беш аз 6600 МВт баробар гардида, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17,4 млрд кВт·соат дар соли 1991 ба 24 млрд кВт·соат дар соли 2025 афзоиш дода шуд, ки дар қиёс 6,8 млрд кВт·соат ё 37,9% зиёд мебошад.
Набояд фаромӯш кард, ки кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо чӣ мушкилиҳо рӯбарӯ шуд. Воқеаҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ на танҳо ба пояҳои иқтисодӣ зарбаи шадид расониданд, балки пешрафту шукуфоии кишварро ба таври ҷиддӣ боздошт. Бо вуҷуди ин, пас аз таъмин гардидани суботи сиёсӣ дар оғози асри нав, роҳбарияти кишвар масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбудии ҳаёти мардумро дар авлавият қарор дод. Бо дарназардошти нақши ҳалкунанда доштани соҳаи энергетика дар ин раванд, Ҳукумати мамлакат барои пешбурди сиёсати иқтисодии давлат се ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян намуд. Илова бар ин, аз соли 2018 инҷониб саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардида, мавқеи энергетикаро ҳамчун такягоҳи рушди саноати ватанӣ боз ҳам тақвият бахшид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН борҳо таъкид кардаанд: «Рушди устувори иқтисодиёти кишвар бе истиқлоли энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, барои истифодаи имконоти берунӣ барои рушди энергетика, ки яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъй кард».
Низоми энергетикии Тоҷикистон тавассути ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, навсозии таҷҳизот ва баланд бардоштани самаранокии неругоҳҳои мавҷуда устувории худро таҳким медиҳад. Ба анҷом расидани марҳилаҳои нави таҷдиди як қатор неругоҳҳои барқи обӣ аҳамияти махсус дорад, зеро маҳз онҳо асоси истеҳсоли барқи кишварро ташкил медиҳанд.
Дастовардҳои асосии соли 2025: тақвияти истеҳсол, шабакаҳо ва идоракунӣ
НБО «Роғун» – такягоҳи ояндаи истиқлоли энергетикӣ
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 50 дарсад ба анҷом расид. Сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 145 метр баробар гардид. Дар ин замина, ду агрегати муваққатии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз наздики 10 млрд кВт·соат неруи барқ истеҳсол кардааст.
CASA-1000 ва ҳамгироии байналмилалӣ
Дар моҳи март, хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка–Суғд» дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ба истифода дода шуд, ки ҳамкории энергетикии минтақавӣ ва иқтидори содиротии кишварро тақвият мебахшад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти интиқоли барқ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров сурат гирифт.
Рушди комплексии ВМКБ
Дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 МВт, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал», неругоҳҳои барқи офтобии Аличур (2,8 МВт), Гулзор (0,45 МВт) ва чор неругоҳи хурди барқи обӣ ба истифода дода шуданд.
Тақвияти устувории энергетикии минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубӣ
Дар соли 2025 сохтмони неругоҳҳои нави офтобӣ, ки барои таъмини устувории энергетикии минтақаҳо бо шароити баланди иқлимӣ равона шудаанд, идома ёфт. Ҳамзамон, таҷдид ва навсозии неругоҳҳои хурди барқи обӣ амалӣ гардида истодааст, ки шабакаи боэътимоди таъминоти барқи маҳаллиро, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистонии кишвар, эҷод мекунанд.
Дар моҳи ноябр, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, се агрегати охири Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» пас аз таҷдид ба кор андохта шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо иқтидори умумии 500 МВт оғоз ёфтанд.
Пас аз таҷдид агрегати сеюми (№7) Неругоҳи барқи обии «Норак» ба кор дароварда шуд, ки аз ин ҳисоб иқтидори лоиҳавии неругоҳ боз 40 МВт зиёд гардид.
Рушди энергияи «сабз» ва роҳҳои ҳалли устувори экологӣ
Самти муҳими фаъолият татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 боқӣ мемонад. Мо ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро пайваста афзоиш медиҳем, захираҳои обро беҳтар мекунем ва қабули роҳҳои ҳалли самараноки энергияро ҳам дар саноат ва ҳам дар хонаводаҳо таблиғ мекунем. Дар ҳамин замина, моҳи ноябри соли 2025 Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026–2030 қабул карда шуд.
Ҳамкории байналмилалӣ: уфуқҳои нави шарикӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар бахши энергетикаи минтақавӣ тақвият медиҳад. Дар соли 2025 ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ ва СҲШ, инчунин институтҳои байналмилалии молиявӣ густариш ёфт. Шарикони мо лоиҳаҳои калидиро, аз гидроэнергетика то рақамикунонӣ ва самаранокии энергетикӣ, дастгирӣ мекунанд. Мо имкониятҳои содиротиро тавассути ташаббусҳои минтақавӣ васеъ мекунем ва ҳамкорӣ дар самтҳои энергияи устувор, омода намудани мутахассисон ва инноватсияро рушд медиҳем.
Мушкилоти замон: иқлим, афзоиши талабот, устувории система
Тибқи таҳлилҳо ва пешбиниҳои стратегии соҳаи энергетика, то соли 2030 талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат ба 25,6 млрд кВт·соат баробар хоҳад шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 дар ҳаҷми 6,1 млрд кВт·соат ё 31 фоиз афзоиш меёбад. Афзоиши талабот ба омилҳои зерин марбут аст:
• рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ ва соҳаи саноат;
• афзоиши шумораи аҳолӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагӣ;
• густариши истифодаи нақлиёти барқӣ;
• зиёдшавии талабот ба неруи барқ.
Бо назардошти эҳтиёҷоти рӯзафзуни энергетикӣ ва зарурати таъмини амнияти энергетикии дарозмуддат, рушди неруи «сабз» ва бунёди иқтидорҳои иловагӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб ва бод) ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтидори офтобӣ ва бодӣ имкониятҳои васеъ дорад ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад ҳам барои коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳам барои диверсификатсияи низоми энергетикӣ мусоидат намояд.
Таҳдидҳои иқлимӣ
Дар шароити кунунӣ тағйирёбии иқлим ба яке аз хавфҳои ҷиддии рушди устувор дар соҳаи энергетика мубаддал гардидааст. Бо дарназардошти он ки зиёда аз 95 дарсади неруи барқ дар кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад, ба инобат гирифтани хавфҳои иқлимӣ ва мутобиқсозии инфрасохтори энергетикӣ ба чунин тағйирот аҳамияти стратегӣ дорад. Омилҳое, ки ба ҳаҷми оби дарёҳо ва қобилияти кории неругоҳҳои барқи обӣ таъсири назаррас мерасонанд, инҳо мебошанд:
• кам шудани ҳаҷми боришот;
• тағйир ёфтани реҷаи гидрологӣ;
• баланд шудани ҳарорати ҳаво;
• зиёд гардидани давраҳои хушксолӣ.
Ин равандҳо ба кори мунтазами неругоҳҳои барқи обӣ таъсири мустақим мерасонанд. Паёмадҳои манфии онро дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2025 мо ба таври ҷиддӣ эҳсос кардем.
Тадбирҳои афзалиятноки мутобиқшавӣ:
• такмили баҳисобгирӣ ва мониторинги рақамии захираҳои об;
• баланд бардоштани самаранокии идоракунии обанборҳо;
• навсозии инфрасохтори гидротехникӣ;
• рушди манбаъҳои алтернативии энергия – офтоб ва шамол;
• васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи барқӣ;
• амалӣ намудани лоиҳаҳо оид ба коҳиши талафоти неруи барқ.
Дар ин замина, татбиқи чораҳо барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об, истифодаи технологияҳои баҳисобгирии дақиқ, идоракунии сарфаи об дар обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин такмили низоми огоҳкунии барвақтӣ оид ба хатарҳои обию иқлимӣ аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа ба шумор меравад.
Сарфаҷӯӣ – ҳамчун захираи миллӣ
Ба таври васеъ ба роҳ мондани сарфаҷӯӣ аз самти дигари муҳими соҳа ба ҳисоб рафта, дар сурати то 3% таъмин намудани сарфаҷӯйии неруи барқ имконияти сарфа намудани 3,6 млрд кВт·соат то соли 2030 пайдо мегардад, ки ин ба ҳаҷми неруи солонаи барқи дар НБО-ҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истеҳсолшаванда баробар мебошад.
Кам кардани талафоти техникӣ ва ғайритехникӣ яке аз афзалиятҳои асосӣ боқӣ мемонад. Ҳарчанд дар даҳ моҳи соли 2025 талафоти неруи барқ дар кишвар нисбат ба соли гузашта дар сатҳи 3,3% коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо то ҳол қонеъкунанда нест. Бо дарназардошти талаботи замони муосир ва зарурати баланд бардоштани самаранокии идоракунии низоми энергетикӣ, коҳиши талафоти барқ ва таъмини шаффофият, муҳим аст, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани васлу насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ дар доираи лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Ҷорӣ намудани низоми муосири биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагон, ҳисобу китоби истеъмоли неруи барқ аз ҷониби ҳамаи истифодабарандагон, инчунин таъмини ҷамъоварии саривақтии маблағ аз аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ аз вазифаҳои калидӣ ба шумор рафта, иҷрои босамари онҳо ба коҳиши назарраси талафоти техникӣ ва ғайритехникӣ мусоидат менамояд.
Дар чунин шароит, зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда корҳои таҳким бахшидани иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳсозии шабакаҳои интиқол ва тақсимот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии умумии низоми энергетикӣ босуръат ба роҳ монда шаванд. Танҳо бо роҳи зич пайваст намудани рушди инфрасохтор, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии самараноки захираҳо мо метавонем рушди устувори энергетикии кишварро таъмин намоем ва то соли 2030 талаботи афзояндаи аҳолӣ ва иқтисодиётро пурра қонеъ гардонем.
Афзалиятҳо ва самтҳои стратегии соли 2026
Бо мақсади таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии соҳа ва идома бахшидани ислоҳот, барои соли 2026 амалӣ гардидани як қатор корҳои муҳим ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла:
• Ивази агрегатҳои муваққатӣ ба агрегатҳои доимӣ дар НБО «Роғун» ва ба нуқтаи 1155 метр аз сатҳи баҳр расонидани сарбанди неругоҳ;
• Ба истифода додани неругоҳҳои барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо иқтидори умумии 500 МВт;
• Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар қисмати ҷанубу шимоли кишвар бо иқтидори умумии 1500 МВт;
• Ба анҷом расидани лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара» ва «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар);
• Оғози корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит – марҳилаи 2»;
• Пайвастшавии қисмати шимолии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ;
• Қабули Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Оғози татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқ дар 17 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
Амалӣ намудани ин нақшаҳо имкон медиҳад, ки дар соли 2026 қадамҳои устувор ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ дар соҳаи энергетика гузошта шуда, устувории таъминот, самаранокии истифода ва имкониятҳои содироти неруи барқ боз ҳам тақвият ёбанд. Мо ба соли нав бо дарки возеҳи афзалиятҳои худ, бо дастаи муттаҳиди мутахассисон ва эҳсоси амиқи масъулият дар назди мардум ворид мешавем. Энергетика қалби иқтисодиёт аст ва мо минбаъд низ ҳама кори заруриро анҷом медиҳем, то ин қалб боэътимод, самаранок ва ба манфиати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд.
Далер ҶУМЪА,
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон




