Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се гидроагрегати НБО «Қайроққум»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се гидроагрегати Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»-ро ба истифода дода, ба сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт оғоз бахшиданд
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд се гидроагрегати Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»-ро баъди таҷдиди асосӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин рӯйдод қадами муҳим дар роҳи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба таҳкими истиқлоли энергетикӣ ва рушди энергетикаи «сабз» мебошад.
Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» дар миёнаи асри XX бунёд шуда, аз шаш агрегат иборат буда, дар давоми қариб 70 соли фаъолият бори аввал пурра таҷдид гардид. Ҳангоми ба кор даромадани агрегати охирин соли 1957 иқтидори лоиҳавии онҳо 21 МВт-ро ташкил медод. Бо сабаби фарсудашавии таҷҳизот иқтидори онҳо то 12 МВт коҳиш ёфт, ки самаранокии кори неругоҳро ба таври ҷиддӣ маҳдуд мекард.
Аз соли 2019 бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар иншоот шуруъ гардида, дар муддати қариб 7 сол 6 гидроагрегати неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо ба 29 МВт расонда шуд. Дар ин замина, иқтидори истеҳсолии неругоҳ 60 МВт зиёд гардида, истеҳсоли солонаи неруи барқ аз 650 млн то 900 млн кВт·с афзоиш ёфт.
Дар доираи қисми яки лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 7 трансформатори иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрасии онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуда, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид. Обпартои асосӣ таҷдид гардида, 5 крани борбардор низ навсозӣ гардиданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки то соли 2026 дар доираи лоиҳа бо ҷалби ширкатҳои ватанию хориҷӣ корҳои таъмири биноҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва мумфаршкунии роҳ идома дода мешаванд.
Сарвари давлат ба масъулон супориш доданд, ки дар доираи лоиҳа корҳои боқимондаро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд, то иншооти мазкур баъд аз анҷоми пурраи корҳои бозсозӣ солҳои зиёд ба мардум хизмат намояд.
Оғози сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт
Ҳамон рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғози расмӣ бахшиданд.
Иқтидори умумии неругоҳҳои офтобии бунёдшаванда 500 МВт-ро ташкил дода, арзиши умумии онҳо 250 миллион доллари ИМА аст. Амалишавии лоиҳаҳо ба беҳтар гардидани таъминоти неруи барқи минтақаҳо, афзоиши ҳиссаи истеҳсоли энергияи «сабз» ва таҳкими устувории низоми энергетикии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт дар масоҳати 750 гектар бунёд мешавад ва зиёда аз 115 ҳазор хоҷагиро бо барқ таъмин менамояд, ҳамзамон партоби гази карбонро ба муҳити зист коҳиш медиҳад. Корҳои сохтмонӣ то моҳи августи соли 2026 идома хоҳанд ёфт. Дар ҷараёни бунёд беш аз 600 нафар, асосан сокинони маҳаллӣ, ҷалб мегарданд. Баъди анҷоми лоиҳа 30 мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳар ду иншоот аз ҷониби сармоягузори ватанӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аён Энерҷӣ» ва паймонкор – Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж» дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ ба анҷом расонида мешаванд.
Сарвари давлат ба масъулон супориш доданд, ки сохтмони иншоотҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд, зеро онҳо барои таъмини амнияти энергетикӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири аз ҷиҳати экологӣ тоза аҳамияти махсус доранд.
Дар асоси маводи prezident.tj омода шудааст.




