Дар ҷустуҷӯи субҳ
Гуфт пайғамбар, ки яздони маҷид, Аз пайи ҳар дард дармон офарид. Лек з-он дармон набинӣ рангу бӯ, Баҳри дарди хеш бе фармони Ӯ.
(Ҷалолиддини Румӣ)
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.
Гиромитарин офаридаи Худованди Мутаъол инсон аст, ки дар давоми умри кӯтоҳаш роҳҳои пурпечутоб ва гоҳо пур аз ранҷу азоби бемориро тай мекунад ва баъзан ҷонаш дар хатар мемонаду бо марг рӯ ба рӯ меистад. Болоравии тарси вай чун инстинкти худҳимоякунӣ гоҳо то ба ҷое мерасад, ки хавфу хатарро тадриҷан эҳсос менамояд ва беихтиёр кӯшиши аз он дуриву раҳоӣ мекунад. Ҳамин тариқ, новобаста аз дараҷаи шууру дониш, ақлу заковат ва таҷрибаи зиндагӣ ҳангоми гирифтории беморӣ ошкоро ё ниҳонӣ инсон маъюс мегардад, андешаи хоса менамояд, барои худ оқибати корро дарк карданӣ мешавад, аммо хулосаашро дар ин раванд ба атрофиён, ҳатто ба наздиконаш пурра ошкор намесозад.
Беморӣ харобӣ ё номувофиқии мувозанати физиологии бадан бо муҳит аст. Онро ба маънои нотобӣ, ранҷурӣ, дардмандӣ ва хислати бад, одати ношоиста низ мефаҳманд. Тадовӣ бошад, ҷараёни мӯътадил гардонидани инкишофи харобшавии фаъолияти ҳаётӣ мебошад ё, ба ифодаи дигар, барқарор намудани саломатист.
Ин ҷо бароямон муҳимтар муносибати бемор ба маризияш мебошад. Масалан аз: “ман бемории сахти зуком дорам ва мемирам”, то: “зуд муолаҷа мешавам, чунки варами саратон дораму он лоиқи тарсу ҳарос нест”. Ин муносибат ба беморӣ ё эҳсосоти шахсии маризии объективӣ метавонад касро ба сӯи торафт бадтар шудани ҳолаташ ё баръакс шифои ранҷаш бибарад. Ин тасдиқот исботи худро ёфтааст.
Касе нест, ки боре ҳам мариз нашуда бошад. Асрҳо боз одамон сабабҳои пайдоиш ва зоҳир гардидани дардмандӣ ва роҳҳои муолаҷаи онро меҷӯянд. Дар баробари ин, онҳо ба беморӣ ва роҳи бартараф намудани он аз нуқтаю назари гуногун менигаранд ва онро ҳар кадом аз мавқеи маърифатии худ шарҳ медиҳанд. Дар поён оид ба ин муаммо баъзе андешаҳоро гирд овардем. Дар афкорамон тасдиқоти диниро болотар аз хулосаи илми муосир ҷой додем, ки ин бартарӣ то мавҷудияти ҳаёти заминӣ бешак боқӣ хоҳад монд.
Таъкид менамоем, ки аз нигоҳи дини бобоёнамон ва аҳли маърифат дарки решаҳои беморӣ ва муносибати мусбати беморон ба муолиҷаи дардашон ҳолати маъюсию ноумедиро бешубҳа беҳтар ё бартараф месозад. Аммо ба эҳсосу фаҳмиши фалсафаи беморӣ на ҳама қодиранд.
Солимии ақидаи руҳӣ барои муваффақ гардидан ба натиҷаи мусбат дар табобат, бешубҳа, воситаест басо муҳим. Таъсири эътиқод (дин) ва қувваи руҳӣ дар мавридҳои алоҳида барои мушарраф гардидан ба сиҳатёбӣ мавқеи хоссаро ишғол менамояд.
Мантиқи мо, албатта, холӣ аз хато нест. Вале дар доираи донишу ақлу заковати худ кӯшише ба харҷ додем, то роҳи бартараф намудани ғарқшавии беихтиёри инсонро дар дарёи пурталотуми беморӣ ҷустуҷӯ намоем ва аз нигоҳи худ, дар асоси гуфтаҳои гузаштагон дастури хурди маънавиеро ба таври умум ба беморон пешкаш созем. Назари мо ба маризӣ ва табобати он аз мавқеи худи беморон, аз нуқтаи назари фалсафаи зиндагӣ ва дар мадди аввал аз рӯи фармудаҳои Парвардигори бузургвор ва баъзе аз аҳодиси саҳеҳ рӯи коғаз омад. Умед ба он менамоем, ки заҳматамон барои фориғ гардидан аз шоми торики беморӣ ва расидан ба субҳи солимӣ андаке бошад ҳам, ба баъзеҳо кӯмак хоҳад кард. Ва инак...
Худованд якеро бо давлату дороӣ, дигареро бо беморию нодорӣ ва ғайраҳо имтиҳону санҷиш мекунад.
“...аз Абӯҳурайра(р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо(с) фармуданд: “Касеро ки Худованди мутаъол барояш иродаи хайр дода бошад, гирифтори машокил месозад” (Имом Зайнуддин Аҳмад Зубайдӣ, “Мухтасари саҳеҳи Бухорӣ”, Душанбе, “Эр-граф”, 2011, 1951-шумораи ҳадис дар китоб. Дар поён ба ҳадисҳои аз ин китоб овардашуда фақат шумораро менависем). Шояд тасдиқоти “худованд ҳамчун имтиҳон ба бандаҳои дӯстдоштааш дард ва дигар талхиҳои дунёро медиҳад” аз ҳамин ҳадис маншаъ гирифта бошад.
Ба ҳамин мазмун Ҳофизи Шерозӣ менависад:
Осмон киштии арбоби ҳунар мешиканад, Такя он беҳ, ки ба ин баҳри муаллақ накунем.
Бедил мефармояд:
Раҳоӣ нест рӯшантинатонро аз сияҳбахтӣ, Ки нуру сояро натвон ба теғ аз ҳам ҷудо кардан.
Ба қавли Мавлонои Румӣ:
Ҳасрату зорӣ гаҳи беморӣ аст, Вақти беморӣ ҳама бедорӣ аст. Он замон, ки мешавӣ бемор ту, Мекунӣ аз ҷурм истиғфор ту.
Ин ки инсон вақти гирифторӣ ва мусибат ба Худо руҷӯъ мекунад ва вақти фароғат ва роҳат Худоро фаромӯш менамояд, аз мазмунҳои қуръонӣ аст. “Пас, чун онҳо дар киштиҳо савор шаванд, ба ҳазрати Худованд, барои вай ибодатро холис намуда дуо кунанд. Пас, вақте ки онҳоро ба сӯи замини хушк наҷот дод, ногаҳон онҳо ширк меоранд” (ояти 65, сураи “Анкабут”. Дар мақола оятҳо ва порчаҳо аз тафсири баъзеи онҳо аз пораҳои гуногуни “Тафсири осонбаён”-и Абӯаломуддин, нашри Хуҷанд, гирифта шудаанд)
Мавлоно аз мисраҳои боло натиҷагирӣ намуда мефармояд:
Пас яқин гашт ин, ки беморӣ туро, Мебибахшад ҳушу бедорӣ туро.
Яъне рӯшан гардид, ки беморӣ ба ту ҳушёрӣ бахшида, дар роҳи мубориза барои наҷот аз ранҷи расида бедор менамояд.
Чун ки ғам бинӣ, ту истиғфор кун, Ғам ба амри Холиқ омад, кор кун.
Дар ин ҷо ба фикри Мавлоно, дар ҳолати мусибат ва ғам бояд инсон ба Худо муроҷиат кунад ва тавбаву истиғфор намояд, то Худованд кушоиш орад ва ғаму андӯҳ ба шодӣ табдил гардад:
Чун бихоҳад айни ғам, шодӣ шавад.
Дар ҷои дигар оид ба ҳамин мавзӯъ шоир мефармояд:
Чун чунин шуд, ибтиҳол оғоз кун, Нолаву тасбеҳу рӯза соз кун.
Ибтиҳол (арабӣ) – дуову зорӣ. Дар байти: Фақру ранҷурӣ биҳастад, эй санад, К-он табассум доми худро барканад. Мавлоно ба оятҳои 42-43 сураи “Анъом” ишорат дорад: “Ва ҳар ойина, фиристодем пайғамбаронро ба сӯйи умматони пеш аз ту, пас гирифтем онҳоро ба сахтӣ ва ранҷ, то шояд зорӣ кунанд”. (ояти 42 сураи Анъом) Дар тафсир аз ҷумла омадааст: “Дар ҳақиқат, ҳангоме ки инсон ба балову офатҳо гирифтор аст, дили бисёр нарму тарсанда дорад ва ба сӯйи дуо моил буда, ҳар лаҳзаву ҳар замон оҳи ҷонсӯз мекашад ва аз чашмонаш ашк мерезад... маълум мегардад, ки ба сари чунин нафарон бало ва мусибати бузурге фурӯ рехтааст, ки хушбахтона сабаби ҳидояти онҳо шудааст.”
“Пас, чаро вақто ки омад ба онҳо азоби Мо, зорӣ накарданд?...” (аз ояти 43, сураи Анъом).
Пас, шиддат, мусибат, ранҷурӣ, фақр ва балоҳои дигар агар ба тавба анҷом гардад ва шахсро ба тавбаву зорӣ ба даргоҳи Парвардигор водорад, ба нафъу хайри ӯ тамом гардида, ғафлатро аз ӯ бармедорад ва сабаби бозгашташ, муроҷааташ ба Парвардигор мешавад, вагарна набуди ин танбиҳот боиси давоми ғафлат гашта, ба сахтӣ ва бадбахтӣ меанҷомад.
“Аз Абӯҳурайра(р) ривоят аст, ки гуфт: “Паёмбари Худо(с) фармуданд: “Мусалмон монанди шохаи тару тозаест, аз ҳар тарафе, ки бод ба вай вазад, мутамоил мегардад (вале намешиканад) ва чун қавӣ гардад, омодаи таҳаммули мусибату сахтиҳо мегардад...”. Яъне мусалмон аз ранҷе, ки барояш мерасад, мутаассир мегардад, вале маънавиёти худро аз даст намедиҳад (1950).
Зиндагӣ гувоҳи он аст, ки дард ва мубориза ба хотири муолиҷа қисмати зиёди беморонеро, ки аз ислом дур буданд, ба сӯи эътиқоди динӣ ва эътирофи бузургию қудрати Илоҳӣ мебарад. Онҳо баъзан ба каломи Парвардигор рӯ меоранд, ки дар он, ба қавли тадқиқотчиён, зиёда аз чил оят бо тиб алоқадор аст. Бемор бо ин дар пайраҳаи наҷот умеде пайдо мекунад. Руҳаш озод мегардад. Такягоҳи худро меёбад ва онро дигар раҳо нахоҳад кард. Ба ҳамин мазмун Бедил гуфта буд:
Ту он сайёди ноқайдӣ, ки аз қайдам раҳо кардӣ, Ман он сайдам, ки ҳар ҷо меравам дар доми сайёдам.
Ранҷурии сахт касро гоҳо дар хавфи марг меандозад. Дар ин ҳолат низ, гарчанде банда бисёр оҷизу нотавону ночор аст, роҳи наҷотро меҷӯяд ва қалби шикастааш малҳам мехоҳад.
Гоҳе бани одам оҷизияш ва такя намуданашро ба Раббияш бо оби дидааш ифода мекунад. Аз оби дида рехтан шарм надоред. Дар хотир доред, ки гиря давост ва шуморо озод месозад, қалбро рӯшан ва сабуку хушнуду ором мегардонад. Ғайри ин, оби чашм ишорае ба оҷизист. Оҷизӣ бошад, бандагист. Яъне, оби чашм резонидан, дар рӯ ба рӯи бузургию азамати Офаридгор эътирофи оҷизӣ ва халосӣ аз кибру ғурур мебошад. Аз назари тибби муосир, оби дида рехтан ҳангоми ҳолатҳои стресс ҳормонҳои зарарнокро аз бадан дур менамояд. Албатта, ашки беҳуда ин ҷо дар назар нест.
Пайғамбари ислом(с) низ оби чашм мерехтанд. Он кас пинҳонӣ мегиристанд. Гиряи пинҳониро маслиҳат медоданд, чунки дар гиряи ошкоро нафси кас омехта шуданаш эҳтимол дорад. Барои гиряи ошкоро танҳоӣ, махсусан, нисфи шаб маслиҳат аст.
Мӯъмину мусулмон касест, ки ба вай бетобиву беморӣ расида меистад. Яъне гоҳ-гоҳе мариз шудан ногузир аст. Нанолида, онро бо дили кушод бояд истиқбол гирифт. Аз рӯи нишондоди дини бобоёнамон беморӣ барои мусулмон ҳолатест болодараҷа ва мақоми олист, ки сазовори шукрона мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки мӯъмин бояд бо умеди аҷри Аллоҳ таъоло сабр намояд ва бо нияти некаш, шукронааш мусибати ба сараш омадаро ба манфиати зиёде баргардониданаш эҳтимол дорад.
Ислом тасдиқ менамояд, ки ҳар киро дар ин даргоҳ (даргоҳи Худо) қурб бештар бошад, дарду ранҷ ва меҳнат ба сари вай бештар меояд, ҳамчуноне, ки Расул алайҳиссалом фармудаанд: “Албалау муаккалун биланбияи суммал авлияи суммал-амсолу фал масал”. Яъне бало гузошта шудааст бар пайғамбарҳо, пас аз он бар авлиёҳо, пас аз он ба ҳар кӣ монандтар аст ба эшон.
Мо балоро ба кас ато накунем, То ки ӯро зи авлиё накунем.
Ранҷ ва мусибат майдоне барои васвасаи шайтон низ ҳаст. Бештар шайтон ба василаи сахтиҳо ва тангиҳо кӯшиш мекунад инсонро аз роҳи рост берун барорад.
Бояд инчунин дар назар дошта бошем, ки дар роҳи табобат ноумедӣ аз раҳмати Худованд гуноҳи азим аст. Банда ки ноумед шуд, аз Холиқаш ҷудоӣ мекунад ва бо роҳи ғалат рафта, худро пур аз гуноҳ мегардонад. Пас, роҳи наҷот аз азоби Аллоҳ тарсидану умедвор аз раҳматаш дуо кардан аст. Бояд дар хотир дошта бошем, ки мӯъмин касест, ки ба холиқаш таваккул дорад.
Ҳар чӣ, ки Аллоҳ таъоло ба одам ато кардааст, дар ин қатор маризӣ низ амонати Худост. Касе, ки имон дорад, амонатдор аст ва дар амон аст. Ризогии банда аз он, ки Парвардигораш ба ӯ беморие ато намудааст, нишонаи имондории вай мебошад.
Илоҳӣ, туӣ огаҳ аз ҳоли ман, Аён аст пеши ту аҳволи ман. Илоҳӣ, туӣ дилнавози ҳама, Ба бечорагӣ, чорасози ҳама. Илоҳӣ, ба иззат, ки хорам макун, Ба ҷурму гунаҳ шармсорам макун. Агар даъватам рад кунӣ в-ар қабул, Ману дасту домони оли расул.
Аллоҳ таъоло офаридгору мададгори ягона аст. Пас, бемор аз ин даргоҳ дар ҳеҷ ҳолат рӯй нахоҳад тофт. Ӯ бо сабаби дардаш ба ин қуллаи мурод расид. Ӯ озод гардид, озод аз ташвишҳои бемантиқ ва саргардониҳо. Фитрати инсон озодист, ба ғайри Худои бузургвор сар хам накардан аст.
Вақте банда тавҳидро эътироф кард, ӯ аз ғурур озод ё поён мешавад. Хубиҳои инсон аз тавфиқ (мувофиқ гардонидан) бо Аллоҳ аст. Ӯ ботавфиқ аз ноумедӣ ба сӯи умед меравад. Ин аст роҳи халосӣ, шифо ёфтан.
Дар муқобили дарду балоҳо бояд аввал сабр дошта бошем, баъд дар ҷустуҷӯи табобат равем. Сабр аз ахлоқи ҳамида ва писандида ва хислати анбиёҳост. Сабр калиди ҳама кушоишҳост ва Худованд собиронро дӯст медорад.
Аллоҳ таъоло бандаҳои дӯстдоштаашро гоҳо бо маризӣ имтиҳон мекунад. Назар мекунем ба озурдагию азобҳои пайғамбари Худо Аюб алайҳиссалом, ки аз ҷумлаи қиссаҳои қуръонист. Ӯ ҳаждаҳ соли умрашро бо дарду азоб гузаронид. Ба ин нигоҳ накарда, ба ҳамаи дардҳо сабр пеш оварда, аз тавбаву ибодат даст накашид ва умеди раҳмати Ҳақро дар дил мепарварид. Шукронаи Аллоҳро ба ҷо меовард ва ягон бор ҳам барои шифо ёфтанаш аз Парвардигор мадад напурсид. Ба касе шикоят накард. Аз ин ҷост, ки ӯро Аюби собир мегӯянд. Дар охир ба хотири аз пастиҳову хориҳо раҳо додани ҳамсараш, ки ғизои ӯро бо душвориҳо ба даст меовард, аз умқи дил холиқи худро садо кард ва ба дардаш малҳаму шифо пурсид ва дуои вай иҷобат шуд. Пас аз он ҳафтод соли дигар бизист.
Дар сабр дар баробари беморӣ Аюб алайҳиссалом беҳтарин мисол аст. Худо ба ӯ неъмати бисёр дод ва вай бандаи миннатгузор буд, аммо Аюб(а)-ро ба озмоиши сахт гирифтор сохт, то собит кунад, ки дар ҳама ҳол шукргузори ӯст.
Равшан аст, ки саргузашти пурфароз ва нишеби Аюб (а) мояи дарс ва ибрат барои хирадмандон аст, то ба доштаҳои худ мағрур нашаванд, зеро мумкин аст дар як лаҳза ҳамаи онҳо аз даст равад. Ин достон дар айни ҳол меомӯзад, ки дар сахтиҳо ва бемориҳо ҳаргиз аз лутф ва раҳмати Худо ноумед нашавем, зеро рафъи мушкилот ва сахтиҳо барои Худованд саҳл ва осон аст.
Сабри Аюб(а)-ро мушоҳида карда, Худои карим мегӯяд, ки “...ҳар оина мо ёфтем ӯро сабркунанда, нек банда аст (Аюб), ба дурустӣ, ки ӯ бисёр руҷӯъкунанда аст.” (аз ояти 44, сураи Сод). Аз ин ҷо Аюб(а) ҳабибуллоҳ – бандаи дӯстдоштаи Аллоҳ таъоло шуд. Яъне бо сабр дар ранҷурию мушкилӣ банда маҳбуби Худо гардид, мартабаи болотаре пеши Зулҷалол ёфт. Ӯ қадри оромию осоиштагӣ ва сиҳатмандиро дарк кард. Дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ ба тарафи қуллаи камолоту кибриё ба мақоми болотаре баромад. Донист, ки ӯ зарраест оҷизу нотавон дар майдони беканори фалак.
“Ривоят аст, ки Ибни Аббос(р) ба яке аз дӯстонаш гуфт: “Оё занеро аз аҳли ҷаннат барои ту нишон бидиҳам?”. Гуфт: “Бале”. Гуфт: “Ҳамин зани сиёҳ аст, ки назди паёмбари Худо омаду гуфт: “Ман гоҳе беҳуш мешавам ва баъзе аз аъзоҳоям бараҳна мегарданд, дар ҳаққи ман дуо кунед”. Фармуданд: “Агар мехоҳӣ, сабр кун ва биҳишт насибат хоҳад шуд ва агар мехоҳӣ, дуо кунам, ки шифо биёбӣ!”. Гуфт: “Сабр мекунам, вале (дар ҳини беҳушӣ) танам бараҳна мешавад, бароям дуо кунед, ки бараҳна нагардам”. Ва Паёмбари Худо(с) барояш дуо карданд”. (1954).
Шайх Шақиқи Балхӣ (раҳ) мегӯяд: “Ҳар кас дар мусибат ва дарду бало ҷазаъ (бесабрӣ, беқарорӣ) мекунад, чунон аст, ки ба Ҳақ ҷанг мекунад ва ҷазаъ кардан бало ва мусибатро рад накунад, валекин музду савоби сабрро зоеъ гардонад”.
Пас, ин ҷо қонуни инкишоф дар фалсафа “инкори инкор” амал мекунад. Беморӣ ва ранҷ баъди сиҳатмандӣ боиси инкишофи руҳӣ-маърифатӣ ва ба холиқаш наздиктар мавқеъ пайдо кардани банда мегардад.
Беморро хабар гирифтан як ҳаққе аз ҳуқуқи мусалмон болои мусалмон аст ва ин воҷиби кифоя аст. Инсонро мебояд, ки ҳар гоҳ назди беморе равад, аз вай дуо бихоҳад, зеро дуои баъзе аз маризон мустаҷоб аст. Чаро? Шояд барои он, ки онҳо дар талоши ҳаётанд ва доимо ба ёди Парвардигор ва ба Ӯ муқаррабанд. Беморро тасаллӣ додан суннат аст. Ӯро бигӯед, ки иншоаллоҳ, ба зудӣ шифо хоҳӣ ёфт. Аёдати бемор савоби бузурге дорад ва дардмандро хушнуд намуда, дилашро шод месозад ва ба шифо ёфтан умедвор менамояд. Бояд барои бемор дуои нек намоем ва аз Худованд барояш шифо талабем. Паёмбари акрам(с) ҳар гоҳ бемореро аёдат менамуданд, ба ӯ мегуфтанд: боке нест, иншоаллоҳ ин бемориат поккунанда аст (яъне гуноҳонатро мешӯяд).
Аёдати бемор суннат аст ва мусалмонро зарур аст, ки тибқи суннати Расулуллоҳ(с) амал намояд, то дар ҳар ду олам хушбахту сарбаланд бошад. Шайх Фаридуддини Аттор хуб фармудааст:
Бар сари болини беморон гузар, З-он, ки ҳаст ин суннати хайрул-башар.
Аз Абӯсаъиди Худрӣ ва Абӯҳурайра(р) аз Паёмбари Худо(с) ривоят аст, ки фармуданд: “Худованд ба сабаби машаққат ва дарду мусибат ва андӯҳ, зарару ғам ва ҳатто хоре, ки ба пои мусалмон мехалад, аз гуноҳони ӯ мебахшад” (1949).
Не машав навмеду худро шод кун, Пеши он фарёдрас фарёд кун. К-ай муҳиби авф аз мо авф кун, Ай табиби ранҷи носури куҳун. (Носур (арабӣ) – захми илоҷнопазир. Дар мисраи сеюм муҳиби авф – дӯстдори авф, яъне бахшанда. Маънои мисра: Эй бахшанда, моро авф кун). Мавлоно дар ин ҷо ишорат дорад ба оятҳои қуръонӣ монанди: “...албатта Аллоҳ мағфират мекунад гуноҳонро ҳама, албатта Ӯст омурзгору меҳрубон”. (ояти 53 сураи “Зумар”).
Аммо, “Мӯҳлате бояст, то хун шир шуд”. Ин мисраи Мавлоноро метавон ишорат донист ба ояти 3 сураи Талоқ: “...Ба таҳқиқ, Аллоҳ барои ҳар чиз андоза гардонидааст”. Ҳар чиз андоза дорад, шир шудани хун (шифо аз маризӣ) низ мӯҳлат мехоҳад.
Баҳои бемориро дар ҳадиси зерин низ мебинем. “Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд(р) ривоят аст, ки гуфт: ҳангоми бемории паёмбари Худо(с) назди эшон омадам ва дидам, ки маризиашон шадид шудааст, гуфтам: “Дарди шумо шадид шудааст, шояд сабабаш ин бошад, ки барои шумо ду музд дода шавад”. (Яъне, чун шиддати бемории шумо дучанди шиддати бемории дигарон аст, музди он низ дучанди музди дигарон аст). Фармуданд: “Бале! Мусалмон ба ҳеҷ мусибате дучор намегардад, магар он, ки Худованд ба сабаби он мусибат гуноҳашро ба монанди барги дарахт мерезонад” (1953).
Умуман, агар ба банда хубие ё мушкилие расад, ҳамаро бо ризогӣ истиқбол бояд кард ва аз расидани бадӣ ё хубӣ ҳар ду манфаат хоҳад дид. Инро маданияти ислом тақозо мекунад. Хубӣ расад шукр ва бадӣ расад сабр бояд пеш овард. Бемори боимон бояд бовар кунад, ки ранҷу уқубати ӯ барои гуноҳҳои содиркардааш каффоратест ва онҳоро пок месозад ва ӯро мукофоте дар пеш мунтазир аст ва он аз иродаи Худои бузургвор вобаста асту бас.
Гуфтаҳои боло маънои онро надорад, ки кас худро бо беморӣ ба ҳолати гиряовар ва натиҷаҳои бад бурда расонад, ба худ масхараомез нигарад. Бадан барои банда амонати Худост ва ӯ вазифадор аст онро нигаҳдорӣ намояд. “...Ва хештан (ҳамдигар)-ро макушед. Ҳароина, Аллоҳ ба шумо меҳрубон аст”(ояти 29 сураи Нисо). Муфассирони олиқадр ба калимаи “худкушӣ” якчанд маъно додаанд. Аз он ҷумла, Худованди меҳрубон розӣ нест, ки шахси бегуноҳ кушта шавад, худро ба дасти худ ё бо содир кардани ҷиноят ё бе ҷиноят ба қатл расонад. Худованд нисбати бандаҳои худ бисёр раҳмхор аст, бандагони худро бо ин гуна оятҳо ҳушдор медиҳад”.
Мариз бояд тадовӣ намояд, ба шифокор муроҷиат намояд, чунки худи пайғамбари ислом(с) муолиҷа мекарданд. Табобат ба воситаи тиловати баъзе аз оятҳои Қуръони Карим дар аёми зиндагии пайғамбар(с) оғоз шуда буд, ки “руқия” ном гирифт. Парвардигор фармудааст: “Фурӯ меорем аз Қуръон он чиро, ки вай шифо ва раҳмат аст, барои мусулмонон ва намеафзояд ситамгаронро магар зиёне” (ояти 82 сураи Исро). “...дар ояти мавриди назар таъсири фавқулодаи Қуръон баён шуда Худованд фармудааст, ки мо Қуръонро нозил мекунем, ки барои мӯъминон мояи шифо ва раҳмат бошад...”. Оре! Дар ҳақиқат, Қуръони Карим барои мӯъминон шифо ва раҳмат аст. Касе, ки бо ихлос Қуръон хонад ва маънои онро фаҳмаду ба он амал кунад, аз маразҳои маънавӣ: аз он ҷумла аз ширк, куфр, мунофиқӣ, фосиқӣ ва аз ақидаҳои ботил, аз ҳуқду ҳасад, аз бахилию манманӣ, мутакаббирӣ, аз ҷаҳлу нодонӣ, аз шакку шубҳа ва аз гумроҳӣ шифо меёбад ва бандаи холиси Парвардигор мешавад.
Ҳамчунин, агар ба Қуръон амал шавад, касалиҳои ахлоқи фардӣ, иҷтимоӣ, муомилаҳои иқтисодӣ, ҳатто муомилаҳои сиёсӣ бо роҳи писандида ҳал мешавад.
Ба ривояте шифо будани Қуръон шомили маризиҳои зоҳирӣ низ ҳаст. Зеро талаби шифо бо Қуръонро Расулуллоҳ(с) тасдиқ кардаанд. Дар ин бора ривояти саҳеҳ низ ҳаст”. (“руқия” бо сураи Фотиҳа).
Дар каломаш Аллоҳ таъоло таъкид мекунад: “...Бигӯ: Он (Қуръон) барои онон, ки имон овардаанд, ҳидоят ва шифо аст. Ва барои онон, ки имон намеоваранд, дар гӯшҳояшон гаронӣ аст ва Қуръон барояшон кӯрист. Он ҷамоа (чунонанд, ки) овоз дода мешаванд аз ҷои дур” (аз ояти 44 сураи Фуссилат). Дар тафсири ин оят аз ҷумла омадааст, ки “...ай Муҳаммад (бар ту салавот) ба чунин мардум бигӯ, ки Қуръон барои онон, ки имон овардаанд, ҳам ҳидоят асту ҳам шифои дардҳои рӯҳию ҷисмонии онҳост. Аммо шахсоне, ки имон намеоранд, гӯё гӯшҳои онҳоро гаронӣ (карӣ) ғалаба кардааст ва чашмҳояшонро пардаи нобиноӣ фаро гирифтааст, ки насиҳатҳои Қуръониро намешунаванд ва мӯъҷиза будани онро намебинанд, бинобар ин рафтори кофирон дар нисбати Қуръон касеро ба ёд меорад, ки ба ӯ аз дур садо карда мешавад, ки ӯ дарк месозад садояш кардаанд, вале фаҳм намекунад, ки соҳиби овоз чӣ мегӯяду чӣ мехоҳад”. Яъне шифо ёфтан бо хондан ё хонондани оёти Қуръони Карим аз имони мариз пурра вобаста аст. Имон ин ҷо муайянкунанда аст. Бояд инчунин дар хотир дошта бошем, ки оят ва дуоҳое, ки барои тадовӣ истифода мешаванд (ҳамчун илтиҷо) муфид ва давобахшанд, аммо талаби асосӣ ин аст, ки қалби дардманд онро қабул фармояд ва касе, ки тиловат менамояд (дуохон), руҳи солим ва қавӣ дошта бошад ва ба мариз таассуроти энергетикиашро гузаронида тавонад. Агар ин гуна табобат ба шифо нарасонад ва бетаъсир монад, ин натиҷаи заифии дуохон аст ё аз ҷониби бемор қабул нашудани дуост.
Яъне, бемор ё қалби бемор барои қабули каломи шифобахши Худованд омода нест. Ӯ имони заиф дорад ва бояд худро омодаи қабули муҳаббати Аллоҳ таъоло гардонад. Ин бо осонӣ, бе лутфи Худо, ба даст намеояд. Ё ягон сабаби дигаре мавҷуд аст, ки дуоро бетаъсир мегардонад. Ин ҳолат дар тиб, дар мавриди истифодаи давоҳои муқаррарӣ низ ба чашм мерасад. Онҳо таъсир намекунанд, агар бадани (организми) мариз онро қабул накунад.
Расули Худо саллаллоҳу алайҳи васаллам фармудаанд: “Табобат гиред (даво ҷӯед), Аллоҳ азза ва ҷалла ҳар дардеро, ки додааст, албатта давои онро низ додааст.” (Имом Аҳмад, Имом Тирмизӣ, Имом Насоӣ, Имом Абӯ Довуд, Имом Ибн Можа, Имом Ҳоким ва Имом Ибн Ҳиббон ривоят кардаанд; Шайх Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф, “Зикр аҳлидан сӯранг”, III қисм, Тошкент 2006, саҳ. 333). Ин ҳадиси саҳеҳи пайғамбари бузурги ислом(с), ки аз тарафи чанд нафари дигар низ ривоят шудааст, асосест барои ҷустуҷӯи сабабҳои беморӣ ва тараққиёти мунтазами тиббиёти ҷаҳон. Ин ҳадиси шариф манбаест, ки ба беморон умеди бепоён мебахшад. Ин ҷо дини ислом тасдиқ менамояд, ки дарди бедавое нест ва дар давоми асрҳо ин нукта исботи худро ёфтааст.
Бори дигар қайд менамоем, ки кӯшиши давоҷӯӣ дар ислом рад карда нашудааст, баръакс таъкид гардида, тавсия дода мешавад. Илова бар ин, дар дини мо ҳар як узв, неъмати Худованд, пеши инсон ҳаққе дорад. Аз ин сабаб, даво намудани дардаш ба гардани ҳар як банда бор карда шудааст. Кас дард кашад, бояд онро аз Аллоҳ таъоло бидонад. Аз нохушие, ки ба банда расидааст, изҳори норозигӣ намудан дар дини мо манъ карда шудааст. Агар тибби имрӯза маризиро ҳамчун душмани инсон донад, бузургони ислом бемориро чун раҳмату лутфу меҳрубонии Парвардигор қабул кардаанд.
Дар ҳама ҳолат атои Худованд ниҳояти дилхушист ва Худованд сазовори умедворист.
Дар аҳодиси Имом Тирмизӣ ба ривояти Усома ибни Шарик(р) омадааст: “Гуфтанд арабҳо: “Ё Расули Худо! Оё мо бемориҳоямонро даво накунем?”. Гуфт Расули Худо (с): “Оре! Бандаҳои Худо бемориҳояшонро даво кунанд. Пас, албатта, Аллоҳ(ҷ) нагузоштааст дардеро, магар гузоштааст барои он дард шифоеро, магар як дард шифо надорад”. Гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ(с), чист он дард?”. Гуфт(с): “Пирӣ”.
Худованд дар ояти 80-ум сураи Шуъаро аз суханҳои ҳазрати Иброҳим(а), ки падари пайғамбарҳост, ба мо хабар медиҳад: “Ва иза маризту фа ҳува яшфин” яъне “Ва чун бемор мешавам, пас Ӯст, ки шифо медиҳад маро”. “...Муфассирон гуфтанд: Иброҳим(а) калимаи “маризту” (касал шавам)-ро ба сӯи худ иснод додааст ва шифоро ба сӯи Худованд, ин барои риояи одоб аст. Ҳол он, ки маризию шифо, хайру шар, нафъу зарар ва ... ҳама аз ҷониби Худованд аст. Адаб он аст, ки ҳама хайрро ба сӯи Худованд нисбат дода шавад ва ҳама кори шар(бад)-ро сӯи нафси худ...”. Пас, табиб танҳо василаест барои шифоёбӣ.
Ҷолиб аст, ки нодонӣ (ҷаҳл) низ беморӣ ҳисобида мешавад ва давои он хондану пурсидан аст. Ва ин ҳикмат дар бар мегирад давоҳои қалб, рӯҳ ва баданро. Аз мантиқи ҳадиси пайғамбар(с) “Албатта нодонӣ дард аст ва шифои он пурсиш аст” фаҳмида мешавад, ки вақте инсон бемор шуд, бояд ҳатман барои муолиҷаи худ пеши табиби ҳозиқ (таҷрибадор) равад.
Муҳим аст дар хотир дошта бошем, ки агар оромии қалб надошта бошӣ, дар роҳи муолаҷа-наҷот ба ҷое намерасӣ. Ба ин хотир бояд дуо бинмоӣ, ки “Худоё ба ман ақидае (ақида – калимаи арабӣ, яъне эътиқод, бовар) ато кун, ки бароям мушкилиҳои дунё осон гардад”. Агар Аллоҳ таъоло он ақидаро иноят фармояд, мусибатҳо (Илоҳо, аз ҳама дур бошад) ҳам бароят ширин мегарданд.
“Аз Оиша(р) ривоят аст, ки гуфт: “Чун Паёмбари Худо(с) ба хабаргирии беморе мерафтанд ва ё бемореро наздашон меоварданд, мегуфтанд: “Парвардигоро! Маразро аз байн бибар ва шифояш бидеҳ, ки шифодиҳанда ту ҳастӣ ва шифое ҷуз шифои ту нест. Ва ончунон шифое бидеҳ, ки ҳеҷ дарде ба ӯ боқӣ намонад” (1961). Барои беморон ин намунаи олии дуост. Онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки бандаи Худо мутеъ ва фармонбардор буда, дар назди холиқаш қоматашро хам мекунад ва сар ба саҷда бурда ба Худои худ роз мегӯяд ва ҳоҷаташро талаб мекунад.
Гар қазо сад бор қасди ҷон кунад, Ҳам қазо ҷонат диҳад, дармон кунад. (Мавлонои Румӣ)
Бешубҳа, беморӣ руҳи инсонро тираву торик месозад. Касро ба эҳсоси муҳтоҷӣ ва вобастагӣ мерасонад. Дар чунин ҳолат Худованд мефармояд: “Вастаъину би-с-сабри ва-с-салаҳ...”, яъне “бо сабр ва намоз (дар мушкилатон) мадад талабед...” (аз ояти 45 сураи Бақара).
Дар бораи фазилату аҷру савоби бемор, вақте ки сабр мекунаду шукр мегӯяд ва аз тақдири Илоҳӣ розист, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: “Ҳар вақте ки беморон рӯзи қиёмат аҷру подоши бемориашонро мебинанду мегиранд, таманно мекунанд, ки кош дар дунё рӯзе тансиҳат намебудам”.
“Эй азиз, ҳар чӣ пеш ояд, шокир бош, ки шукр мӯҷиби (сабаби) заёдатии роҳату неъмат аст ва агар шокир наметавонӣ буд, ҳар чӣ пеш ояд розӣ бош, ки ризо аз Худо мӯҷиби фараҳу кушоиш аст ба фарду ҷамъият ва фароғат аст ва агар розӣ наметавонӣ буд, ҳар чӣ пеш ояд, дар он собир бош, ки сабр мӯҷиби ин. Мақоми дигар нест, магар мақоми аҳли дӯзах.” (Мир Сайид Ҳамадонӣ, “Осори мунтахаб”, ҷилди дуюм, Душанбе, “Ирфон”, 1995, саҳ. 49).
Ҳамин тариқ, ислом дини сиҳатмандӣ, некуаҳволии ҷисмонӣ, руҳӣ ва иҷтимоии инсон аст. Пойдевори асосҳои нишондодҳои исломӣ дар муолаҷа ба тибби муосир мувофиқат мекунанд. Онҳо содда, дастраси ҳама, риояашон камхарҷу бе заҳмати зиёд аст ва донишу тайёрии махсусро талаб намекунанд. Иҷрои онҳо барои мусулмон ҳатмист ва ҳиссаест аз эътиқоди динӣ ва зиндагии ҳаррӯзаашон ва дар ин роҳ назоратчӣ Холиқу роҳбар имон ва виҷдони ҳар як банда асту бас.
Туро мепарастем танҳову бас, Ба ҷуз ту наҷӯем ёрӣ зи кас.
Муолаҷаи беморӣ дар ҳеҷ маврид ихтилофе ба бузургии Аллоҳ таъоло ва эътиқоду сарнавишти банда надорад. Рӯзе аз пайғамбари Худо(с) савол карданд, ки оё табобат тағйироте ба сарнавишти инсон медарорад? Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Табобат ҳам сарнавишти (тақдири) худовандист” (аз маълумотҳои интернет).
Онҳое, ки сиҳат меёбанд, дар зиндагияшон ба худ бо эҳтиром, бо миннатдорӣ, бо мамнуният ва шукргузорӣ менигаранд. Онҳо дар ҳар як амалашон хурсандиро эҳсос менамоянд. Онҳо худро ва Худои худро мешиносанд.
Аз гуфтаҳои боло ба хулосае меоем, ки агар шуморо маризие пеш ояд, барои табобати он ҳамаи воситаҳои муолаҷаро бояд ҷустуҷӯ ва истифода кунед. Ва якҷо бо он, аз Худои бузургвор шифои оҷили дардатонро бо дуо оҷизона ва бо самимият илтиҷо намоед. Ин тарзи якҷояи ду навъи табобат метавонад ба зудӣ ба сиҳатшавӣ расонад ва подоши Офаридгорамон гардад.
Ҳар лаҳза ту бо ёди Худо бош, эй дил! Пайваста талабгори ризо бош, эй дил! Бо ёди ҳабиби хеш ҳастӣ, растӣ, Дар шукргузориву дуо бош, эй дил!
(аз падари бузургворам)
Худованд ҳамаи беморонро шифои оҷилу комил диҳад! Омин!
Наҷмиддин РАШИДОВ,
нафақахӯри ҳарбӣ,
шаҳри Тирмиз.




