САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — ОИНАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикистон, зинда бод чашми истиқлоли ту,
Хушдиливу хуррамӣ ояд ба истиқболи ту.
Кишвари ман, равшании дидаи ман аз ту бод,
Бар сарам тобанда бодо ахтари иқболи ту!
Истиқлолият барои ҳар як миллат танҳо як санаи таърихӣ нест. Он имкони мустақилона муайян намудани роҳи рушди давлат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва бунёди ояндаи шоистаи ҷомеа мебошад. Барои мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатӣ оғози марҳилаи муҳими давлатсозӣ ва таҳкими пояҳои ҷомеаи навин гардид.
Дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, соҳаи тандурустӣ низ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт. Зеро саломатии инсон муҳимтарин сармояи миллат ва яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои истиқлолият барои рушди низоми тандурустии кишвар тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ таҳким ёфт. Бунёд ва навсозии муассисаҳои тиббӣ, ворид намудани таҷҳизоти муосири ташхисӣ ва табобатӣ, рушди марказҳои махсусгардонидашуда ва ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат ба баланд гардидани имкониятҳои тибби миллӣ мусоидат намуданд.
Имрӯз тибби тоҷик танҳо бо усулҳои анъанавӣ маҳдуд намешавад. Технологияҳои муосири ташхису табобат, ҷарроҳии каминвазивӣ, усулҳои эндоскопӣ, ташхиси бемориҳои дилу раг ва дигар дастовардҳои тибби муосир тадриҷан дар амалияи клиникӣ ҷойгоҳи бештар пайдо мекунанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки тибби кишвар ҳамқадам бо пешрафти илми ҷаҳонӣ рушд карда истодааст.
Аммо пешрафти тиб танҳо ба таҷҳизоту биноҳои нав вобаста нест. Чунон ки устодонамон ҳамеша ба мо таъкид мекунанд: «Қувваи асосии ҳар як низоми тандурустӣ табиби донишманд, масъулиятшинос ва инсонпарвар мебошад». Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.
Дар ин самт муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, нақши муҳим доранд. Дар ин боргоҳи илму маърифат насли нави табибон тарбия меёбад — ҷавононе, ки бояд донишҳои тиббиро бо дастовардҳои муосири илми ҷаҳонӣ пайваст намуда, дар оянда ба ҳифзи саломатии ҷомеа хизмат намоянд.
Номи Абӯалӣ ибни Сино барои ҳар як донишҷӯи тиб танҳо номи як донишманди бузург нест. Ӯ рамзи мактаби пурқимати илмӣ ва табобатии тоҷикон мебошад. «Қонуни тиб»-и Ибни Сино асрҳо ба рушди тибби ҷаҳонӣ таъсир гузоштааст. Имрӯз вазифаи мо на танҳо бо мероси илмии ниёгон ифтихор кардан, балки бо дониш, таҳқиқот ва фаъолияти касбӣ идома додани ин анъанаи илмӣ мебошад.
Дар ҷаҳони муосир илми тиб босуръат тағйир меёбад. Пайдоиши бемориҳои нав, тағйирёбии сохтори бемориҳо, рушди биотехнология, тибби рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва усулҳои нави ташхису табобат аз табиб дониш ва омӯзиши пайвастаро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, табиби асри XXI бояд ҳамзамон мутахассиси хуб, муҳаққиқ, омӯзанда ва инсони дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ бошад.
Маҳз дар ҳамин ҷо масъулияти мо — донишҷӯёни тиб — бештар эҳсос мешавад.
Мо имрӯз дар синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва толорҳои лексионӣ дониш меомӯзем, то фардо дар назди бемор қарор гирем. Ҳар як саҳифаи китоб, ҳар як дарси анатомия, гистология, физиология ва фанҳои клиникӣ дар асл як қадами дигар ба сӯи табиби оянда шудан аст.
Истиқлолият барои мо танҳо имкони таҳсил нест, балки масъулият низ мебошад. Мо бояд аз имкониятҳои фароҳамгардида дуруст истифода бурда, бо омӯзиши амиқ, аз худ намудани технологияҳои муосир, иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва такмили доимии донишу малакаи касбӣ дар рушди тибби кишвар саҳм гузорем.
Дар асл, саломатии миллат оинаи рушди давлат аст. Давлате, ки ба саломатии шаҳрвандонаш таваҷҷуҳ мекунад, ба ояндаи худ сармоягузорӣ менамояд. Ҳар табибе, ки бо виҷдон ба бемор хизмат мекунад, дар таҳкими ин оянда саҳм мегузорад.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо на танҳо фурсати ёдоварӣ аз роҳи тайшуда, балки имкони андеша кардан дар бораи вазифаҳои оянда низ мебошад. Барои соҳаи тиб ин оянда бояд бо рушди илми тиб, такмили технологияҳо, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ алоқаманд бошад.
Мо — насли ҷавони табибони оянда — бояд дарк намоем, ки Ватан ба мутахассисони донишманд, масъулиятшинос ва содиқ ниёз дорад.
Гоҳе фикр мекунам, ки орзуи табиби хуб шудан танҳо бо гирифтани диплом амалӣ намешавад. Ин орзу аз омӯзиши ҳаррӯза, меҳнати пайваста, андӯхтани таҷриба, риояи ахлоқи касбӣ ва муҳаббат ба инсон оғоз мегардад. Зеро табиби ҳақиқӣ на танҳо бо дониш ва маҳорати худ, балки бо қалби меҳрубон, сухани нек ва муносибати инсонпарваронааш ба бемор умед мебахшад.
Бо эҳсоси ифтихор қайд кардан мехоҳам, ки Истиқлолият ба ман ва ба мисли ман ба ҷавондухтарони деҳотӣ на танҳо имкони таҳсил, балки шароити омӯхтани илми Синои бузург ва расидан ба орзуҳои некро фароҳам овардааст.
Барои ман донишҷӯи тиб будан танҳо интихоби касб нест, балки масъулияти бузург дар назди Ватан, ҷомеа ва ҳар инсоне мебошад, ки рӯзе ба кӯмаки мо ниёз пайдо мекунад.
Истиқлолият ба мо имкони бунёди ояндаро додааст. Акнун масъулияти мост, ки он ояндаро бо дониши амиқ, меҳнати созанда, виҷдони пок ва садоқат ба касбу Ватан бунёд намоем.
Бигзор 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави рушди илми миллӣ, пешрафти тандурустии кишвар ва тарбияи насли нави табибони донишманду масъулиятшинос гардад.
Саломатии миллат — оинаи истиқлолият ва табиби донишманд — кафили фардои солими ҷомеа аст.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Назарова Нигора
Донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино




