Зеҳн

Таърихи пайдоиш ва рушди рангҳои синтетикӣ, хусусан рангкунандаҳои фаъол

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Файзов А. М., Ҳакимова З.Ғ., Бобиев О. Ғ.

Инсоният аз замони пайдоиш ба гуногунрангӣ ва зебогии ашё ниёз дорад. Бинобар ин, ҳар ашёе, ки инсонро иҳота мекард, инсон барои онро зебо намудан ранги зоҳирии онро тағйир медод. Аз ин рӯ, барои ранг намудани ашё ва дигар олот ба рангкунандаҳо ниёз дошт. Одамон дар ибтидо рангҳои табииро истифода мебурданд ва бо пешрафти саноати химия аз рангҳои синтетикӣ истифода мебурдаги шуданд. Манбаи асосии рангҳои табиӣ минералҳо, ҷонварҳои хурд ва растаниҳо буданд. Бофандагон ва рангкунандаҳо тарзи тайёр намудани рангкунанда ва рангкунии хусусии худро таҳия менамуд. Бинобар ин барои ривоҷ додани истеъдоди худ онҳо рангҳои гуногун ва серҷилоро ҳосил менамуданд, ки ба талабот ва муди замон мутобиқ бошанд.

Тағйроти фундаменталӣ дар ҷаҳони рангу пардоздиҳӣ соли 1856 ба вуҷуд омад, ки аввалин рангкунандаҳои синтетикиро дар таърихи инсоният кашф намуданд ва ин ранги бунафшранг буд. Он ҳамчун ихтирои олими англис, мутахассиси соҳаи химия Уильяму Генри Перкину маҳсуб меёбад. Ин рангкунандаро вай Уильяму Генри Перкин аввалин маротиба соли 1856 тасодуфан ихтироъ намуд. Мақсади асосии Ӯ ҳосил намудани хитин аз қатронҳои ангиштсанг буд, лекин тасодуфона ӯ моеъро ҳосил намуд ва ин оғози истеҳсоли саноатии рангкунандаҳои синтетикӣ мебошад.

Ин лаҳзае мебошад, ки тағйироти васеъ дар соҳаи рангкунандаҳои синтетикӣ дар асрҳои минбаъда ба вуҷуд омад. Кушишҳои ҳосил намудани рангкунандаҳои синтетикӣ дар асрҳои XVII низ буд. Ба ин мисол шуда метавонад индигокармин ва кислотаи пикрин, ки воқеан аввалин рангкунандаҳои нимсинтетикӣ ба ҳисоб мераванд ва солҳои 1743 ва 1771 ба даст оварда шуда буданд. Ин рангкунандаҳо агар чи аз табиат гирифта шуда бошад ҳам, онҳоро бо роҳи химиявӣ то ба дараҷаи хосияти рангкунадагӣ зоҳир намуданашон коркард менамоянд. Мисол индигокарминро аз индиготин бо коркарди кислотаи сулфат ва кислотаи пикрин бошад бо роҳи нитриткунонии фенол ҳосил карда мешуд. Мурексид яке аз намудҳои дигари рангкунандаҳо мебошад ва он соли 1776 бо роҳи коркарди кислотаи карбамид бо кислотаи азоти консентратсияи баланд ва амиак синтез карда шуд. То он вақте, ки У.Перкин рангкунандаҳои синтетикиро кашф намуд, кушишҳои зиёд барои синтез намудани рангкунадаҳои синтетикӣ гузаронида шуд, лекин пайвастагиҳое, ки ба даст оварда мешуданд хосиятҳои хуби рангомезиро надоштанд ва онҳо дар рӯшнои ва шустушӯй устувор набуданд.

Майли бештарро тадқиқотҳои химиявии қатронҳои ангиштсанг ва баъзе аз қисматҳои он, ки на он қадар маълумоти зиёд мавҷуд буд аз ҷумла омӯзиши бензол маълумоти назаррасро ба бор овард. Солҳои 1820-1850 сохти анилин, бензол, толуол, нафталин, хинолин ва ғайра муайян карда шуд ва ин давраи пайдоиши замимаи асоси рангкунандаҳои синтетикӣ мебошад.

Фуксин низ ҳамчун ранги арғувонӣ яъне сурхи баланд соли 1858 аз ҷониби олим ва химики фаронсавӣ Франсуа-Эммануэл Верген пас аз ихтирои Уильяму Генри Перкину ихтироъ шуда буд. Фуксин яке аз дастовардҳои муҳим дар соҳаи рангкунандаҳои синтетикӣ ба ҳисоб меравад ва он дар саноати нассоҷӣ, хусусан рангупардоздиҳии матоъҳо васеъ истифода мешуд.

Анилин яке аз моддаҳои асосӣ ва калидӣ дар синтези рангкунандаҳои синтетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин модда барои синтези рангкунандаҳои гуногуни синтетикӣ, аз ҷумла мовеин ва фуксин истифода мешавад. Синтези анилинро аз ҳосилаҳои қатрони ангиштсанг аз ҷониби олимони соҳаи химия олмонӣ Отто Унвердорбен соли 1826, хеле пештар аз кашфи мавеин ва фуксин гузаронида шуда буд. Имконияти ҳосил намудани анилин аз катрони ангиштсанг барои инкишофи химияи рангкунандаҳои синтетикӣ ахамияти калон илмӣ ва назариявӣ дошт.

Дар соҳаи химияи рангкунандаҳо то солҳои 50-уми асри 20 пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омад аз ҷумла:

  • кафши рангкунандаҳои сурфитӣ солҳо 1873;

  • кашфи рангкунандаҳои кубӣ аз гурӯҳи антрахинонҳо солҳои 1901;

  • кашфи азорангкунандаҳо солҳои 1915 аз пиридин-аъзопайвастагиҳо;

  • кашфи рангкунандаҳои дисперсӣ солҳои 1920 барои нахҳои полиэфирӣ ва полиамидӣ.

Ҷаҳиши бузург дар сохаи химияи рангкунандаҳо солҳои 50-уми асри 20 ба вуҷуд омад. Соли 1955 рангкунандаҳои фаъол бори аввал аз ҷониби олимони англис Рутти ва Стивен ширкати ICI таҳия карда шуданд ва дар соли 1956 ба тиҷорат пешниҳод карда шуд. Ин рангкунандаҳоро баъзан рангкунандаҳои реактивӣ низ меноманд, чунки онҳо пайвастшавии реактивиро бо нах, хусусан нахҳои секллюлозӣ ба вуҷуд меоранд. Бартарияти ин рангкунандаҳо дар он аст, ки онҳо дар нах пайвастшавии ковалентиро ба вуҷуд меоранд ва як қисми онҳо хело мустаҳкам мешаванд. Давоми панҷоҳ соли охир намудҳои зиёди ин рангкунадаҳо аз ҷониби мутахассисони соха кашф карда шуд, дар ин асос як қатор навгониҳои зиёд ба вуҷуд омад.

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА РУШДИ РАНГКУНАНДАҲОИ СИНТЕТИКӢ (ФАЪОЛ)

Дар мақола аз таърих ва рушди рангкунандаҳо, махсусан рангкунандаҳои синтетикӣ (фаъол) маълумот дода шудааст. Муаллифи мақола қайд намудааст, ки тағйироти фундаменталӣ дар ҷаҳони рангу пардоздиҳӣ соли 1856 ба вуҷуд омад: аввалин рангкунандаҳои синтетикиро дар таърихи инсоният кашф намуданд ва ин ранг ранги бунафшранг буд. Бартарияти рангкунандаҳои фаъол ё реактивӣ дар он аст, ки онҳо дар нах пайвастшавии ковалентиро ба вуҷуд меоранд ва як қисми онҳо хеле мустаҳкам мешаванд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2