Зеҳн

Дизайни либос ва тамоюлҳои муосир дар рушди либоси миллӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Валиева Э. Н., Ҳалимов М.Ҷ.

Муд бо равиши ҳаёт, ниёзҳои моддӣ, маънавиӣ одамон ва бо имкониятҳои саноат муайян карда мешавад. Намуди асосии фаъолияти касбии дизайнер тарҳрезӣ ва эҷоди шаклҳои нави аслии дизайнерӣ мебошад, ки ба сатҳи муосири илм, истеҳсолот, технология, аз як тараф ва мундариҷаи ниёзҳои эстетикии ҷомеа, тамоюлҳои муд дар соҳаи либоси муосир, аз тарафи дигар мувофиқат мекунанд. Вазифаи дизайнери муосир кор кардан дар татбиқи ғояҳои нав мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии муд дар ҳама услубҳо ба таври қонунӣ табдил ва тағйир додани ҷаҳони атроф аз рӯи қонунҳои зебоӣ ҳисобида мешавад.

Мисолҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна дар фазои вақт услубҳо, идеалҳои эстетикии зебоӣ, қонунгузорони муд тағйир ёфтанд. Айни ҳол, мо имконият дорем, ки бисёр самтҳо ва услубҳои санъатро, ки таърих ба мо гузоштааст, мушоҳида кунем. Ҳамаи онҳо ба таври худ зебо ва беназир мебошанд ва аз таҷрибаи ғании наслҳои пешин дар эҷоди маҳсулоти комилан нави эстетикӣ шаҳодат медиҳанд.

Яке аз афзалиятҳои асосӣ эҳё ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ, рушди эҷодкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи эҳтироми ҷавонон ба матоъҳо ва либосҳои миллӣ, инчунин муайян кардани истеъдодҳои ҷавон дар байни тарроҳони либосҳои муосир мебошад. Афзоиши аҳамияти либоси миллӣ ҳам аз ҷониби ҷомеа ва ҳам аз ҷониби сохторҳои қудратӣ тасдиқ ва дастгирӣ карда мешавад.

Тадбирҳо барои маъмулгардонии либосҳои халқӣ ва дастрасии онҳо андешида мешаванд. Тарҳрезӣ ва сохтани либосҳои муосир дар услуби этникӣ ин раванди эҷодӣ мебошад, ки дар баробари дониш ва малакаҳои махсус қобилияти пешгӯии тағйироти хусусиятҳои пластикии (эстетикӣ, услубӣ ва ғайра) онро талаб мекунад. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳи касбии дизайнер манбаъҳои илҳомро дар ҷанбаҳои фарҳангии либосҳои миллӣ пайдо мекунад, ки барои муди муосир маводи бой медиҳанд.

Эҷоди коллексияҳои либосҳои муосири услуби этно аз дизайнер талаб мекунад, ки ба таҷрибаи дохилӣ ва донише, ки дар ҷараёни омӯзиши анъанаҳои миллӣ ба даст овардааст, такя кунад, то тавонад онҳоро дар амал татбиқ намояд.

Дизайнер бояд вазифаҳои утилитарӣ, эстетикӣ, рамзӣ, иҷтимоии либосҳои миллиро дар ҷомеаи муосир ба назар гирад.

Натиҷаи тарҳрезии либосҳои муосир дар услуби этно бо назардошти анъанаҳои миллӣ барои дизайнер на танҳо як чизи мушаххас аст, балки пеш аз ҳама тасвири бадеӣ мебошад, ки метавонад тарзи ҳаёти шахси онро дар баркунанда бошад.

Дизайн- фаъолияти эҷодии лоиҳавӣ, ки ҳадафи он фароҳам овардани муҳити ҳамоҳанг мебошад, ки талаботи моддӣ ва маънавии инсонро пурратар қонеъ мекунад. Тарҳрезии либосҳои муосири миллӣ (халқӣ) яке аз самтҳои ҷавони фаъолияти тарроҳӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳадафи он тарҳрезии либос ҳамчун яке аз унсурҳои муҳити мавзӯъ мебошад, ки талаботи дахлдори моддӣ ва маънавии инсонро қонеъ мегардонад.

Бо ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба либоси мардумӣ дар ҷомеаи тоҷик хеле афзоиш ёфт. Дар ин самт, барномаҳои фарҳангӣ, ки ба таблиғи либосҳои миллӣ нигаронида шудаанд, нақши муҳим доранд.

Эҳтимол, дар ҷаҳон кам кишварҳо дар соҳаи санъати миллии халқӣ ба мисли Тоҷикистон чунин анъанаҳои фаровон дошта бошанд: гуногунии шаклҳо ва образҳо, ғайриоддӣ будани қарорҳои конструктивӣкомпозитсионӣ, рангини унсурҳо ва тамоми костюм дар маҷмӯъ, зебоӣ ва беназирии ороиш ва махсусан гулдӯзӣ.

Либоси халқӣ ба тарзи зиндагии мардум ва фаъолияти ҳаррӯзаи он вобастагии зич дорад. Дар таҳаввулоти либоси анъанавӣ мураккабии равандҳои таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, алоқаҳои фарҳангӣ инъикос ёфтаанд. Ҳар як марҳилаи таърихӣ намуди идеали зебогии худро дошта, дар ҷаҳонбинии инфиродӣ ва ҷомеии қабли баъзе дигаргуниҳоро медарорад.

Ҳар як тарроҳи либос барои ҷалби муштариён услуби худро пешкаш мекунад. Дар ҳама давру замонҳо мудсозон аз либосҳои миллии тоҷикӣ, ки ба авҷи ҳунарҳои миллии худ расида буданд нақши назаррас доштанд. Тарроҳони либоси тоҷик кӯшиш мекунанд, ки сабки миллиро бо ҷузъиёти аврупоӣ якҷоя кунанд ва дар як вақт қонунҳои либоси миллиро риоя кунанд. Эстетика, маҳорати бадеӣ ва хаёлот ва завқи бузург бошад имкон медиҳад, ки шаклҳои гуногунро ҷустуҷӯ намоянд, ҳар гуна ҷузъиётро барои ғанӣ гардонидан ва либоси миллӣ истифода баранд.

Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар тамоми ҷумҳурии озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" дар самти санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ ва дизайн эълон ва баргузор гардид. Ин як қарори хеле дуруст ва саривақтӣ буда, диққати ҷавонони имрӯзаро ҳар чӣ бештар ҷалб кард истодааст.

Ин чорабинии фарҳангӣ, ки ҳадафи асосияш маъмулгардонии санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ ва тарроҳӣ дар байни ҷавонон тавассути намоишгоҳҳо ва намоишҳои асарҳои наврасону ҷавонон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон мебошанд, дар байни ҷавонон дастгирии зиёд ба миён овард. Дар соҳаи тарроҳии либос яке аз вазифаҳои асосӣ зарурати эҳё ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ, рушди эҷодкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи эҳтироми ҷавонон ба матоъҳо ва либосҳои миллӣ, инчунин муайян кардани истеъдодҳои ҷавон дар байни тарроҳони либос, эҳёи анъанаҳои оилавӣ ва мардумӣ тавассути барқарор кардани шаклҳои либоси мардумӣ, истифодаи унсурҳои он дар либоси муосир мебошад.

Албатта, таваҷҷуҳи ҷомеа ба пӯшидани либосҳои миллӣ боиси афзоиши талабот ба либоси миллӣ мегардад. Яъне, дар сатҳи давлатӣ зарур аст, ки корҳои оммавӣ гардонидани либоси мардумӣ идома ва пурзӯр карда шавад. Хушбахтона, имрӯзҳо дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин тавр ҳам шуда истодааст. Бо соҳибихтиёр шудани Тоҷикистон бисёре аз духтарони тоҷик, бори дигар ба либоси анъанавӣ ва матоъҳои сунатӣ завқ пайдо кардаанд.

Ин тамоюл дар либосҳои истироҳатӣ ва шево (таҷлилӣ, арӯсӣ) рушди махсус пайдо кардааст. Муд як падидаи иҷтимоӣ-фарҳангии тамаддуни мутараққӣ ва дар ҳоли рушд аст. Дар давраи ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ тақсим шудани ҷамъият зарурати нишон додани мақоми одамон, муайян кардани он ба миён меояд, ки онҳо ба ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ мансубанд. Дар ҳама давру замонҳо аз рӯи шакл, тарзи либос синну сол, мақоми иҷтимоӣ ва мавқеи шахсро дар ҷомеа шинохтан мумкин буд.

Дар синну соли гуногун рангҳои ҳархела истифода мешуданд: пиронсолон хоксортар-матоҳои ранги сабз ва кабуд интихоб мекарданд, одамони миёнасол метавонистанд гиребонҳои кушодтар дошта бошанд, аз матоҳои рангҳои сурхи диққатҷалбкунанда истифода баранд, аммо ба ҷавонон, баръакс, пӯшидани рангҳои кабуд, сабзи торик ва сиёҳро манъ мекарданд. Тамоюлҳои муд хатти байни занони шавҳардор ва бешавҳарро қариб аз байн бурдаанд. Бо мурури замон мушоҳида карда мешавад, ки либоси арӯсӣ дар байни духтарони, ки ба наздики издивоҷ кардаанд, боз барқарор мешавад Ин талаботро на танҳо унсурҳои маданияти маънавӣ, ки анъанаҳо, меъёрҳо, идеалҳоро дар бар мегирад, балки бо симои инсон, намуди зохирии он, яъне унсурҳои маданияти моддӣ низ муайян мекунанд. Истифодаи унсурҳои либоси миллӣ ва суннатӣ дар либоси замонавӣ услуби этно мудро ташаккул додааст. Яъне, дар ин самт ороиши либоси замонавӣ дар асоси либоси миллӣ ба роҳ монда шудааст.

(муаллифи намунаҳои моделҳо Валиева М.Ҷ. ва Халимова М.Ҷ.)

Дар ин ҳолат, маҷмӯи либос метавонад пурра ё қисман ороиш дода шавад. Баъзан моделҳо метавонанд унсурҳои воқеии либоси анъанавиро дар бар гиранд.

Аз марҳилаҳои таърихии ташаккули равияи этно дар муди муосир маълум мешавад, ки дар давраи ҳозира бо ҳам омехта шудани маданиятҳо ба амал меояд. Ин метавонад, аз як тараф, ба ғанисозии мутақобилаи фарҳангҳо ва аз сӯи дигар, аз байн рафтани фарҳангҳои суннатӣ гардад. Хусусияти фарқкунандаи муди маҳаллӣ нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ мебошад. Ба ибораи Кокорева Л. В.: «Агар як кишвар либоси мудеро, ки дар дигар кишварҳо сохта шудааст, харидорӣ кунад ё идеяҳои фарҳанги кишвари дигарро, ки барои истеъмолкунандагонаш ҷолибанд, аз қабили услуб ва шакли либос, намуна ва матоъ, намуди истеҳсол ва ғайра қабул кунад ин беихтиёр боиси коҳиши омили миллӣ дар раванди рушд ва эҳёи фарҳанги ин кишвар мегардад».

Барои фаҳмидани падидаи муд, марҳилаҳои пайдоиш, ташаккул ва инкишофи мудро равшан кардан лозим аст. Бо ин максад асарҳои илмии тадқиқотчиёни мӯд ҳамчун манбаи тадқиқот хизмат мекунанд. Омӯзиши сабабҳо ва марҳалаҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди равияи этно дар муди муосир ҳам барои пажӯҳишгарони муд ва ҳам барои тарроҳони эҷодкор барои фаъолияти илмию эҷодии онҳо муҳим аст. Зеро тағйири муд пеш аз ҳама ба рушди ҷомеа марбут аст.

ДИЗАЙНИ ЛИБОС ВА ТАМОЮЛҲОИ МУОСИР ДАР РУШДИ

ЛИБОСИ МИЛЛӢ

Дар мақола таҳлили муқоисавии зебоӣ ва ҷолибияти либос бо назардошти тамоюлҳои муосир ва ороиш оварда шудааст. Саволҳо оид ба тағирёбии муд, ки бо намуди зоҳирии инсон ва тарзи пӯшидани либос дар муҳити муайян алоқаманданд, баррасӣ карда мешаванд. Мутобиқати либос бо шахс.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2