Инкишофи зеҳни сунъӣ бо истифодаи технологияҳои компютерӣ ва барномасозӣ
Муаллиф(он): Раҷабов А. Р
Имрӯз зеҳни сунъӣ аз ҳар ҷиҳат нишон медиҳад, ки ӯ аз инсон бартар аст, ҳарчанд худи ӯ маҳсули таффакури инсон мебошад. Аммо ба фарқ аз инсон қобилиятҳои беназирро доро мебошад, ки инсон тавони анҷом додани онҳоро надорад. Зеҳни сунъӣ дар як вақт қобилияти таҳлил намудани трилионҳо иттилоотро доро буда, дар як сония метавонад баъд аз таҳлили ин миқдори иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал намояд.
Шояд дар ояндаи наздик, зеҳни сунъӣ нисбат ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим бигирад. Алббата, бо натиҷагирии раванди рушди технология, рӯзе ин фарзия ба ҳиқиқат табдил хоҳад ёфт. Зеро чанд даҳсолаи охир аст, ки дар бозори меҳнат инсон ва технология дар рақобат бо ҳам қарор доранд. Технологияҳои муосир метавонанд бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун инсонро иваз намоянд. Раванди худкоргардонии технология, мавқеъӣ инсонро дар бозори меҳнат танг менамояд, вале дар баробари ин боиси пайдоиши касбҳои нав мегардад. Аммо дар ин ҷараён зеҳни сунъӣ метавонад дар ҳаёти инсонӣ тағйироти амиқеро ба вуҷуд биоварад. Ин ки дар оянда инсон тобеи технология мегардад ва ё на, инро раванди ташаккули техналогия ба мо нишон медиҳад.
Имрӯз инсон метавонад таввасути барномаҳои махсус бо зеҳни сунъӣ дар рақобат қарор бигирад. Он бозии шоҳмот, ки дар телефон ва компютерҳо истифода мешаванд, шумо метавонед, бидуни ҳузур доштани рақиби инсонӣ шоҳмот бибозед. Яъне дар ин бозӣ рақиби шумо зеҳни сунъӣ хоҳад буд. Бозии шоҳмот, ки дар ин авохир таввассути зеҳни сунъӣ барномарези шудааст, имкони таҳлили 70 миллион иттилооти вобаста ба бозии шоҳмотро доро мебошад. Инчунин метавонад дар як сония 70 ҳазор амалёти вобаста ба бозии шоҳмотро таҳлил намуда, амал намояд. Барои як инсон таҳлил чунин миқдор иттилоот номумкин аст ва аз ин ҷо бармеояд, ки дар муқобили инсон рақиби шикастнопазир қарор дорад. Пас дар оянда чиро метавон аз ин рақиб интизор гашт? Оё инсон тобеи ин рақиб мегардад ва ё натиҷаи ин рақобатҳо дар оянда чӣ хоҳад буд?
Дар гузашта технология бо қувваи ҷисмонии инсонҳо дар рақобат буд, аммо имрӯз бошад бо зарффияти зеҳнии инсон. Имрӯз технологияи худкор на фақат дар соҳаи истеҳсолот истифода мешаванд, балки дар оянда дар соҳаҳои хизматрасонӣ, ки зарфияти зеҳниро талаб менамояд истифода хоҳад гашт. Зеро компютер ва ё зеҳни сунъӣ беҳтар аз инсон қобилияти коркард, ҳифзу нигоҳдорӣ ва таҳлили иттилоотро доро мебошад. Ва ин имкон медиҳад, ки дар бисёр соҳаҳо робот ва ё зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд. Дар ин сурат дар ояндаи наздик метавонанд шумораи зиёди кормандони фабрикаю корхонаҳо, ронандагон, табибон, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон, муҳандисону дизайнерон ва ҳатто омӯзгорон аз кор маҳрум гарданд. Дар оянда роботҳо қобилияти анҷом додани як қабил фаъолиятҳоро бо истифода аз зеҳни сунъӣ пайдо хоҳанд кард, ки ба ин васила метавонанд дар бисёр соҳаҳо инсонро иваз намуда, вазифаи муқаррар шударо сари вақт, дурусту самаранок ва бидуни таннафус иҷро намоянд.
Ба таври мисол, дар Чин мутахассисон робот-прокурорро ихтироъ карданд, ки он қобилияти пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятиро дорад. Ба гуфтаи коршиносон ин робот, бо ёрии зеҳни сунъӣ қобилияти муайян намудани ҷинояткорро бо дурустии 97% доро мебошад. Нуктаи муҳим ин аст, ки имрӯз робот метавонад, дараҷаи хавфнокии амали инсон нисбат ба ҷомеаро муайян намуда, нисбати ӯ ва ҳуқуқу озодиҳояш хулоса барорад. Шояд дар оянда ин қабил роботҳо барои танзим ва назорати рафтору амали инсонҳо истифода шаванд. Аммо ин аввалин роботест, ки дар як соҳаи калидии ҷомеа, ки функсияи назоратиро аз болои тамоми сохторҳои иҷтимоӣ дорад, метавонад фаъолият намояд. Ин робот дар рафти пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ коркарди иттилоот оид ба 17 000 парвандаи ҷиноятӣ ва истифода аз онҳоро дорад
Қабл аз ин дар Чин дар телевизион робот барои анҷоми вазифаи хабарнигор истифода бурда шуд. Бартарияти истифодаи роботҳо дар ин соҳаҳо дар он аст, ки робот ҳангоми тафтиши парванда пора намегирад, инчунин аз ниёзҳои моддӣ мисли хӯрок хӯрдан муназаҳ аст. Ҳамчунин маош талаб наменамояд, ба тамаъҷӯйи роҳ намедиҳад, аз мансаби давлатӣ суистифода намекунад, дар раванди кор ба танаффус эҳтиёҷ надорад, хаста намешавад ва дигар махсусиятҳое, ки роботро дар фаъолияти корӣ нисбат ба инсон бартар нишон медиҳад, доро мебошад.
Аммо дар навбати дигар як қатор мушкилоти ҳалталаб дар ин самт боқӣ мемонад. Ҳамчунин лозим аст то ба якчанд саволе, ки дар ҷараёни таҳлили раванди ташаккули технология ба миён меоянд ҷавоб пайдо намуд. Оё роботҳое, ки фаъолияти онҳо бевосита ба ҳаёт ва озодии инсонҳо равона шудааст ва дар ин самт онҳо дар ростои ҳаёт, озодӣ ва саломатии инсонҳо тасмим мегиранд, оё имкони хато кардан доранд? Ва агар ба иштибоҳ роҳ диҳанд, ки ин иштибоҳи онҳоро ба ӯҳда хоҳад гирифт? Ва ё, кӣ зарари расонидаи онҳоро ҷуброн хоҳад кард? Масалан агар муфаттиш дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи бесалоҳиятӣ ва ё бепарвоӣ, бидуни ҷой доштани асос ва далелҳои қонеъкунанда шахсро бегуноҳ маҳкум намояд, дар сурати ошкор гардидан нисбати ӯ чораҳои қонунӣ андешида мешавад. Вале агар чунин як иштибоҳро робот-прокурор анҷом диҳад, нисбати ӯ чӣ чора дида мешавад?
Масъалаи аз ин ҳам ҷиддӣ дар соҳаи тандурустӣ метавонад ба миён биёяд. Дар ин самт зеҳни сунъӣ на фақат зарфияти анҷом додани якчанд намуди ҷарроиҳро пайдо месозад, балки дар як вақт метавонад инсонро ташхис намуда, бемории ӯро муайян созад. Ва дар асоси навъи беморӣ рӯйхати доруҳоро тартиб дода, барои бемор табобат муқаррар намояд. Дар ин самт мавзӯъ каме мураккаб аст, зеро дар соҳаи тандурустӣ, фаъолияти ин қабил роботҳо ва ё зеҳни сунъӣ мумкин аст ба таври сестематикӣ ва ё фаъолияти умумӣ ба роҳ монда шавад. Агар табиби инсон дар рафти ташхису табобат ба иштибоҳ роҳ диҳад, пас дар натиҷаи он танҳо як бемор зарар мебинад. Аммо ба иштибоҳ роҳ додани зеҳни сунъӣ, ки чунин функсияро иҷро менамоянд, метавонад дар як вақт зарараи он ба якчанд бемор таъсиргузор бошад, зеро фаъолияти он ба таври системавӣ ба роҳ монда мешавад. Вале дар раванди ба роҳ мондани фаъолияти нақлиёти бесарнишин, шояд дар роҳҳои автамабилгард, хатар нисбат ба ҳаёту саломатии инсонҳо коҳиш биёбад. Зеро шумораи истифодабарандагони нақлиёт дар ҷаҳон миллионҳо нафарро ташкил медиҳад ва ҳамасола дар садамаҳои нақлиётӣ наздик ба 1,2 милион нафар ба ҳалокат мерасанд. Қариб тамоми ин садамаҳо бо гуноҳи худи инсонҳо рух медиҳад.
Тибқи як назарсанҷи аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби сархушии ронанда, дар сари чанбарак хоб бурдани ронанда, дар натиҷаи асабоният аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадан, надонистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар омилҳое, ки бевосита аз худи ронанда вобата мебошанд, рух медиҳанд. Танҳо шумораи хеле ками садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби техникӣ рух медиҳанд. Ба ҳамин хотир имкони дучор гаштан ба садама дар нақлиётҳои худҳаракат ва ё бесарнишин нисбат ба инсон ниҳоят кам аст. Агарчанде якчанд мушкилии хурд дар ин самт ҷой доранд, вале имкон аст, ки дар оянда бартараф гарданд. Муҳим ин аст, ки фаъолияти нақлиётҳои бесарнишин нисбатан бехатар буда, имкони рух додани садамаҳои нақлиётӣ қариб, ки вуҷуд надорад.
Дар ин сурат бо роҳандозии фаъолияти нақлиётҳои бесарнишин метавонем ҷони миллионҳо нафарро, ки ҳамасола дар садама ҳалок мегарданд, ҳифз намоем. Зеро дар ин самт зеҳни сунъӣ нисбат ба ронандаи инсон вазифаи дар назди ӯ гузоштаро дурусту беҳтар ва бехатар анҷом медиҳад ва ба ҳеҷ ваҷҳ қодир ба анҷом додани амалҳое, ки боиси сар задани садама мегарданд, намебошад. Чунки зеҳни сунъӣ хоб намекунад, асабӣ намешавад ва мисли инсон дар сари чамбараки мошин бо телефон сӯҳбат намекунад, балки он вазифаи муқарраршударо бевосита таҳлил ва татбиқ менамояд.
Бо назардошти ин ҳама, тамоми тадқиқот ва омӯзишу пажӯҳишҳое, ки олимону муҳаққиқон онро анҷом медиҳанд, дар оянда имкон медиҳад то зеҳни сунъӣ аз ҳар ҷиҳате аз инсон бартар бошад. Зеро зеҳни сунъӣ бо истифода аз ин дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ҳифзу таҳлили миқдори зиёди иттилооту маълумот зарфияти анҷом додани амалҳое, ки инсон дар анҷом додани он оҷиз аст, соҳиб мегардад. Чунин як зарфият имкон медиҳад, то дар бисёр соҳаҳо зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд.
Андешаҳое, мисли он ки рӯзе роботҳо ба инсоният меҷанганд ва ё онҳо ҷаҳонро идора мекунанд, то ояндаи дур ҳамчун тахаюл ва афсона боқӣ хоҳад монд. Аммо аз он лиҳоз, ки зеҳни сунъӣ дорои як қатор қобилиятҳои беназир ва аз инсон беҳтарро доро мебошад, шояд аз сӯйи як гурӯҳ аз одамон ба хотири таҳти таъсир идора ва ба танзим даровардани рафтори одамони дигар истифода шаванд. Зеро имрӯз роботҳо ба ҷойи инсонҳо қарор қабул менамоянд, дар майдони ҷанг ба ҷойи инсонҳо меҷанганд.
Шояд дар оянда дигар усули ҷангҳои инсон бо инсон ба тариқи рӯёрӯи ва ё дар майдони ҷанг истифода нахоҳанд шуд ва ба ҷойи онҳо робот ва ё технология хоҳад ҷангид. Яъне инсонҳо барои нобуд кардани якдигар аз технологияи ҷангӣ истифода хоҳанд намуд. Имрӯз инсонҳо техногияи ҳарбии бесарнишинро ихтироъ кардаанд ва бидуни ҳузури худ дар майдони ҷанг аз он истифода менамоянд. Рушди технологияи рақами бад-ин тартиб инсонро дар муқобили технология қарор хоҳад дод. Зеро имрӯз илм на фақат барои саодати башар, балки барои эҷоди мушкилҳои ҷашмрас хидмат менамояд. Махсусан, бо истифода аз даствардҳои илмию технологӣ, ихтирои яроқҳои қатли ом, таҳия ва роҳандозии ҷангҳои иттилоотию биологӣ, маҳдуд намудани мавқеи инсон дар бозори меҳнат, аз ҷумлаи онҳо мебошанд ва ҳалли худро дар доираи дастовардҳои навбатии илмӣ талаб менамоянд.
ИНКИШОФИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ БО ИСТИФОДАИ
ТЕХНОЛОГИЯҲОИ КОМПЮТЕРӢ ВА БАРНОМАСОЗӢ
Зеҳни сунъӣ як бахши илми информатика мебошад, ки ба эҷоди барномаҳо ва системаҳое машғул аст, ки метавонанд ба вазифаҳои зеҳнии инсон тақлид кунанд. Ҳадафҳои асосии таҳқиқоти зеҳни сунъӣ эҷоди барномаҳоеро дар бар мегиранд, ки метавонанд омӯхта шаванд: мушкилотро ҳал кунанд, банақша гиранд, намунаҳоро эътироф кунанд, суханро дарк кунанд ва ғайра. Дар айни замон, технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои автоматикунонии саноат, хизматрасонии тиббӣ, хадамоти молиявӣ, нақлиёт ва ғайра фаъолона истифода мешаванд. Бо вуҷуди ин, масъалаҳои ахлоқӣ ва бехатарии марбут ба истифодаи зеҳни сунъӣ низ ҷанбаҳои муҳими тадқиқот ва рушд дар ин соҳа боқӣ мемонанд.




