Сармоягузорӣ ба моликияти зеҳнӣ омили асосии ташаккулёбии захираҳои меҳнатӣ
Муаллиф(он): Сафаров Ш. Р.
Дар ҷаҳони муосир сармояи инсонӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти миллӣ маҳсуб мешавад. Нигоҳи иқтисодӣ ба инсон ва фаъолияти самараноки ӯ, ки дар доираи ғояи сармояи инсонӣ амалӣ мешавад, дар иқтисодиёти бозоргонии мамлакатҳои муттараққӣ амалан васеъ истифода мешавад.
«Рушди низоми маориф яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи давлат дар доираи амалигардонии Мақсади ҳазорсола мебошад. Нақшаи дурнамои аз нав ташкилкунии низоми маориф коркард карда шудааст, ки ба таъмини дастрасӣ ба таҳсили босифату муосир барои кулли аҳолӣ нигаронида шудааст».
Таҳсилот сабаби инкишофи шахсият буда, ба пайдошавии малакаҳои меҳнатӣ ба монанди қобилияти қарор қабул намудан, хушмуоширатӣ, самаранок ҷудокунии вақт, таҳлили оқилонаи ҳамаи падидаҳои ҳаёт сарчашма мебошад, инчунин ба ташаккулёбии сармояи инсонӣ, яъне ба сармоягузорӣ ба таҳсилоти оянда таъсири калон мерасонад. Таҳсилот ба саломатӣ, ба хонадоршавӣ, инчунин ба самаранок истифодакунии вақти холигӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Ҳамаи ин омилҳо самаранокии фаъолияти гуногуни инсониро берун аз бозори меҳнат низ баланд мебардорад. Бинобар ин баъзе иқтисодчиёни ғарб дар он ақидаанд, ки «тамоюли беҳтари одамони маълумотдор ба бозори молҳои истеъмолӣ, ба онҳо афзалияти иловагӣ барои соҳибии мол медиҳад».
Дар солҳои охир таъсири таҳсилот ба рушди иқтисодӣ ба инобат гирифта мешавад, ки бо робитаи он бо соҳаҳои дигари инкишофи захираҳои инсонӣ, махсусан саломатӣ ва таваллуд инъикос мешавад. Нуқтаи назари гуногун ба маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ ҷой дорад. Барои он инсонӣ меноманд, ки он як ҷузъи инсон мешавад ва натиҷааш сармоя, яъне музди меҳнат, ё ин ки ҳар дуяш дар якҷоягӣ. Олимон дар мафҳуми маҳдуд таҳсилотро яке аз шаклҳои сармоя ҳисоб мекунанд. Дар маънои васеъаш захираҳои меҳнатӣ бо роҳи сармоягузорӣ (маблағгузории дарозмӯҳлат) ба инсон дар шакли хароҷот ба таҳсилот ва тайёр намудани қувваи корӣ дар соҳаи истеҳсолот, ҳифозати саломатӣ, ҳиҷрат ва ҷусту ҷӯйи иттилоот оиди нарх ва даромад ташаккул меёбад. Аз нуқтаи назари ман ҳар дуи ин нуқтаи назар як хел сармоя будани таҳсилотро инъикос мекунанд: бе таҳсилот, бе доштани маҳорати касбӣ ва набудани тахассуснокӣ (ҳамаи он чизҳое, ки сармояи меҳнатии фардиятро ташкил мекунад) гирифтани даромад ғайри имкон мебошад; аммо бе саломатӣ, ҳавасмандӣ, дараҷаи муайяни маданият, бе кӯшиши самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ аз тарафи роҳбарони крохонаҳои истеҳсолӣ, бе баҳогузории мувофиқи ҷамъият ва пеш аз ҳама бе пешниҳоди донишҳои гирифташудаю омилҳои зикргардида зиёд намудани даромадҳои оянда номумкин мегардад. Аммо ҳама ин омилҳоро ташаккул додан, ривоҷу равнақ додану зиёд намудан танҳо бо роҳи сармоягузорӣ ба роҳ монда мешавад.
Раҳимов Р.Қ. тасдиқ мекунад, ки таҷрибаи маблағгузории мамлакатҳои муттараққӣ ба сармояи инсонӣ яке аз роҳҳои рушди иқтисодӣ мебошад, яъне «Дар мамлакатҳои индустриалии муосир тахассуснокии коргар ба омили ҳалкунандаи муборизаи рақибона мубаддал гардидааст. Дар шароитҳои муосир маблағгузориҳо ба қувваи корӣ (маълумотнокӣ, барномаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо) ва ё бо ибораи мамлакатҳои ғарб ба капитали инсонӣ афзалият пайдо мекунад. Айнан чунин хароҷотҳо барои намудани дарозмуддати рушди мусоидат ҷалб омилҳои иқтисодӣ менамояд, ки ба ПИТ такя мекунад, чунки қувваи кории тахассуснок барои мукаммалгардӣ қобилияти бештар дорад».
Пас, мукаммалгардии захираҳои меҳнатӣ – гуногунпаҳлӯ, масъалаи васеъ мебошад, ки ҳаматарафа ва амиқ омӯхтану дида баромадани он дар доираи як кор номумкин аст. Ин моро водор месозад, ки корро дар доираи таҳлили як шакли маблағгузори ба сармояи инсонӣ, яъне таҳсилот маҳдуд созем. Тарафҳои асосии ин мафҳумро дида бароем.
Одатан худ сармоягузорӣ ба рушди захираҳои меҳнатӣ, мукаммалгардии сармояи инсонӣ ба баланд шудани самаранокии истеҳсоли меҳнат, инчунин ба рушди самаранокии истеҳсолот оварда мерасонад.
«Дилхоҳ қарори маблағгузориҳо ин интихоб байни истеъмол, ки дарҳол талаботро бо сармоягузорӣ қонеъ мегардонад ва сармоягузорӣ мебошад, ки ба истеҳсолоти молу хизматрасониҳои иловагӣ дар оянда имконият фароҳам меорад. Интихоб байни истеъмолот ва сармоягузориҳо ба таҳлили иқтисодӣ асос меёбад, ки дар маънии иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ васеъ инъикос мешавад ва аз ин мафҳумҳо ҷудонашаванда аст. Ин дар интихоби маблағгузориҳои гуногуни имконпазир дар шароити маҳдуд будани захираҳо низ одилона мебошад».
Ҳарчанд, ки шаклҳои гуногуни сармоягузорӣ ба капитали инсонӣ ҷой дорад, яке аз асосии он дар хоҷагии ҷаҳони муосир сармоягузорӣ ба таҳсилот ба ҳисоб меравад. Қарори сармоягузорӣ ба таҳсилот хусусияти хоси худро дорад, ки бо табиати дурангаи он пайвастагӣ дорад, яъне таҳсилот ҳам сармоягузорӣ, ҳам истеъмолот маҳсуб мебошад. То саршавии солҳои 1960-ум таҳсилот одатан ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои инсон дида баромада мешуд, ки асосан бо истеъмол пайваст аст. Дар натиҷа ҳар чӣ бештар табиати дуранга доштани он исбот шуд ва диққати махсус бошад ба хусусияти сармоягузорӣ ба одам будани таҳсилот равона карда мешавад.
Нуқтаи назари он, ки маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ сабаби рушди иқтисодӣ мегардад ҳанӯз дар давари Адам Смит пайдо шуда буд. Аввалин бор пешниҳод оид ба хусусияти истеҳсолӣ доштани хароҷот ба рушди қобилияти меҳнатии аҳолиро классикони иқтисодиёти сиёсӣ илман асоснок намуданд. «Соҳибшавӣ ба чунин қобилиятҳо бо назардошти хусусиятҳои гирифтаи соҳиби он дар ҷараёни тарбияаш, омӯзиш ё толибилмиаш ҳамавақт хароҷотҳоро талаб мекунад, ки сармояи асосии ӯро инъикос мекунанд, яъне сабаби ташаккулёбии шахсияти ӯ мегарданд – ҳисоб мекунад Адам Смит. Ин қобилиятҳо.. дар навбати худ як қисми боигарии ҳамаи ҷамъият мешаванд..». Қайд мекунем, ки Адам Смит сармояи инсониро ҳамчун арзиши сармоявии қобилияти гирифташуда ва манфиатбахши ҳамаи сокинон (истиқоматкунандагон) ва аъзои ҷамъият меҳисобид.
Аввалин шуда «хусусияти истеҳсолӣ»-и сармоягузорӣ ба инсонро Беккер Г. қайд кард, ки самараи дуру дароз ва назаррасро таъмин мекунад. Аз нуқтаи назари макроиқтисодӣ сармояи инсониро Беккер Г. ба хароҷотҳои таълими дохилиширкатӣ ва тайёркунии қувваи корӣ, хароҷот ба муҳофизати тандурустӣ, зудҳаракатии тахассусӣ ва ҷуғрофӣ асоснок менамояд. Ин сабаби он мегардад, ки таҳқиқи ҳаматарафаи ҷараёни ташаккулёбии захираҳои меҳнатӣ ва он қисмҳояш, ки имрӯз дар шакли сармояи инсонӣ ҷой доранд, маҳз аз нуқтаи назари намояндаи мактаби чикагоии равияи неоклассикӣ Беккер Г. ба роҳ монда шавад. Беккер Г. фарзияи онро дар корҳояш пеша кард, ки «интихоби дилхоҳ намуди сармоягузорӣ дар баланд бардории тахассуснокӣ, дар баланд бардории малака ва маҳорат самара медиҳад, мисол, давомнокии таҳсилот нишондиҳандаи интихоби оқилона мебошад». Олим нишондиҳандаҳое, ки аз рӯйи онҳо ин интихобро мекунанд, нишон дода тавонист. Бартарияти таҳқиқотҳои Беккер Г. дар он буд, ки ӯ манфиати миқдории сармоягузорӣ ба инсонро муайян карда, мувофиқати онро бо миқдори фоидаи аксарияти ширкатҳои ИМА вобаста буданашро исбот карда тавонист. Пайдошавии бисёр таълимгоҳҳои хусусӣ, ҷоннокгардии фаъолияти ширкатҳои машваратӣ, ки курсҳои кӯтоҳмуддат мегузаронанд ва курсҳои тахассусӣ нишон медиҳанд, ки даромаднокӣ дар соҳаи таълигоҳҳои хусусӣ аз даромаднокӣ дар дигар соҳаҳои соҳибкорӣ кам нест. Беккер Г. тавонист нишон диҳад, ки дар ИМА фаъолгардии соҳаи маориф дар солҳои 1960-ум ба 10-15% даромади дигар соҳаҳои тиҷоратиро афзоиш дод.
Дар солҳои 80-ум кӯшиши истифодаи методҳои эконометрикӣ ба роҳ монда шуд, ки он бояд вобастагии байни сармоягузорӣ ба захираҳои меҳнатӣ ва рушди итеҳсолотро нишон медод.
Хизмати шоистаи назариячиён барои аввалиндараҷа кунонидани нақши сармояи инсонӣ дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ назаррас аст. Паҳншавии васеъи назарияи сармояи инсонӣ дар Ғарб ва пайдошавии тарафдорони зиёди он дар хориҷа, инчунин дар Тоҷикистон бо он асоснок карда мешавад, ки дар маркази диққат омили асосии рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ – инсон дар намуди сифати наваш ҷой гирифт. Ҳамаи тарафҳои дар боло овардашуда бо зиёдшавии нақши таҳсилот пайваст мебошад, ки «захира ва сарчашмаи асосии ташаккулёбии қувваи кории баландихтисос мегардад».
Ба туфайли назарияи сармояи инсонӣ мо тавонистем ҳар чӣ тезтар аз фикри иштибоҳ, ки гӯё хароҷотҳо ба таҳсилот ин хароҷотҳои истеъмолӣ бошанд мо гаштем ва хусусияти истеҳсолотӣ доштани он хароҷотҳоро дарк намудем. «Истифода намудани фишанги назарияи сармояи инсонӣ имкон дод, то ки муаммоҳое, ки бо омилҳои рушди иқтисодӣ, тақсимоти даромадҳо, нақши иқтисодии таҳсилот пайвастанд сарфаҳм равем ва муносибатҳои умуман навро ба миён овард».
Сармоягузорӣ ба инсон самараи дарозмуддату назарраси иқтисодиро таъмин мекунад. Назарияи сармояи инсониро ба сифати олоти таҳлилии самараи иқтисодии таҳсилот истифода намудан мумкин аст. Хизмати босазои тарафдорони назарияи сармояи инсонӣ аслан дар он аст, ки онҳо тавонистанд самараи иқтисодии таҳсилотро барои шахсият аниқ муайян кунанд.
Ҳамин тариқ, таҳқиқоти таъсири таҳсилот ба рушди иқтисодӣ, ки дар даҳ солаи охири асри гузашта васеъ гузаронида шуданд аз он гувоҳ медиҳанд, ки нисбати ҷидду ҷаҳди муайян кардани нақши таҳсилот ба рушди иқтисодӣ дар солҳои 1960-ум карда шуда, беэътиборӣ зоҳир шудааст, зеро ки хусусияти мушкилии таъсири он ба рушди иқтисодӣ ба назар гирифта нашуда буду танҳо таъсири мустақим ва новобастаи он ба назар гирифта шуда буд. Дар он таҳқиқотҳо бисёри дигар паҳлӯҳои таъсири таҳсилот ба рушди иқтисодӣ рад карда шудаанд, зеро ки фақат таҳсилоти расмӣ таҳлил шуда буду ғайри расмиаш, ки дар ширкатҳову корхонаҳо гузаронида мешаванд пурра рад гардида буд.
«Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ – гузоштани пул ва дигар намуди захираҳо ба таҳсилот, тарбия, ва умуман фарҳанги насли наврас, ки бо ғамхорӣ нисбати ояндаи ҷавонон, бо рушди захираи зеҳнии мамлакат ва кӯшиши гирифтани даромад, манфиат асоснок карда мешавад, бо роҳи мукаммалгардонии одамон ва ривоҷ додани тахассуснокии онҳо ба даст оварда мешавад».
Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ
– тандурустӣ
– музди меҳнати аз
– экология ва тарзи даст дода ҳаёти солим
– вақти холигӣ
-
таҳсилот
-
инкишофи зеҳнӣ
-
ҳавасмандӣ
-
ҳиҷрат
-
ҷусту ҷӯи иттилоот тайёршавӣ ба - истеҳсолот
-
навовариҳои илмӣ
Дар нақшаи боло:
-
хароҷот барои маълумот, аз ҷумла маълумоти умумӣ ва махсус, расмию ғайрирасмӣ, тайёр намудан дар ҷойи кор;
-
хароҷот ба тандурустӣ, ки барои тадбирҳо барои пешгирии беморӣ, хизматрасонии тиббӣ, хӯрокҳои солим, беҳтаргардонии шароити зист ва дигар шароитҳои иҷтимоӣ равона шудаанд;
-
хароҷот барои роҳҳо, ки ба туфайли он коргарон метавонанд аз минтақаҳои иқтисодиёташон нисбатан заиф ба минтақаҳои иқтисодиёташон рушдёфта ҳиҷрат кунанд.
Инчунин, дар шароити ҷамъияти иттилоотӣ ба ҷойи ҳукмронии меҳнати (сармоя) гузашта ҳукмронии меҳнати зинда ҳамчун шакли нави сармоя меояд, ки омили муҳими истеҳсолоти ҷамъиятӣ мегардад. «Ба монанди ин, – Критский М. М. менависад, – чӣ хеле ки дар замони худ сармоя мавқеи заминро ҳамчун захира маҳдуд карда буд, ки дар ҳолати камчинии он талабот ба он зиёд мегардад, пас имрӯз донишу маҳорат ҳамчун захираи истеҳсолии камчин..сармояи физикиро иваз менамоянд, ҳатто маҳдуд будани дониш ин ҳолати норасоию маҳдуд будани ин захираҳоро нишон».
Ҳамин ақидаро В. Иноземтсев низ қайд кардааст: «Бо тағйирёбии шароит иттилоот ва дониш қувваи истеҳсолӣ мешаванд, қувваи тавоное мешаванд, ки дорои сифатҳои нав ҳастанд ва истеҳсолоти оммавӣ то ҳанӯз бо онҳо рӯ ба рӯ нашудааст..дастрасӣ ба ин захираҳо маҳдуд мешавад, зеро ки донишҳо аз бисёр манфиатҳои индустриалӣ бо камчиниашон фарқ мекунанд».
Хароҷотҳо барои мукаммалгардонии сармояи инсонӣ бояд аз зинаи аввали пайдоишашон ба роҳ монда шаванд. Фард ҳоло ба истеҳсолот машғул нест, фоидаи иловагӣ надорад, аммо барои фаъолияти ҳаётиву саломатӣ, барои таҳсилот, мукаммалгардонии маҳорати умумаъданӣ хароҷот талаб мекунад. Дар ин зинаи инкишоф сармоягузорӣ аз тарафи худи фард неву аз тарафи волидайн ё ҷамъият ба роҳ монда мешавад, бинобар ин аксар вақт вазифаи истеҳсолии сармояи инсонии фард мустақиман инъикос карда намешавад.
Хусусиятҳои фарқкунанда, ки бо талаботи истеҳсолоти баъдииндустриалӣ ва фазои иқтисодӣ-иҷтимоӣ донишҳои иқтисодию асоснок карда мешаванд
Маърифатҳои умумӣ Фаъолнокӣ
САРМОЯИ
Навовариҳо ва
ИНСОНӢ навишти корҳои Саломатӣ илмӣ
Касаба
Ихтисос
Таҳсилот
Дар қатори элементҳои сармояи инсонӣ, ки қобилияти иҷро намудани вазифаҳои муайян (дониш, маҳорат, ихтисос, таҷриба, саломатӣ) аз тарафи коргарро инъикос менамояд, инчунин таркиби сармояи инсонӣ элементҳоеро дар бар мегирад, ки иҷрои ин вазифаҳоро таъмин мекунанд. Вобаста ба ин ба сифати як қисми сармояи инсонӣ аз рӯи таҳлил хароҷотҳоро дохил кардан мумкин аст, ки бо ҳавасмандии коргар баҳри баланд бардории маҳсулнокӣ ва сифати меҳнат вобастагӣ доранд. Бояд қайд кард, ки чунин элементи сармояи инсонӣ ба монанди ҳавасмандӣ барои ба роҳ мондани ҷараёни такрористеҳсолии сармояи инсонӣ (ташаккулёбӣ, ҷамънамоӣ, истифоданамоӣ, сармоягузорӣ) хеле муҳим ва ҳатмӣ мебошад.
Масалан, дар китоби худ - «Сармояи инсонӣ дар ширкатҳо» Нордхог О., ки соли 1993 аз чоп баромадааст чунин менависад: «Аз нуқтаи назари таҳлилӣ хуб аст, агар аз як тараф саломатӣ ва ихтисоси коргар, аз тарафи дигар ҳавасмандӣ ба кор ва шавқмандӣ ба ширкатро фарқ кунем. Ду элементҳои аввал дар якҷоягӣ қобилияти иҷрои вазифаи муайяни коргари алоҳидаро нишон медиҳанд, яъне ки ӯ дар корхона чӣ корро мекунад ё шароити иҷрояшро дорад. Ду элементҳои охирони сармояи инсонӣ ба фаъолияти воқеӣ дар корхона таъсир мерасонад, ки бо роҳи нишон додани хоҳиши фаъолияти коргари муайян бо ихтисоси муайян инъикос карда мешавад. Дар якҷоягӣ қобилият ва хоҳиши кор кардан маҳорати коргарро ба меҳнат ташаккул медиҳанд».
Барои таҳқиқоти таъсири маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистонамон рӯй меорем ба оморҳои солона.
Дар хулоса, онро бояд қайд кунем, ки таҳсилоти умумӣ ва махсус, тайёрӣ ба истеҳсолот дараҷаи донишҳои шахсро мебардоранд ва бо ин роҳ ҳаҷми сармояи инсониро зиёд ва сифати онро баланд бардошта, меҳнатро самараноктар мекунанд, ки ин дар навбати худ даромадро зиёд мекунад, сатҳи коррупсияро дар мамлакат паст мекунад, воситаи рушди иқтисодӣ мешавад ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқиро мустаҳкам мекунад. Ин аз ҳама номуди аниқу оқилона ва муҳими маблағгузорӣ мебошад.
САРМОЯГУЗОРӢ БА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ
АСОСИИ ТАШАККУЛЁБИИ ЗАХИРАҲОИ МЕҲНАТӢ
Дар мақола ташаккулёбии захираҳои меҳнатӣ ҳамчун шакли сармоягузорӣ дар сарчашмаи пайдоиши он, нуқтаи назари гуногун ба ин сармоягузориҳо, яъне хароҷот ё сармоягузориҳои мустақим дида баромада мешаванд. Паҳлӯҳои асосии маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ махсусан ба таҳсилот ва нақши мусбии он омилҳо ба рушди иқтисодиёти миллӣ оварда мешаванд.




