Зеҳн

Истифода намудани формулаҳои математикӣ дар барномаи Excel (дар мисоли Транскрипт)

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Эшонқулов А. А., Самаеева Р.П.

Математика ҳамчун илм ва ифодакунандаи ҳисобу шумор дар замони муосир бо дигар илмҳо алоқамандии зич дорад. Асосан, баъди оне, ки дар Аврупо таҳаввулоти ҷомеаи саноатӣ ба миён омад, қисмҳои фундаменталии математика дар соҳаи технология зина ба зина тадбиқ гардиданд. Масалан дохил намудани амалҳои арифметикӣ дар МЭҲ, пайдарпаӣ (1,2,3,4,5,,,,,∞), ҳисоб, барномасозӣ, тадбиқи технологияи иттилоотӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҷудо шудани шохаҳои алоҳидаи илмҳо аз ҷумла илми математика низ ба он оварда расонид, ки илми муосири назарияи ададҳо-хеле олӣ ва илми мураккаб мебошад. Ин пеш аз ҳама арифметика, омӯзиши хосиятҳои адад ва алгебра ҳамчун пайвасткунандаи ададҳо, хосиятҳо ва табдилдиҳии он бо муодилаҳо мебошад.

Барномаи амалии оффисии Microsoft Excel яке аз барномаҳои асосии компютерӣ мебошад, ки барои ҳисобу шумор намудани миқдори ададҳои калон, формулаҳои математикӣ, маълумотҳои васеи оморӣ, инчунин ҳисоботҳои мурракаби молиявӣ дар алоқамандӣ бо дигар барномаҳои автоматизатсияшуда истифода мешавад.

Дар барнома сатрҳои асосӣ (главный панель) менюҳои асосӣ, зерменюҳо ва дигар асбобҳои стандартии ёрирасон мавҷуд мебошад. Барномаи Excel дорои имкониятҳои зиёдӣ ҳисоботӣ, оморӣ, татбиқи формулаҳои математикӣ ифода намудани он дар шакли диаграмма, шаклҳои геометрӣ ва истифодаи сатри формула барои автоматизатсия кардани амалҳои математикӣ истифода мешавад.

Яъне асоси корҳои ҳисоботӣ ва ташкил намудани ҷадвалҳои мураккаб дар ячейка (буриши сатр бо сутун) бо амали арифметикии “=” ва дигар амалҳо, инчунин амалҳои мантиқӣ, матнӣ, баҳисобгирӣ ва бахусус татбиқи технологияи иттилоотӣ дар раванди низомӣ кредитии таҳсилот мебошад.

Мақолаи мазкур низ ба он бахшида мешавад, ки истифодаи барномаҳои компютерӣ аз ҷумла Mir. Excel дар низоми таҳсилоти кредитӣ қуллай ва мутобиқ ба замони муосир аст. Масалан, дар сатри

формула нишонаи гузоштани функсия (вставка функции) дар расми 2 нишон дода шудааст.

Қайд менамоем, ки равзанаи “Гузоштани функсия” аз категорияҳои ҳисоби молиявӣ, сана ва вақт, функсияҳои математикӣ, оморӣ, истинод ва массивҳо, кор бо базаи додаҳо, категорияи матнӣ, мантиқӣ ва муҳандисӣ, аналитикӣ ва шабакаи глобалии интернет иборат мебошад, ки намуди умумии равзанаи қайдшуда чунин мебошад. Расми 3.

Барномаи Mir. Excel ҳамчун ҷадвали электронӣ ва интерфейси он китоб номгузорӣ, шуда саҳифаи кории он аз варақҳо иборат мебошад, ба монанди (Варақи 1, Варақи 2, ва ғ.) ва намуди файли дар барномаи Excel тартибдодашуда бо пасванди (тип файл) “xlsx” аз дигар файлҳои барномавии компютерӣ фарқ мекунад. Яке аз сатрҳои асосии дигаре, ки дар барномаи Mir. Excel аз дигар барномаҳои амалии майкрасофт оффис фарқкунанда мебошад, ин сатри ҳолат (строка состояния) ҷой дорад, ки аз зерменюҳои ҷамъи ячейкаҳо (СУММ) қимати миёна (СРЕДЗНАЧ) қиммати калонтарин (max), қиммати хурдтарин (min) ва дигар обеъктҳову зербарномаҳо иборат мебошад. Расми 4.

Транскрипт дар низоми таҳсилоти кредитӣ натиҷаи нимсолавӣ ё солонаи раванди таҳсили донишҷӯ ба ҳисоб меравад, ки дар он фанҳои аз худкардашуда ва натиҷаи ҷамбастии ин фанҳо вобаста ба нимсола ё соли таҳсил дарҷ мегардад.

Чунин ҳуҷҷатҳои матнӣ дар барномаи Mir. Excel ба компонентҳо ба тарзи худкоркардашуда тартиб додан мешавад. Намуди умуми транскипт чунин аст: Расми 5.

Қайд менамоем, ки дар барномаи Mir. Excel ситемаи Буленӣ, яъне амалҳои мантиқӣ бо истифода аз системаи дуӣ (0 ва 1) истифодашаванда буда, бо операторҳои сикли (если, или [агар ё ки]) ва амалҳои мантиқии инкор (,)ךконюксия (Ʌ), дизюнксия (Ⅴ), импликатсия ва эквивалентсия низ вобастагӣ доранд. Асосан, дар тартиб додани транскрипт формулаи намунавии зерин барои пайдо шудани компонентҳои алоҳидаи он, яъне хол, эквиваленти ҳуруфӣ, эквиваленти рақамӣ, баҳои анъанавӣ ва ғайра мебошад. Оператор ё амали мантиқии (если)=[ё ки] яке аз операторҳои муҳими забонҳои барномасозӣ низ ҳисобида мешавад, ки қариб дар ҳамаи забонҳои барномасозӣ имконияти сикли ва конструктуравиро ба вуҷуд меорад.

Қайд: Масалан барои пайдо шудани холи 82, эквиваленти ҳарфии он

“В”, эквиваленти рақамии он 3,0 ва ифодаи анъанавии 4 (хуб) формулаи зерин истифода шудааст.

ХолЭквиваленти ҳарфӣЭквиваленти рақамӣБаҳои анъанавӣ
82B3,04 (хуб)

Намунаи формула:

=ЕСЛИ(C12<45;"F";ЕСЛИ(C12<50;"Fx";ЕСЛИ(C12<55;"D";ЕСЛИ(C12<60;"D+";ЕСЛИ(C12<65;"C-";ЕСЛИ(C12<70;"C";ЕСЛИ(C12<75;"C+";ЕСЛИ(C12<80;"B-";ЕСЛИ(C12<85;"B";ЕСЛИ(C12<90;"B+";ЕСЛИ(C12<95;"A-";ЕСЛИ(C12<100;"A";ЕСЛИ(C12=100;"A")))))))))))))     (1)

Қавсҳо ҳам дар забонҳои барномасозӣ ва ҳам барномаҳои сохташудаи Excel нақши муҳим мебозанд.

Дар хотима қайд кардан зарур аст, ки дар низоми таҳсилоти фосилавӣ ва низоми кредитии таҳсилот истифодаи мақсадноки барномаҳои амалии оффисӣ талаби замон буда, аз ҷумла барномаи ҳисоботии Mir. Excel барои сохтани диаграммаҳо ва натиҷаҳои гуногуни мураккаби математикӣ, оморҳои ададии ниҳоят зиёд ва пайвасти барномаҳои таҳсилоти фосилавӣ ва захираҳои мавҷудаи таҳрири формулавии математикӣ татбиқ мегардад.

ИСТИФОДА НАМУДАНИ ФОРМУЛАҲОИ МАТЕМАТИКӢ ДАР

Дар мақола баъзе хусусятҳои истифодаи формулаҳои математикӣ ва операторҳои менюи асосии гузоштани функсия оварда шудааст. Инчунин бо равзанаҳои меню ва истифодаи зерменюҳо аз сатрҳои стандартии барномаи Excel ҳангоми тадбиқи формула дар ҳисоб намудани транскрипт барои низоми таҳсилоти кредитӣ шарҳ дода шудааст.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2