Зеҳн

Зарурияти гузаронидани таҳлили ҳисоботи молиявӣ дар шароити муосир

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Мусоева М. Ш.

Зарурати таҳлили ҳисоботи молиявӣ (муҳосибӣ) дар шароити муносибатҳои бозорӣ аз талаботи тиҷорат ба баҳодиҳии фаъолият ва ёрӣ дар ҷустуҷӯи посух бар он саволе бармеояд, ки фаъолияти хоҷагидорӣ чӣ гуна мебояд бурда шавад, то самараи беш ба даст ояд. Нишондиҳандаҳое чун масъулият ва салоҳияти роҳбарият, ҳисоботҳои босифатона тартибдодашуда, тавонойии саривақт ҳисобӣ намудан бо қарзҳои гирифта вазъи молиявии ширкатро тавсиф медиҳанд.

Ҳисоботи молиявӣ ба роҳбарияти ширкат имконият медиҳад, ки ақидаи худро оид ба самаранокии истифодабарии сарватҳои молиявӣ, таносуби онҳо (худӣ, қарзӣ), вазъи ҳисобикуниҳо бо шарикони корӣ бунёд намоянд.

Ахбор оид ба фаъолияти ширкат, обрӯ ва мартабаи он дар бозор дар беҳгардонии вазъи молиявӣ нақши муҳим мебозад. Ҳар як субъекти хоҷагидории ба пешрафти бомуваффақияти корҳои худ ҳавасмандбуда водор аст, ки натиҷаҳои таҳлили молиявии гузаронидаро ҳангоми тарҳкашии фаъолияти хоҷагидории худ ба кор барад. Дар ин маврид боэътимодии хулосаҳо аз натиҷаҳои таҳлил аз сифати ҳисоботи чун манбаи ахбории таҳлил истифодашаванда вобаста аст. Бо вуҷуди ин таҳлили молиявии баҷоовардашуда наметавонад, ки дар ҳама ҳолатҳои хоҷагидорӣ барои беҳгардонии вазъият дастури ягонае диҳад, вале ба ҳар ҳол имконият медиҳад, то ба саволи гузошташуда посух дарёфт карда шавад.

Дар шароити муосири хоҷагидорӣ ба ҷо овардани таҳлили ҳисоботи молиявӣ барои роҳбарон, соҳибмулкон, шарикони тиҷоратии ширкатҳо ва мақомоти давлатии танзим ва назораткунандаи фаъолияти соҳибкорӣ басо муҳим гардидааст. Ахбори дар ҳисоботи молиявӣ пешкашшаванда асоси қабули қарорҳои идоракунӣ дар фаъолияти амалиётӣ, инвеститсионӣ ва молиявии ширкат мебошад. Вай имконият медиҳад, ки тавонойии ширкат барои бунёдкунии воситаҳои пулӣ, овардани фоида ва фаъолияти босубот баҳо дода шавад. Ҳисоботи молиявӣ бо пешниҳодкунии ахбори қиёсии солҳои пешин ба баҳодиҳии воқеъбинонаи вазъи молиявии ширкат мусоидат мекунад.

Мақсади таҳлили ҳисоботи молиявии корхона расидан ба як қатор ҳалли масъалаҳои таҳлилӣ мебошад, ки онҳоро дар шакли умумӣ ба тариқи зайл таҳия кардан мумкин аст:

  • баҳодиҳӣ ба вазъи молумулкии корхона;

  • баҳодиҳии устувории молиявии корхона;

  • баҳогузорӣ ба пардохтпазирӣ ва бозоргирии корхона;

  • иҷроиши ташаккулёбии таҳлили натиҷаҳои молиявии корхона;

  • банақшагирӣ, тақсим ва истифодаи фоидаи корхона;

  • ҳисобкунӣ ва банақшагирии нишондиҳандаҳои фаъолият (гардиш, гирдгардиш ва даромаднокӣ) -и корхона;

  • баҳогузории ҳамаҷонибаи вазъи молиявии корхона;

  • пешниҳод ва тавсияҳои умумӣ оид ба баланднамоии натиҷаҳои молиявӣ ва беҳтар намудани вазъи молиявии корхона;

  • пешгўинамоии натиҷаҳои молиявӣ ва вазъи молиявии корхона.

Гузаронидани таҳлили молиявӣ асосан аз принсипҳои зерин иборат мебошад:

  • зарурияти тартиби аниқи барномаи таҳлилӣ, ки коркарди тарҳҳои ҷадвалҳои таҳлилӣ ва алгоритмҳои ҳисобкунии нишондиҳандаҳои асосии онро дар бар мегирад;

  • схемаи таҳлил бояд тибқи принсипи "аз умумӣ ба том", ба ибораи дигар, аввал тавсифи умумии хусусиятҳои объекти таҳлилшаванда ва сипас қисмҳои алоҳидаи онро таҳлил намудан;

  • зарурати таҳлили амиқи ҳама гуна нишондиҳандаҳои меъёрӣ ё нақшавӣ корхона;

  • асосноккунии истифодаи маҷмӯи меъёрҳои баҳодиҳиҳои сифатӣ ва миқдорӣ.

Таҳлили молиявӣ имкони пешниҳоди ҳамаи ахборотро оид ба фаъолияти корхона дар намуди ҳисоботи молиявӣ дорад. Бартариаш дар он аст, ки онҳо ахборотро оид ба вазъи молиявии корхона дар як давраи муайяни вақт ва натиҷаҳои давраи гузаштаи бадастомадаро метавонанд, барои пешгўии даромадҳои давраҳои оянда, дивидендҳо ва ҳаҷми гардиши пули нақд истифода намоянд.

Дар амалияи хоҷагидорӣ шаклҳои гуногуни гузаронидани таҳлили молиявии корхона истифода мешавад.

Таҳлили ҳисоботи молиявии корхонаи истеҳсолиро ба таври мисол дида мебороем. Шаклҳои гуногуни таҳлили ҳисоботи молиявӣ имконпазир аст. Мо ҳисоботи фоида ва зараро истифода менамоем (дар зер нишон дода шудааст) ва барои омўхтан ки чӣ гуна таҳлили уфуқии сесоларо омода кардан мумкин аст.

Ҷадвали 1. Намунаи таҳлили ҳисоботи молиявии мутлақ.

Муқоисаи ҳисобот оид ба фоида ва зарар бо сомонӣ

Нишондиҳандаҳо201920202021
Даромад100 000108 000120 000
Арзиши аслии фурўш-78 000-82 000-90 000
Ҳаҷми фоида22 00026 00030 000
Хароҷоти амалиётӣ-17 500-19 400-21 600
Фоидаи амалиётӣ4 5006 6008 400

Дар ин равиш ба таҳлили уфуқӣ, соли асосӣ таъин карда мешавад ва маблағи ҳар як моддаи ҳисоботи молиявӣ дар солҳои минбаъда ба фоизи маблағи соли асосӣ табдил дода мешавад. Фарз кардем, ки соли 2019 соли асосист, даромадҳо барои солҳои 2020 ва 2021 108% ва 120% -и соли базавиро ташкил доданд.

Ҳамин тавр рақамҳои таҳлили барои элементҳои боқимондаи ҳисобот оид ба фоида ва зарар, ки дар зер нишон дода шудаанд, гузаронида мешаванд.

Ҷадвали 2. Намунаи таҳлили ҳисоботи молиявии амудӣ бо сомонӣ

Нишондиҳандаҳо2019%2020%2021%
Даромад100 000100%108 000108%120 000120%
Арзиши аслии фурўш-78 000100%-82 000105%-90 000115%
Ҳаҷми фоида22 000100%26 000118%30 000136%
Хароҷотҳои амалиётӣ-17 500100%-19 400111%-21 600123%
Фоидаи амалиётӣ4 500100%6 600147%8 400187%

Баъзе тамоюлҳои ҷолибро аз ин таҳлили фаврии ҳисоботи молиявӣ гирифтан мумкин аст. Маблағҳо ва фоизҳо бо сомонӣ барои ҳар як моддаи ҳисоботи молиявӣ сол аз сол зиёд мешуданд, аммо тамоюл барои ҳар як модда гуногун буд.

Ҳамин тавр, аз натиҷаи таҳлили ҳисоботи молиявӣ ҷиҳатҳои муҳими фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории корхона рӯшан шуда аз муваффақиятҳо ё хавфи муфлисшавӣ дарак медиҳанд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ дар сиёсати молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ ҳисоботи молиявӣ мавқеъи намоёнро ишғол менамоянд. Мақсади ҳар як муассисаи ҳуқуқӣ- ин дар ҷамъбасти фаъолияти солона ба даст овардани натиҷаҳои мусбии молиявӣ мебошад. Аз ин рў, ташкил ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ дар тамоми соҳаҳо амалӣ сари вақтӣ ва зарур мебошанд.

ЗАРУРИЯТИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАҲЛИЛИ ҲИСОБОТИ

МОЛИЯВӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Дар мақола зарурияти гузаронидани таҳлили молиявии корхона дар шароити иқтисоди бозорӣ мавриди омўзиш қарор дода шудааст, ки он имкон медиҳад корхона дар фаъолияти худ роҳи оптималии рушдро интихоб кунад. Корхона бо гузаронидани таҳлили молиявӣ ба таҳкими вазъи молиявии худ мусоидат менамояд. Барои ин таҳлили ҳисоботи молиявӣ гузаронидан лозим аст.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2