Самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муаллиф(он): Шарофидинзода С. С.
Дар адабиётҳои иқтисодӣ якчанд нуқтаи назарӣ меъёри самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вуҷуд дорад. Баъзе тадқиқотчиён дар назар доранд, ки меъёри самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – ин сарфаи ҳаддалимкони хароҷотҳои меҳнатии ҷамъиятии зарурӣ ва баландбардории ҳосилнокии меҳнат мебошад. Ҳамин тавр, Г.Л. Шагалов пешниҳод мекунад, ки меъёри самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гуфта «сарфаи ҳаддалимкони меҳнати зинда ва ҷамъиятӣ, … яъне даромади софи ҳаддалимконро дар назар доштан зарур аст. Миқдоран меъёри додашуда бо роҳи муқоисаи самараи маҷмӯӣ ва хароҷотҳои пулии баамалбарории ин ё он варианти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ифода меёбад. Ба сифати самараи маҷмӯӣ одатан сарфаи хароҷотҳои меҳнати ҷамъиятӣ баромад мекунад, ки бо сабаби воридоти намудҳои мушаххаси маҳсулот ба вуҷуд меояд. Ба сифати хароҷотҳо бошад – хароҷотҳое, ки бо истеҳсол ва содироти маҳсулот алоқаманд аст. Муқоисаи ин меъёрҳо имкон медиҳад, ки то кадом андоза самараи умумии воридот аз хароҷотҳои пулии барои содирот зиёдтар аст, ошкор карда шавад».
Дигар иқтисодчиён меъёри самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷиро бо ҳарчӣ пурратар қонеъ гардонидани талаботҳои аъзоёни ҷамъият алоқаманд мекунанд. Боз як нуқтаи назари дигар ҳаст, ки мувофиқи он «манфиатҳое, ки мамлакатҳо аз иштирок дар тақсимоти байналхалқии меҳнат ба даст меоранд, танҳо ба ҷалб ва ҳаракати захираҳо баробар кардан мумкин нест. Оқибатҳои рушди фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар шакли васеъи таъсири онҳо ба тамоюлҳои умумии рушди истеҳсолот, нақши онҳо дар ҳавасмандкунии навкунии аппарати истеҳсолӣ ва сохторҳои хоҷагидорӣ таҳлил кардан зарур аст. Аз ин рӯ, самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо низоми нишондиҳандаҳо тавсиф меёбанд, ки онҳо дар сатҳҳои зерин муайян карда мешавад:
-
дар сатҳи хоҷагии халқ – бо роҳи муқоисаи хароҷотҳо барои истеҳсол ва боркашонии молҳои содиротӣ ва хароҷотҳои берунитиҷоратӣ бо баҳодиҳии арзиши молҳои воридотӣ;
-
дар сатҳи истеҳсолкунандагони молҳои содиротӣ – бо роҳи муқоисаи хароҷотҳо барои истеҳсоли молҳои содиротӣ бо нархҳои дохилии таъмини онҳо ба ташкилотҳои берунитиҷоратӣ;
-
дар сатҳи ташкилотҳои берунитиҷоратӣ – бо роҳи муқоисаи пардохтҳои онҳо ба корхонаҳо барои таъмини молҳо, хароҷотҳои нақлиётӣ ва расмӣ бо даромади асъорӣ аз руи нархҳои сарҳадӣ;
-
дар сатҳи корхонаҳо – истеъмолкунандагони молҳои воридотӣ – бо роҳи муқоисаи баҳодиҳии арзиши молҳои воридотӣ бо хароҷотҳои истеъмолкунандагон барои хариди молҳои воридотӣ;
-
дар сатҳи ташкилотҳои берунитиҷоратии воридкунандагон – бо роҳи муқоисаи пардохтҳои асъорӣ барои молу хизматҳои воридотӣ бо назардошти хароҷотҳои нақлиётӣ ва расмӣ.
Ба фикри мо, омӯзиш ва коркарди нопурраи асосҳои назариявии муаммоҳои самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, як қатор саволҳоро ба миён меорад, ки ба онҳо бояд ҷавоб ёфт, ба монанди:
-
дар зери самараи иқтисодӣ ва самаранокии иқтисодии содирот ва воридот барои корхонаҳо чӣ фаҳмида мешавад?
-
чиро ҳамчун меъёри самаранокии иқтисодии содирот ва воридот ҳисобидан мумкин аст?
-
дар зери хароҷотҳо барои истеҳсоли молҳои содиротӣ чиро бояд фаҳмид?
-
ба хароҷотҳои пурраи корхона барои содироти молҳо чиро ҳамроҳ кардан зарур аст?
-
хароҷотҳо барои воридоти молҳо чиро дар назар доранд?
-
дар зери мафҳуми натиҷаҳои содироти корхона чиро бояд фаҳмид?
-
чӣ тавр асъори хориҷиро ба асъори миллӣ ва баръакс асъори миллиро ба асъори хориҷӣ ҳисоб кардан мумкин аст?
Ҳангоми содирот ва воридоти молҳо корхона метавонад ҳам самараи иқтисодии бевосита (беҳтар шудани натиҷаҳои молиявии корхона) ва ҳам самараи иқтисодии бавосита (паст шудани хароҷотҳои истеҳсолот, азхудкунии технологияи нав, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолот) ба даст орад. Ба ибораи дигар, самараи иқтисодии бевосита ва бавоситаи фаъолияти иқтисодии хориҷиро ҷудо кардан мумкин аст. Аз ин ҷо бар меояд, ки ҳамаи натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба инкишофи корхона мусоидат мекунанд, аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ҳисобидан мумкин аст. Аз ин рӯ, самараи мусбии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ метавонад барои баҳодиҳии самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхона ҳамчун асос баромад кунад, самараи максималии он бошад – ҳамчун меъёри самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ истифода карда шавад.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити муосир доираи фаъолияти корхонаҳои саноатии ватанӣ бо хусусияти давраи гузариши иқтисодиёти давлат муайян карда мешавад. Дар иқтисодиёти давлат ҳарчанд инфрасохтори бозории муайян, асосҳои муҳити меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва иқлими соҳибкорӣ ташкил карда шуда бошад ҳам, бо сабабҳои техникӣиқтисодӣ, асъорию молиявӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва дигар сабабҳои зиёд унсурҳои бозор ҳоло наметавонанд амалӣ гардонда шаванд. Инчунин муҳити байналхалқии берунаи фаъолияти корхонаҳои саноатии ватанӣ низ тадриҷан тағйир ёфт. Ба ақидаи мо ин муҳит бо хусусиятҳои зерин тавсиф меёбад:
-
тағйир ёфтани вазъи сиёсии мамлакат, ки дар бисёр ҳолат иқлими соҳибкории байналхалқиро барои корхонаҳои миллӣ мураккаб мекунад;
-
тадриҷан мураккаб шудани рақобати байналхалқӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз он ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои интегратсионии иқтисодии пурқувват, ба монанди Иттиҳоди Аврупо, НАФТА, АТЭС, ки имкониятҳои ИДМ бо имкониятҳои онҳо баробар шуда наметавонанд, ва дастгирии васеи давлатии ширкатҳои ғарбӣ, ки чунин дастгириро корхонаҳои ватанӣ надоранд;
-
имконоти маҳдуди захираҳои аксарияти корхонаҳои саноатии ватанӣ барои васеъкунии фаъолият дар бозори берунӣ, инчунин надонистани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва самаранок истифода карда натавонистани механизми бозорӣ дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
-
дараҷаи баланди фаъолнокии ширкатҳои хориҷӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон.
Ҳамаи ин ба баландбардории самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳои саноатии ватанӣ монеа мегарданд.
Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи баамалбарории ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шароитҳои нав фароҳам оварда шуда истодааст. Ҳамаи корхонаҳо ва ташкилотҳо ҳуқуқи мустақилона дар дохили кишвар фаъолият кардан ва ҳуқуқи озодона ба бозори беруна баромаданро пайдо карданд. Корхонаҳо мустақилона шакли ташкилию ҳуқуқии худро муайян мекунанд, доираи фаъолият, мақсад, шаклҳо ва усулҳои баамалбарории фаъолияти иқтисодии хориҷиро интихоб менамоянд.
Ҳамин тавр, фароҳам овардани мустақилияти ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ба корхонаҳои саноатӣ шароит фароҳам овард, ки:
-
имкониятҳои корхона самаранок истифода карда шаванд;
-
масъалаҳои истеҳсолию иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва иҷтимоии
-
аз фаъолияти корхона фавран ва бо боздеҳи баланд ҳалли худро ёбанд;
-
фаъолияти мустақилонаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ манфиатҳои иловагӣ ва афзалиятҳо ба даст оранд.
Тадқиқотҳо тасдиқ мекунанд, ки дар мамлакат ташаккулёбии иқтисоди бозории муосир ҳоло ҳам ақиб монда истодааст. Кӯшиши зудтар фоида ба даст овардан, истифодаи усулҳои муборизаи рақобати ноодилона, амалҳои ғайриқонунӣ ҳоло ҳам дар таҷрибаи фаъолияти корхонаҳо боқӣ мондааст ва таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамаи ин ҳолатҳо ба самаранокии фаъолияти корхонаҳои саноатии ба содиротнигаронидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири калон мерасонанд. Зеро корхонаҳои саноатӣ дар баробари звенои асосии иқтисодиёт будан боз субъекти мустақили фаъолияти иқтисодии берунмарзии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Аммо чунин нақш пайдо кардани корхонаҳо пайдоиши вазифаҳо ва уҳдадориҳои нави корхонаҳоро дар назар дорад ва таваккалҳои навро ба вуҷуд меорад. Корхона уҳдадор аст, ки мустақилона сиёсати фурӯш, таъминоти моддӣ-техникӣ, асъорию молиявӣ, нархӣ ва молӣ, барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва кадриро ташаккул диҳад ва мувофиқан таваккали муфлисшавӣ нисбатан баланд мешавад. Албатта, дар натиҷа метавонад дастгирии давлатии зарурӣ ва кӯшишҳои худи корхонаҳо бо роҳи барпо кардани иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва ғайраҳо нисбатан паст карда шавад. Ҳангоми ба бозори беруна баромадан корхонаҳо одатан, ба се стратегияи асосӣ такя мекунанд, ки ҳар як стратегия на танҳо бо хароҷотҳо ва таваккали баланд, балки ҳам бо дараҷаи қатъии назорат ва бузургии даромаднокии зиёд алоқаманд аст. Содирот яке аз тарзҳои дастраси ба бозори беруна баромадан ба ҳисоб меравад ва дар ташкили корхона тағйиротҳои камтаринро талаб мекунад. Шакли аз ҳама мураккаби фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ин кооператсияи байналмилалӣ мебошад, ки пурра ба истифода кардани афзалиятҳои тақсимоти байналмилалӣ меҳнат имкон медиҳад. Таъмини рақобатпазирӣ, баландбардории самаранокии истифодаи иқтидори корхонаҳои саноатии ватанӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодиёт ба хоҷагии ҷаҳонӣ шарти асосӣ мебошад.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки корхонаҳои саноатии ватанӣ дар чорчӯбаи ҷараёни ҳамгироии байналмилалӣ қарор доранд ва солҳои охир баъзе пешравиҳо дар ин самт ба чашм мерасанд. Ҳамаи ин тағйиротҳои ҳамкории истеҳсолию сармоягузории мамлакатҳои гуногун дар мафҳуми «нерӯи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» инъикос меёбанд. Ин мафҳум ҷараёни идоракунии стратегии рушди рақобатпазирии корхона ва нерӯи истеҳсолии корхонаро пурратар инъикос мекунад. Мақсади асосии баҳодиҳӣ ва таҳлили нерӯи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – на танҳо тасдиқи маҳорати пеш бурдани фаъолияти содиротию воридотӣ, балки ҳам дар тақсимоти байналхалқии меҳнат иштирокчии комилҳуқуқ шудан, дар ҳамин асос маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол кардан, самтҳои афзалиятноки рақобатпазириро тараққӣ додан мебошад.
Ба ақидаи мо, нерӯи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – ин қобилияти корхона барои истеҳсол намудани маҳсулоти рақобатпазир, ба вуҷуд овардан ва мустаҳкам намудани афзалиятҳои рақобатӣ, ва дар ҳамин асос, дар шаклҳои гуногуни ҳамкории байналхалқӣ самаранок иштирок кардан мебошад. Пас, дараҷаи истифодаи нерӯи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз бисёр ҷиҳат вазъияти рақобатии корхонаро муайян мекунад.
Баҳодиҳии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ нишон медиҳад, ки дараҷаи истифодаи нерӯи фаъолияти иқтисодии хориҷиро бо ёрии нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муайян кардан мумкин аст.
Барои корхона, пеш аз ҳама, дар баробари баҳодиҳии самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, содирот, боз ошкоркунии роҳҳои баландбардории самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва истифодаи фаъоли онҳо, назорати динамикаи самаранокӣ, бартарафкунии амалиётҳои ғайрисамаранок аҳамияти калон дорад.
Корхонаҳо-содиркунандагон, бешубҳа, дар баҳодиҳии самаранокии фаъолияти иқтисодиии хориҷӣ эҳтиёҷ доранд. Асоси самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳои саноатиро беҳтаркунии ҷараёнҳои корӣ ва амалиётҳое, ки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз онҳо таркиб ёфтааст, ташкил медиҳад. Пас, захираҳои асосии самаранокӣ дар зерсохторҳои корхона, ки дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ширкат меварзанд, ниҳон аст. Инчунин самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз алоқаҳои корӣ бо таъминкунандагон ва мизоҷон вобастагӣ дорад.
Барои баландбардории рақобатпазирии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба корхонаҳо низоми ахбороти берунитиҷоратӣ бо истифода аз захираҳо ва имкониятҳои палатаи савдо ва саноат, иттиҳодияи соҳибкорон, кумитаи гумрук, мақомотҳои идоракунии маҳаллӣ ва ғайраҳо зарур аст. Низоми ахбороти берунитиҷоратӣ бояд корхонаҳоро бо ахбороти вазъи бозории зарурӣ тамин намояд.
Ба фикри мо, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ бояд ба иҷрогардонии амалиётҳои содиротию воридотӣ бо хароҷотҳои камтарин, тараққиёти содирот ва беҳтаргардонии сохтори он, азнавтаҷҳизонидани истеҳсолот ва устуворгардонии базаи содиротӣ, инчунин инкишофи шаклҳои нави алоқаҳои берунӣ равона карда шавад. Аз ҳамин сабаб баҳодиҳии рақобатпазирии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад.
ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ КОРХОНАҲО ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақола якчанд нуқтаи назарӣ меъёри самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз назари баъзе муҳаққиқони соҳаи иқтисод оварда шудааст. Баъзе тадқиқотчиён дар назар доранд, ки меъёри самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – ин сарфаи ҳаддалимкони хароҷотҳои меҳнатии ҷамъиятии зарурӣ ва баландбардории ҳосилнокии меҳнат мебошад. Омӯзиш ва коркарди нопурраи асосҳои назариявии муаммоҳои самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, як қатор саволҳоро ба миён меорад, ки аз нуқтаи назари муаллиф пешниҳод карда шудааст.
Ҳангоми ба бозори беруна баромадан корхонаҳо одатан, ба се стратегияи асосӣ такя мекунанд, ки ҳар як стратегия на танҳо бо хароҷотҳо ва таваккали баланд, балки ҳам бо дараҷаи баланди назорат ва бузургии даромаднокии баланд алоқаманд аст, ки дар мақола таҳлил гардидааст.




