Зеҳн

Сармояи хориҷӣ ҳамчун заминаи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Пирова И.Т., Неъматова М. А.

Сармояи хориҷӣ (минбаъд СХ) бо мақсади амалигардонии бозсозии сохторӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ин маврид дар баробари захираҳои иловагии моддию молиявӣ, инчунин техникаю-технологияҳои пешқадами хориҷӣ, таҷҳизот, таҷрибаи роҳбарӣ ва ғ. ҷалб гардида, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешаванд. Истифодаи СХ ба рушди иқтидори содиротии мамлакат, тавсиаи истеҳсолоти ивазкунандаи воридот, баланд бардоштани сатҳи техникию технологии истеҳсолот, сифат ва рақобатпазирии маҳсулот нигаронида шудааст.

Сармояро ҳамчун маблағгузориҳои дарозмӯҳлат ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, инфрасохтор, бахши аграрӣ, барномаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи табиат ва ғ. ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам берун аз он бо мақсади рушди истеҳсолот, соҳаҳои иҷтимоӣ, соҳибкорӣ ва афзун намудани даромаднокӣ баррасӣ менамоянд.

Дар моддаи 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи сармоягузорӣ» мафҳуми «сармоягузорӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «cармоягузорӣ – ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқи молу мулкӣ (ба истиснои молу мулке, ки ба истифодабарии шахсӣ ва ё бо фаъолияти фурӯши мол бе коркарди он алоқаманд аст) бо шумули маблағ, коғазҳои қиматнок, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки ба сармоягузор аз рӯи ҳуқуқи моликият мансубанд ва аз тарафи ӯ ба объектҳои фаъолияти сармоягузорӣ бо мақсади гирифтани фоида ва ё расидан ба натиҷаи дигари назарраси фоиданок гузошта шудаанд».

СХ метавонад, ки дар шакли сармояи соҳибкории ба корхонаҳои истеҳсолии кишвари қабулкунанда ва дар шакли сармояи қарзӣ аз суратҳисоби ҷории бонкҳои хориҷӣ пешниҳод гардад ва ҳамзамон ҷалби сармояи соҳибкорӣ метавонад дар шакли сармояи мустақим ва портфелӣ сурат гирад.

Дар сатҳи макроиқтисод СХ барои татбиқи сиёсати такрористеҳсоли васеъ, суръатбахшии прогресси илмию техникӣ, беҳтар намудани сифат ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, бозсозии сохтории иқтисодиёт ва рушди мутавозуни ҳама соҳаҳои он, ташкили заминаи ашёии саноат, рушди соҳаи иҷтимоӣ, ҳалли масъалаҳои қобилияти мудофиавӣ ва амнияти мамлакат, мушкилоти бекорӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғ. ҳамчун асос баромад мекунанд.

СХ дар сатҳи микроиқтисод низ мавқеи назаррас дорад. Он барои таъмини фаъолияти мӯътадили корхона ҳолати устувори молиявӣ ва ҳаддалимкон зиёд намудани фоидаи субъектҳои хоҷагидор заруранд. Бе сармоягузорӣ таъмини рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда ва хизматрасониҳои пешниҳодшаванда, бартарафсозии оқибатҳои фарсудашавии ҷисмониву маънавии воситаҳои асосӣ, хариди коғазҳои қиматнок ва ҷалби воситаҳо ба активҳои корхонаҳои дигар, татбиқи тадбирҳои ҳифзи табиат ва ғ. имконнопазир аст.

Барои татбиқи фаъолияти сармоягузорӣ (ФС), ҳам дар сатҳи макро ва ҳам микроиқтисод моро зарур аст, ки навъу намудҳои сармояро бо тамоми ҷузъиёташ нишон диҳем. Сармоя аз рӯи аломатҳои гуногун чунин таснифот кардан мумкин аст: шаклҳои амалкунӣ, объектҳои амалкунӣ, субектҳои амалкунӣ (сармоягузор) ва ғ.

Рушди саноатии бештари кишварҳо ва ҳамгироии онҳо ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ то андозае ба туфайли СХ метавонад ба кишвари қабулкунанда барои ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳон мусоидат намояд. Ҷалби фаъоли СХ ба иқтисодиёти кишвари қабулкунанда имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

  • воридшавии технологияҳои нав. Сармоягузорони калонтарини хориҷӣ, ба қатори ширкатҳои нисбатан рақобатнок дохил шуда дастовардҳои фаъолияти худро дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолот, то ташкилнамоии бозорҳои фурӯш ва ҷойгиркунии воситаҳои истеҳсолии худ, дар кишварҳои гуногун истифода мебаранд. Кишварҳое, ки СХ фаъолона ҷалб карда тавонистанд, таъсири бебаҳои онро ба рушди базаи индустриалии худ ҳис мекунанд. Ширкатҳои ватание, ки бо сармоягузорони хориҷӣ робита пайдо карданд «ноу-хау»-ро аз худ намуда, дар шароити рақобати шадид амалнамоиро меомӯзанд. Ҳамин гуна донишҳоро ҳайати идорӣ ва кормандони сармоягузорони хориҷӣ, ки аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ киро карда шудаанд, меомӯзанд;

  • ташкили ҷойҳои нави корӣ. Дар кишварҳое, ки иқтисоди миллии онҳо дар ҳолати гузариш қарор дорад, масъалаи асосӣ шуғли нопурра ё худ бекории доимоафзоишёбанда мебошад. Кӯшишҳои коҳиш додани бекорӣ бо истифодаи чораҳои ба монанди ташкили ҷойҳои корӣ дар сектори давлатӣ, на ҳама вакт ба натиҷаҳои дилхоҳ оварда мерасонад. СХ бошад ҷойҳои нави кориро бо хароҷоти камтарин ва бо истифодаи технологияҳои ҳозиразамон ташкил карда метавонад. Ба замми ин такмили ихтисоси мутахассисони маҳаллӣ дар базаи ин технология ба иқтисодиёти маҳаллӣ таъсири мусбӣ мерасонад;

  • рушди содирот. Сармоягузории фаъоли хориҷӣ боиси афзоиши содирот аз кишварҳои қабулкунанда ба кишварҳои ҳамсоя, инчунин ба бозорҳои мамлакатҳои сармоягузор мешавад, воридоти асъори озод мубодилашавандаро таъмин мекунад, ки барои рушди устувори иқтисодиёт ҳаётан муҳим аст. Асъори озод ивазшаванда барои пардохти қарзи беруна, хариди молҳои хориҷӣ, инчунин барои сармоягузории дохилӣ лозим аст. Хоҳиши истифодаи асъори хориҷии аз ҳисоби содирот ба даст овардашуда, кишварҳоро барои паст кардани маҳдудиятҳои тиҷоратӣ водор ва ҳамгироии онҳо ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. СХ ба кишварҳо барои васеъ намудани номгӯи молии содироти худ ёрӣ медиҳад. Афзоиши сифатии маҳсулоти нави содиротӣ махсусан барои кишварҳои нави соҳибихтиёр, ки таърихан асосан ашё содир менамуданд, муҳим аст.

Вақте ки сухан дар бораи СМХ (сармоягузориҳои мустақили хориҷӣ) меравад, пеш аз ҳама сармоягузорие дар назар дошта мешавад, ки ба корхонаҳои хориҷӣ гузошта шуда, ба сармоягузорон идоранамоиро аз болои онҳо таъмин менамояд. Ба СМХ бештар он сармояе дохил мешавад, ки ҳаҷми онҳо ба сармоягузор идора намудани на камтар аз 20%-и сармояи оиномавии корхонаро таъмин менамояд. Ин таносуб дар ҳар кишвар гуногун аст, мисол, дар ИМА ҳиссаи СХ набояд аз 10% сармояи оиномавии корхона зиёд бошад. Босуръат афзоиш ёфтани ҳаҷми СМХ дар иқтисодиёти ҷаҳони муосир дар асоси маълумотҳои зерин дидан мумкин аст: соли 1980 он тақрибан 450 млрд. доллари ИМА-ро медод ин нишондиҳанда соли 1990 ба 1,7 трлн. доллари ИМА расид, яъне афзоиши чоркарата дар фосилаи як даҳсола ба амал омад. Соли 1998 ҳаҷми СМХ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар ҷаҳон ба 3,5 трлн. доллари ИМА. расид.

Таҳлили равандҳои глобалии инвеститсионӣ дар ҷаҳон нишон медиҳад, ки баланд бардоштани фаъолнокии сармоя тариқи ҷалби СХ барои кишварҳои қабулкунанда ҳам оқибатҳои мусбӣ ва ҳам манфӣ оварда метавонад. Нисбати ҶТ бартариҳои ҷалби СХ инҳо буда метавонанд:

  1. заминагузорӣ намудан барои ҳамгироии иқтисоди миллии Тоҷикистон ба низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ, ки барои рушди содирот тавассути баровардани маҳсулоти ватанӣ ва муштарак (бо ширкатҳои хориҷӣ) ба бозорҳои берунӣ шароит фароҳам меоварад. Афзоиши содирот имкон медиҳад, ки воридшавии асъори хориҷӣ зиёд карда шавад, ки дар навбати худ метавонад тавозуни пардохт таъмин карда шавад, захираҳои тиллоӣ-асъорӣ зиёд карда шаванд, молҳо, ва воситаҳои меҳнат, ки дар ҶТ истеҳсол намешаванд ё истеҳсоли онҳо бо ин ё он сабаб (иқтисодӣ, экологӣ, технологӣ ва ғ.) мақсаднок нест ё номумкин аст харида шаванд;

  2. иваз намудани воридоти ғайри мақсаднок;

  3. фаъол гардонидани рақобат байни корхонаҳои миллӣ ва хориҷӣ (то лаҳзаи ноил шудан ба сатҳи самаранокии дуюмин);

  4. тезонидани суръати барқароркунии иқтидори соҳаҳои асосӣ, аз қабили гидроэнергетика, нақлиёт, алоқа ва ғ., ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро дар ояндаи наздик муайян месозанд;

  5. пурратар истифода бурдани иқтидори истеҳсолӣ ва зеҳнӣ;

  6. азхудкунии захираҳои табии қаблан истифоданашуда ва ба қадри кофӣ истифоданашаванда (ҳангоми рияои меъёрҳои экологӣ);

  7. васеъ гардонидани базаи андозбандӣ, ки эҳтимол воридоти маблағҳои иловагиро ба қисми даромади чӣ буҷаи ҷумҳуриявӣ ва чӣ маҳаллӣ таъмин месозад ва дар навбати худ барои устувории иҷтимоии ҷомеа заминагузорӣ менамояд;

  8. баланд бардоштани дараҷаи бакортаъминкунӣ ва даромади аҳолӣ ва ба ҳамин васила беҳдошти некӯаҳволии халқ.

Дар охир қайд кардани ҳастем, ки ҷалб ва истифодаи оқилонаи СХ яке аз самтҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мебошад. СХ ба рафти дигаргунсозиҳои иқтисодии ҷумҳурӣ таъсири назаррас мерасонанд. Бинобар ин муҳим аст, ки имконпазири мусбату манфии оқибатҳои ҷалби сармоягузориҳо воқеъбинона баҳогузорӣ шуда, сиёсати сармоягузории ба манфиатҳои ҶТ ва мардуми он ҷавобгӯй ва таъминкунандаи мақсадҳои ояндадори рушди миллӣ таҳия карда шаванд.

САРМОЯИ ХОРИҶӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ РУШДИ САНОАТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақола нақш ва аҳамияти сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мавриди назар қарор гирифтааст. Инчунин сармоягузории хориҷӣ дар сатҳи макроиқтисод ва ҳам микроиқтисод дар мақола таҳлил гардидааст. Таҳлили равандҳои глобалии инвеститсионӣ дар ҷаҳон нишон медиҳад, ки баланд бардоштани фаъолнокии сармоя тариқи ҷалби СХ барои кишварҳои қабулкунанда ҳам оқибатҳои мусбӣ ва ҳам манфӣ оварда метавонад. Бартариҳои ҷалби СХ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақола оварда шудааст.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2