Механизми баландбардории самарнокии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муаллиф(он): Шарофидинзода С. С., Файзуллоева М.М.
Дар адабиётҳои иқтисодӣ якчанд нуқтаи назари меъёри самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вуҷуд дорад. Баъзе тадқиқотчиён ба он назаранд, ки меъёри самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – ин сарфаи ҳаддалимкони хароҷотҳои меҳнатии ҷамъиятии зарурӣ ва баландбардории ҳосилнокии меҳнат мебошад. Ҳамин тавр, Г.Л. Шагалов пешниҳод мекунад, ки меъёри самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гуфта «сарфаи ҳаддалимкони меҳнати зинда ва ҷамиятӣ, … яъне даромади софи ҳаддалимконро дар назар доштан зарур аст.
Дигар иқтисодчиён меъёри самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷиро бо ҳарчӣ пурратар қонеъ гардонидани талаботҳои аъзоёни ҷамъият алоқаманд мекунанд. Боз як нуқтаи назари дигар ҳаст, ки мувофиқи он «манфиатҳое, ки мамлакатҳо аз иштирок дар тақсимоти байналхалқии меҳнат ба даст меоранд, танҳо ба ҷалб ва ҳаракати захираҳо баробар кардан мумкин нест. Оқибатҳои рушди фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар шакли васеъи таъсири онҳо ба тамоюлҳои умумии рушди истеҳсолот, нақши онҳо дар ҳавасмандкунии навкунии аппарати истеҳсолӣ ва сохторҳои хоҷагидорӣ таҳлил кардан зарур аст. Аз ин рў, самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо низоми нишондиҳандаҳо тавсиф меёбанд, ки онҳо дар сатҳҳои зерин муайян карда мешавад:
-
дар сатҳи хоҷагии халқ – бо роҳи муқоисаи хароҷотҳо барои истеҳсол ва боркашонии молҳои содиротӣ ва хароҷотҳои берунитиҷоратӣ бо баҳодиҳии арзиши молҳои воридотӣ;
-
дар сатҳи истеҳсолкунандагони молҳои содиротӣ – бо роҳи муқоисаи хароҷотҳо барои истеҳсоли молҳои содиротӣ бо нархҳои дохилии таъмини онҳо ба ташкилотҳои берунитиҷоратӣ;
-
дар сатҳи ташкилотҳои берунитиҷоратӣ – бо роҳи муқоисаи пардохтҳои онҳо ба корхонаҳо барои таъмини молҳо, хароҷотҳои нақлиётӣ ва расмӣ бо даромади асъорӣ аз руи нархҳои сарҳадӣ;
-
дар сатҳи корхонаҳо – истеъмолкунандагони молҳои воридотӣ – бо роҳи муқоисаи баҳодиҳии арзиши молҳои воридотӣ бо хароҷотҳои истеъмолкунандагон барои хариди молҳои воридотӣ;
-
дар сатҳи ташкилотҳои берунитиҷоратии воридкунандагон – бо роҳи муқоисаи пардохтҳои асъорӣ барои молу хизматҳои воридотӣ бо назардошти хароҷотҳои нақлиётӣ ва расмӣ.
Ба фикри мо, омўзиш ва коркарди нопурраи асосҳои назариявии муаммоҳои самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, як қатор саволҳоро ба миён меорад, ки ба онҳо бояд ҷавоб ёфт, ба монанди:
-
дар зери самараи иқтисодӣ ва самаранокии иқтисодии содирот ва воридот барои корхонаҳо чӣ фаҳмида мешавад?
-
чиро ҳамчун меъёри самаранокии иқтисодии содирот ва воридот ҳисобидан мумкин аст?
-
дар зери хароҷотҳо барои истеҳсоли молҳои содиротӣ чиро бояд фаҳмид?
-
ба хароҷотҳои пурраи корхона барои содироти молҳо чиро ҳамроҳ кардан зарур аст?
-
хароҷотҳо барои воридоти молҳо чиро дар назар доранд?
-
дар зери мафҳуми натиҷаҳои содироти корхона чиро бояд фаҳмид?
-
чӣ тавр асъори хориҷиро ба асъори миллӣ ва баръакс асъори миллиро ба асъори хориҷӣ ҳисоб кардан мумкин аст.
Ҳангоми содирот ва воридоти молҳо корхона метавонад ҳам самараи иқтисодии бевосита (беҳтар шудани натиҷаҳои молиявии корхона) ва ҳам самараи иқтисодии бавосита (паст шудани хароҷотҳои истеҳсолот, азхудкунии технологияи нав, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолот) ба даст орад. Ба ибораи дигар, самараи иқтисодии бевосита ва бавоситаи фаъолияти иқтисодии хориҷиро ҷудо кардан мумкин аст. Аз ин ҷо бар меояд, ки ҳамаи натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба инкишофи корхона мусоидат мекунанд, аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ҳисобидан мумкин аст. Аз ин рў, самараи мусбии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ метавонад барои баҳодиҳии самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхона ҳамчун асос баромад кунад, самараи максималии он бошад – ҳамчун меъёри самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ истифода карда шавад.
Гуногуншаклии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ба мамлакатҳо имкон медиҳанд ҳамон шаклеро интихоб намоянд, ки ба манфиатҳои иктисодӣ хусусиятҳои тараққиёти иқтисодии худ мувофиқат кунанд.
Тиҷорати байналхалқӣ дар шароити рақобати шадиди байни истеҳсолкунандагон корхонаро маҷбур месозад, ки истеҳсолоти рақобатнопазирро қатъ гардонда, истеҳсолоти фоидаоварро (фоиданокро) ҷустуҷў намояд, ташкили меҳнатро беҳтар гардонад, аз ин рў корхонаҳо ҳамеша дар ҷустуҷўи роҳҳои рушди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва таъмини истеҳсоли молу хизматҳои рақобаттобовар мебошанд.
Пас, таъмини рушди мунтазами фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо ҳамчун шарти муҳими тиҷорати байналхалқӣ бо як қатор сабабҳо асоснок карда мешаванд:
-
кўшиши зиёд кардани фоидаи ниҳоӣ;
-
зарурати такмил ва навсозии базаи моддӣ-техникии истеҳсолот;
-
кўшиши баромадан аз бозори дохилии маҳдуд;
-
имконияти бартараф кардани норасоии захираҳои табиии миллӣ;
-
зарурати такмили ташкили меҳнат, истеҳсолот ва идоракунӣ;
-
зарурати дастрасӣ пайдо кардан ба технологияҳои самараноки муосир;
-
талабот ба зиёдкунии сикли ҳаётии маҳсулоти саноатӣ;
-
талабот ба афзоиши сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи кормандон ва баландбардории ихтисоси онҳо;
-
имконияти таҳлил кардани хавф ва хароҷотҳои ташкили корхонаҳои нав бо шарикони хориҷӣ.
Яке аз хусусиятҳои асосии корхонаҳои саноатии муосир ин ҳуқуқи мустақилона ба бозори беруна баромадан, фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба роҳ мондан мебошад. Зеро фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имкониятҳои захиравиро васеъ ва самаранокии фаъолияти корхонаро баланд мебардорад.
Дар марҳилаи муосир нақш ва мавқеи корхона дар иқтисодиёт ва умуман фаъолияти иқтисодии хориҷии мамлакат тағйир ёфт. Аммо бо мақсади тараққӣ кардан, ҳодисаҳои нав бо ҳолатҳои пештара дар алоқамандии зич қарор дошта, тадриҷан нақши асосӣ ва муҳимро пайдо мекунанд.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити муосир доираи фаъолияти корхонаҳои саноатии ватанӣ бо хусусияти давраи гузариши иқтисодиёти давлат муайян карда мешавад. Дар иқтисодиёти давлат ҳарчанд инфрасохтори бозории муайян, асосҳои муҳити меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва иқлими соҳибкорӣ ташкил карда шуда бошад ҳам, бо сабабҳои техникӣиқтисодӣ, асъорию молиявӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва дигар сабабҳои зиёд унсурҳои бозор ҳоло наметавонанд амалӣ гардонда шаванд. Инчунин муҳити байналхалқии берунаи фаъолияти корхонаҳои саноатии ватанӣ низ тадриҷан тағйир ёфт. Ба ақидаи мо ин муҳит бо хусусиятҳои зерин тавсиф меёбад:
-
тағйир ёфтани вазъи сиёсии мамлакат, ки дар бисёр ҳолат иқлими соҳибкории байналхалқиро барои корхонаҳои миллӣ мураккаб мекунад;
-
тадриҷан мураккаб шудани рақобати байналхалқӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз он ҷумла фаъолияти гурўҳҳои интегратсионии иқтисодии пурқувват, ба монанди Иттиҳоди Аврупо, НАФТА, АТЭС, ки имкониятҳои ИДМ бо имкониятҳои онҳо баробар шуда наметавонанд ва дастгирии васеи давлатии ширкатҳои ғарбӣ, ки чунин дастгириро корхонаҳои ватанӣ надоранд;
-
имконоти маҳдуди захираҳои аксарияти корхонаҳои саноатии ватанӣ барои васеъкунии фаъолият дар бозори берунӣ, инчунин надонистани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва самаранок истифода карда натавонистани механизми бозорӣ дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
-
дараҷаи баланди фаъолнокии ширкатҳои хориҷӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон.
Ҳамаи ин ба баландбардории самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳои саноатии ватанӣ монеа мегарданд.
Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи баамалбарории ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шароитҳои нав фароҳам оварда шуд. Ҳамаи корхонаҳо ва ташкилотҳо ҳуқуқи мустақилона дар дохили кишвар фаъолият кардан ва ҳуқуқи озодона ба бозори беруна баромаданро пайдо карданд. Корхонаҳо мустақилона шакли ташкилию ҳуқуқии худро муайян мекунанд, доираи фаъолият, мақсад, шаклҳо ва усулҳои баамалбарории фаъолияти иқтисодии хориҷиро интихоб менамоянд.
Ҳамин тавр, фароҳам овардани мустақилияти ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ба корхонаҳои саноатӣ шароит фароҳам овард, ки:
-
имкониятҳои корхона самаранок истифода карда шаванд;
-
масъалаҳои истеҳсолию иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва иҷтимоии фаъолияти корхона фавран ва бо боздеҳи баланд ҳалли худро ёбанд;
-
аз фаъолияти мустақилонаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ манфиатҳои иловагӣ ва афзалиятҳо ба даст оранд.
Ҳамзамон, тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки корхонаҳои саноатӣ ҳоло ҳам дар дохили мамлакат ва берун аз он имкониятҳои бозории маҳдуд доранд ва дастгирии давлатии онҳо ба андозаи муайян хусусияти реалӣ надоранд. Қайд кардан зарур аст, ки унсурҳои иқтисоди бозории Тоҷикистон вобаста ба ҷараёнҳои ҷаҳонӣ бо суръати гуногун номувофиқ инкишоф ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин муҳити меъёрию ҳуқуқии фаъолияти корхона назар ба дигар унсурҳои инфрасохтори бозорӣ бо суръати нисбатан баланд инкишоф ёфта истодааст.
Тадқиқотҳо тасдиқ мекунанд, ки дар мамлакат ташаккулёбии иқтисоди бозории муосир ҳоло ҳам ақиб монда истодааст. Кўшиши зудтар фоида ба даст овардан, истифодаи усулҳои муборизаи рақобати ноодилона, амалҳои ғайриқонунӣ ҳоло ҳам дар таҷрибаи фаъолияти корхонаҳо боқӣ мондааст ва таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамаи ин ҳолатҳо ба самаранокии фаъолияти корхонаҳои саноатии ба содиротнигаронидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири калон мерасонанд. Зеро корхонаҳои саноатӣ дар баробари звенои асосии иқтисодиёт будан боз субъекти мустақили фаъолияти иқтисодии берунмарзии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Аммо чунин нақш пайдо кардани корхонаҳо пайдоиши вазифаҳо ва уҳдадориҳои нави корхонаҳоро дар назар дорад ва таваккалҳои навро ба вуҷуд меорад. Корхона уҳдадор аст, ки мустақилона сиёсати фурўш, таъминоти моддӣ-техникӣ, асъорию молиявӣ, нархӣ ва молӣ, барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва кадриро ташаккул диҳад ва мувофиқан таваккали муфлисшавӣ нисбатан баланд мешавад. Албатта, ин таваккал метавонад дастгирии давлатии зарурӣ ва кўшишҳои худи корхонаҳо бо роҳи барпо кардани иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва ғайраҳо нисбатан паст карда шавад. Бинобар ҳамин масъалаи устувории молиявӣ ва боқӣ мондани корхона дар бозор, афзоиши рушди он дар шароити нав аҳамияти калон дорад.
Ҳангоми ба бозори беруна баромадан корхонаҳо одатан, ба се стратегияи асосӣ такя мекунанд, ки ҳар як стратегия на танҳо бо хароҷотҳо ва хавфи баланд, балки ҳам бо дараҷаи баланди назорат ва бузургии даромаднокии баланд алоқаманд аст. Содирот яке аз тарзҳои дастраси ба бозори беруна баромадан ба ҳисоб меравад ва дар ташкили корхона тағйиротҳои камтаринро талаб мекунад. Шакли аз ҳама мураккаби фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ин кооператсияи байналмилалӣ мебошад, ки пурра истифода кардани афзалиятҳои тақсимоти байналмилалии меҳнатро имкон медиҳад. Таъмини рақобатпазирӣ, баландбардории самаранокии истифодаи иқтидори корхонаҳои саноатии ватанӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодиёт ба хоҷагии ҷаҳонӣ шарти асосӣ мебошад.
Ҳамроҳ шудан ба ҷараёни кооператсияи илмӣ-истеҳсолии байналхалқӣ ба рақобатпазирии корхона талаботҳои баланд пешниҳод мекунад. Бинобар ҳамин, бо мақсади ишғоли мавқеи муносиб дар бозорҳои ҷаҳонӣ зарурати бо тадриҷ ба технологияҳои баланд гузаштан ба миён меояд. Дар ин ҳолат, самти асосии дигаргунсозии иқтисодӣ ин истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо ташкили талаботи самаранок дар сохтори истеъмол ва истеҳсолии иқтисодиёт мебошад.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки корхонаҳои саноатии ватанӣ дар чорчўбаи ҷараёни ҳамгироии байналмилалӣ қарор доранд ва солҳои охир баъзе пешравиҳо дар ин самт ба чашм мерасанд. Ҳамаи ин тағйиротҳои ҳамкории истеҳсолию сармоягузории мамлакатҳои гуногун дар мафҳуми «нерўи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» инъикос меёбанд. Ин мафҳум ҷараёни идоракунии стратегии рушди рақобатпазирии корхона ва нерўи истеҳсолии корхонаро пурратар инъикос мекунад. Мақсади асосии баҳодиҳӣ ва таҳлили нерўи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – на танҳо тасдиқи маҳорати пеш бурдани фаъолияти содиротию воридотӣ, балки ҳам дар тақсимоти байналхалқии меҳнат иштирокчии комилҳуқуқ шудан, дар ҳамин асос маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол кардан, самтҳои афзалиятноки рақобатпазириро тараққӣ додан мебошад.
Ба ақидаи мо, нерўи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – ин қобилияти корхона барои истеҳсол намудани маҳсулоти рақобатпазир, ба вуҷуд овардан ва мустаҳкам намудани афзалиятҳои рақобатӣ, ва дар ҳамин асос, дар шаклҳои гуногуни ҳамкории байналхалқӣ самаранок иштирок кардан мебошад. Пас, дараҷаи истифодаи нерўи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз бисёр ҷиҳат вазъияти рақобатии корхонаро муайян мекунад.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар корхонаҳои саноатӣ вазифаҳои муайянкунии нерўи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба муайянкунии ҳолати рақобатпазирии корхона, таъмини менеҷмент бо ахбороти аниқ дар бораи рақобатпазирӣ ва инкишофи фаъолияти иқтисодии хориҷии корхона, ошкоркунии захираҳои баландбардории рақобатпазирии корхона, муайянкунии самтҳои асосии оқилона истифода кардани сармоягузориҳо, кадрҳо, базаи моддӣ-техникӣ, ки баландбардории нерўи фаъолияти иқтисодии хориҷиро таъмин менамоянд, равона карда шудаанд.
Баҳодиҳии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ нишон медиҳад, ки дараҷаи истифодаи нерўи фаъолияти иқтисодии хориҷиро бо ёрии нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муайян кардан мумкин аст.
Барои корхона, пеш аз ҳама, дар баробари баҳодиҳии самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, содирот, боз ошкоркунии роҳҳои баландбардории самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва истифодаи фаъоли онҳо, назорати динамикаи самаранокӣ, бартарафкунии амалиётҳои ғайрисамаранок аҳамияти калон дорад.
Корхонаҳо-содиркунандагон, бешубҳа, дар баҳодиҳии самаранокии фаъолияти иқтисодиии хориҷӣ эҳтиёҷ доранд. Асоси самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳои саноатиро беҳтаркунии ҷараёнҳои корӣ ва амалиётҳое, ки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз онҳо таркиб ёфтааст, ташкил медиҳад. Пас, захираҳои асосии самаранокӣ дар зерсохторҳои корхона, ки дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ширкат меварзанд, ниҳон аст. Инчунин самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз алоқаҳои корӣ бо таъминкунандагон ва мизоҷон вобастагӣ дорад.
Ҳамин тавр, барои муайянкунии самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, мавҷудияти ахбори дақиқ ва низоми ҷамъоварӣ ва таҳлили ахборот зарур аст. Низоми ҷамъоварӣ ва таҳлили ахборот бояд ба даст овардани ахбороти пурра ва дақиқро аз рўи нишондиҳандаҳои асосии самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, камкунии муҳлати коркарди ахборот ва баланд бардоштани самаранокии қабули қароҳоро ҳангоми банақшагирии самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар давраи оянда таъмин намояд.
Дар таҷрибаи як қатор корхонаҳо усули зерини муайянкунии самаранокии иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ васеъ истифода карда мешавад:
Нишондиҳандаи самаранокии иқтисодии содирот бо чунин формула муайян карда мешавад.
Сис = Ҳ фа + Дф + Хс (1)
ки дар ин ҷо
Сис – самараи иқтисодии содирот, ҳаз. сомонӣ;
Ҳфа – ҳиссаҷудокунӣ бо фоизи асъори корхона (аз рўи қурби асъори миллӣ), ҳаз. сомонӣ;
Дф – даромад бо сомонӣ аз фурўши ҳатмии даромади асъорӣ ба бонки миллӣ, ҳаз. сомонӣ;
Хс – хароҷотҳои пурраи корхона барои содирот, ҳаз. сомонӣ;
(2) Сис = хс ки дар ин ҷо сис – нишондиҳандаи самаранокии иқтисодии содирот.
Хс
Сис = Аис (3)
ки дар ин ҷо
Сис2 - нишондиҳандаи самаранокии иқтисодии содирот;
Ҳс – ҳаҷми содирот бо нархҳои ҷорӣ, ҳазор сомонӣ;
Аис – арзиши истеҳсолии маҳсулоти содиротӣ, ҳазор сомонӣ.
Нисбати самаранокии иқтисодии воридот нишондиҳандаҳои зерин, ки ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд, истифода карда мешавад: барои молҳои таъиноти истеҳсолӣ дошта ва барои молҳои ниёзи мардум.
Усули ҳисобкунии самаранокии воридот дар ҳисобкунии нархи пурраи истеъмолӣ асос меёбад. Барои молҳои таъиноти истеҳсолӣ ҳисобҳои зерин истифода мешаванд:
Ну = Нх + Хит (4)
Хит = Хам + Хсқб + Атт + Ақэ + ММ (5)
ки дар ин ҷо
Ну – нархи пурраи истифодабарии таҷҳизоти воридотӣ, ҳазор сомонӣ;
Нх – нархи хариди таҷҳизоти воридотӣ, ҳазор сомонӣ;
Хит – хароҷотҳои истифодабарии таҷҳизотҳо, ҳазо сомонӣ;
Хам – арзиши ашёи хом ва масолеҳҳои ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда дар истифодашавандатаҷҳизоти воридотӣ, ҳазор сомонӣ;
Хсқб – арзиши сузишворӣ ва қувваи барқи ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда;
Атт – арзиши таъмири таҷҳизот, ҳазор сомонӣ;
Ақэ– арзиши қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизот ҳазор сомонӣ;
ММ – музди меҳнати кормандоне, ки таҷҳизотҳоро хизмат мерасонанд, ҳазор сомонӣ.
Пас аз ин нишондиҳандаи самаранокии иқтисодии воридоти таҷҳизот бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Нх
Своридот = Ну (6)
ки дар ин ҷо
Своридот – нишондиҳандаи самаранокии воридоти таҷҳизот.
Хм
Своридот= (7)
Хв ки дар ин ҷо
Своридот – нишондиҳандаи самаранокии воридоти таҷҳизот;
Хм – ҳаҷми маҳсулоти дар таҷҳизоти додашуда истеҳсолкарда бо нархҳои миёнасолонаи додашуда, ҳазор сомонӣ;
Хв – хароҷотҳо барои воридоти таҷҳизоти додашуда, ҳазор сомонӣ.
Бо вуҷуди ин чӣ қадаре ки нишондиҳандаи Своридот 1 ба 1 наздик бошад, ҳамон қадар воридоти молҳои мувофиқ самаранок мебошад. Дар асоси нишондиҳандаи додашуда корхона метавонад таҷҳизотро на танҳо бо нархҳои нисбатан паст, балки ҳам хароҷотҳои ояндаи истифодабарӣ ба даст орад.
Нишондиҳандаи Своридот бояд аз 1 зиёд бошад, он миқдори маҳсулоти дар таҷҳизоти додашуда истеҳсолшавандаро ба як сомонӣ хароҷоти корхона барои харидани он нишон медиҳад.
Маҷмўи нишондиҳандаҳои номбаршуда имкон медиҳад, ки нерўи маҳсулот ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ баҳо дода шавад. Интихоби нишондиҳандаҳо бо ёрии роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои саноатӣ гузаронида мешавад. Дар таҷриба пас аз интихоби нишондиҳандаҳо роҳбарият бизнес-ҷараёнҳои асосиро баҳо медиҳанд. Дар ҳолати паст будани яке аз нишондиҳандаҳо чораҳои бартараф кардани он кор карда баромада мешавад. Инчунин нишондиҳандаҳо аз рўи муҳимнокии бизнесҷараёнҳо дар корхона ҷобаҷогузорӣ карда мешавад.
Корхонаҳои пешқадам чунин воситаи баландбардории самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба монанди «бенч-маркетинг» (bench marking) – омўзиши таҷрибаи корхонаҳои беҳтаринро фаъолона истифода менамоянд. Баҳодиҳии дараҷаи қафомонии корхона ва динамикаи фарқияти он имкон медиҳад, ки самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ баҳо дода шавад.
Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки омили муҳими инкишофи фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳои саноатӣ ин баландбардории рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда мебошад, ки ба васеъкунии номгўй ва такмилдиҳии сохтори молӣ мусоидат мекунад.
Ба андешаи мо, вариантҳои гуногуни амалҳои имконпазири корхонаро дар бозор баҳо дода, корхонаҳои саноатӣ бояд афзалиятҳои худро дар ҳамон самте, ки рақибон заифӣ доранд, васеъ истифода намоянд.
Барои баландбардории рақобатпазирии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба корхонаҳо низоми ахбороти берунитиҷоратӣ бо истифода аз захираҳо ва имкониятҳои палатаи савдо ва саноат, иттиҳодияи соҳибкорон, кумитаи гумрук, мақомотҳои идоракунии маҳаллӣ ва ғайраҳо зарур аст. Низоми ахбороти берунитиҷоратӣ бояд корхонаҳоро бо ахбороти вазъи бозории зарурӣ тамин намояд.
Ба фикри мо, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ бояд ба иҷрогардонии амалиётҳои содиротию воридотӣ бо хароҷотҳои камтарин, тараққиёти содирот ва беҳтаргардонии сохтори он, азнавтаҷҳизонидани истеҳсолот ва устуворгардонии базаи содиротӣ, инчунин инкишофи шаклҳои нави алоқаҳои берунӣ равона карда шавад. Аз ҳамин сабаб баҳодиҳии рақобатпазирии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад.
ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ КОРХОНАҲО ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақола якчанд нуқтаи назарӣ меъёри самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз назари баъзе муҳаққиқони соҳаи иқтисод оварда шудааст. Баъзе тадқиқотчиён дар назар доранд, ки меъёри самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – ин сарфаи ҳаддалимкони хароҷотҳои меҳнатии ҷамъиятии зарурӣ ва баландбардории ҳосилнокии меҳнат мебошад. Омўзиш ва коркарди нопурраи асосҳои назариявии муаммоҳои самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, як қатор саволҳоро ба миён меорад, ки аз нуқтаи назари муаллиф пешниҳод карда шудааст. Ҳангоми ба бозори беруна баромадан корхонаҳо одатан, ба се стратегияи асосӣ такя мекунанд, ки ҳар як стратегия на танҳо бо хароҷотҳо ва таваккали баланд, балки ҳам бо дараҷаи баланди назорат ва бузургии даромаднокии баланд алоқаманд аст, ки дар мақола таҳлил гардидааст.




