Зеҳн

Аҳамияти фанни анатомияи пластикӣ дар омода намудани рассом – омӯзгор

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Атоев Ф. В., Норов Ф.Ф.

Санъати тасвирӣ барои баланд бардоштани тасаввуроти бадеӣ, ки ҷузъи таркибии фарҳанги маънавӣ маҳсуб ёфта, барои тарбияи зебопарастии донишҷӯён дар рӯҳияи мероси санъати тасвирии миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, роҳнамоӣ менамояд. Барои ноил гардидан ба ин қобилияти эҷодии бадеӣ, барои шахс пеш аз ҳама мушоҳидакорӣ, ташаббускорӣ, мустақилият, завқи бадеию эстетикӣ, тасаввуроти бадеӣ, хотираи мустаҳкам, хотираи эҷодӣ, қобилияти дидани зебоии асарҳои бадеӣ ва ба ин монанд малакаҳоро инкишоф додан лозим аст. Ба даст овардани малакаҳо дар баробари адабиёт, математика, таърих, физика, мусикӣ ва тарбияи ҷисмонӣ омӯзиши амиқи анатомияи пластикиро талаб мекунад.

Дар мақолаи мазкур мо хостем оид ба илми ташреҳ ё худ анатомия инсон маълумот диҳем. Умуман, анатомияи инсон – илмест, ки сохтори узвҳои алоҳида ва системаҳои қисматҳои бадани инсонро меомӯзад.

Тасвири андоми инсон нозукиҳои бисёрро талаб менамояд, зеро асрори санъат дар тасвири андоми инсон аз рассом маҳорати мукаммали рассом вобаста аст.

Тасвир намудани андоми инсон ва омӯзиши симои он аз замонҳои қадим дар байни рассомон яке аз мавзуъҳои шавқовар ба шумор мерафт. Вақте ки мо ба бисёр расмҳо ва ёдгориҳои рӯисангии қадима назар мекунем, намунаҳо дар бораи тасвири андоми инсон воқеан ба замонҳои хеле қадим таалуқ дорад. Яке аз нобиғаҳои санъати тасвирии давраи Эҳё Леонардо да Винчи, Микеланҷело Буонарроти ва Рафаэл Санти, аз ҷумлаи рассомоне, мебошанд ки ба сохтори анатомии инсонӣ мафтун гашта, шоҳасарҳо меофариданд, онҳо худ аз худ ба бузургӣ нарасидаанд, балки аз устодонашон низ бисёр чизҳоро омӯхта, бо маҳорату ҳунари онҳо рағбат менамуданд. Аз ин рӯ, асарҳои бебаҳои онҳо то рӯзҳои мо омада расидааст. Ҳоло дар мактабҳои олии касбии кишварамон аз он ҷумла, дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон омӯзиши анатомияи пластикӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Омӯзиши фанни мазкур дар раванди машғулиятҳои расмкашии академӣ ва мусавирӣ (рангакашӣ) гузаронида мешавад. ки зебоии андоми инсонро донишҷӯён омӯхта, дар ин самт асарҳои аҷоиби санъатро эчод менамоянд. Ғайр дар донишҷӯён дар дигар жанрҳои санъати тасвирӣ ба монанди натюрморт, манзара, маишӣ, ва ғайраро бояд корҳои графикӣ иҷро намоянд. Чунин вазифаҳо назар ба тавири портрет ва ё андоми пурраи инсон сабуктар ба ҳисоб мераванд. Зеро, тасвири андоми инсон ва омӯзиши дурнамои хаттӣ (перспектива) ин ба монанди алифбои расмкашӣ хизмат менамояд. Агар омӯзгор - рассоми ояндаи санъати тасвирӣ маҳорат ва малакаи кофӣ оид ба тасвири андоми инсонро надошта бошад, пас ӯ шогирди муносиб тайёр карда наметавонад. Зеро барои донишҷӯёни равияи рассомӣ- бадеӣ донистани асосҳои анатомияи пластикии инсон хело зарур ба ҳисоб меравад. Донишҷӯён тасвири андоми инсонро бидуни омӯзиши анатомияи пластикии он аз худ карда наметавонанд. Бинобар ин онҳо бояд сохтори асосии тасвирӣ андоми инсонро дар ҳар гуна ҳолат (нишаста, истода) ва ғайраҳо тасвир намоянд. Барои омӯзиши ин нозукиҳо ба донишҷӯ зарур аст, ки хусусиятҳои ҳаракат ва ҳатто ифодаи эҳсосотро ӯро дар тасвир нишон диҳад. Дар ин ҷо қайд кардан лозим аст, ки барои рассоми оянда зарур аст, ки хусусиятҳои равонии инсонро низ, аз худ намояд. Донистани хусусиятҳои хоси тасвири андоми инсон ба монанди фарқияти таносубҳои бадан (фарбеҳӣ, лоғарӣ) ва хусусиятҳои равонӣ, ки бо эҳсосоту ҳаяҷон вобаста аст, (ғам, шодӣ, хусусиятҳои синусолӣ ва фарқкунандаи инсон), бояд дар сатҳи қоғаз дуруст нишон дода шавад. Ҳамзамон, дар раванди тасвири андоми инсон барои омӯзгори ояндаи санъати тасвирӣ зарур аст, ки омӯзиши хусусиятҳои тасвирӣ қисматҳои алоҳидаи инсон, устухонбандӣ, сохти мушакҳои рӯй ва бадан ва ғайраро аз худ намояд. Бояд тазаккур дод, ки дар омӯзиши анатомияи пластикии инсон аз устухонбандӣ (скелет) оғоз ёфта, сипас ба бандубасти мушакҳо гузаштан зарур аст. Дар раванди таълим фанни мазкур истифодаи айёниятҳои бадеӣ оиди анатомияи пластикии инсон ва таҳлили он барои рассом омӯзгори оянда манфиатбахш аст. Дуруст фаҳмонидани ин ҷараён ва ба шуури донишҷӯ расондани хусусиятҳои гуногуни устухонбандиву шакли умумии андоми инсони калонсол ва ё хурдсол аҳамияти калон дорад. Ҳангоми тасвири скелет омӯзгор, бояд ба донишҷӯён аввал қисмҳои алоҳидаи ва сипас, мутаносибии онҳоро яъне таносуби умумиро бояд дуруст фаҳмонад.

Ҳамин тавр, барои тарбия ва омода сохтани рассмоми бомаҳорат ва эҷодкор омӯзиши асосҳои анатомияи пластикии инсон ва дигар самтҳои ба он алоқаманд, науши муҳимро мебозад. Гузашта аз ин, тасвири дурусти чеҳраву андоми пурраи инсон дар соҳаи санъати тасвирӣ яке аз мавзуъҳои асосӣ ва пурмазмун ба ҳисоб меравад, ки аз ҳар як рассом донишу маҳорати касбиро талаб менамояд.

АҲАМИЯТИ ФАННИ АНАТОМИЯИ ПЛАСТИКИИ ИНСОН ДАР

ТАЙЁР КАРДАНИ РАССОМ ОМӮЗГОР АННОТАТСИЯ

Дар мазкур оид ба хусусиятҳои ва нақши фанни анатомияи пластикии инсон дар тайёр кардани рассом омӯзгор маълумот оварда шудааст. Инчунин дар мақола оид ба баъзе хусусиятҳои раванди таълими фанни мазкур маълумот оварда шудааст. Муаллиф дуруст қайд менамояд, ки дар омӯзиши фанни анатомияи пластикии инсон аз устухонбандӣ (скелет) оғоз ёфта, сипас ба бандубасти мушакҳо гузаштан зарур аст.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2