Зеҳн

Табиати ҳуқуқии ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 12 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Билолзода Ҳ. Х.

Тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ дар охирҳои асри XX ва авали асри XXI дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳама соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал овард. Ин тағйиротҳо натанҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, инчунин ба ахлоқи ҷамъяти низ таъсир расонид. Паст шудани фарҳанг ва ахлоқи ҷамъятӣ ба шуури ҷамъиятӣ дар соҳаи муносибатҳои шаҳвонӣ таъсири манфӣ расонид. Эълон гардидани «озодӣ» ба ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ дар охирҳои асри гузашта ба фарҳанги шаҳвонии ҷамъяти мо низ таъсири худро расонид. Гарчанде аз асрҳоиVII-VIII дар сарзамини мо дини ислом ҳукмфармо буд, аммо пас аз забти Осиёи Миёна аз тарафи шоҳигарии Руссия ва ташкилёбии Иттифоқи Шўравӣ, барпо кардани ҷамъияти сотсиалистӣ ба шуури ҳар як инсон навовариҳои зиёдеро ҷорӣ намуд. Тай накардани форматсияи ҷамъиятии капитализм ва гузаштан аз ҷамъияти феодалӣ ба сотсиалистӣ ба ҷамъияти мо таъсири калон расонид. Аз ҷумла, дар муносибатҳои ахлоқи ҷамъиятӣ ва фарҳанги шаҳвонӣ низ дигаргуниҳои бисёр ба амал омад. Ин буд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани давлатҳои Осиёи Миёна ва пош хӯрдани Иттифоқи Шўравӣ дар аввалҳои асри XXI аз тарафи ҳамаи давлатҳо барои муолиҷа кардани ҷамъият чандин санадҳои меъёрӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Ба монанди қабули Конститутсия дар соли 1994 ва воириди тағйиру иловаҳо ба он (1999 ва 2003 сол), қабули қонунҳои соҳавӣ (кодексҳо) ва дигар қарору стратегияҳо дар тамоми соҳаҳои давлатӣ. Яке аз масъалаҳои муҳим дар замони муосир ин тайёр намудан ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҷамъият хело хавфнок аст. Оид ба ин масъала дар Кодески ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо якчанд меъёр пешбини шудааст (моддаҳои 241, 2411, 2412, КҶ ҶТ). Ба ҷамъият хавфнокии ғайриқонунӣ тайёр ва паҳни маводҳои порнографӣ дар чӣ зоҳир мегардад? Агар тайёр ва паҳни мавод ё предметҳои порнографӣ хавфнок ва сазовори ҷазои ҷиноятӣ бошад, онгоҳ аниқ ва муфассал зарари расонидашуда ба шахсияту ҷамъият дар чӣ зоҳир мегардад? Ба суолҳои гузошташуда то имрўз аз ҷониби олимон ягон фикрҳои якмазмун ва хулосаҳои ягона гуфта нашудааст, чунки олимон дар ақидаҳои худ бо ҳамдигар розӣ нестанд ё розианду аммо фикри ягона нест. Олимон Р. Крукс ва К. Баур оид ба ин масъала чунин қайд кардаанд, ки «Суол ҷиҳати он, ки шаҳват (эротика) ва порнография ба рафтори одамон чи гуна таъсир мерасонад, ҷавоби аниқи ягона шунида нашуд».

Фарҳангшинос А. Е. Лазар дар экспертизаи фарҳангии порнографӣ оид ба ин чунин ақида кардааст: «Порнография ин падидаи мураккаб аст. Мутахассисон барои муайян кардани табиати порнография кўшиш намуда, ақидаҳои мухолифи онро истифода бурданд: аз «манъкунии бевосита» то «тоқаткунӣ» ба саҳнаҳои «бадахлоқии мутақобил». Даҳшати порнографӣ дар он аст, ки ҳама ошкоро буда, манъкуниҳо рад карда шуда, ҳама дарҳои маҳкам шикаста шудаанд. Яъне бо шиори «нест бод шарму ҳаё» дар мо фазои ҷамъияти ошкорона ва ягон хел сир ҷой надорад».

ва мураккабии чунин падидаро Ҳамаи мушкилиҳо ҳамчун «порнография» ба инобат гирифта, қайд менамоем, ки дида баромадани критерияҳои ба ҷамъият хавфнокии он танҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ – ҷиноятӣ ҳаматарафа ва объективона намебошад. Тадқиқоти муайянкунии ба ҷамъият хавфнокии порнография ҳамон вақт ба фикри мо мувофиқи мақсад мебошад, ки агар ҳангоми тадқиқот маҷмўи илмҳо ба монанди фарҳангшиносӣ, рўҳшиносӣ, шаҳватшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ, психиатрияи судӣ ва криминология истифода бурда шавад. Ғайр аз он, актуалӣ будани тадқиқот оид ба муайянкунии ба ҷамъият хавфнок будани порнография дар он зоҳир мегардад, ки баъзе олимони хориҷӣ ақидаеро изҳор намудаанд, ки таъсири манфии порнография ба инсон ва ҷамъият исбот нашудааст, ва барои ҳамин ҳам порнография ба ҷамъият ягон хел хавфнок нест, ё ин ки хавфнокии он ба ҷамъият танҳо ҳангоми паҳни маводҳои порнографӣ ба ноболиғон ё ин ки ҳангоми дар порнография истифода шудани ҳайвонот, бачабозӣ, бо бераҳмии махсус ба вуҷуд меояд.

Ҳамин тариқ, муайянкунии ба ҷамъият хавфнокии порнография ҳамчун падидаи иҷтимоӣ – психологӣ мушкил аст, аммо мо наметавонем ин масъаларо дар паси парда гузорем, чунки мутобиқи қ. 1 м. 17 КҶ ҶТ, ҷиноят – кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки ҳамин Кодекс бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст мебошад. Оид ба масъалаи тадқиқоти ба ҷамъият хавфнокии порнография, таъсири он ба инсон ва ҷамъият аз ҷониби олимони соҳаҳои гуногуни илм машғул ҳастанд, ба монанди муайянкунии мафҳуми порнография, ки дар зербоби авали боб аз ҷониби мо нишон додашуда буд.

Инак, мо бояд фаҳмем, ки оид ба ҷамъият хавфнок будани порнография, олимони соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ чӣ андешаҳо доранд? Олим З. А. Незнамова қайд менамояд, ки ба ҷамъият хавфнок будани паҳни маводҳои порнографӣ дар таъсири манфӣ ба инкишофи ҷисмонӣ ва ахлоқии ноболиғон зоҳир мегардад. Инчунин ба фикри ў, порнография ин беморӣ буда, шинос шудан бо он метавонад ба содири чунин ҷиноятҳо таъсир расонад ба номус, дорои хусусияти (таҷовуз ҳаракатҳои шаҳвонидошта, ҳаракатҳои бадахлоқона). Олими дигар Ю. М. Ткачевский қайд менамояд, ки «Порнография ҳисси носолимии шаҳвонияти ҷинсиро ба вуҷуд оварда ба қонеъ гардонии он дар шакли бадахлоқона равона мешавад. Ҳамаи ин, дар ҷамъбаст на танҳо бо таназзули ахлоқӣ ва ҷисмонии шахсият алоқаманд аст, балки бо устувории муносибатҳои оилавӣ низ вобастагӣ дорад. Махсусан порнография ба ахлоқи ноболиғон таъсири манфӣ мерасонад». Олимон Н. И. Ветров ва А. В. Бриллиантов қайд намудаанд, ки «порнография ба аҳолӣ (махсус ба ҷавонон) таъсири манфӣ расонида, ба дуруст инкишофёбии нигоҳҳои этикии одамон халал мерасонад». Муаллифони тафсири КҶ зери таҳрири А. П. Новиков чунин ҳисобиданд, ки «паҳн намудани маводҳои порнографӣ ба пояи ахлоқи аҳолӣ» таъсир мерасонад.

Олим Р. Д. Шарапов чунин қайд мекунад, ки соҳибкории порнографӣ на танҳо асосҳои ахлоқи ҷамъиятиро вайрон мекунад, балки ба фарҳанги ватанӣ низ зарар оварда, баландравии ҷиноятҳои умумиро пурзӯр менамояд ва шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршавандаро васеъ мегардонад. Олим М. П. Полянская ба ҷамъият хавфнокии паҳни порнографияро «дар ҳаракатҳои таҳқиркунандаи ахлоқи ҷамъиятӣ мебинад, ки аксар вақт ба содири ҷиноятҳои вазнин ба монанди таҷовуз ба номус, кирдорҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта оварда мерасонад».

Олим Р. С. Ҷинҷолия қайд менамояд, ки «ба ҷамъият хавфнокии паҳни маводҳои порнографӣ аз он иборат аст, ки порнография дар худ мухлисони зиёде ҷамъ оварда, ахлоқи онҳоро вайрон менамояд ва ба инкишофёбии ахлоқӣ, эстетикии аъзоёни ҷавони ҷамъият таъсири манфӣ мерасонад».

Олимон Р. Б. Осокин ва М. В. Денисенко ба ҷамъият хавфнок будани порнографияро дар: 1) таъсири манфӣ ба инкишофи мўътадили ҷисмонӣ ва рўҳии ноболиғон; 2) оқибати он боиси ба вуҷуд омадани алоқаҳои ҷинсии бадахлоқона мегардад; 3) дар зери таъсири он содири ҷиноятҳои хусусияти шаҳвонидошта мегардад, мебинанд.

Бояд қайд намуд, ки фикру ақидаҳои аз ҷониби олимони ҳуқуқшинос овардашуда оид ба мазмуни ба ҷамъият хавфнок будани таъсири мавод ё предметҳои порнографӣ, ба фикри мо бе ёрӣ ва бе исботкунии олимони дигар соҳаҳои илмҳо беасос мебошад.

Олими машҳур дар соҳаи ҷамъиятшиносӣ ва шаҳватшиносӣ И. С. Кон дар асари худ «Ҷамъиятшиносӣ ва рўҳшиносӣ» вобаста ба маводҳои таъсиркунандаи шаҳвати ошкоро ба рафтори шаҳватпарастӣ, қайд намудааст, ки ҷавоби қатъӣ ва якҷониба ба саволе, ки чи гуна маводҳои шаҳватӣ (эротикӣ) ба рафтори шаҳватпарастии одамон таъсир мерасонад, ҷой надорад. И. С. Кон аз рўйи натиҷаҳои пурсиши зиёди аҳолӣ ва олимони ҷануб ба хулоса меояд, ки ба одамони муқаррарӣ маводҳои шаҳватӣ (эротикӣ) кам таъсир мерасонад ва онҳоро сабаби содири ҷиноятҳои шаҳватона ҳисобидан ғайриимкон аст. Қайд менамоем, ки олим И. С. Кон танҳо дар бораи маводҳои характери шаҳватона (эротикӣ) сухан рондааст, на дар бораи маводҳои порнографӣ. Акнун мисолҳои овардаи И. С. Конро оид ба маводҳои порнографӣ зери қалам меорем. И. С. Кон мисолеро аз тадқиқоти ҷамъиятшиноси фаронсавӣ Ален Ҷомӣ мебиёрад, ки ў аз 20-ҳазор фаронсавиҳо, ки синну солашон аз 18 то 69 сол доштанд пурсиш гузаронидааст. Мақсади пурсиш ин омўхтани таъсири порнография ба рафтори шаҳватпарастӣ буд. Ален Ҷомӣ баъди анҷоми пурсишҳои худ мардҳоро ба ду гурўҳ тақсим намуд: 1) ҳавасмандони ин мавод; 2) мардҳое, ки ба порнография ҳавас надоранд. Ба гурўҳи ҳавасмандони маводҳои порнографӣ аксарият мардҳои ҷавон шомил буда, ҳаёти фаъоли шаҳватпарастиро меписанданд, дар ҳаёти ҷинсии худ занҳои гуногуни зиёдро аз сар гузаронидаанд, ки ба хиёнатгарии онҳо нисбати занҳои худ оварда расонида, ба арзишҳои оилавӣ аҳамият намедиҳанд. Равоншинос Пол Ҷ. Мак Гиди дар натиҷаи тадқиқоти худ ба хулосае омад, ки зарари асосии порнография бештар ба муносибатҳои оилавӣ расонида мешавад. «Порнография ресмонҳои нозуки муносибатҳои дохили оилавиро вайрон намуда ба дарду ғами аъзоёни оила (шавҳар ё зан) оварда мерасонад».

Профессорон Долф Зилман аз донишгоҳи Индиана (ШМА) ва Ҷенигс Брайан аз донишгоҳи Хюстон (ШМА) муайян кардаанд, ки «ҳамарўза тамошои порнография ба пастшавии шаҳвонияти тамошокунанда нисбати шарики доимии худ оварда мерасонад, муносибати содиқмондани ўро паст менамояд ва асос ба васеъшавии аҳамияти муносибатҳои шаҳватпарастӣ, бевафо ба шарики худ мубаддал мегардад».

Доктори донишгоҳи Майами Р. Кристенс баъд аз тадқиқоти бурдаи худ оид ба таъсири порнография чунин хулосабарорӣ намудааст, ки «порнография ба тамошобинони худ нишон медиҳад, ки шаҳват бо ишқ, ўҳдадорӣ ва никоҳ ягон алоқамандиро надорад ва ягон хел оқибати ногуворро ба миён намеорад».

Шаҳватшиносон У. Мастерс, В. Ҷонсон, Р. Колодни дар асари худ «Асосҳои шаҳватшиносӣ» оид ба таъсири мавқеи порнография чунин қайд кардаанд, ки «порнография занҳоро паст карда, онҳоро ба предмети истеъмолӣ табдил медиҳад». Муаллифон инчунин қайд менамоянд, ки филмҳои порнографӣ метавонанд боиси ба иғво андохтан ва беоромӣ бошад, алалхусус дар он лаҳзае, ки инсон сифатҳои ҷисмонӣ ва ҳаракатҳои шаҳватонаи худро бо ҳаракатҳое, ки қаҳрамонҳои филмҳои порнографӣ нишон медиҳанд, фарқ кунонда натавонад. Аниқ аст, ки ба қаҳрамонҳои филм нигоҳ карда, ба қобилияти шаҳвонии худ шубҳа пайдо мекунад. Гарри Ф. дар монографияи худ оид ба шаҳватпарастӣ таъсири порнографияро ба муқаррароти иҷтимоӣ тадқиқот бурда қайд кардааст, ки ҳаракатҳои чунин маводҳо натиҷаи майли мутақобили маводҳои порнографии тасвиршаванда ва шумораи онҳоро мушкил мегардонад. Чунин тадқиқот аз он шаҳодат медиҳад, ки як асари ошкорои шаҳватангез, як тасвири сурат ё як филм ба муқаррароти иҷтимоӣ тағйиротҳои минималие, ки бо шаҳват алоқаманданд, ворид сохта, минбаъда алоқа бо маводҳои шаҳватонаи ошкорона метавонад ба муносибатҳои шаҳватонаи ҷинсӣ таъсири манфии максималӣ расонад.

Эксперт – рўҳшинос С. Б. Селиковский қайд мекунад, ки «Порнография сабукӣ ва алоқаи шаҳватпарастиро ташвиқот бурда дар шакли қонеъгардонии талаботҳои шаҳвоният амалӣ карда мешавад».

Эксперт – рўҳшинос О. Ю. Голубев бошад, чунин мешуморад, ки «ҳангоми тамошои порнография инсон дар ҳолати агрессивӣ қарор дорад».

Ҳамин тариқ, саволе пайдо мешавад, ки оё порнография, алалхусус порнорафияи бадахлоқона, бо тасвири зурӣ метавонад ба рафтори шаҳватпарастонаи инсон таъсир расонад? Барои ҷавоб гирифтан ба ин савол мо ба тадқиқотҳои бурдаи рўҳшиносон, шаҳватшиносон ва криминологҳо назар меафканем.

Шаҳватшиносон Р. Крукс ва К. Баур дар ин бора чунин менависанд: «Дар порнография зўроварӣ дар шакли агрессивӣ ва бераҳмӣ инъикос шудааст. Бераҳмӣ метавонад шакли таҷовуз ба номус, лат кардан ва ҳатто одамкуширо гирад».

Инчунин муаллифон қайд менамоянд, ки миқдори зиёди порнографияи зўроварона дар Интернет ҷой дорад.

Олими поляк З. Старович дар монографияи худ «Шаҳватшиносии судӣ» агрессияро ба ҳайси омилҳое шомил донистааст, ки дар баробари вобастагии биологӣ боз (вобаста аз иғвои тарафи дигар, таъсири манфии ВАО) ба рафтори шаҳватпарастии инсоният таъсир мерасонад.

Муаллиф майлу рағбати агрессивии ҷинси мардро бо хусусиятҳои хоси системаи шаҳвати табии инсоният алоқаманд намудааст.

А. А. Ткаченко, Г. Е. Введенский, Н. В. Дворянчиков дар тадқиқоти худ «Шаҳватшиносии судӣ» қайд кардаанд, ки «порнография бо истифодаи зўроварӣ бештар шаҳвонияти инсониятро ба вуҷуд меорад, назар ба порнографияи оддӣ». Пол Ҷ. Мак Гиди дар мақолаи худ чунин менависонад: «Ман ҳамчун рўҳшинос, дар давоми солҳои зиёд бо зиёда аз сесад одамони вобастаи шаҳват, одамони содирнамудаи зўроварӣ ва одамони дучори бемории шаҳватгардида ёрии худро расонидам.

Дар байни беморони бачабозҳо, таҷовузгарон, садомахизмҳо, фетишистҳо низ буданд. Аксарияти онҳо дар натиҷаи пай дар пай тамошо намудани филмҳои гуногуни порнографӣ ва сидқан ҷорӣ намудани филмҳо дар шууру иродаи худ, дучори ин касалии шаҳватӣ гардидаанд».

Масоҳатҳои ба ҷамъият хавфнокии порнография ба назари мо вобаста аз дастрас будани он майян карда мешавад. Агар дар асри гузашта сарчашмаи асосии порнграфия маводҳои чопиву видеофилмҳо бошад, дар замони муосир бошад ба ҳайси пешво алоқаи компютерии Интернет, ки ба ҳамагон дастрас аст, баромад карда истодааст.

Оиди «Интернет» олим В. Г. Гитин чунин ақидаро баён намуд: «Дар саҳифаҳои хизматрасониҳои характери шаҳвонидошта шумораҳои зиёди тасвирҳои шаҳватангез ҷойгир карда шудааст, ки даҳшатовар мебошад. Ана ҳамин дар ҳақиқат тасвирҳои даҳшатоваре мебошад, ки то ҳатто ҳаҷман калон, бешармӣ, беҳаёӣ, бадахлоқона бо роҳҳои нишон додани бадани лучи зану мард, алоқаҳои ҷинсии онҳо ва ғайраро инъикос менамояд, ки маҳз аз ҷониби худи одамон дар саҳифаҳо гузошта шудааст».

Ғайр аз ин, олим инчунин фикри худро вобаста ба порнографияи бачагона дар Интернет чунин баён намудааст: «Саҳифаҳои веб – сайтҳое, ки порнографияи бачагона ва алоқаҳои педофилиро намоиш медиҳанд, сиёсатмадорон ва ташкилотҳои ҷамъиятиро дар ҳаяҷон мемонанд. Дар ин ҷо сухан дар бораи тамъи дараҷаи тавсифи сифатии бешармӣ намеравад, балки сухан дар бораи ҷинояту ҷинояткорӣ меравад».

Ҳаяҷони махсусро ин дастрас будани Интернет ба ноболиғон ба вуҷуд меоварад. Ҷамъиятшинос, рўҳшинос ва шаҳватшиноси машҳур И. С. Кон қайд менамояд, ки агар дар соли 1997 сарчашмаи асосии маълумотҳои шаҳватона барои мактаббачагон ин маводҳои чопӣ, филмҳо, барномаҳои телевизионӣ, сўҳбатҳо бо рафиқон ба ҳисоб мерафт, дар замони муосир бошад Интернет ҷойи асосиро дар ҳаёти шаҳвонии ноболиғон ишғол менамояд.

ТАБИАТИ ҲУҚУҚИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ТАЙЁР ВА ПАҲН

КАРДАНИ МАВОД Ё ПРЕДМЕТҲОИ ПОРНОГРАФӢ

Дар мақола масъалаи дараҷаи хавфнокии ҷинояти ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф, дар натиҷаи таҳлили андешаҳои олимон ва хулосабарории илмӣ табиати ҳуқуқии ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографиро муаян кардааст. Зимни таҳқиқоти худ муаалиф чунин хулосабарорӣ намудааст, ки табиати ҳуқуқии ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ аз фарҳангу маданияти ин ё он аҳолӣ ва ё минтақаю кишвари муайян вобастагӣ дорад. Масалан, ҳамҷинсгароӣ дар мардуми аврупоӣ ба як чизи муқаррарӣ табил ёфтааст, вале ин маънои онро надорад, ки кирдори мазкур барои кишвари мо низ мувофиқ мебошад. Зеро фарҳанги мо ба ин чиз иҷозат намедиҳад. Айнан, агар барои мардуми аврупоӣ паҳн кардани маводи порнографӣ муфид арзёбӣ гардад, пас ин чиз барои кишвари мувофиқ намебошад. Чунки арзишҳои миллию оилавӣ ва динии мо ин чунин кирдорро манъ мекунанд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2