Модели ташкил кардани фарҳанги графикии рассом
Муаллиф(он): Темурзода М., Ҷалолова П. А.
Раванди навсозӣ ва ислоҳоти мунтазами системаи маориф дар мамлакати мо боиси дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаи санъати тасвирӣ ва фаъолияти омӯзгори санъати тасвирӣ ва шахсияти ӯ гардид. Бо мақсади амалӣ намудани стандарти давлатии таҳсилот муаллими санъати тасвирӣ бояд дар қатори донишҳои дигар дар бораи тамоюлҳои муосири графика аз ҷумла: расмкашӣ, графикаи китоб, плакатҳо, шрифтҳо, графикаи муосири саноатӣ, полиграфия, дизайни графикӣ, графикаи компютерӣ, аниматсияи дастӣ тасаввуроти мукаммал дошта бошад:.
Муҳимтарин ҷузъи фарҳанги графикии омўзгори санъати тасвирӣ ва амалӣ доштани дониши назариявӣ, маҳорати графикӣ, маҳорати педагогӣ ва саводнокии касбӣ мебошад. Муаллими муосири санъати тасвирӣ бояд компютер ва дигар воситаҳои техникии муосир, технологияҳои иттилоотӣ барои намоиш додани дискҳои мултимедиявӣ, презентатсияҳо, сохтани графикаи компютерӣ, филмҳои тасвирӣ, видеороликҳоро, ки ба стандарти нави санъати тасвирӣ дохил карда шудаанд, хуб донад.
Имрӯзҳо омӯзиши амалии санъат дар мактаб бо донишҳои кӯҳнашудаи назариявӣ ва дар байни муаллимони санъати тасвирӣ инкишоф наёфтани малакаҳои мувофиқи графикӣ рӯ ба рӯ шудааст. Муаллими санъати тасвирӣ бояд мактаббачагонро бо фарҳанги графикӣ шинос кунад, вале маълум мешавад, ки ин фарҳанг дар худи муаллиме, ки дар синфҳои 1—7 аз санъати тасвирӣ дарс медиҳад, вуҷуд надорад. Дар айни замон қафомонии низоми педагогӣ нисбати ҷамъияти ба таври сермаҳсул инкишофёбанда мушоҳида мешавад». Вазъияте ба миён омадааст, ки усулҳои анъанавии тайёр кардан ва бозомӯзии омӯзгоронро ислоҳ кардан, таҷрибаи ҷамъшударо аз нав дида баромадан ва модели фасеҳтар, оқилона ва сайёри таълими калонсолонро таҳия кардан лозим аст.
Чун анъана низоми такмили ихтисос барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлат, ислоҳ кардани камбудиҳои таҳсилоти ибтидоии омӯзгорон ва ворид намудани тағйирот ба стандартҳои ҳар як фанни таълимӣ пешбинӣ шудааст. Омодасозӣ ва бозомўзонии мутахассисон имрўз бояд бо такя ба фаъолияти эҷодии шахсияти омӯзгор, дар асоси консептуалии рушди таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бунёд карда шавад.
Модели нави ташаккули фарҳанги графикии омӯзгорони санъати тасвирӣ дар низоми таҳсилоти баъдидипломӣ ба таҷриба, донишҳои графикӣ, малака ва маҳорате, ки омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии қаблӣ гирифтаанд асос ёфта, раванди таълимро дар тамоми фаъолияти омӯзгорӣ муттаасил мегардонад. Модели оқилона самти ҳамаҷонибаи таълими калонсолонро пешниҳод мекунад: он таҳияи барномаи нави модулии курсҳоро бо ҷорӣ намудани мундариҷа ва шаклҳои нави таълим, нигоҳ доштани муттасилӣ бо барномаҳои махсус ва курсҳои компютерӣ, инчунин ҳамкории фаъолро бо муассисаҳои таълими иловагӣ дар бар мегирад. Раванди ташаккули фарҳанги графикии муаллимони санъати тасвирӣ сарфи назар аз ҷузъҳои марбут ба минтақа, равобити мутақобила бо муҳити атроф, тамошои осорхонаҳо ва толорҳои намоишӣ, театрҳо, китобхонаҳо, устохонаҳои рассомон аз ҳаёти воқеӣ ҷудо мегардад. Модели мобилӣ ва фасеҳи омӯзиш ба ҳамдигар таъсири мутақобила расонидани омӯзгорон, табодули иттилоот ва таҷриба, тағйири қолабҳои тафаккур ва ташаккули ақидаву эътиқод, самтҳои арзишмандро таъмин мекунад ва ин дар навбати худ ба системаи такмили ихтисос таъсир мерасонад.
Дар фанни педагогика модел гуфта «объекти ба таври сунъӣ офаридашудаеро мефаҳманд, ки ба объекти омӯхташаванда монанд буда, сохтор, хосиятҳо, робитаҳои мутақобила ва муносибатҳои байни унсурҳои объекти омӯхташавандаро дар шакли соддатар ва хурдтар нишон медиҳад ва такрор мекунад». Ҳангоми таҳияи модели пешгӯӣ дар системаи такмили ихтисос, ки фарҳанги графикии омӯзгорони санъати тасвириро ташкил медиҳад, мо ба ҷузъҳои сохтории дохилии раванди таълимдиҳии И.Ф. Харламов: мақсаднокӣ, талаботӣ-ангезавӣ, пурмазмунӣ, ташкилӣ-фаъолиятӣ, эҳсосотӣ-ихтиёрӣ, назорату танзимӣ, арзишу самаранокӣ такя мекунем. Ҳар яки онҳоро муфассал баррасӣ намоем.
ташаккули графикии Ҷузъи мақсаднокӣ. Мақсади фарҳанги муаллимони санъати тасвирӣ дар системаи такмили ихтисос бо фармоиши иҷтимоии давлат муайян карда мешавад: Он дорои се ҷузъи ба ҳам алоқаманд аст: тарбиявӣ (такмил додани донишҳои назариявӣ, малакаҳои графикӣ), инкишофдиҳӣ (фарҳанги дарки асарҳои графикӣ, такмили қобилияти графикӣ), тарбиявӣ (ташаккул додани ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги графикии омӯзгорон). Қисмати мақсаднокӣ мундариҷа, шаклҳо, усулҳо, воситаҳои таълим ва ҳайати омӯзгоронро барои барномаи нави модулӣ муайян мекунад.
Ҷузъи талаботӣ-ангезавӣ. Коркарди муҳтавои барномаи нав аз муайян кардани талабот, дархост ва шавқу ҳаваси муаллимоне, ки дар мактаб санъати тасвириро таълим медиҳанд, оғоз меёбад. Самаранокии такмили ихтисоси омӯзгорон ва муваффақияти расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда аз ташаккули ангезаҳо ва ниёзҳои омӯзгорон дар баланд бардоштани фарҳанги графикӣ вобаста аст. Ба ҳавасмандии мусбати омӯзгорон ташкили шароити махсуси педагогӣ, микроиқлими психологӣ дар коллектив, фазои дӯстонаи эҷодии кӯмак ва дастгирӣ дар раванди фаъолияти муштарак, ки ба эҳтироми ҳамдигар асос ёфтааст, таъсир мерасонад. Шаклҳои коллективии кор, гуногунрангии супоришҳо, таҳлили якҷояи кори графикӣ ба фароҳам овардани вазъияти иштироки бомуваффақият дар раванди таълим мусоидат мекунанд.
Афкори педагогии Я.А. Коменский дар бораи он, ки омӯзиш бояд осон ва аёнӣ бошад, имрӯз аз ҳарвақта бештар муҳим аст: «ба шумо лозим аст, ки мухтасар, гуворо, ҳаматарафа таълим диҳед». Дар ташаккули талабот ва таваҷҷуҳ ба фарҳанги графикӣ аёнияти омӯзиш, робитаи омӯзиш бо зиндагӣ, ошноӣ бо таҷриба ва натиҷаи кори омӯзгорони дигар минтақаҳо нақши муҳим доранд.
Ҷузъи пурмазмунӣ. Ташаккули фарҳанги графикии омӯзгорони санъати тасвирӣ дар системаи такмили ихтисос дар сурати ворид намудани мазмуни нав ба барномаи модулӣ сурат мегирад. Ҷузъи пурмазмунӣ 60% лексияҳо ва 40% амалияро дар робитаи мустақим бо муҳити беруна, шиносоӣ бо асарҳои аслии графика дар осорхонаҳои маҳаллӣ ва устохонаҳои рассомон дар бар мегирад. Бо назардошти мушкилот ва монеаҳои таълими калонсолон, талабот ва дархост ҳамчун субъекти таълим, маводи пурмазмун дар асоси таҷрибаи педагогӣ ва донишҳои мавҷудаи санъати графикӣ дода мешавад.
Мундариҷаи барномаи модулии ташаккули фарҳанги графикии омӯзгорони санъат дар низоми такмили ихтисос таълим медиҳад, ки:
-
барои синфҳои 1-7 аз фанни санъати тасвирӣ барномаи корӣ тартиб диҳанд;
-
хусусиятҳои педагогика ва психологияи бадеиро таҳлил намуда, принсипҳо ва усулҳои таълими санъати тасвириро ба мактаббачагон интихоб кунанд;
-
намудҳо, жанрҳо ва тамоюлҳои муосири графикаро фаҳманд; усулҳои таълими онро дар мактаб донанд;
-
дар бораи пайдоиш ва инкишофи графика, санъати тасвирӣ ва фарҳанги графикӣ маълумот ҷустуҷӯ намуда, ба низом дароранд;
-
байни графика ва дигар намудҳои санъати пластикӣ ва дигар фанҳои таълимӣ робита барқарор кунанд.
Фаъолияти амалии муаллими санъати тасвирӣ ва амалӣ бо малакаҳои зарурии зерин муайян карда мешавад:
-
банақшагирӣ, моделсозӣ ва пешгӯии раванди таълими фарҳанги графикӣ бо назардошти ҷузъи минтақавӣ;
-
мустақилона сохтани асбобҳои аёнии графикӣ ва презентатсияҳо;
-
таҳлил намудани фаъолияти таълимии худ, дар дарсҳо инъикос намудани намудҳои муосири графикӣ;
-
идора, назорат ва баҳогузории раванди таълими хонандагони мактабҳо дар дарс.
Дар байни малакаҳои ҳосилшуда, ки барои омӯзгор муфиданд, маҳорати фарҳанги нутқ ва муоширати коммуникатсионӣ дар раванди ташаккули фарҳанги графикӣ, такмили маҳорати кор бо маводи гуногуни графикӣ, истифода бурдани воситаҳои муосири техникии таълим дар дарси графикӣ мебошанд.
Дониш, малакаву маҳоратҳое, ки ба ҷузъи пурмазмунӣ хосанд, вазифаҳои ҷубронкунанда (пур кардани норасоии иттилооти таълимӣ ва фарҳангӣ оид ба фарҳанги графикӣ), рушдкунанда (ҳамчун ангезаи рушди шахсии омӯзгорони санъати тасвирӣ хизмат мекунанд) ва вазифаҳои иловагиро (ки илова ба донишҳои мавҷудаи графикӣ ҳамчун мундариҷа хизмат мекунанд) иҷро мекунанд. (аз рӯи раванди таълимии И.А. Колесникова).
Меъёрҳои ташаккули фарҳанги графикии омӯзгорони санъати тасвирӣ:
-
донистани пайдоиши санъати тасвирӣ, марҳалаҳои инкишоф ва асосҳои назариявии фарҳанги графикӣ, хусусиятҳои санъати тасвирии ватанӣ, истилоҳоти графика ва забони муоширати графикӣ;
-
бо бӯр дар тахтаи синф, бо маводҳои гуногуни графикӣ коғазу картон расм кашида тавонистан; таҳлили корҳои графикӣ; бо истифода аз графика асбобҳои аёнӣ ва таълимӣ эҷод кардан; қобилияти истифода бурдани компютер, ҷустуҷӯ ва ҷамъоварӣ кардани мавод оид ба фарҳанги графикӣ;
-
дониш, малакаву маҳоратҳои санъати графикиро дар амал татбиқ намуда, таҷрибаи андӯхтаи инсониятро дар соҳаи графикаи дастгоҳӣ, чопию амалӣ, дизайни графикӣ, графикаи компютерӣ ба насли наврас омӯзонида, васеъ кардани ҷаҳонбнии онҳоро таъмин намояд; тавассути тасвирҳои графикӣ аёнияти (визуализатсияи) омӯзишро истифода барад; мустақилона асарҳои графикии тасвирӣ эҷод карда, ва дар намоишҳо иштирок кунад.
Дар раванди такмили ихтисос ба омӯзиши мустақилона, омодагӣ ба рушди минбаъдаи худшиносӣ, худомӯзӣ ва худтакмилдиҳии муаллимони санъати тасвирӣ ва амалӣ афзалият дода мешавад.
Ҷузъи ташкилӣ-фаъолиятӣ. Зарурати нишон додани он аз он иборат аст, ки ташаккули фарҳанги графикии муаллимони санъати тасвирӣ танҳо дар ҷараёни фаъолияти махсуси педагогӣ дар системаи такмили ихтисос ташкил карда мешавад. Барои амалӣ намудани ҷузъи ташкилӣ ва фаъолияти модели пешгӯӣ бо мақсади ташаккули фарҳанги графикӣ як қатор усулҳо истифода мешаванд: шифоҳӣ, визуалӣ, амалӣ. Шаклҳои тавсияшавандаи гузаронидани машғулиятҳо: аудиторӣ (лексияҳо, суҳбатҳо, мизи мудаввар); берун аз синф (боздид аз экспозитсия ва фондҳои осорхонаҳо, намоишгоҳҳои рассомӣ, устохонаҳои рассомон, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, маркази полиграфӣ, китобхонаҳо, театрҳо); семинарҳо оид ба иҷрои кори коллективӣ ва гурӯҳӣ, супоришҳхои инфиродии эҷодӣ, сохтани филмҳои тасвирии хурд, намоишҳо.
Ҳангоми таҳияи барномаи модулии курсҳои такмили ихтисос мо ба педагогикаи «таълими муштарак – ин омӯзиш дар гурӯҳҳои хурд, ки ҳадафҳои умумӣ, масъулияти инфиродӣ ва имкониятҳои баробар, як арзёбӣ барои ҳамаро дар бар мегирад» такя мекунем.
Модели пешгӯӣ воситаҳои зарурии таълимро муқаррар мекунад: таъминоти кадрӣ (муаллимони донишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, методистҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, санъатшиносон); таъминоти моддӣ (мавҷудияти кабинети алоҳидаи муҷаҳҳаз, ҷадвали дарсҳо, китобҳои дарсӣ ва адабиёти иловагӣ, васоити таълимӣ, маводи проексиявӣ (слайдҳо, дискҳо, видеоҳо, сабтҳои аудио ва маҷмӯи CD), ҷадвалҳо ва асбобҳои аёнӣ, репродуксияҳо, маводҳои гуногуни графикӣ); таъминоти техникӣ (компютер бо таҷҳизоти намоишӣ, барномаҳои компютерӣ, таҷҳизоти видеоӣ, дастгоҳи наворбардорӣ, дастгоҳи аккосӣ); таъминоти молиявии шуъбаи маорифи вилоят.
Ҷузъи эҳсосӣ-ихтиёрӣ. Раванди муосири педагогии омодасозӣ ва бозомӯзонии омӯзгорон, ки ба вокуниши эмотсионалии донишҷӯён ва хоҳишу шавқу рағбат ба раванди таълим асос ёфтааст. "Эҳсосоти раванди омӯзишӣ хусусияти ташкил намудани кори тарбиявиро ифода мекунад, ки дар он шавқу ҳаваси талабагон бедор карда шуда, саъю кушиши ихтиёран ба фаъолияти ҷиддии тарбиявию маърифатӣ ҳавасманд карда мешавад». Эҳсосот ба дарки мавод, ҷалби диққат, ба хотир овардан, фаҳмидан ва таҳлили иттилооти гирифташуда таъсир мерасонад. Эҳсосоти мусбӣ вақте ба вуҷуд меояд, ки «фаъолияти равонӣ ва амалӣ дар курсҳои такмили ихтисос ба «вазъиятҳои душвор» дучор нашаванд, омӯзиш хурсандӣ меорад ва барои ифодаи худ ва тасдиқи худ имконият фароҳам меорад. Эҳсосоти манфӣ норозигӣ, ноумедӣ, хашм, афсурдагӣ ба вуҷуд меоранд ва аз ин рӯ, хоҳиши таҳсил, кор ва такмили салоҳияти касбии худ аз байн меравад.
Ҳангоми таълими калонсолон дар системаи такмили ихтисос хусусиятҳои синну солӣ ва вазъи саломатӣ ба назар гирифта мешавад. Калонсол метавонанд ба фаъолияти худ баҳои воқеӣ диҳанд, аз ҳамин сабаб «тарси нокомӣ дар таълим, шарм ва тарси ҳамкорон» пайдо мешавад. Барои пешгирӣ кардани чунин ҳолат ҳар касро ба раванди фаъолияти коллективӣ пайвастан, онҳоро бо барномаи ягонаи тарбиявӣ муттаҳид кардан, дар тамоми раванди таълим шаклҳои муносиби корро ташкил кардан лозим аст. «Барои калонсолон муҳим аст, ки бо «ҳамсафарони худ» муошират карда, муваффақияти онҳоро дар таълим эътироф намуда, имкони мубодилаи таҷрибаи таълимии худро дошта бошанд».
Ҷузъи идоракунӣ. Раванди ташаккули фарҳанги графикӣ дар байни омӯзгорони санъати тасвирӣ ва амалӣ дар системаи такмили ихтисос дар сурате ба муваффақият ноил мегардад, ки он аз ҷиҳати педагогӣ мувофиқи мақсад идора карда шавад. Танзим ва назорати фаъолияти таълимию маърифатиро ҷузъи идоракунии раванди таълим дар сатҳи шуъбаи маориф, маъмурият ва муаллифи барномаи таълимӣ амалӣ менамояд. Шуъбаи маориф ва маъмурият барои ташаккули бомуваффақияти графикии такмили ихтисос шароити моддию техникӣ ва молиявӣ муҳайё мекунанд. Муаллифи барномаи таълимӣ фаъолияти таълимию маърифатиро ташкил намуда, мундариҷа, шакл, усулҳои онро назорат ва танзим намуда, сарчашмаҳои иловагии таълимро аз муҳити беруна пайваст мекунад.
Марҳилаи арзишу самаранокии омӯзиш натиҷаҳои ташаккулёфтаи фарҳанги графикии муаллимонро пайгирӣ мекунад. Он аз марҳилаи ташхис, назорати даврии сифати азхудкунии маводи омухташаванда иборат аст, ки имкон медиҳад масъалахои ташкилӣ ва мазмуни барномаи модули танзим карда шаванд. Натиҷаи ҷамъбасти ташаккули фарҳанги графикии омӯзгорони санъати тасвирӣ дар шакли назорат, пурсиш, муаррифӣ ва презентатсияи корҳои графикие, ки дар курсҳои таълимӣ анҷом дода шудаанд, сурат мегирад. Дар модели пешгӯии ташаккули фарҳанги графикӣ сатҳҳои тайёрии омӯзгорони санъати тасвирӣ: сифр, паст, миёна, олӣ муайян карда шудаанд.
Омӯзгори муосир бояд на танҳо маҷмӯи донишҳо, малака ва маҳорати муайян дошта бошад, балки шахси эҷодкор бошад ва дар намоишгоҳҳо фаъолона иштирок намояд. Фаъолияти муаллими санъати тасвирӣ «эҷодкории дучанда аст, зеро он аз як тараф педагогӣ ва аз тарафи дигар тасвирӣ мебошад».
Бо мақсади бомуваффақият гузаштан ба стандартҳои нав мо бояд чунин курсро дар асоси дархости муаллимони санъати тасвирӣ (натиҷаҳои анкета) таҳия намоем.
Дар муассисаҳои таълимоти олии кишвар пештар ба такмили ихтисоси соҳаи педагогӣ-тасвирӣ нисбати ҳуруф, графикаи компютерӣ, аниматсия дар раванди бозомӯзии омӯзгорон диққати кофӣ дода намешуд. Дар стандартҳои кӯҳнаи давлатӣ мавзӯъҳои аниматсия, ороиши графикӣ дар театру синамо ва санъати аксбардорӣ ҷой надоштанд.
Барои ислоҳ кардани камбудиҳои таҳсилоти қаблии омӯзгорони санъати тасвирӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои нав ин барномаи модулӣ дар системаи такмили ихтисос ниҳоят зарур аст. Ҳаҷми он 72 соат буда, аз се модул иборат аст, ки фарҳанги графикии омӯзгорони санъати тасвириро ташкил медиҳанд: «Модернизатсияи таълими санъат» (10 соат), «Педагогика ва психологияи санъат» (8 соат), «Назария ва методикаи таълим» санъати тасвирӣ» (54 соат). Ба модули «Назария ва методикаи таълими санъати тасвирӣ» афзалият дода мешавад, ки аз бахшҳои зерин иборат аст: «Санъати графикӣ» (10 соат), «Санъати муосири дизайн» (6 соат), «Синтези санъат дар меъморӣ» ( 4 соат), «Синтези санъат дар театр ва кино» (12 соат), «Санъати аксбардорӣ» (4 соат), «Санъати графика дар осорхонаҳо» (12 соат), «Семинари санҷишӣ бо пешниҳоди асарҳои эҷодӣ» (6 соат.). Арзиш ва самараи шаклҳои коллективӣ ва гурӯҳии супоришҳои амалӣ дар раванди таълим аз натиҷаи он маълум хоҳад шуд.
Татбиқи модели пешниҳодшудаи ташаккули фарҳанги графикаи омӯзгорони рассомӣ имкон медиҳад, ки мундариҷаи таълими санъати тасвирӣ ва амалияи педагогӣ ба таври назаррас нав карда шавад, ба тарбияи эстетикӣ ва рушди дарки асарҳои графика мусоидат намуда, тафаккури эҷодӣ ва қобилияти графикиро ташаккул диҳад, талаботи хонандагонро дар робита бо санъати графикӣ тарбия кунад, барои муайян кардани тайёрии пешакӣ ва махсус дар мактаб кӯмак расонад.
МОДЕЛИ ТАШКИЛ КАРДАНИ ФАРҲАНГИ ГРАФИКИИ
ОМӮЗГОРОНИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ДАР НИЗОМИ ТАКМИЛИ
ИХТИСОС
Дар мақола яке аз масъалаҳои муҳим масъалаи ташкил кардани фарҳанги графикии омӯзгорони фанни санъати тасвирӣ дар низоми такмили ихтисос бардошта шудааст. Модели нави ташаккули фарҳанги графикии омӯзгорони санъати тасвирӣ дар низоми таҳсилоти баъдидипломӣ ба таҷриба, донишҳои графикӣ, малака ва маҳорате, ки омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии қаблӣ гирифтаанд асос ёфта, раванди таълимро дар тамоми фаъолияти омӯзгорӣ муттаасил мегардонад. Модели оқилона самти ҳамаҷонибаи таълими калонсолонро пешниҳод мекунад: он таҳияи барномаи нави модулии курсҳоро бо ҷорӣ намудани мундариҷа ва шаклҳои нави таълим, нигоҳ доштани муттасилӣ бо барномаҳои махсус ва курсҳои компютерӣ, инчунин ҳамкории фаъолро бо муассисаҳои таълими иловагӣ дар бар мегирад.
Бо назардошти ин нуктаҳо муаллифон роҳҳои ташкил намудани омӯзишро дар курсҳои такмили ихтисос пешниҳод менамоянд.




