Зеҳн

Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо (бахшида ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”)

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Муаллиф(он): С. Усмонов, Каримов М. Л.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони об буда, зиёдтар аз 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ ва захираҳои пиряхии минтақаро ташкил медиҳанд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри XX зиёда аз чордаҳ ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда буд, ки майдони умумии онҳо ба 8 фоизи масоҳати умумии кишвар баробар буд. Мутаассифона, бар асари тағйирёбии иқлим ин пиряхҳо бошиддат об шуда истодаанд. То имрӯз зиёда аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон комилан об шуда, аз байн рафтанд. Ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Маълум аст, ки дар ояндаи миёнамуддату дарозмуддат ин раванд метавонад оқибатҳои хеле вазнинро ба бор орад.

Дар баробари ин тағйирёбии иқлим боиси афзоиши чунин падидаҳои фавқулодаи гидрометереологӣ, ба мисли сел, обхезӣ, хушксолӣ, ярч ва тармафароӣ гардидааст. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёт ва муҳити зисти Тоҷикистон зарари хело ҳам калон расонида, талошҳои моро ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор ҷиддан коста мегардонанд.

Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Таҳлили тамоюли таъсиррасонии тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ нишон медиҳад, ки: агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз 8000 (ҳашт ҳазор) метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст. Ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.

Чунин мушкилотро ба инобат гирифта, моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти чунин паешниҳодҳо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли ҷорӣ зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард ва иқдоми. навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома чунин пешниҳодҳои Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод кардааст. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд. Инак, пешниҳоди мазкур ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои дар амал татбиқ намудани он дар СММ Қатъномаи махсус қабул гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки мувофиқи қатъномаҳои аз тарафи СММ қабулгардида, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ниҳоят солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд.

Панҷумин пешниҳод роҳбари давлати мо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ниҳоят арзанда ва саривақтӣ буд. Зеро пирях манбаи таъминкунандаи об аст ва об манбаи ҳаёт 10% нарасидани об дар организми инсон ба беҳолӣ ва ба марг оварда мерасонад.

Умуман, дар сатҳи Замин пиряхҳо зиёда аз 16 млн. км², яъне қариб 11 % масоҳати хушкиро ташкил медиҳанд ва ҳаҷми умумии онҳо ба 30 млн. км³ баробар аст. Зиёда аз 99 % масоҳати пиряхҳои Замин дар минтақаҳои қутбӣ ҷойгир мебошад. Ба ғайр аз ин, онҳо дар қуллаҳои кӯҳҳо низ мавҷуданд. Пиряхҳои Тоҷикистон ба ҳамин гуна пиряхҳо мансубанд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар ҳолати ҳозира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 пирях бо масоҳати 8476 км² мавҷуд аст. Ҳаҷми умумии ҳамаи онҳо 567 км³- ро ташкил медиҳад. Гарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан даҳяки масоҳати Осиёи Марказиро ташкил диҳад ҳам, дар ҳудуди он қариб аз се ду ҳиссаи ҷараёни тамоми минтақа ташаккул меёбад. Пиряхҳои Тоҷикистон ҳамасола бештар аз 13 км³ об медиҳанд, ки он чоряки ҷараёни дарёҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Пиряхҳо на фақат захиракунандаи об, балки танзимкунандаи намӣ низ мебошанд: онҳо тағйирёбии масрафи дарёҳоро танзим намуда, ҳолати пасту баландшавии ҷараёнро паст мекунанд, ки ин барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мусоид мебошад.(2,37-38)

Зарурияти ҳифзи пиряхҳоро Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷаласаҳои қаблии Ассамблеяи генералии СММ таъкид намуда буданд: Бинобар тағйирёбии иқлим ва ба ҳисоби миёна то 1оС гарм шудани ҳарорати миёнаи солона пиряхҳо бошиддат об шуда, захираи оби тоза дар сайёра, аз он ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол кам шуда истодааст.Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираи фаровони обист ва 60 фоизи оби дарёҳои ЭТНО марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал, агар бориши зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар, пиряхҳоест, ки дар натиҷаи пайи ҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани онҳо дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд. Барфҳои доимӣ дар фарозҳои бузург зери таъсири вазни худ ғафс шуда, тадриҷан ба яхи фирновии (кӯҳнаи) донакдор ва пас аз гузашти муддате боз ҳам ғафстар гардида, ба яхи шаффофи пурҷило табдил меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки бузургтарин анбуҳи майдонҳои яхбандии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, зиёда аз 80%-и пиряхҳои минтақа маҳз дар кишвари мо қарор доранд. Агар майдони яхбандии минтақаи Осиёи Марказӣ ба 17 ҳазор км² баробар бошад, 60%-и масоҳати яхбандиҳои минтақа маҳз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир гаштаанд. Захираи умумии яхи ин майдонҳои яхбандӣ дар кишвар 845 км³ –ро ташкил медиҳанд. (4,29).

Пиряхи калонтарини минтақа – пиряхи Федченко (Муқсу), ки дар давраи яхбандии Лахш дарозии он ба 171 км баробар буд, имрӯз дорои ҳамаги дарозии 77 км мебошад, яъне дарозии он қариб 100 км коҳиш ёфтааст.

Чунин ҳолат дар дигар пиряхҳои калонтарини кишвар ба мушоҳида мерасад. Дарозии пиряхи Зарафшон дар давраи яхбандии Лахш ба 104,6 км буд, имрӯз ба 27,8 км, яъне чор маротиба кам гаштааст; дарозии пиряхи Гармо (Вахё) дар ҳавзаи дарёи Оби хингоб дар давраи яхбандии Лахш 73,5 км буда, имрӯз ба 30,4 км баробар шудааст, яъне зиёда аз ду маротиба кам гаштааст; дарозии пиряхи Ҷамъияти географии Рус (Ванҷ) дар давраи яхбандии Лахш 62,5 км буда, имрӯз ба 23,2 км баробар шудааст, яъне се маротиба коҳиш ёфтааст. Дарозии пиряхи Мазор дар ҳавзаи дарёи Оби Хингоб дар давраи яхбандии Лахш ба 40 км буд, имрӯз ба 16,8 км, яъне 2,5 маротиба кам гаштааст. Дарозии пиряхи Бозбайтал дар ҳавзаи дарёи Бартанг дар давраи яхбандии Лахш ба 38,0 км баробар буд, имрӯз бошад он ба 4,6 км баробар аст, яъне қариб даҳ маротиба кам гаштааст.

Бояд таъкид намуд, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта то ҳоло дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ 5 см боло рафтааст. Таҳқиқотҳо собит намудаанд, ки агар чунин ҳолат давом ёбаду пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ баланд гардида, баъзе қисматҳои давлатҳои соҳили баҳру уқёнусҳо зери об хоҳанд монд. Зеро дар сад соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво ба 1оС боло рафтааст. Мувофиқи пешгӯйиҳои коршиносон то соли 2050 ҳарорати миёнаи солона метавонад то ба 2,5 оС баланд шавад. Аз ин рӯ, чорабиниҳои зарурӣ бояд андешид.

Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.

Қатъномаи Иҷлосияи 77 СММ аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

САҲМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

(Бахшида ба эълон намудани соли 2025-«Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»)

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод кардааст.

Тоҷикистон дорои захираи фаровони обист ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла: эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2