Муносибати давлат ба дин дар давраи истиқлолият
Муаллиф(он): Камолов С. Э.
Шояд ҳеҷ як дине дар доираи илмӣ ва таҳқиқотии ҷаҳон монанди ислом мавриди таваҷҷуҳ ва баҳсу мунозираҳои зиёд қарор нагирифта бошад. Исломро метавон имрӯз аз динҳои пурқудрат ва қобилияти ҳаёти доштаи замони муосир қаламдод кард. Зеро ислом яке аз се дини бонуфузтарини ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта пайравони он ҳоло зиёда аз 1,9 миллиард нафарро ташкил медиҳанд ва дар 128 кишвари дунё сукунат доранд. Аз ҷумла дар зиёда аз 40 кишвар мусулмонон аксарияти аҳолӣ ва дар 18 кишвари дигар ақалияти бонуфузро ташкил медиҳанд. Мусулмонон имрӯз минтақаи васеъро дар қитъаҳои Осиёву Африқо ишғол кардаанд. Дар 28 давлат исломро ҳамчун дини расмӣ дар конститутсияи худ эътироф кардаанд. Ба таври умум кишварҳое, ки онҳоро ҷомеаҳои исломӣ гуфтан мумкин аст, аслан 57 давлатро дар бар мегирад, ки дар онҳо мусулмонон ё аксарият, ё аққалияти назарраси шаҳрвандонро ташкил медиҳанд ва аҳолии онҳо мувофиқи омори соли 2019 тақрибан 1,9 миллиардро, ки баробари 24 % аҳолии кураи замин мебошад, ташкил медиҳад. Аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ ин кишварҳо дар яке аз ҷойҳои аввалин дар ҷаҳон меистад. Аз ҷиҳати сарватҳо ва захираҳои табии минтақаҳои исломӣ аз бойтарин мавзеъҳои ҷуғрофии олам ба шумор рафта танҳо дар Халиҷи форс то ҳудуди баҳри Каспий 70 % захираҳои нафти ҷаҳон ва зиёдтар аз 40 % захираҳои гази табии ҷаҳонӣ ниҳон мебошанд. Аҳоли афзояндаи минтақа бошад, манбаи арзони қувваи корӣ ба шумор меравад. Диққати бисёр кишварҳои абарқудратро маҳз ҳамин сарватҳои табии бештар ба худ ҷалб месозад.
Дар айни замон аз тарафи доираҳои ғарбӣ пайваста ташвиқу тарғиб шудани хатари «терроризми исломӣ» ва боло рафтани исломҳаросию исломситезӣ дар ин давлатҳо, бозори баҳсу мунозираро оиди нақш ва мақоми ислом дар ҷаҳони имрӯза, беш аз пештар гармтар сохт. Албатта наметавон ба ин андеша розӣ шуд, ки ислом дини зуроварӣ ва бадбиниву адоват бошад. Вале бо вуҷуди ин бояд эътироф намуд, ки мушкилоти ҷиддие, ки дар диндории имрӯзаи исломӣ ва ҷомеаҳои мусулмонӣ вуҷуд дорад, намегузорад, ки ин тамаддун, ҷузъи солим ва ҳамқадами ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ бошад. Ин ҳолат равшанфикрони мусулмонро маҷбур кардааст, ки ба муайян намудани сабабҳои пайдоиши чунин вазъият машғул шаванд. Онҳоро водор сохтааст, ки роҳҳои халосиро аз ин варта ҷӯянд ва роҳҳои инкишофи ояндаи ҷамъияти мусулмононро дарёбанд. Гурӯҳе аз равшанфикрон сабабу иллатҳои ақибмондагӣ ва ҷаҳолатро дар кишварҳои исломӣ чунин хулоса бароварданд:
-
Дар догмаҳои тағйирнопазири динӣ ва душмани навоварӣ будани рӯҳониёни ислом диданд.
-
Дигар сабаби ақибмондагию таназзулро аз исломи асили даврони Муҳаммад пайғамбар дурр ва бегона шудани мусулмонон ба тақлиду хурофот, бидъатҳо ва ба ҷаҳолат олуда гардидани онҳо диданд. Ҳарчанд таҳқиқу шинохти ислом аз ҷониби донишмандони мусулмон ҳанӯз дар асрҳои миёна бо ҳукми анъана даромада бошад вале пайдоиши илмҳои диншинносию исломшиносӣ асосан дар даврони Шӯравӣ оғоз гардиаааст. Илмҳои диншиносию исломшиносӣ дар замони Шӯравӣ хусусияти идеологӣ касб карда буд. Дар ин замон бо сабаби хусусияти идеологӣ касб кардани илмҳои диншиносию исломшиносӣ дар ин илмҳодин на ҳамчун як унсури тамаддуни башарӣ ва як зинаи ногузири ташаккули шуури ҷаҳонбинии инсоният баррасӣ мешуд, балки ба он ҳамчун як падидаи комилан манфии таърихи инсоният баҳо медоданд. Ба тарзи дигар, принсипҳои марксистии муносибат ба дин дар асл вайрон карда мешуданд. Дин дар ҳошияи таърихи башар қарор гирифта, нақшу таъсири он ба шууру тафаккур ва тарзи ҳаёти иҷтимоии мардум, бахусус қишри ноогоҳи ҷомеа дуруст баҳогузорӣ намегардид. Бо оғоз ёфтани бозсозии горбачёви ва рушди анъанаҳои демократӣ ҳамаи ин хатоҳои назариявию амалӣ ба рӯи об баромаданд. Маълум гардид, ки ба масъалаи нақшу таъсири дин дар тафаккур ва ҳаёти иҷтимоии мардуми Шӯравӣ баҳои дуруст дода нашудааст ва ҳодисаҳои солҳои 90 – уми асри ХХ дар Тоҷикистон бозгӯи возеҳи он мебошад. Дар он марҳила ба иллати фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва шикасти таълимоти коммунисти дар Тоҷикистон холигиҳои ғоявие ба вуҷуд омад, ки онро танҳо таълимоти исломӣ пур карда метавонист ва танҳо ба воситаи ислом метавон мардумро зери шиори мубориза бо мафкураи коммунистӣ ба майдони низоъ кашид. Бояд иқрор намуд, ки албатта дар ин давра ҷаҳонбинии дунявӣ (на материалистию атеист) хеле тараққи карда буд. Аммо ҳизби коммунистӣ ҷаҳонбинии дунявиро бо ҷаҳонбинии илмӣ – атеистӣ айният дода, онро ба инобат намегирифт, ки ҳанӯз шуури аксарияти шаҳрвандони шӯравӣ, бахусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар зери таъсири дин қарор дораду тарзи зиндагии онҳо ба хусусиятҳои суннати вобаста аст. Дар даврони истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ раванди азнавсозии ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодии кишвар бо ташабусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо муносибати давлати миллии дунявӣ ба дин тағйиру таҳаввул пайдо кард, балки ҳамзамон илмҳои диншиносию исломшиносӣ низ аз бунбасти идеологию сиёсизосӣ берун баромадам бо назардошти назокатҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои умумиилмӣ бо усулу равишҳои нав такмилу тараққӣ ёфтанд.
Муҳимтарин дастоварде, ки дар соҳаи муносибат ба дин, дар ин замина назари нав ба таҳқиқу инкишофи илмҳои диншиносию исломшиносӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ҳамин буд, ки мо тавонистем бӯҳрони маънавиеро, ки дар шакли бархурди ҷаҳонбинии дунявию дини зоҳир мегардад, бартараф намуда, ба ғайриақидагӣ сохтани манбаи диниву дунявӣ дар зиддиятҳои сиёсии байни мардуми кишвар ноил шавем. Боиси тассуф он аст, ки намояндагони исломи сиёси ғолибан чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё танҳо онҳо ҳаққи аз ислом намояндагӣ карданро доранд. Гузашта аз ин, онҳо ҳизби сиёсии худро, агарчи динӣ ҳам бошад бо ислом яке медонанд. Бинобар ин ҳар мушкиле, ки бо ҳукумат доранд, чунин маънидод мекунанд, ки гӯё ҳукумат ба онҳо не, бо ислом даъво дорад. Барои мисол, агар дар ноҳияе, шаҳре, деҳае фаъолияти аъзоёнаш ё ва ё созмони ҳизбиашро танг созанд, зуд хулоса мебароранд, ки ҳукумати маҳал дини исломро маҳдуд карданист. Чунин фаҳмиш иштиҳоби маҳз аст ва як навъ гӯё таъкиби мусулмонони қаторӣ ва ё ғайриҳизбист. Ақидаи он ки дари низоми дунявӣ дин аз як падидаи иҷтимоии фарогир ба як фаъолияти сирф фардию шахсӣ табдил дода шуда, нуфуз, таъсир ва қудрати он дар ҷомеа коста мегардад, заминаи воқеӣ надошт. Зеро дунявӣ ҳаргиз маънои зиддидинӣ ва ё бидиниро надорад. Давлати дунявӣ аз манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, чи диндору чи бедин ва намояндагони ҳамаи дину мазҳабҳои мавҷуда, чи мусулмон, чи насрониву, чи яҳуди ва ғайра ҳимоят мекунад ва эҳтиром мегузорад. Як асли низоми дунявӣ озодии эътиқод буда, дин дар давлати дунявӣ як рукни асосии фарҳанги миллии ҷомеа ба шумор меравад. Яъне дунявият дар низоми давлатдории навини тоҷикон мазмуну моҳияти тоза касб намуд, чи мафкураи динӣ ва чӣ дунявӣ ҳуқуқи баробарро соҳиб шуда, ҳамчун эътиқоди фардии шахс эътироф гардиданд ва имконияти ақидагию сиёсӣ сохтани ҳама гуна мафкура дар заминаи таъсириомилҳои дохилӣ ва берунӣ аз байн рафт.
Раванди ғайриақидагӣ сохтани манбаъҳои диниву дунявӣ минбаъд дар дигар санадҳои ҳуқуқӣ, бахусус Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амсоли инҳо инкишоф ёфт. Ҳамаи ин чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат раванди ғайридатӣ сохтани ҳама гунна мафкураро дар низоми давлатдории навини тоҷикон ташаккул дода, барои ҳифзу суботи кишвар ва амнияти давлатию миллӣ заминаҳои ҳуқуқиро таъмин намуд. Инро метаавон як дастоварди бузурги идеологию сиёсӣ дар замони истиқлолият номид, ки барои сарҷамъ кардан ва ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят намудани мардумм замина муҳаё сохт. Усули нави муносибати давлат ба дин таҳия гардид, ки он, пеш аз ҳама, дар муносибати фарҳангии давлат ба дин таҷассум меёбад. Давлати навини тоҷикон ба хотири амну суббот ва ваҳдати мардуми кишвар ҳарчанд ягон мафкура, аз ҷумла динро ба ҳайси мафкураи расмӣ намепазирад, вале он бо ҳамин васила барои рушди дин ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ заминаҳои ҳуқуқиро эҷод намуд. Маҳз ҷудоии дин аз сиёсат имкон дод, ки дин ҳамчун як падидаи фарҳангӣ аз нав нафаси тоза кашад ва дар қонеъ сохтани талаботи эътиқодӣ ва тарбияи ахлоқии шаҳрвандон саҳм гирад. Ҷудоии дин аз давлат маъноии ҷудоии мутлақро надошта, танҳо маънои ҷудоии дин аз сиёсат, яъне дастгоҳу мақомоти давлатиро дорад, то кия гон гурӯҳ натавонад аз тариқи дастгоҳи давлатӣ динро барои мақсадҳои муғризонаи худ ва вайрон кардани амну суботи ҷомеа истифода барад. Дар айни замон бояд ёдрас шуд, ки сарфи назар аз он дастовардҳое, ки мардуми Тоҷикистон дар самти озодии виҷдон ва эҳёи арзишҳои динӣ дар замони истиқлолият ба даст овардаанд, баъзан душманони ғоявии мо барои афрӯхтани низоъҳои сиюсию динӣ кӯшиш менамоянд бея гон асосу далел сиёсати давлатӣ дунявии моро нисбат ба дин нодуруст баҳогузорӣ менамояд.
Тақрибан кишварҳои пешрафтаи дунё, ба шумули Амрико, Ҷопон, Фаронса, Аврупои Шарқӣ сабақ медиҳад, ки Конститутсияи он кишварҳо дар корҳои давлатӣ нақш доштани динро манъ намекунад ва дину диндорон ҳам нақши худро дар корҳои давлатӣ дар доираи салоҳияти худ анҷом медиҳанд ва ба фаъолияти давлат, салоҳиятҳои он дастдарозӣ намекунанд. Ин чиз нишонаи барҷастаи риояи низоми демократӣ ва дунявии ҳақиқи мебошад ва сазовори пайравист. Гуфтаҳои боло бори дигар шаҳодат бар он медиҳанд, ки дар ин ихтилоф ва низоъҳо дин сабабгор нест. Балки онҳое сабабгоранд, ки динро ба сиёсат кашидани мешаванд ва аз он барои амалӣ сохтани ғаразҳои гуногуни худ истифода бурдани мешаванд. Ҳарчанд имрӯз дар низоми давлатдории кишвари мо мабдаъҳои динию дунявӣ аз нигоҳи идеологию сиёсӣ ғайриақидагӣ карда шудаанд, вале назарсанҷиҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки ба сабаби дар кишвар ҳанӯз ҷой доштани пайравони ҳаракатҳои тундрав заминаҳои низои динӣ – сиёсӣ байни мазҳаби суннатии ҳанафия ва исломи бунёдгароӣ пурра аз байн нарафтааст. Хусусан замоне, ки имрӯзҳо дар ҳамсоягии кишвари мо Афғонистон гурӯҳи «Толибон» ба сари қудрат омадаанд ва кушиши сусту заиф намудани дастовардҳои миллию фарҳангӣ, осори мусиқию ҳунармандӣ, мактабу театрҳо, поймоли ҳуқуқи занон ва амсоли онҳо равона гардидаанд. Бинобар ин чунин вазъият тақозо мекунад, ки зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳар фарди ҷомеаи мо бояд ҷиддияти ин ҷанбаи мавзӯъро дуруст дарк намоянд. Ҳар кадом фарди ҷомеа аз рӯҳониён сар карда, то шаҳрванди қатории кишвар бояд донад, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи давлатӣ (миллии дунявӣ) мо нисбат ба дин имкон медиҳад, ки мо ба муқобили чунин падидаи хатарноки аср – ифротгароию терроризми динӣ истодагари намоем, паҳншавии ин падидаҳои вайронсозандаи амну суботи ҷомеаро пешгирӣ намоем ва дар рӯҳияи ватандорию миллатдӯстии насли ҷавон муваффақ шавем.
МУНОСИБАТИ ДАВЛАТ ДИН ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар мақола муаллифон оид ба нигоҳи доираҳои Ғарб нисбат ба дини Ислом ва муносибати давлати соҳибистиқлоли мо ба ин масъала маълумот оварда, сабабу иллатҳои ақибмондагӣ ва ҷаҳолатро дар кишварҳои Исломӣ мавриди таҳлил қарор додаанд. Инчунин кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои берун баровардани диншиносию исломшиносӣ аз бунбасти идеологию сиёсисозӣ маълумот дода шудааст.




