Зеҳн

Забономӯзӣ - талаботи замон

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Ҳалимов А.А.

Забони англисӣ яке аз забонҳои ғарбии гурӯҳи забонҳои олмонӣ ба шумор рафта, сарчашмаи пайдоиши ин забон лаҳҷаҳои англисҳо, саксҳо, ютҳо ном қабилаҳои германии қадим мебошанд, ки дар асрҳои V-VI дар Бритониё маскун буданд. Аз ҳамон лаҳҷаҳо забони имрӯзаи англисӣ пайдо гардидааст.

Такмили таълим ва омӯзиши забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ талаботи ҳукумат, замон ва ҷомеа ба шумор меравад. Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зарурати ба нақша гирифтани чораҳои зарурӣ баҳри такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисиро таъкид карда шуда, махсусан ҷавононро ба омӯзиши ҳарчи бештари забонҳои хориҷӣ даъват карда мешавад. Мо дар асри XXI асри илму техника зиндагӣ мекунем.Ин ба осонӣ ба даст наомадааст. Боиси хурсандист, ки махсусан аз аввалҳои асри нав сафи ҷавонони омӯзанда ва донандаи забонҳои хориҷӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд.

Аз таҷрибаи кории худ ба хулосае омадаам, ки омӯзгори забони англисиро мебояд омӯзиши ин забонро дар қиёс бо забони адабии модарӣ омӯзонад, зеро ки ин роҳи омӯзиш осонтар ва самараовартар мешавад. Барои ин ҳар як шахсро мебояд, ки забони модариро ба дараҷаи баланд донад ва баъд дар қиёс бо дастурҳои он ба фарогирии забонҳои хориҷӣ шурӯъ кунад. Фикр мекунам, ки яке аз проблемаи зарурӣ дар замони муосир ин омӯзиши забон ба шумор меравад. Забони англисӣ ин забони дунёи муосир мебошад, ки бо ин забон бештар аз 300 миллион аҳолии рӯи замин ҳамчун забони модарӣ онро истифода мебаранд. Ватани асосии англисӣ ҳарф мезадагӣ ин дар Бритониёи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав, ИМА мебошад. Инчунин забони расмии Ҷумҳурии Ирландия, Канада, як қатор кишварҳои Осиё ва Африкаи Ҷанубӣ низ ба шумор меравад. Инро бояд аз хотир набаровард, ки забони англисӣ яке аз чаҳор забонҳои расмии Созмони Миллали Мутаҳид (СММ) ва бисёр дигар ташкилотҳои сиёсӣ ба шумор меравад ва дар баробари омилҳои дигар роҳи моро ба сӯи ҷаҳони беруна мекушояд. Инчунин ин забон забони адабиёт, илм, оҳанги муосир ва сайёҳии байналмиллалӣ низ мебошад. Чӣ хеле, ки дар боло қайд кардем асри XXI ин асри илму техника мебошад ва дар шароити кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда бояд ҳар як фарди забономӯз истифода барад. Дар асри навин ҷавонону наврасони мо, барои он ки технологияи муосирро хуб аз худ кунанд, албатта забонҳои англисию русиро хубтар омӯзанд ва донанд. Омӯхтани забони хориҷӣ зарур аст. Барои ҳамин ҳар як забономӯз забони модариашро хуб донад ва дар қатори ин омӯзиши дигар забонҳо барои ӯ фоидаовар мебошад. Муссалам аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ дар ҷаҳони муосир ба забономӯз имкон медиҳад, ки оид ба тамоми мавзӯъҳо маълумоти бештар ба даст оварад. Дар омӯзиши забони англисӣ ба омӯзгор зарур аст, ки барои гузаронидани як дарси хуб, бештар бо луғат, транскрипсия ва албатта тарҷумаи он калимаро истифода барад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08. соли 2019 таҳти №438 “Дар бораи Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ” тадбири саривақтӣ буда, татбиқи он ба ҳалли ин мушкилӣ мусоидат хоҳад намуд. Зеро дар раванди ҷаҳонишавии ҷомеаи ҷаҳонӣ донистани забонҳои хориҷӣ як роҳи ноил гардидан ба муваффақиятҳои беш аз пеши ҳар як насли мамлакат маҳсуб меёбад.

Яке аз омилҳои беҳбуд бахшидан ба омӯзиши забони англисӣ, баргузор намудани маҳфил (кружок)-и фаннӣ мебошад.

Хушбахтона, маҳфили забони англисӣ дар донишкада арзи вуҷуд дорад ва онро муаллимаи ҷавон Ҳамидова Д.Р.дарсро мебаранд. Донишҷӯёни бо хоҳиши худ дар маҳфил иштирок мекардагиро ҷамъ намуда, дар як моҳ ду маротиба дарсро мегузаронанд. Ҳаминро низ хотиррасон карданиам, ки дар соли 2019 дастурамал барои гузаронидани маҳфилҳои забони англисӣ бо номи “Let’s speak English” (Бо забони англисӣ ҳарф мезанем) чоп карда баровардам ва ба забономӯзон пешкаш кардам.

Президенти кишвар дар як баромадашон чунин гуфтанд: “Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тарақиёти давлат мусоидат менамояд”. Ин таъкидҳои Пешвои миллат дар аввал мо омӯзгоронро, водор месозад, ки насли наврасро дар рӯҳияи Ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва илмдӯстӣ тарбия намоем. Ва боз дар дигар ҷо Роҳбари давлат дар мавриди омӯзиши забони хориҷӣ таъкид кардаанд: “Зарур аст, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба омӯзиши забони давлатӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода, дар баробари ин донистани ҳатмии ду забон, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро ҷорӣ намоем”.

Чи хеле, ки дар боло қайд карда будем бо забони англисӣ дар умум мардуми зиёди дунё ҳарф мезананд. Аз он ҷумла дар мамлакатҳои абадқудрат халқҳои Чин, Ҳиндустон, Ҷопон ва дигар мамлакатҳо забони англисӣ васеъ истифода мешавад.

Акнун чанд сухан дар бораи таърихи пайдоиши забон. Таърихи Англия дар бораи ҳарчӣ зиёдтар фаҳмидан дар бораи забони англисӣ ба мо омӯзандагон кӯмак мекунад. Бисёр калимаҳои англисӣ иқтибос аз забонҳои дигар аз англисҳо ва саксҳо гирд оварда шудаанд. Садҳо калимаҳои франсавӣ, ки ба ин забон даромадаанд, забони англо-саксҳоро аз байн набурданд. Ҳоло ин калимаҳо арзи вуҷуд доранд. Масалан: “act” ва “deed” (амал), ”beautiful” ва ”pretty” (зебо), ”form” ва “shape” (нақш). Бисёр калимаҳоро тоҷирону савдогарон ва инчунин сайёҳон ба ин мамлакат овардаанд. Ин калимаҳо аз тамоми қисмҳои олам ворид шудаанд:

“umbrella” (чатр-аз забони итолиёвӣ,

“skates” (конкибозӣ)-аз забони голандӣ,

“tea” (чой) - аз забони чинӣ,

“cigar” (тамоку, сигор) - аз забони испанӣ ва ғайра.

Қисме аз калимаҳои англисӣ бевосита (рост) аз забони лотинӣ дохил шудаанд, ки дар асри миёна ин забони донишгоҳҳо ва калисоҳо ба шумор мерафт. Як қатор калимаҳои англисии муосир ин калимаҳои сохта мебошанд ва роҳи ташкили калимаҳои нав ин ду ва зиёда калимаҳои кӯҳнаи англисиро якҷоя гузоштан аст. Мисол, калимаҳои “railway” (роҳи оҳан), ”football” (футбол), ”newspaper” (рӯзнома).

Дар давраи муосир ҳамаи соҳаҳои илму техника бо суръат рушд мекунанд. Бисёртар донишу маълумотҳо ҳар як шахси ҳозиразамон новобоста ба ихтисосаш бояд дар омӯзиш ва ҷустуҷӯ бошад. Низоми таълим дар макотибҳои олӣ давра ба давра аз нав сохта шуда истодааст. Барои ҳамин насли ҳозиразамон бояд доимо сатҳи дониши худаш ва дараҷаи ихтисосашро баланд бардошта истад.

Дар охир мехоҳам сухани худро бо суханони Пешвои миллат, ки дар китоби худ – “Забони миллат-ҳастии миллат” гуфтааст, хотима бахшам: “Танҳо забон аст, ки ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.”

ЗАБОНОМӮЗӢ-ТАЛАБОТИ ЗАМОН

Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забони англисӣ, иқтибосҳо аз Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат дар бораи омӯзиш ва донистани ҳатмии ду забон (русӣ ва англисӣ), таърихи пайдоиши ин забон, инчунин забони умумиҷаҳонӣ будани забони англисӣ меравад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2