Зеҳн

Омилҳои рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

АГ
Агенти Зеҳнӣ10 ноябри 2026 · 13 дақиқа хондан

Муаллиф(он): Усмонов С., Ҳайитов Ф.М.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи географӣ, табиати зебову обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷӯҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Ҳамчун кишвари дорои иқтидори беандозаи сайёҳӣ, дар оянда метавонад соҳаи сайёҳии он ҳамчун воситаи таҳкимбахшанда дар рушди устувор, хизмат намояд. Дар хоҷагии иқтисоди ҷаҳонӣ соҳаи сайёҳӣ дар радифи дигар соҳаҳои пешрафтаи иқтисодиёт, аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти нафту газ ва автомобилсозӣ ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Аз ин рӯ, аксари кишварҳои ҷаҳон талош бар он доранд, ки бо таъмин намудани шароитҳои мусоид, барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ, рушди иқтисоди миллии хешро таъмин созанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот ва сиёсати “Дарҳои кушод”, ки роҳбарияти олии мамлакат пеш гирифтааст, имконияти муаррифии иқтидорҳои сайёҳии мамлакат ба маротиб беҳбуд ёфта, таваҷҷуҳи сокинони сайёра ба ватани биҳиштосо ва дорои таърихи кӯҳану пурғановати мо пайваста дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Тоҷикистон аз зумраи мамлакатҳое мебошад, ки иқтидори табиии он аз ҷониби таъсироти беруна осеб надидааст ва ҳолати аслии хешро нигоҳ доштааст. Маҳз ҳамин ҳолати аслии табиат, иқлими мусоид, ҷойгиршавии мусоиди географӣ, олами зебову нотакрори ҳайвоноту наботот, шумораи зиёди чашмаҳои обҳои шифобахш, рӯду кӯлҳо, манзараҳои дилфиреби табиат метавонад, Тоҷикистонро ба як кишвари воқеан пешрафтаи сайёҳӣ табдил диҳад. Бо дарназардошти имконоту иқтидори бойи сайёҳии мамлакат соли 2018 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд. Барои боз ҳам рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ солҳои 2019-2021 такроран солҳои: “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.

Мақсад аз такроран эълон доштани “Соли рушди сйёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” – ин истифодаи мақсаднок ва ба манфиати пешрафту шукуфоии мамлакат ва сокинони он, истифода намудан аз иқтидору имконоти сайёҳии мамлакат буд. Имконият ва иқтидорҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон буда, он метавонад, омили ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони кишварҳои дигари сайёра ба Тоҷикистон гардад. Сайёҳонро табиати зебо, обҳои шифобахши «Шоҳамбарӣ», «Хоҷа Оби гарм», «Оби гарм», «Гармчашма», кӯҳҳои сарбафалаки Помир, мавзеи «Чилдухтарон», кӯҳҳои Фон, кӯли «Искандаркӯл», дараҳои хушманзараи Варзобу Ромит, Сари Хосор, қалъаву мадрасаҳои қадимаи Ҳисор, Ҳулбук, Саразм, шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон- Истаравшан, Панҷакент, Ҳисор, Кӯлоб, Исфара бо нигоҳ доштани симои қадимӣ, анъанаҳои қадимаи таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳунармандӣ ва ғайраҳо дили ҳазорон сайёҳро ба тасхир меоранд. Масалан, ба мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, ки минтақаи сайёҳии байналмилалӣ эълон шудааст, аз кишварҳои гуногун, мисли Русия, Фаронса, Маҷористон, Испания, Швейтсария, Португалия, Олмон, Чехия ва Украина барои сайёҳат ва шикори сайд ташриф овардаанд. Онҳо бо хотираҳои зиёди афсонавии бардоштнамуда ба кишварҳои худ баргаштаанд.

Новобаста ба мушкилоти роҳ дар мавсими тобистон ҳазорон дӯсторони табиат ба дидани шаршараи машҳури “Пушти боғ”и мавзеи Сари Хосор ва дигар мавзеҳои дилрабои ҷумҳурӣ мераванд.

Қисматҳои дигари кӯҳистони минтақа, аз қабили мавзеи кӯҳи Чилдухтарон, кӯҳи Эмомаскара, кӯҳи Фурӯш ва табиати сеҳрофари намаккӯҳи Хоҷа Мӯъмин барои дӯстдорони олами табиат ҷойҳои дар асл мувофиқу арзанда маҳсуб меёбад. Дар гузаштаи дур аксари сайёҳону таърихнигорони чину араб ҳангоми бозгашташон аз Хатлони кӯҳан дар навбати аввал аз табиати кӯҳи Хоҷа Мӯъмин, ки он вақт бо номи Мухатон малум буд, дар ёддошту асарҳои худ бо таври муфассал дарҷ кардаанд. Тибқи маълумоти муаррихон маънои Мухатон баландии Хатлонро далолат менамояд. Бояд зикр намуд, ки дар он солҳо одамон барои табобати касалиҳои пӯст ва бемории роҳҳои нафас ба муҳити чашмаҳои шӯри кӯҳи Хоҷа Мӯъмин мерафтанд ва то андозае шифо ҳам меёфтанд.

Барои ҷалб ва дар сатҳи баланд қабул намудани сайёҳони хориҷӣ дар кишвари азизмон Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида истодаанд.

Инак, аз фурӯдгоҳҳо то меҳмонхонаҳову истироҳатгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва дигар инфраструктураи самти туризм зина ба зина ба талаботи замони муосир мутобиқ гашта истодаанд. Солҳои охир, чандин мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихии мавзеи «Ҳулбук», «Тахти Сангин», «Саразм», «Қалъаи Ҳисор» ва Боғи миллии ботаникии Бадахшони кӯҳӣ (Помир) ба рӯйхати созмони ЮНЕСКО дохил карда шудаанд ва ин метавонад шумораи сайёҳони хориҷиро дар ин самт боз ҳам афзун намояд.

Афзоиши шумораи ташрифоварии сайёҳон ба мамлакат ба афзоиши буҷаи давлат, пешрафти иқтисоди миллӣ, бунёди шумораи зиёди ҷойҳои нави корӣ ва ниҳоят ба болоравии сатҳи сифати зиндагии сокинони мамлакат оварда мерасонад.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои кӯҳҳои сар ба афлок, табиати афсункору нодир, муҳити беолоиши таби, гиёҳҳои шифобахшу обҳои маъданӣ, сокинони фарҳангдӯсту соҳибтамаддун ва таърихи ниҳоят қадима бояд дар радифи кишварҳои мавриди писандида барои сайёҳони хориҷӣ, қарор дошта бошад.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои тез рушд ёфтаистода дар индустрияи туристии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Нигоҳ доштан ва тайёр намудани реҷаи дурусти истифодабарии табиат дар Тоҷикистон нафақат барои нигоҳ доштани ҷойҳои рекриатсионӣ, балки мустаҳкам намудани фаъолияти сайёҳӣ мебошад.

Алалхусус сайёҳии экологӣ ин сайёҳат бо мақсади муҳофизат намудани табиат, омӯхтан, ҳаловат бурдан аз табиати зебо ва таваҷҷӯҳ ба фарҳанг, ки барои муҳофизати табиат кӯмак мерасонад, мебошад. Аз рӯи пешниҳоди Хазинаи Байналмиллалии Табиат, мафҳуми сайёҳии экологӣ ин туризми табиӣ, ки барои муҳофизат кардани табиат мусоидат мекунад. Асоси сайёҳии экологиро ҳимояи муҳити атроф ташкил медиҳад. Сайёҳии экологӣ, аслан, ин сайёҳати эҳтиёткорона ва пурмасъул ба минтақаҳои табиӣ, ки он ҷо ҳифзи муҳити атроф дар назар дошта шуда, эҳтироми мардуми маҳаллӣ бояд дар сатҳи баланд бошад, ташкил карда мешавад. Дар шароити муосир бештар чор шакли сайёҳии экологиро ҷудо мекунанд:

1.Сайёҳии илмӣ. Одатан муҳити сайёҳӣ дар хатсайрҳои минтақаҳои махсуси муҳофизатшаванда ба мисли мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллӣ мебошанд. Дар ҷараёни хатсайрҳои сайёҳии экологӣ «экспидитсия»-ҳои гуногуни илмӣ иштирок мекунанд ва мушоҳидаҳои майдонӣ ва таҳқиқотҳо мебаранд.

2.Хатсайрҳо вобаста ба таърихи табиат, яъне маҷмӯи хатсайру экскурсияҳои таълимӣ, дарсӣ, илмию таърихӣ ва туристӣ буда, дар хатсайрҳои махсуси экологӣ гузаронида мешаванд. Хатсайрҳои экологии вобаста ба ин дар мамнӯгоҳҳо, боғҳои миллӣ, минтақаҳои туристӣ ва ҷойҳои диққатҷалбкунанда гузаронида мешавад. Чунин шакли сайёҳии экологӣ бештар дар Европа, хусусан дар Олмон ривоҷ ёфтааст.

  1. Сайёҳии саргузаштӣ. Ба он чунин хатсайрҳои туристӣ дохил мешаванд:
  • минтақаҳое, ки нисбатан дар мавзеъҳои дур ҷойгиранд;

  • хатсайрҳои кӯтоҳмуддат тавассути велосипед;

  • хатсайрҳои пиёдагардӣ дар минтақаҳои мушкилгузар

  • саёҳат бо сарбории зиёди физикӣ;

  • саёҳат ба воситаи автомобилҳои ба таври махсус муҷаҳҳазгашта барои зиндагӣ ва шабгузаронӣ.

Ин шакли сайёҳии экологӣ тамоми намудҳои саёҳатро, ки ба воситаҳои фаъоли ҳаракат ва истироҳат дар табиат дахлд дорад дар бар мегирад. Ба ин шакли сайёҳӣ ҳамчунин кӯҳнавардӣ, тармабароӣ, ғордароӣ, кӯҳгардӣ ва пиёдагардӣ, туризми обӣ, сайёҳат дар зери об, лижаронӣ дар кӯҳҳо, сайёҳат тавассути асп, дохил мешавад. Аксари ин намудҳои сайёҳӣ ба наздикӣ пайдо гашта, ба шакли махсуси сайёҳӣ дохил мешаванд.

  1. Саёҳат ба минтақаҳо ва ҳудудҳои махсус (резерватсияҳо) -и табиӣ.

Зуҳуроти баланду олӣ ва ягона ҳамчунин ҷозибаҳои табиӣ ва экзотикӣ дар мамнӯгоҳу минтақаҳои туристӣ сайёҳони зиёдеро ҷалб менамояд. Масалан 60 % сайёҳоне, ки аз Амрикои Лотинӣ дидан мекунанд, бо мақсади тамошои боғҳои миллӣ, мамнӯгоҳхо ва ҳудудҳои махсуси миллию табиӣ меоянд.

Ин шакли сайёҳии экологӣ бештар дар Австралия рушд ёфтааст. Бинобар ин аксар вақт онро модели австралиягии рушди сайёҳии экологӣ меноманд.

Дар Тоҷикистон имкони мушоҳидаи иқлим ва табиати мухталиф вуҷуд дорад, ки танҳо хоси ин кишвар аст. Сайёҳон имкон доранд, дар як замон ҳам аз табиати зебои водӣ, ҳам аз манзараҳои дилнишини доманакӯҳҳо ва ҳам аз қуллаҳои барфпӯши иқлими кӯҳистон баҳравар гарданд. Ҳангоми парвоз бо чархбол сайёҳ имкон дорад, ки аз иклими гарми водиҳои ҷумҳурӣ ва ҳам барфҳои ҷовидонаи кӯҳҳои Помир, навъҳои нодири растанӣ ва ба хусус ҳайвоноте, ки ба Китоби сурх ворид гардидаанд, аз зумраи бузи морхӯр, архари кӯҳӣ машҳур бо номи бузи Марко Поло, меши бухороии уреал, оҳуи бухороӣ, паланги барфӣ (барс), хирси маллаи тёншонӣ, шағол (гиена), уқоби кӯҳӣ, қози ҳиндӣ дар ин мамнӯъгоҳҳо ҷойгир буда, ки аз ҷониби давлат таҳти ҳимоя қарор доранд, дидан намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 180 иншооти туристӣ ва истироҳатӣ фаъолият дорад. Тӯли 31 соли истиқлолияти худ Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки лоиҳаҳои хеле густурда ва муҳимро дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, сохтани роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмиллалӣ ба масофаи зиёда аз 2500 км ва меҳмонхонаҳои замонавӣ анҷом диҳад Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари дорои меваҳои шаҳдбор, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот, урфу анъанаҳои мардумии дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Баҳри беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ таъсис дода шуд.

Шахсони масъули соҳаи сайёҳӣ ва умуман мардуми кишвар бояд кӯшиш намоянд, ки ҷаҳониёнро бо диёри бостонии худ, ки бо табиати зебову дилрабояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб кардааст, боз ҳам аз наздик ва бо тамоми нозукиҳояш муаррифӣ намоянд. Зеро кишвари азизи мо Тоҷикистон бо кӯлу дарёҳои зебо, кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳор, гулу буттаҳо ва гиёҳҳои шифобахшаш дар дунё камназир мебошад. Бо назардошти ин ҳама зебоӣ ва имкониятҳо метавон гуфт, ки дар фурсати начандон дур шумораи сайёҳон ба кишвари маҳбуби мо беш аз пеш афзоиш хоҳад ёфт. Дар қисми Бадахшонии Тоҷикистон дар баробари кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳо, чашмаҳои шифобахш, хусусан Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим, гиёҳҳои гуногуни дармонбахш инчунин ёдгориҳои таърихии аз ҷиҳати илмӣ арзишнок ёфт шудаанд, ки диққати бисёр сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро метавонанд ҷалб намояд.

Аз ҷумла, ёдгориҳои дигари аҷоиби географии Бадахшон ғори «Сайёҳон» дар водии Салик Тош дар атрофи кӯли Рангкӯли ноҳияи Мурғоб буда, агарчи баромадан аз қаъри водӣ ба ғор сатҳи нишеб, сангрезадор ва душвор бошад ҳам хело ҷолиб ва диққатҷалбкунанда мебошад. Тибқи ривоятҳо, ғори мазкур хеле дароз аст ва зери кӯли Рангкӯл ҷойгир мебошад.

Ин ғор на фақат бо андозааш аҷиб аст, инчунин дар гӯшаи шимолии як қисми ғор тури аз сангҳои ҷамъовардашуда мавҷуд аст, ки дар он сайёҳон ва зиёраткунандагон дастхатҳо мегузоранд. Ин хатчаҳо ёддошти таърихии хоси омӯзиши Бадахшони кӯҳӣ низ мебошад.

Дар асоси сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати “Дарҳои кушод” аст, туризм марҳила ба марҳила рушд ёфта истодааст. Аз соли 1999, баъд аз қабул гардидани Қонун “Дар бораи туризм”, то имрӯз ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019, Барномаи миёнамуҳлати давлат дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2010-2014 ва Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 нишонаи олии рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Аз соли 2007 Тоҷикистон ба узви комилҳуқуқи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Туристӣ ворид гардид.Ин имконият медиҳад, ки намояндагони ҷумҳурӣ дар тамоми чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ иштирок намуда, Тоикистонро ҳамчун кишвари сайёҳӣ муаррифӣ намояд. Аз соли 1999 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 минтақаи кишвар: Варзоб, Ромит ва Балҷувон ба ҳайси минтақаҳои сайёҳӣ пешниҳод гардиданд, ки барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони дохиливу хориӣӣ ва сайёҳон мусоид мебошанд. Дар дохили кишвар мунтазам намоишҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ташкил карда мешаванд. Албатта чунин амалҳо барои муаррифии кишвар ва ҷалби хориҷиён аҳамияти хеле зиёд дорад. Бисёр шахсиятҳои маъруфи олам нисбати табиати биҳиштосо ва захираҳои зиёди туристӣ доштани Тоҷикистон баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2010 Дабири Кули Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ Толеб Рифаӣ ба кишвари мо ташриф овард. Ҳангоми вохӯри ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба табиати Тоҷикистон чунин иброз намуд: Тоҷикистон кишвари беназир буда, дорои захираҳои зиёди туристӣ аст ва онро шарики боэътимоди Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ (СУТ) муаррифӣ намуд.

Сайёҳӣ дар ҳоле рушд мёбад, ки агар ҷомеа ба фазои рушди туризми ҷомеасоз ворид гардад. Яъне,ҳар як шахс дар ҷомеа бояд донад, ки мафҳуми соҳаи сайёҳӣ чист ва дарк намояд, ки бо сайёҳ чӣ хел муносибат кардан мумкин аст. Агар мо ба давлатҳои Аврупо назар кунем, нисбат ба сайёҳӣ воридотӣ, дар он сайёҳии дохилӣ бештару хубтар рушд ёфта истодааст. Дар асоси таҳлили коршиносон бо такя ба далели кӯҳсор будани ҳудуди Тоҷикистон, ки 93 фоизро ташкил медиҳад, айни замон 6 самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар муайян шудааст: туризми кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳиву варзишӣ, алпинизм, туризми таърихию фарҳангӣ, туризми этнографӣ ва туризми экологӣ.

Соли 2014 Тоҷикистон аз рӯйи таҳлили сомонаи байналмилалии “Глопс Нопс” ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рӯйи туризми сайргузаштӣ ё экстремалӣ ворид шуд, ки дар ин қисмат махсусан туризми экологӣ нақши хеле босазо дорад. Аз соли 2014 инҷониб раванди афзоиши ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон бештар ба назар мерасад. Агар соли 2014, ба ҷумҳури 207 ҳазор сайёҳ ташриф оварда бошанд, соли 2017 ин нишондиҳанда ба 514 ҳазор ва соли 2018 зиёда аз 1-миллиону 252 нафар расид, нисбат ба як соли пешин ки 2,3 зиёд мебошад.(Давоми солҳои 2019- 2020 теъдоди сайёҳони хориҷи бо сабаби бемории пандимияи КОВИД-19 кам гардида бошад, соли 2021 шумораи ташрифи сайёҳони хориҷи афзуда, ба 650-700 ҳазор нафар расид).

Агар дар давоми солҳои аввали истиқлолият шаҳрвандони 59 давлати дунё ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон омада бошанд, дар давоми соли 2018 ин нишондиҳанда ба 167 давлат расид. Дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба маркази калони сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт. Имрӯз шароит барои рушди ин соҳа фароҳам омадааст ва кишвари азизи мо- Тоҷикистон имконияти васеи ривоҷ додани ҳамаи намудҳои сайёҳиро доро мебошад.

ОМИЛҲОИ РУШДИ ТУРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН

Дар мақола оид ба имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълумоти фишурда дода шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи географӣ, табиати зебову обҳои мусафо, кӯҳҳои осмонбӯс ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷӯҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Бисёр шахсиятҳои маъруфи олам нисбати табиати биҳиштосо ва имкониятҳои зиёди туристӣ доштани Тоҷикистон баҳои баланд додаанд. Ҳамчун кишвари дорои иқтидори беандозаи сайёҳӣ, дар оянда метавонад соҳаи сайёҳии он ҳамчун воситаи таҳкимбахшанда дар рушди устувор, хизмат намояд. Соли 2014 Тоҷикистон аз рӯйи таҳлили сомонаи байналмилалии “Глопс Нопс” ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рӯйи туризми сайргузаштӣ ё экстремалӣ ворид шуд, ки дар ин қисмат махсусан туризми экологӣ нақши хеле босазо дорад.

Аз соли 2014 инҷониб раванди афзоиши ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон бештар ба назар мерасад. Агар соли 2014, ба ҷумҳури 207 ҳазор сайёҳ ташриф оварда бошанд, соли 2017 ин нишондиҳанда ба 514 ҳазор ва соли 2018 зиёда аз 1-миллиону 252-нафар сайёҳон ворид шуд, ки 2,3 маротиба нисбат ба як соли пешин зиёд мебошад.

Агар дар давоми солҳои аввали соҳибистиқлолият шаҳрвандони 59 давлати дунё ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон омада бошанд, дар давоми аз соли 2018 ин ҷониб ин нишондиҳанда ба 167 давлат расид.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2