Ҷусторҳои арзишманд дар масири ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги миллӣ
(Хоҷамуродов Олимҷон. “Ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги миллӣ”. Душанбе-2021, 105 саҳ.)
Ғиёсиев, М
Масъалаҳои фарҳанги миллӣ дар замоне, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъмин гардид, бештар мавриди баҳсу мунозираи аҳли назар қарор гирифт, ки дар воқеияти аслӣ як амри табиӣ буд ва ҳақиқати ҳол собит сохта, ки андар таҳлил ва баррасии фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонишавӣ пажўҳишгарон андешаҳои қобили мулоҳизаро дар ихтиёри мустамеони мавзуи мазбур гузоштаанд ва аз нигоштаҳои эшон бармеояд, ки фарҳанги миллӣ асолати руҳи миллатро таҷассум мекунаду ҷаҳонишавӣ ҳангоми фориғ будан аз асолати миллӣ миллату халқеро ба варта мувоҷеҳ менамояд.
Муҳаққиқ Олимҷон Хоҷамуродов аз шумори олимони шаҳири кишваранд, ки роҷеъ ба масъалаи мавриди назар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, маҷмуи мақолаҳои хешро дар китоби “Ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги миллӣ” гирдоварӣ намуда, ҷиҳати қазоват ва баҳрабардорӣ ба хонандагони завқманду ҳушманд пешкаш кардаанд. Китоб аз ду қисмат: “Масоили фарҳанги миллӣ” ва “Дар ҳошияи гуфтугўи тамаддунҳо” иборат буда, аз дидгоҳи муҳтаво қисматҳо дорои заминаи аслии васланд.
Устод Олимҷон Хоҷамуродов зарурати омўзиш, таҳлил ва баррасии фарҳанги миллиро дар шароити ҷаҳонишавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, фазои воқеиро ба таври зайл шарҳ медиҳад: “Дар асл, ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллиро аз байн мебарад, арзишҳои миллиро дигаргун ё беқадр месозад... раванди ҷаҳонишавӣ бештар ба фарҳанги омма ё муқаррарӣ ва ба забони қолабиву дар сатҳи одӣ қарордошта майл дорад, на ба фарҳанги волову забони ғаниву салис. Аз ин рў, муҳимтарин ҷанбаи ҷаҳонишавӣ табдили фарҳангу шуури омма ба шакли тиҷорати фоидаовар ва маҳор кардани фазои иттилоотӣ ба маҷрои интегратсиониву ҳидоятшавандаи иқтисоди фаромиллӣ (трансмиллӣ) мебошад...” (саҳ. 3-4).
Ҳамчунон ки муаллиф дар ибтидо зикр кардааст, ҷаҳонишавӣ нахуст ба маънои густаришу нуфузи беҳтарин дастовардҳои фарҳанги “олӣ”-и ҷаҳон, ба фарҳангҳои миллӣ, пеш аз ҳама, ба фарҳангҳои “поин” бо мақсади рушди онҳо дар сатҳи фарҳанги кишварҳои аз нигоҳи иқтисоду технологияи пешрафта ироа мегардад ва дувум, ҷаҳонишавӣ бо саъйю талоши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ба хотири ҳукмрон будан ба дигар кишварҳо, ба вижа Шарқ ва ҳавзаи фарҳанги исломӣ ба манзури мутеъсозии фарҳангҳои миллӣ ба фарҳангҳои ҷаҳонӣ (бо афзалияти фарҳанги амрикоӣ) ғарбикунонии фарҳангҳо маънидод карда мешавад (саҳ. 3).
Ба истилоҳи маъмул ҷаҳонишавӣ дар асл меросбари бевоситаи фарҳанги классикӣ ва мутараққии Ғарб нест, чунон ки муҳаққиқ дар китобаш таъйид мекунад, балки шакли таҳрифшуда ва як навъ зиддифарҳанг аст, ки мақсадашон маҳви арзишҳои миллии соири фарҳангҳои дигар халқҳост. (саҳ. 5). Хулосаи мазбури муҳаққиқ пероста ба мадорики боэътимод аст, ки минбаъд дар мақолаи ин китоб матраҳ мешавад.
Дар шинохти асолати фарҳанги миллӣ бояст, ки бинои бузурге дар пирояи садоқату самимият ба арзишҳою ормонҳои миллӣ тамҳид кард, то ки сафинаи ихтиёрамон дар ҳаводиси хатарзои ҷаҳонишавӣ ғарқ нашавад ва киштии орзую омоли халқу Ватанамон бе осеб ба соҳили мурод бирасад, зеро мавҷи дурўғу фиреби дастандаркорони ин тамоюл аз баҳри тамаъ ба корҳои гўшношунид қодиранд. Аз ин дидгоҳ, таъбири “косаи камтар аз ош”, набошем, ки муаллифи мақолаи “Ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги миллӣ” дар фуровард гўшзад кардааст, ҳушдор сохтани насли имрўзу фардост, ба хотири эмин будан аз омилҳои даҳшатангези замони муосир.
Мақолаи “Фарҳанги бостонии тоҷикон ҷузъи таркибии фарҳанги ориёӣ-эронӣ” ба тафсири ҷузъиёти муҳимми адабию илмӣ - “турониёни бостонӣ” “умумияти ҷаҳоншиносиву ҷаҳонфаҳмии ниёгонамон - ориёиёни эрониву туронӣ”, шарҳи таъбири “Ҷоми Ҷам” ё “Ҷоми ҷаҳоннамо ё гетинамо” ва амсоли ин ёдгориҳои моддии фарҳангӣ - муҷассамаҳою тасвирҳои нодире, ки баёнгари ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии ниёгонамон ба шумор мераванд, бахшида шуда, эътибору нуфузи ҷаҳоншиносии ориёӣ ба таври муҷазу равшан воқеъбинона тасвир шудааст.
Ҳарфи усулӣ дар мақолоти маҷмўа он аст, ки фарҳанги бостонии тоҷикон бо вежагиҳои худ ҷузъи таркибии фарҳанги ориёӣ-эронӣ буда, ёдгориҳои таърихию ҳунарии он ҷаҳони маънавии мардуми ориётаборро бозтоб менамояд. Ба қавли муаллифи асар “... ҳар як осори санъатӣ, хоҳ меъморӣ ва хоҳ тасвириву нафиса, дорои ҳадаф ва фалсафаи хосе мебошад, ки бар асоси ҷаҳонфаҳмиву ҷаҳонбинии ҳамон давра эҷод шудааст...” (саҳ. 13).
Дар мақолаи “Маориф ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ” донишманди равшанзамир бо қатъияту сароҳат аз нақши таълиму тарбия дар низоми фарҳангии ҷомеа сухан гуфта, таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас шудааст: “Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои зеринро амалӣ мекунад” (саҳ. 15).
Ба масъалаи фавқ мутаваҷҷеҳ шудани муаллиф аз он хотир аст, ки воқеан ҳам дар замони модернсозии низоми маориф хатари нузули хотираи таърихи ифтихори миллӣ рўиҳамрафта ҳувияти миллӣ миёни насли нав эҳсос мешавад. Ва барои шарҳи матлаби болозикр низоми таҳсилоти кредитӣ (системаи Болон) дар мақола тавзеҳ меёбад. Дар ин росто, муаллиф низоми кредитии таҳсилотро тақозои замон шуморида, ҷавобгўи ниёзҳои ҷомеаи пешрафта медонад, аммо аз тарҳи татбиқи он дар кишвар мушавваш аст, ки ин нигаронӣ асос дорад ва матлабро воқеъбинона тавзеҳ медиҳад: “... дар кишварҳои Ғарб ва фароиндустралии ҷаҳон низоми кредитии таҳсил пеш аз ҳама аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ оғоз гардидааст...
Мутаассифона, давлатмардони мо ҳангоми пазириши ин барнома аз тарафи созмонҳои дилсўзи байналмилалӣ чунин тафовути ба назар ҷузъӣ, аммо хело хатарнокро нодида гирифтанд...” (саҳ. 17). Аз ин нуқтаи назар, низоми омўзиши мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар оянда бо назардошти талаботи низоми кредитии таҳсилот бояд таҷдиди назар шавад, зеро минбаъд чунин раванд ба суди таълиму тарбия дар мамлакат нахоҳад буд.
Гузашта аз ин, хулосаи зери муаллиф оид ба нақши маориф дар рушди фарҳанги миллӣ ба маврид буда, як навъ дастурест, ки риояти он аз ҷониби масъулини соҳа ба манфиати раванди таълиму тарбия дар ҷумҳурист: “...маориф на фақат василаи фарогирии дониш, балки омили тағйирдиҳандаи муносибати инсон ба муҳити табиӣ ва рафтори ў дар муҳити иҷтимоӣ низ ҳаст.
Зеро ба ақидаи аксари донишмандон, маориф на танҳо фарогирии малакаҳои муайяни ақлониву истеҳсолист, балки шароити фарҳангии зиндагиву фаъолияти фард, яъне наздикшавии шахс ба арзишҳои олии маънавию ақлонӣ низ маҳсуб мешавад...” (саҳ. 22).
“Забон, тафаккур ва истиқлолияти миллӣ” мақолаи навбатӣ номгузорӣ шуда, тафсилоти мазмун дар ду зермавзуъ “Забон ва истиқлолияти миллӣ” ва “Тафаккури миллӣ бар пояи забони миллӣ”- фароҳам омадааст.
Назари иҷмолии муаллиф дар зермавзуи аввал дар бораи забон, тафаккур ва истиқлоли миллӣ бар пояи таърихи хеле ҳам мухтасари гузаштаи мамлакатамон сурат гирифта, ин нуктаи мусалламро собит месозад, ки забон дар пойдориву рушди давлати миллӣ нақши муассир дошта, нуфузи он бояд ҳамеша аз ҷониби давлат ҳифз шавад. Бинобар ин, марҳилаҳои мушкили давраҳои таърихӣ, аз замони Хилофати араб ва минбаъд истиқлолияти сулолаҳои маҳаллии Хуросону Мовароуннаҳр ба риштаи тасвир кашида шуда, нуктаи баҳси забони миллӣ бо сухани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст мешавад:
“Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаи ахир ба назари ман аз кўшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз меёбад” (саҳ. 25).
Дар зермавзуи “Тафаккури миллӣ бар пояи забони миллӣ” масъалаи муқовимати солим дар шароити ҷаҳонишавиро дар тафаккури созанда бар асоси забони миллӣ шуморидааст.
Баъд аз васфи ғановату тавонои забони тоҷикии форсӣ, дар шароити феълии дигаргуниҳои техноложӣ дар ҷаҳони муосир, гузаштан ба тафаккури таҳлилӣ таъкид мешавад ва ба рушду мондагорияш боис мегардад. Бар мабнои воқеияти ҳукмфармо ва душвории табиии ҷомеаи мо диққати донишманди некандешро ҷазб менамояд. Муаллиф менависад: “Ҷомеаи шарқӣ, аз ҷумла Тоҷикистони мо, дар марҳилаи таърихи гузариш қарор дорад, ки беш аз ҳафтод дар сади мардуми кишвар бо биниши асотирӣ - хурофотӣ зиндагӣ мекунанд. Чунки руҳонияти мо бо милокҳои асримиёнагӣ умр ба сар мебаранд ва дар муқобилашон қишри маъдуди зиёӣ ё ба қавле “рушанфикр”-и мо то ҳадде талош мекунанд, ки бо тафаккури муосир ҳамқадам бошанд. Мутаассифона, ин ду қишри ҷомеа якдигарро наметавонанд бифаҳманд.
Зеро замонаи тафаккури руҳонияти мо забони арабист, бар пояи тафаккури мазҳабӣ – асотирӣ. Заминаи тафаккури рушанфикрони мо бештар забони русӣ ва ҳам аҳёнан англисист, бар пояи андешаи то ҳадде таҳлилӣ. Ҳар ду қишр тафаккурашон бар пояи забони миллӣ нест ва мушкили аслӣ низ дар ин ҷост» (саҳ. 29)... Яъне, роҳи ин мушкилот – тафаккури нави созанда бар пояи забони миллиро бояд пайдо кард.
Аҳаммияти илми фарҳангшиносӣ дар тарбияи мутахассисони замони муосир дар мақолаи “Нақши илми фарҳангшиносӣ дар тарбияи мутахасисони замони нав” ба таври мушаххас баррасӣ шуда, хидмат ва вазифаҳои муҳимми он дар ҷомеа хеле равшан изҳор шудааст.
Ин нукта дар мақола чунин таъкид мешавад: “...фарҳангшиносӣ асос ва заминаи донишҳои башарии (гуманитарии) муосир маҳсуб мешавад ва махсусан дар тарбияи мутахассиси замони нав нақши барҷаста дорад” (саҳ. 34).
Қисмати дуюми китоб – “Дар ҳошияи гуфтугўи тамаддунҳо” аз мақолаҳои “Мафҳуми “Шарқу Ғарб” дар фарҳангшиносии муосир”, “Робитаҳои фарҳангии Суғди қадим ва Ҳинди бостон”, “Андешаҳои Конфутсий ва Афлотун доир ба масоили мактабу маориф”, “Нигоҳе ба “Ғарбзадагӣ”-и Ҷалол Оли Аҳмад”, “Луӣ Мосинюн. Нақши фарҳанги эронӣ дар шукуфоии тамаддуни араб”, “Аъзам Раҳнаварди Зарёб. Шариат ва суннат дар баробари таҷаддуд” иборат буда, масоилеро манзур менамоянд, ки дархўри даврони ҷаҳонишавист ва дар онҳо ҷанбаҳои вижаи зерини дурандешӣ вобаста ба авзои ҷаҳони муосир бозгў шудаанд. Таърихи рушду нумуи фарҳанг, тавофут ва бартарии фарҳанги Шарқу Ғарб, назарияи фалсафаи таърихии Гегел оид ба Шарқ, назари созишкоронаи фарҳангшинос К.
Ясперс, робитаҳои ақидатӣ ва фарҳангии мурдуми суғди Панҷакенти бостон бо сарзамини бузурги Ҳинд дар асрҳои V ва VII мелод, андешаҳои А. М. Беленитский – бостоншиноси маъруф роҷеъ ба деворнигораҳои Панҷакент, робитаҳои мутақобилаи Вароруд, хосса Суғду Ҳинди бостон, дидгоҳи Конфутсий ва Афлотун доир ба маорифу низоми таҳсилот, бо як сухан тавзеҳ додани “Ғарбзадагӣ”-и Ҷалол Оли Аҳмад, аз ҷумла “...то замоне, ки ба улуми ҷадиду технологияи нав ошно нашавем ва сохтани машинро ёд нагирем, ғарбзада боқӣ мемонем...” (саҳ. 66) арзиши пурмуҳтавои маҷмўаҳои “Рўҳи Эрон”-и Луӣ Мосинюн ва мусоҳибаи нависандаи маъруфу пажўҳишгари риштаи адаб ва фарҳанги Афғонистон Аъзам Раҳнаварди Зарёб бо хабарнигор Сируси Алинажод – “Шариат ва суннат дар баробари таҷаддуд” дар китоб фароҳам омадааст.
Воқеан, донишманди некбин Олимҷон Хоҷамуродов роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ ва рисолати ин ҷанбаи аслии маънавӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ андешаҳои меҳвариеро мавриди баҳс қарор додааст, ки барои насли имрўзу баъдӣ аҳаммияти махсусро молик мебошад. Танҳо дар як мақола гунҷондани кулли паҳлуҳои афкори муаллиф аз доираи имкон берун буда, бо умеди мавриди мутолиаи доираи васеи хонандагони соҳибзавқ қарор гирифтани китоби “Ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги миллӣ” афкори худро анҷом медиҳем.




