Зеҳн

ИНКИШОФИ НУТҚИ ХОНАНДАГОН ДАР ДАРСҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЗЕ
Зеҳн8 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Забони тоҷикӣ аз забонҳои бой ва таърихи қадимидошта маҳсуб меёбад. Мо, ворисон, маҳз тавассути он аз таъриху маданияти ғаниву рангини гузаштагонамон огоҳӣ ёфта, имрўз бо ҳамин забон баҳри рушду нумўъ ва пешбурди тамоми соҳаҳои фаъолияти фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар талош меварзем. Аз ин рў, омўзишу таълими забони тоҷикиро бояд аз масоили муҳим шуморид, ки иҷрои он дар мактаби таҳсилоти умумӣ сурат мегирад. Мушаххастар карда гўем, мақсад ва вазифаи таълими забони тоҷикӣ ҳамчун фанни таълимӣ, дар мактаб ин аст, ки хонандагонро:

-ба дарки рисолати забон мусоидат намуда, дар бораи забони адабии ҳозираи тоҷик маълумоти қонеъкунанда диҳад;

-маҳорату малакаи дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ва ҳаёти ҷамъиятӣ моҳирона истифода бурдани он донишҳоро (чи дар нутқи шифоҳӣ ва чи хаттӣ) омўзонад;

-ба мустақилона дониш андўхтан ва мунтазам такмил додани нутқи хеш имкон фароҳам орад;

-донишҳои доир ба имло ва аломатҳои китобат гирифтаро ба низом дароварда, дар ин бобат маҳорату малакаи хонандагонро таҳким бахшад.

Аз зикри ин вазифаҳо бармеояд, ки инкишофи нутқи шифоҳию хаттии хонандагон ва маҳорату малакаи онҳо дар ин самт муҳимтарин масъалаҳои таълими забон ба шумор меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки забон воситаи омўзиши ҳамаи фанҳо мебошад. Хонандагон дар ҳамаи дарсҳо сухан мекунанд, баёни устодонро гўш мекунанд, менависанд. Омўзгорон дар навбати худ ба нутқи хонандагон диққат медиҳанд, маънои вожаҳо ва истилоҳоти навро мефаҳмонанд, ба муназзамӣ ва ифоданокии ҷавобҳо эътибор медиҳанд. Аммо танҳо дар дарсҳои забони тоҷикӣ масъалаҳои инкишофи нутқ мақсаднок, бо низоми муайян, бо такя ба донишҳои лингвистӣ ва маҳорату малакаи забонии хонандагон амалӣ мегардад.

Ҳангоми муқаррар кардани самт ва мазмуни кор оид ба инкишофи нутқ бояд дар назар дошт, ки хонандагон аллакай дар сатҳи муайян дар корбурди забони модарии худро балад ҳастанд, аммо тақозои стандарт ва барномаҳои таълимии давлатӣ ин аст, ки нутқи хонандагон зина ба зина такмил дода шавад. Чунончи, барои инкишофи нутқи хонандагон барои синфи 5 - 15 соат, барои синфи 6 - 25 соат, барои синфи 7 - 20 соат, барои синфи 8 - 14 соат, барои синфи 9 - 15 соатҳо ҷудо шудаанд, ки дар асоси талаботи инкишофи нутқи мураттаб иҷро мегарданд. Самтҳои асосии кор аз инҳо иборатанд:

Маълумоти умумӣ додан дар бораи услубҳои забони адабӣ;

Навиштани хабар ба рўзномаи мактаб;

Нақли афсона, латифа ё ҳикоя (дар синф), навиштани мазмуни асосии онҳо (дар хона);

Иншо дар мавзўъҳои гуногун (дар хона), қироат ва муҳокимаи он (дар синф);

Навиштани навъҳои гуногуни мактуб ва пур кардани лифофа;

Навиштани намунаи ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ;

Нақли муфассали мазмуни матни ҳикоя;

Тартиб додани нақшаи ҳикояҳо ва матнҳои нақлшуда;

Нақли мухтасари филм ё намоишнома;

Муколама ва баҳодиҳӣ ба намоиши телевизион ё гуфтори радио;

Мубоҳиса оид ба масъалаҳои мухталифи одоби муошират;

Озмун: Қироати шеърҳо;

Озмун: Навиштани иншо.

Ҳадафи инкишофи нутқи хонандагон ин, аз як тараф, вусъати дониш, аз ҷониби дигар,

малакаи корбурди забон мебошад, зеро чунонки аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар дарсҳо аксари хонандагон дар ифодаи фикрашон ҳам дар шакли шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ душворӣ мекашанд. Бидуни кори муназзам роҷеъ ба инкишофи нутқ (дар дарсҳои махсуси инкишофи нутқ, ҳангоми омўхтани мавзўъҳо, машғулиятҳои берун аз дарс) расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ ғайриимкон аст. Масъалаи мазкур инчунин аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки хонандагон аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳон месупоранд ва шарҳи қазияҳои назарию амалӣ, амсоли таҳлил ва таснифи далелҳои забонӣ, маънидоди ҳодисаҳои забонӣ аз нуқтаи назари мувофиқат ба меъёрҳо, таҳлили воҳидҳои забонӣ аз нуқтаи назари саҳеҳ, дақиқ ва бамаврид истифода будани онҳо, истифодаи усулҳои асосии коркарди матн, баҳогузорӣ ба гуфтор ва навиштори шогирдон аз лиҳози маданияти нутқ, муассирӣ ва ифоданокии тарзи баён, таҳлили лингвистии матнҳои шохаҳои услубҳои гуногун, эҷоди мустақилонаи матн мувофиқи вазифаҳои гузошташуда талаб карда мешавад. Барои расидан ба ҳадаф оид ба ташаккул ва инкишофи нутқи хонандагон омўзгорро зарур аст дар ин самт кор барад:

А. Самти коммуникативӣ:

• донистани рисолати забон дар ҳаёти шахс, ҷамъият ва сиёсат;

• истифодаи огоҳонаи маводи лексикию грамматикии забон дар соҳаҳо ва ҳолатҳои гуногуни муошират, ки ба фаъолият, хусусиятҳои психологӣ ва шавқу рағбати хонандагон марбутанд;

Б. Самти забонӣ:

• донистан ва дар амал татбиқ карда тавонистани меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ;

• ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва такмили маҳорат оид ба истифодаи имкониятҳои воситаҳои грамматикии забон.

В. Самти фарҳангӣ:

• донистан ва дар амал татбиқ кардани қоидаҳои одоби муошират вобаста ба забон;

• истифодаи воситаҳои лексикию грамматикии забон дар омўзиши масъалаҳои фарҳанги миллӣ.

Ташаккули нутқи саҳеҳ аз омўзиши воҳидҳои асосии забон (овоз, калима, ибора, ҷумла) ба даст меояд, ки ин масъала ҳам дар Барномаи таълимии забони тоҷикӣ ва ҳам Стандарти давлатии забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва он низ ҳадафи асосии таълим - таъмини инкишофи нутқи хонандагон, ташаккули маҳорат ва ҳосил намудани малакаи озодона гуфтан ва навиштан бо забони модарӣ нигаронида шудааст. Барои арзёбии ин мақсадҳо, яъне сатҳи ташаккули инкишофи нутқи хонадагон барои таҳлил ду синфро мегирем:

Пеш аз шурўъ ба амалӣ намудани ҳадафҳо дар бораи сатҳи дониш, малакаҳо ва маҳорати хонандагон бояд тасаввурот ҳосил мекардем. Бо мақсади муайян кардани доираи масъалаҳое, ки ба тариқи фаврӣ бояд ҳаллу баррасӣ мешуданд, пурсиши даҳонӣ гузаронида шуд. Вале баҳои худи хонандагон оид ба донишу малакаҳои онҳо наметавонист, ки манзараро воқеӣ баён созад, бинобар ин зарурати ба таври объективӣ баҳо додан ба дониши хонандагон пеш омад, ки ба воситаи кори амалӣ сурат гирифт: хонандагон бояд дар ҷараёни дарсҳо вазифаҳоеро иҷро мекарданд, ки имконияти мушоҳидаи сатҳи воқеии донишу малакаҳои онҳоро доир ба масъалаи омўхташаванда фароҳам меовард. Маълумот дар феҳрастҳои махсуси ташхисӣ, ки дар ҷараёни кор мураттаб мешуданд, қайд мегардиданд, яъне баҳогузорӣ карда мешуданд. Маълум шуд, ки бачагон як андоза сатҳи ДММ (дониш, маҳорат, малака)-и худро баланд баҳогузорӣ мекардаанд. Мо ба вазъи инкишофи нутқи хатти хонандагон, ки дар намуди корҳои хаттӣ гузаронида шуданд, холгузорӣ намудем ва аз холҳо аён гардид, ки барои ҳар ду синф супоришҳои додашуда мушкиланд, зеро холҳо хеле паст мебошанд - камтар аз нисфи холи баландтарин, ки баробар ба 3 хол аст.

Бо назардошти масъалаҳои назариявӣ ва амалие, ки зикрашон дар боло рафт, барои хубтар ба роҳ мондани корҳои таълимӣ оид ба инкишофи нутқи хонандагон чунин тавсия медиҳем:

• зиёд кардани миқдори соатҳое, ки барои инкишофи нутқи хонандагон ҷудо шудаанд;

• баъд аз гирифтани ҳар як кори хаттӣ гузаштани дарсҳо барои ислоҳи хатоҳо, дарсҳо барои такмили мундариҷа ва забони иншоҳо (нақлҳои хаттӣ);

• баргузор кардани дарсҳои иловагӣ ва машваратҳои инфиродӣ бо хонандагон роҷеъ ба навиштани иншо (нақли хаттӣ);

• интихоби барномаи машғулияти факултативӣ, ки ба инкишофи нутқи хонандагон мусоидат менамояд ва бо он фаро гирифтани доираи васеи хонандагон;

• таҳлили адабиёти методӣ бо мақсади такмили технологияи таълим: методҳо ва шаклҳое, ки барои дар муддати кўтоҳ расидан ба ҳадаф имкон медиҳанд;

Дар ҷараёни кор маълум шуд, ки амалӣ намудани тадбирҳои зерин мувофиқи матлаб аст:

  1. кори ҳаррўза бо калима, ибора, ҷумла, матн вобаста ба услубҳои гуногуни нутқ, махсусан бо матни асарҳое, ки дар дарсҳои адабиёт омўхта мешаванд;

  2. истифодаи унсурҳои таълими фаъол, ки онҳо барои такон додани фаъолияти маърифатии хонандагон мусоиданд;

  3. ташкили машғулияти факултативии «Назария ва амалияи иншо дар жанрҳои гуногун»;

  4. кори беруназсинфӣ доир ба забон ва адабиёти тоҷик.

Иҷрои баъзе машқҳои марбут ба нутқ, ки омўзгорони пешқадам (масалан, муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби президентии шаҳри Чкалов Раҳимова М.) дар дарсҳо истифода мебаранд:

• диктант: аз хотир;

• иншои хурд бо калимаҳои калидӣ;

• бозии «тафовутро фаҳмон»;

• тартиб додани ибора (ҷумла, матн) аз рўйи нақша ё намуна;

• «якҷоя намудан»-и калимаҳои пароканда ва созмон додани ҷумлаҳо.

Методисти машҳури рус К. Д. Ушинский тавсия намуда буд, ки баъди хондани як матн аз рўйи

он сўҳбати озод кардан мувофиқи мақсад аст. Бинобар ин бояд ҳар омўзгор кўшиш намояд, ки бо истифодаи саволҳои эвристӣ хонандагонро ҳарчи бештар ба муҳокимаи матн ҷалб намояд (унсури усули фаъоли таълим).

Ҳамин тариқ, кори мақсаднок ва мунтазам оид ба инкишофи нутқ имкон медиҳад, ки на танҳо тафаккур, мушоҳидакорӣ, муносибати эҳтиёткорона ва андешамандонаи хонандагон ба забони модарӣ инкишоф ёбанд, балки он дар рушди ҳаматарафаи маданияти насли наврас мусоидат намояд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2