Зеҳн

Мигрен: сабабҳои пайдоиш ва нишонаҳои беморӣ

ЗЕ
Зеҳн8 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Шояд бисёриҳо номи ин бемориро шунида бошанд, вале то кадом андоза ҷонкоҳ будани сардарди мигрениро танҳо шахсе дарк карда метавонад, ки мигренро аз сар гузаронидааст.

Маъмулан, дар поёни фасли тирамоҳ ва омад-омади зимистон, бо сабаби тағйирёбии обу ҳаво, ранҷу азоби баъзе гирифторони бемории мигрен бештар мешавад.

Аз ҳамин хотир, бо мақсади кумак ба ин тоифа, мо имрӯз дар бораи сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирӣ ва табобати мигрен каме маълумот медиҳем.

Сардарде, ки дар ҳавои сард авҷ мегирад

Мигрен як навъи бемории асаб мебошад, ки бо хуруҷҳои такроршавандаи дарди сар зоҳир мегардад. Тағйирёбии ҳарорат, фишори атмосферӣ ва ҳавои гарму хушки хона дар моҳҳои нисбатан сарди сол метавонанд боиси авҷ гирифтани мигрен дар баъзе одамон гарданд.

Стресс ва асабонияти зиёд низ метавонанд боиси шиддат гирифтани сардарди мигренӣ гарданд. Кам шудани рӯшноии офтоб ва тағйир ёфтани реҷаи хоб низ метавонанд ба хуруҷи мигрен таъсир расонанд.

Нишонаҳои мигрен

Нишонаҳои асосии мигрен дилбеҳузурӣ, ҳассосият ба рӯшноӣ ва садо, инчунин дарди шадиди сар мебошанд.

Сабабҳои авҷ гирифтани беморӣ

Омилҳои зиёде ҳастанд, ки метавонанд боиси якбора авҷ гирифтани сардарди мигренӣ гарданд, вале муҳимтарини онҳо инҳоянд:

Ҳавои хунук

Якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва тағйир ёфтани фишори атмосферӣ метавонанд дар баъзе одамон хуруҷи мигренро ба вуҷуд оранд. Аммо таъсири ин омилҳо ба ҳамаи гирифторони мигрен яксон нест.

Камфаъолиятӣ

Аксари одамон дар мавсими сармо камҳаракат шуда, хеле кам ба кӯча мебароянд. Камфаъолиятӣ ва тағйир ёфтани тарзи муқаррарии зиндагӣ метавонанд ба зиёд шудани хуруҷҳои мигрен мусоидат кунанд.

Ҳавои хушки утоқи хоб

Асбобҳои гуногуни барқие, ки барои гарм кардани хона ва утоқҳои корӣ дар айёми сармо истифода мебарем, метавонанд ҳавои хонаро хушк созанд.

Ҳавои хушк метавонад ба камобшавии организм мусоидат кунад. Камобшавии организм яке аз омилҳои маъмули барангезандаи сардард ва хуруҷи мигрен ба шумор меравад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2