Зеҳн

Аз хатарҳои гепатит то бемориҳои дигари сироятӣ

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Исфандиёр Нодиров: «Барои табиб аз шифо ёфтани бемор дида чизи муҳимтаре вуҷуд надорад»

Ба ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз байни садҳо нафар табибон беҳтаринҳоро интихоб мекунанд.

Яке аз пешсафони ин озмун табиби сироятшинос Исфандиёр Нодиров мебошад, ки дар давраи бисёр душвор ва ҳассоси пандемияи COVID-19 дар наҷоти ҷони садҳо нафар бемор саҳм гузоштааст.

Аз ин рӯ, мо ин табиби ҳозиқро ба студия даъват намудем, то дар бораи фаъолияти касбӣ, хотираҳои давраи пандемия, бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгириву табобати онҳо бо ӯ суҳбат намоем.

Ҳидояти модаркалон

– Исфандиёр, чӣ боис гардид, ки маҳз касби табибиро интихоб намоед ва чаро ҷарроҳ ё духтури дандон нею маҳз сироятшинос шудед?

– Аввалан, табиб шудан орзуи амалинагардидаи падари азизам буд. Баъдан, модаркалонам аз овони кӯдакиам доим мегуфтанд, ки писари ман табиб мешавад. Ҳидояти модаркалонам дар дили ман орзуи табиб шуданро парварид ва ҳарчанд бархе аз наздикон мехостанд маро аз роҳам гардонанд, ба интихоби худ устувор мондам.

– Дар ҳаёти табибон муъҷизаҳо зиёд рӯй медиҳанд. Кадом воқеаи муъҷизавӣ дар фаъолияти тиббиатон то имрӯз дар лавҳи хотиратон нақш бастааст?

– Бале, шифо ёфтани беморони ниҳоят вазнин, ки дар дами марг қарор доранд, худ як муъҷиза аст. Чунин ҳодисаҳо дар таҷрибаи кории ман кам набуданд, вале кӯдаки 10-солаеро, ки ҳамагӣ 7 килограмм вазн дошт, ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам.

Кӯдак ба ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) сироят ёфта, аз норасоии шадиди масунияти бадан азият мекашид ва ҳолаташ бениҳоят вазнин буд. Тӯли 63 шабонарӯз ману ҳамкасбонам барои наҷоти ҷони ӯ бо марг дасту гиребон шудем. Шукри Худо, ки тавонистем кӯдакро аз он ҳолати вазнин наҷот диҳем. Имсол ҳамон бача синфи 11-ро хатм намуд. Мо то имрӯз бо ин оила рафтуомад дорем.

Замони донишҷӯӣ низ ману як духтараки бадахшонӣ, ки ҳамсабақам буд, як мӯйсафеди беморро, ки ба ҳолати марги клиникӣ гирифтор шуда буд, дубора ба зиндагӣ баргардонида будем.

Таҷрибаи COVID-19

– Тамоми давраи пандемияи COVID-19 шумо дар ҷойи кор ва дар паҳлуи беморон будед. Он рӯзҳо шахсан барои шумо чӣ гуна гузаштанд?

– Дар ҳақиқат, рӯзҳои бениҳоят вазнин буданд. На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон пандемия мушкилоти зиёдеро ба миён овард.

Чанд моҳ дур аз модар ва фарзандон шабонарӯзӣ дар беморхона кору фаъолият доштем. Дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду соат хоб мекардем, вале хушбахтона, ҳамааш паси сар шуд.

– Оё лаҳзаҳое буданд, ки ҳамчун табиб худатон ҳам аз вазъият ҳаросидед ё эҳсос кардед, ки дигар қуввати мубориза бо ин вабои асрро надоред?

– Не, ягон маротиба эҳсоси тарс аз ҷони худ маро фаро нагирифтааст, аммо як лаҳзаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам.

Рӯзҳои аввали бақайдгирии ҳолатҳои COVID-19 ва эълони пандемия дар Тоҷикистон буд. Занг зада, аз додарам хоҳиш кардам, ки аҳли хонаводаро ба Исфара барад.

Барои худоҳофизӣ бо мошин назди беморхона омаданд. Фарзандонам он вақт хеле хурд буданд. Онҳо ҳама бо ниқоб аз беруни беморхона ва ман аз ин сӯи панҷара ба ҳамдигар менигаристем.

Чашмони фарзандонам пур аз ашк буданд. Тоқати дидани ин манзараро накарда, ман ҳам ашк рехтам. Фикр мекардам, ки ин чӣ ҳолест, ки ҷигарбандонат дар рӯ ба рӯят истодаанду наметавонӣ онҳоро ба оғӯш бигирӣ ва бибӯсӣ...

– Аз пандемияи COVID-19 ҳамчун табиб чӣ дарс гирифтед?

– Аввалан, таҷриба. Таҷрибаи бузурги табибӣ, таҷрибаи одамшиносӣ ва таҷрибаи кор дар ҳолатҳои фавқулода.

Баъдан, бори дигар ба бузургии гузаштагонамон сари таъзим фуруд овардам, ки гуфтаанд:

Дар ноумедӣ басе умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.

Ва ё:

Вирус имтиҳони Худованд пеши мост,
Умед зинда дор, корона муваққатист...

Дар бораи бемориҳои сироятӣ

– Имрӯз мардум бештар ба кадом бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд ва кадоме аз онҳо нигаронкунанда ҳастанд?

– Аз ҷумлаи бемориҳои сироятии нигаронкунанда, пеш аз ҳама, гепатитҳои вирусии В ва С, инчунин сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошанд. Хушбахтона, имсол авҷгирии назарраси қисми зиёди ин бемориҳо мушоҳида намешавад.

Аммо бояд гуфт, ки баъзе бемориҳои сироятӣ хусусияти мавсимӣ доранд. Масалан, дар фасли гармо бемориҳои сироятии рӯда бештар паҳн мешаванд.

– Ҳангоми гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ одамон бештар ба кадом хатогиҳо роҳ медиҳанд ва кадом андешаҳои дар байни мардум паҳншуда нисбат ба чунин бемориҳо асос надоранд?

– Хатои асосӣ ҳангоми гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ даст задан ба худмуолиҷа ва сари вақт ба табиб муроҷиат накардан мебошад.

Ба мактаб ва муассисаҳои томактабӣ фиристодани кӯдакони гирифтори бемориҳои сироятӣ хатои дигари волидон аст. Зеро ин амал метавонад боиси паҳншавии беморӣ дар байни кӯдакони дигар гардад.

– Ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ аксарияти одамон бе тавсияи духтур антибиотикҳоро истифода мебаранд. Ин чӣ хатар дошта метавонад?

– Худмуолиҷа ва истифодаи нодурусти доруҳои зиддибактериявӣ метавонанд оқибатҳои нохуш дошта бошанд.

Аз ҷумла, вайрон шудани мувозинати микрофлораи рӯда, пайдо шудани устувории микроорганизмҳо ба доруҳои зиддибактериявӣ ва таъсири заҳрноки баъзе доруҳо ба ҷигару гурда аз ҷумлаи чунин оқибатҳо мебошанд.

Ҳамчунин, баъзе доруҳои зиддибактериявӣ барои кӯдакон маҳдудиятҳои ҷиддӣ доранд ва истифодаи онҳо танҳо дар ҳолатҳои муайян, бо тавсияи табиб, иҷозат дода мешавад.

Бояд дар хотир дошт, ки антибиотикҳо бар зидди бактерияҳо таъсир мекунанд, на бар зидди вирусҳо. Аз ин рӯ, ҳангоми ҳар гуна бемории сироятӣ истифода бурдани онҳо дуруст нест.

– Агар аз шумо хоҳиш кунанд, ки ҳамчун табиби сироятшинос ба мардум дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ маслиҳат диҳед, чӣ тавсияҳо медодед?

– Барои нигоҳ доштани саломатӣ ва тақвияти муҳофизати организм ду самти асосӣ аҳамият доранд.

Якум, риояи тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои солим, обутоб додани бадан, машғул шудан бо варзиш ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Дуюм, иммунизатсия, яъне тавассути эмгузаронӣ пешгирӣ кардани бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда мебошад.

Иммунизатсия яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои хатарноки сироятӣ ба ҳисоб меравад.

«Табиби сол – 2026»

– Шумо ғолиби озмуни «Табиби сол – 2018» ва яке аз иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҳастед. Мехостем назаратонро ба ин озмун бидонем.

– Ростӣ, иштироки ман дар Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» тасодуфӣ буд. Ҳамкорам Шарифзода шӯхӣ ба шӯхӣ маро дар сомонаи samt.tj ба озмун ҳамроҳ кард.

Аммо назарам ба озмун нек аст. Аввалан, бо ҳамин роҳ табибон ба мардум бештар муаррифӣ мешаванд.

Асри мо асри технологияҳои рақамӣ аст. Таҷрибаи баҳогузории фаъолияти табибон дар аксари давлатҳо вуҷуд дорад. Муроҷиаткунандагон ва беморон аз рӯйи баҳогузорӣ ва андешаҳои дигарон табиб интихоб мекунанд.

Гузоштани шарҳу эзоҳ ва изҳори назар аз як тараф барои қадрдонӣ кардани меҳнати шабонарӯзии табибон муҳим аст.

На ҳар бемор дар утоқи табиб метавонад миннатдорӣ ва фикрҳои худро баён намояд, вале дар паси экрани компютер ё телефон озодона метавонад сухани дилашро нависад.

Ҳамчунин, ин платформа барои ошкор ва ислоҳ кардани камбудиҳо ва нуқтаҳои заъфи фаъолияти табибон кӯмак мерасонад.

Дар маҷмӯъ, озмун ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва муомилаву муоширати байни табибон ва мардум мусоидат менамояд.

– Шахсан барои шумо ҳамчун яке аз иштирокчиёни пешсафи озмун чӣ муҳимтар аст: эътирофи ҳамкасбон, қадрдонии беморон ё ғолиб омадан дар озмун?

– Барои ман на ғолибият, балки эътирофи ҳамкасбон ва қадршиносии беморон муҳим аст. Барои табиб аз шифо ёфтани бемор, бахусус кӯдаки бемор, дида чизи муҳимтаре вуҷуд надорад.

Дар бораи ҳаёти шахсӣ

– Табиб ҳам инсон аст. Баъди рӯзи пурмашаққати корӣ чӣ тавр хастагӣ ва фишори равониро бартараф мекунед?

– Хастагиамро тавассути сайругашт, қадамзанӣ, гӯш кардани мусиқӣ, суҳбат бо дӯстони самимӣ ва аҳли илму адаб, китобхонӣ ва боғбонӣ мебарорам.

– Мехоҳед фарзандонатон низ мисли шумо табиб шаванд?

– Фарзандони ман ҳанӯз хурд ҳастанд, вале аз ҳозир эҳсос мекунам, ки орзуи табиб шуданро доранд.

Агар бо гузашти вақт тасмимашон тағйир наёбад, албатта, дастгириашон мекунам. Вале агар нахоҳанд, маҷбурашон намекунам, зеро бидуни муҳаббат ба касб инсон дар ягон соҳа пешрав намегардад.

– Орзуе доред, ки то ҳол амалӣ нагашта бошад?

– Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.

Орзуи аввалинам ин аст, ки рисолаи номзадиамро, ки дар арафаи анҷомёбист, ҳимоя намоям ва ба корҳои илмӣ идома диҳам.

Орзуҳои дигари амалинагардидаам низ бо ёрии Худованд амалӣ хоҳанд гашт.

– Агар ҷавоне назди шумо омада бигӯяд, ки мехоҳад табиб шавад, ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳед?

– Албатта, тавсия медиҳам, ки сироятшинос шавад. Сироятшиносӣ дар мамлакатҳои рӯ ба рушд яке аз ихтисосҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, иқлими гарми мо барои паҳншавии баъзе бемориҳои сироятӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, ба мо сироятшиносони ботаҷриба заруранд.

Вале пеш аз он ки сироятшиноси хуб шавӣ, бояд терапевт ё педиатри хуб бошӣ, чунки ин ихтисос дониши амиқ, меҳнату заҳмат ва фидокории зиёдро талаб мекунад.

– Ба онҳое, ки шуморо дар озмуни «Табиби сол – 2026» ҷонибдорӣ кардаанд, чӣ таманно доред?

– Пеш аз ҳама, ба ҳамаи онҳое, ки маро дастгирӣ кардаанд, миннатдории самимии худро баён менамоям.

Таманно дорам, ки ҳеҷ гоҳ бемор нашаванд. Бигзор мо, табибон, ҳамеша раҳнамои мардум дар риояи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ бошем.

Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишварамон самимона муборакбод мегӯям.

Бигзор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша гул-гул шукуфон бошад. Осмони Тоҷикистони офтобӣ ҳамеша софу беғубор ва лабони мардумаш пур аз ханда бод!

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2