Зеҳн

Иммунизатсия кӯдаконро чӣ аз хатари маъюбӣ эмин медорад?

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Аз 26 октябр то 6 ноябр дар ҷумҳурӣ маъракаи иммунизатсияи кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола бар зидди бемориҳои сурхакон ва гулафшон гузаронида мешавад. Ин бемориҳо чӣ хатар доранд ва чаро кӯдаконро бар зидди онҳо иммунизатсия мекунанд?

Барои ба ин ва дигар саволҳои муҳим посух гирифтан мо бо табиби сироятшиноси кӯдакона Мурод Рустамович Гадойбоев суҳбат оростем.

– Доктор, сароғоз бигӯед, ки чаро солҳои охир масъалаи пешгирии сурхакон ва дигар бемориҳои сироятӣ боз ҳам муҳим шудааст?

– Солҳои охир дар тамоми ҷаҳон бо сабаби пандемияи COVID-19 ва фаъол гаштани тарғиботи зиддиваксинавӣ фарогирии кӯдакон ба ваксинатсия паст шуд. Ин бисёр хатарнок аст, зеро сурхакон яке аз бемориҳои сироятноктарини ҷаҳон ба шумор меравад. Сатҳи сироятнокии он ба 90–95% мерасад ва як бемор метавонад аз 12 то 18 нафари эмнашударо сироят намуда, ба сурхакон гирифтор созад.

– Имсол дар ҷумҳурӣ чанд нафар ба бемории сурхакон ва чанд нафар ба гулафшон гирифтор гаштаанд?

– Омори дақиқи расмиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи эпидемиологии худ пешниҳод мекунад. Ман ҳамчун табиб фақат ҳаминро гуфта метавонам, ки бидуни гузаронидани иммунизатсияи оммавӣ ин бемориҳо на танҳо метавонанд, балки ҳатман боиси авҷгирии эпидемия мегарданд.

Гап дар сари он аст, ки вируси сурхакон ба ғайр аз инсон дигар манбаи табиӣ надорад. Аммо аз сабаби қобилияти фавқулода баланди паҳншавӣ тавассути ҳаво, вирус ҳатто метавонад тавассути системаи вентилятсия ба ошёнаҳо ва хонаҳои дигар гузашта, ба одамони эмнашуда сироят кунад ва боиси сар задани эпидемия гардад.

– Дар доираи иммунизатсия 818 ҳазору 399 нафар кӯдак бояд эм карда шаванд, аммо баъзе волидоне ҳастанд, ки ба эмкунии фарзандонашон зид мебароянд. Ҳамчун табиби сироятшинос ба чунин падару модарон чӣ гуфтанӣ ҳастед?

– Гуфтанӣ ҳастам, ки ҳатман фарзандони худро эм кунанд, зеро ҳадафи асосии ин маърака сохтани «сипари муҳофизатӣ» (иммунитети коллективӣ) мебошад.

Иммунизатсияи оммавӣ имкон медиҳад, ки дар муҳлати кӯтоҳ занҷири интиқоли вирус дар ҷомеа канда шавад. Ин на танҳо кӯдакони эмшавандаро, балки садҳо нафар кӯдакони дигари ширхораро, ки ҳанӯз ба синни ваксинатсия нарасидаанд, инчунин кӯдаконеро, ки монеаҳои воқеии тиббӣ (ба монанди бемориҳои вазнини онкологӣ) доранд, аз сироятшавӣ муҳофизат мекунад.

– Сурхакон ва гулафшон чӣ гуна бемориҳоянд ва аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд? Оё волидон метавонанд онҳоро аз рӯйи аломатҳои зоҳирӣ фарқ кунанд?

– Сурхакон (корь) чунин нишонаҳо дорад: таби баланд (39–40 °C), дард дар қафаси сина, сулфаи хушк, шоридани оби бинӣ, сурх шудани чашмҳо, тарс аз рӯшноӣ ва пайдо шудани доғҳои сафед дар луобпардаи даҳон (доғҳои Филатов–Коплик). Доғҳои пӯст марҳила ба марҳила пайдо мешаванд.

Гулафшон (краснуха) одатан сабуктар мегузарад. Ҳарорати бемор каме баланд мешавад (37–38 °C). Аломати асосии он калон шудан ва дард кардани гиреҳҳои лимфавии пушти гардан ва каш, инчунин пайдо шудани доғҳои майда-майдаи сурхча мебошад, ки онҳоро бо забони одии мардумӣ «гул» меноманд.

Ин доғҳо якбора дар тамоми бадан пайдо шуда, баъди се рӯз бе ягон аломати иловагӣ ё пигментатсия нест мешаванд.

Дар масъалаи фарқияти ин ду беморӣ бошад, ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки аз рӯйи намуди зоҳирӣ доғҳо метавонанд ба ҳам монанд бошанд. Танҳо табиб метавонад бо назардошти ҳолати гиреҳҳои лимфавӣ, луобпардаҳо ва раванди пайдоиши доғҳо ташхиси дақиқ гузорад.

– Сурхаконро бархе як бемории маъмулии кӯдакӣ мешуморанд. То чӣ андоза ин ақида хатарнок аст ва бепарвоӣ нисбат ба ин беморӣ чӣ оқибатҳо дошта метавонад?

– Ин андеша хато ва хеле хатарнок аст! Сурхакон танҳо «доғҳои одии пӯст» нест. Ин вирус системаи иммунии кӯдакро муваққатан суст ва халалдор мекунад, ки дар натиҷа хотираи иммунии бадан нисбат ба бемориҳои қаблан гузаронидашуда моҳҳо ва солҳо суст мешавад.

Оқибатҳои вазнини сурхакон метавонанд пневмония, отит (илтиҳоби гӯш бо хатари ношунаво шудан) ва энсефалит (илтиҳоби мағзи сар, ки метавонад ба маъюбӣ ё марг оварда расонад) бошанд.

– Кадом кӯдакон бештар зери хатари гирифторшавӣ ба сурхакон қарор доранд? Оё ин беморӣ метавонад ҳатто дар кӯдаки солим оқибатҳои вазнинро ба бор орад?

– Албатта, ҳар як кӯдак метавонад ба ин бемориҳо гирифтор гардад, вале кӯдакони зери хатари баланд қарордошта инҳоянд: кӯдакони то яксола, ки ҳанӯз аз рӯйи тақвим ваксина нагирифтаанд; кӯдакони камвазн ва дорои норасоии (дефитсити) витамини А; ҳамаи кӯдакони эмнашуда.

– Кӯдаке, ки ғизои хуб мехӯрад ва иммунитети қавӣ дорад, метавонад бе ваксина аз ин бемориҳо эмин монад?

– Не, наметавонад. Ғизои хуб, варзиш ва витаминҳо иммунитети умумиро мустаҳкам месозанд, аммо онҳо муҳофизати махсусро аз вируси сурхакон ё гулафшон таъмин карда наметавонанд.

– Баъзе волидон мегӯянд: «Беҳтар аст кӯдак худаш бемор шуда, иммунитет пайдо кунад». Шумо ҳамчун мутахассис ба ин андеша чӣ посух медиҳед?

– Ин бозии хатарнок бо саломатӣ ва ҳаёти кӯдак аст. «Нарх»-и иммунитети табиӣ метавонад хатари пневмонияи вазнин, илтиҳоби мағзи сар, маъюбӣ ва ҳатто марг бошад.

Ваксинатсия иммунитети устуворро ба миён меорад, аммо бидуни хатари баланди оқибатҳои вазнини беморӣ ва марг.

Чаро кӯдакро ба хатари марговар гирифтор кунем, вақте ки ҳамон муҳофизатро тавассути як сӯзандоруи бехатар гирифтан мумкин аст?

– Ваксинаи зидди сурхакон ва гулафшон метавонад ба кӯдак зарар расонад? Кадом ҳолатҳо баъди гирифтани ваксина муқаррарӣ ҳастанд ва дар кадом ҳолат ба духтур муроҷиат кардан лозим аст?

– Ваксинаҳои муосир даҳсолаҳо санҷида шудаанд ва сатҳи баланди бехатарӣ доранд.

Вокунишҳои муқаррарӣ (аксуламалҳои табиии бадан) инҳоянд:

  • Сурх шудан, варами хурд ё дард дар ҷойи сӯзандору.

  • Баланд шудани ҳарорат то 37,5–38,5 °C (одатан дар рӯзҳои 5–12-уми баъди ваксина).

  • Доғҳои хурди зудгузар ё оби бинӣ (дар рӯзҳои 7–10-ум), ки дар давоми 1–2 рӯз худ аз худ нест мешаванд.

– Дар кадом ҳолатҳо ба духтур муроҷиат кардан лозим аст?

– Вақте ки ҳарорати кӯдак аз 39 °C баланд шуда, бо доруҳои табфароранда паст намешавад, кӯдак беш аз се соат беист гиря мекунад ё нишонаҳои аллергияи вазнин, ба монанди варами рӯй ё лаб, душвории нафаскашӣ пайдо мешаванд, ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Нишонаҳои аллергияи вазнин одатан дар 15–30 дақиқаи аввал пайдо мешаванд. Бояд бигӯям, ки маҳз ба хотири пешгирии чунин ҳолатҳо баъди ваксина 30 дақиқа дар дармонгоҳ мондан лозим аст.

– Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан иддао мешавад, ки гирифтани ваксина метавонад боиси аутизм ё сустшавии инкишофи кӯдак гардад. Илми тиб дар ин бора чӣ мегӯяд?

– Ин хабари сохтаест (фейк), ки илм онро комилан рад кардааст.

– Агар кӯдак баъди ваксина таб кунад, волидон бояд чӣ кор кунанд?

– Ба кӯдак доруи табфароранда дар асоси парацетамол ё ибупрофен мувофиқи вояи синну сол ва вазни баданаш диҳед. Ба кӯдакон додани аспирин қатъиян манъ аст!

Ба кӯдаки ваксинатсияшуда мувофиқи синну солаш моеъ (об, чойи камранг) бештар диҳед. Ба ӯ либоси сабуку бароҳат пӯшонед, кӯдакро аз ҳад зиёд гарм напечонед. Ҳавои хонаро тоза нигоҳ доред. Ҳарорати мусоид 18–20 °C аст.

– Кадом ҳолатҳо барои гузаронидани ваксина монеаи воқеии тиббӣ мебошанд? Агар кӯдак ба зуком гирифтор шуда, аз биниаш об равад, иммунизатсия ба таъхир гузошта мешавад?

– Зиддинишондодҳои (противопоказания) асосӣ барои гузаронидани иммунизатсия инҳоянд:

  1. Аксуламали вазнини анафилактикӣ ба вояи қаблии ваксина ё компонентҳои он (мисли неомицин).

  2. Нуқсони вазнини модарзодии иммунитет (иммунодефитсит).

  3. Табобати шадиди иммуносупрессивӣ (кимиётерапия ва вояҳои баланди гормонҳо).

Монеаҳои муваққатӣ: бемории шадид бо ҳарорати баланд (аз 38,5 °C боло) ё авҷ гирифтани бемории музмин.

Оби бинии сабук бидуни ҳарорати баланд ва бе халалдор шудани ҳолати умумии кӯдак монеа барои ваксинатсия нест.

– Агар кӯдак ягон бемории музмин дошта бошад ё доруҳое истеъмол кунад, ки ба иммунитет таъсир мерасонанд, метавонад ваксина гирад?

– Кӯдаконе, ки нуқси дил, бемориҳои гурда, диабети қанд, фалаҷи мағзи сари кӯдакона (ДЦП) ва дигар бемориҳои музмин доранд, дар навбати аввал ба ваксинатсия ниёз доранд, зеро сурхакон дар чунин кӯдакон чанд баробар вазнинтар мегузарад!

Агар кӯдак доруҳои таъсиррасон ба иммунитетро истеъмол кунад, масалан, ҳангоми кимиётерапия ё пас аз пайвандсозии узв, масъалаи ваксинатсия дар машварат бо табиби муолиҷавӣ алоҳида ҳал карда мешавад.

– Кӯдакони аз 5-сола боло ҳастанд, ки бо сабабҳои гуногун ин ваксинаро нагирифтаанд. Оё чунин кӯдакон иммунизатсия карда мешаванд?

– Бале, ҳатман. Агар кӯдак бо ягон сабаб дар синни хурдӣ ваксина нагирифта бошад, бояд мувофиқи нақшаи «ваксинатсияи ҷубронӣ» (Catch-up immunization) эм карда шавад.

Сурхакон дар синни калонтар нисбат ба кӯдакони хурдсол вазнинтар мегузарад.

– Агар дар кӯдакистон, мактаб ё маҳалли зист ҳолатҳои гирифторшавӣ ба сурхакон ё гулафшон ошкор шаванд, барои кӯдакони ваксина нагирифта чӣ хатар дорад?

– Барои кӯдакони эмнашуда хатари сироят ёфтан ҳангоми муошират бо шахси бемор аз 90% баландтар аст.

Кӯдакони эмнашуда фавран аз рафтан ба кӯдакистон ё мактаб барои тамоми давраи карантин (одатан 21 рӯз) канор гузошта мешаванд.

Ба нафарони ваксина нагирифта, ки бо бемор муошират доштанд, дар 72 соати аввал ваксинатсияи таъҷилӣ гузаронида мешавад.

– Кӯдаке, ки як бор ба сурхакон ё гулафшон гирифтор шудааст, метавонад бори дигар бемор шавад? Дар чунин ҳолат ба кӯдак такроран ваксина гузаронида мешавад?

– Пас аз бемории сурхакон ё гулафшон иммунитети устувори умрбодӣ пайдо мешавад. Беморшавии такрорӣ ниҳоят кам аст (камтар аз 1%).

– Ҳамчун табиб ба волидоне, ки дар масъалаи иммунизатсия кардан ё накардани фарзандашон ҳанӯз дудилаанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

– Ба ҳайси табиби сироятшинос, ман хавотиршавӣ ва дудилагии шуморо комилан мефаҳмам. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва андешаҳои ҳархела баъзан инсонро ба шубҳа меоранд ва, албатта, волидайн танҳо беҳтарин ва бехатартарин чизро барои фарзанди худ мехоҳанд.

Аммо маслиҳати ман ҳамчун табиб ҳамин аст, ки ба афсонаҳо ва овозаҳои беасоси шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накарда, ба мутахассисони соҳаи тиб, ки бар асоси далелҳо сухан мегӯянд, такя кунед.

Агар кӯдак дар вақти азназаргузаронии табиб ҳеҷ гуна монеаи воқеии тиббӣ (медотвод) надошта бошад, ҳатман ӯро эм кунед.

Фарзанди худро аз ин бемориҳои хатарнок ва оқибатҳои вазнини онҳо бе сипар ва бе муҳофизат нагузоред.

– Барои суҳбати муфид як ҷаҳон ташаккур!

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2