МЕХАНИЗМИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ВА МУНОСИБАТҲОИ БО ОНҲО АЛОҚАМАНД
Муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бо онҳо алоқаманд, муносибатҳое ҳастанд, ки дар иртибот бо татбиқи меҳнат ба вуҷуд омада, садҳо ҳазор шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро фаро мегиранд. Мусаллам аст, ки ин муносибатҳо бевосита ба вазъу холатии иҷтимоӣ-иқтисодии ҳар яке аз иштирокчиёни онҳо таъсири бориҷи худро мерасонанд. Аз ин рӯ, зарурати танзими босамар ва ҳамаҷонибаи онҳо амри воқеъ аст.
Дар мақолаи мазкур мафҳуми танзими ҳуқуқӣ, механизми танзими ҳуқуқӣ, унсурҳои танзими ҳуқуқӣ ва воситаҳои ҳуқуқие, ки тавассути онҳо танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бо онҳо алоқаманд ба амал бароварда мешавад, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шудаанд.
Калидвожаҳо: танзими ҳуқуқӣ, механизми танзими ҳуқуқӣ, унсурҳои механизми танзими ҳуқуқӣ, воситаҳои ҳуқуқӣ, санадҳои татбиқи ҳуқуқ, санадҳои амалисозии ҳуқуқ.
Муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бо онҳо алоқаманд аз зумраи он муносибатҳое мебошанд, ки дар бахши ҳаётан барои ҷомеа муҳим ба вуҷуд омада, ба меҳвари худ теъдоди бешумори шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҷалб мекунанд.
Азбаски таъсири мутақобилаи муносибатҳои меҳнатӣвадигар муносибатҳои боонҳоалоқаманд ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣиҷтимоии иштирокчиёнионҳояқинаст,мебоядчунин тарзу воситаҳои танзими ҳуқуқии онҳо истифода шаванд, ки пойдорӣ, устуворӣ, муназзамӣ, риоя ва иҷрои матлубашонро таъмин намояд.
Танзими ҳуқуқӣ дар маъхазҳои илмӣ ва таълимӣ ҳамчун таъсири давлат бо истифода аз меъёрҳо ва воситаҳои ҳуқуқӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки баҳри ба тартиб даровардан ва ба эътидол овардани онҳо нигаронида шудааст, ҳамчун самти таъсиррасонии ҳуқуқӣ, ки дар муқаррар намудани рафтори мусбӣ, пешкаши ҳуқуқҳои субъективӣ ва вогузории ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ ба субъектони ҳуқуқ баҳри мустаҳкам ва инкишофи муносибатҳои ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеа, давлат ва шаҳрвандон буда,
ифода меёбад, ҳамчун самти асосии таъсиррасонии ҳуқуқӣ дар мустаҳкам, муназзамнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини равнақи онҳо тавассути иҷозат, манънамоӣ, ӯҳдадоркунӣ ва ҳавасманднамоӣ ифода меёбад, фаҳмида мешавад.
Танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманд, таввассути истифодаи механзми мукаммали ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар маъхазҳои илмӣ ва таълимии ҳуқуқӣ таърифҳои гуногуни мафҳуми механизми танзими ҳуқуқӣ пешниҳод шудаанд.
С.С.Алексеев ва Р.К. Русинов механизми танзими ҳуқуқиро ҳамчун низоми васитаҳои ҳуқуқие, ки тавасути онҳо танзими ҳуқуқӣ ё таъсири мақсадноки ҳуқуқӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ба амал бароварда мешавад, муайян мекунанд.
А.С.Пиголкин механизми танзими ҳуқуқӣ гуфта, низоми воситаҳои ҳуқуқиеро мефаҳмад, ки баҳри танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъмини манфиатҳои субъектони ҳуқуқ муттасил барпо шудааст. Ба андешаи С.С. Комаров ва А.В. Малко, механизми танзими ҳуқуқӣ низоми воситаҳои ҳуқуқиест, ки баҳри аз байн бурдани монеъаҳо дар қонеъгардонии манфиатҳои субъектони ҳуқуқ мутташакил гардонида шудаанд.
В.Н. Хропанюк механизми танзими ҳуқуқиро ҳамчун низоми воситаҳои ҳуқуқӣ, ки бо ёрии онҳо муназзамии муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳадафҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд амалӣ мешаванд, тавсиф намудааст.
Р.Ш. Сотиволдиев механизми танзими ҳуқуқиро ҳамчун низоми муташаккилонаи воситаҳои ҳуқуқӣ медонад, ки тавасути онҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ танзим мешаванд.
Механизми танзими ҳуқуқӣ ин низоми воситаҳои (унсурҳои) ҳуқуқие мебошад, ки танзими ҳамзамон ба ҳам алоқаманди муносибатҳои ҷамъиятии як намуди муайянро амалӣ менамояд, зеро танзим таъсири ҳуқуқ ба намудҳои алоҳидаи муносибатҳои ҷамъиятӣ тавассути воситаҳои ҳуқуқии навъи муайян дар ҳолати мушаххаси ҳуқуқиро дар бар мегирад,менависад Т.Н. Радько.
Е.Н.Нургалиев зери мафҳуми механизми танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар ҳуқуқи меҳнат; якум, маҷмӯи воситаҳои ташкилӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва воситаҳои танзими иҷтимоиро, ки дар меъёри ҳуқуқӣ ифода ёфта, баҳри таъмини ҳуқуқу озоҳои иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоӣ меҳнатӣ, қонеъ гардонидани манфиатҳои қонунии онҳо нигаронида шудаанд, дуюм механизми татбиқи ҳуқуқро мефаҳмад
Механизми танзими ҳуқуқӣ аз унсурҳои дахлдор иборат аст, ки дар маъхазҳои илмӣ ва таълимии ҳуқуқӣ ба таври гуногун манзур шудаанд. С.С.Алексеев ба се унсури асосии механизми танзими ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, санадҳои амалисозии ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва унсурҳои факултативӣ амрияи инфиродии татбиқи ҳуқуқ, санадҳои меъёрии юридикӣ, санадҳои тавзеҳдиҳӣ, мураттабсозӣ, техникаи юридикӣ, фактҳои юридикӣ, субъекти ҳуқуқӣ, санадҳои татбиқи ҳуқуқ ишора мекунад.
Р.К.Русинов меъёрҳои ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои тафсири ҳуқуқ, фактҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, санадҳои амалишавии ҳуқуқ, санадҳои татбиқи ҳуқуқ, шуури ҳуқуқӣ ва реҷаи қонуниятро аз зумраи унсурҳои механизми танзими ҳуқуқӣ медонад.
Ба андешаи С.А. Комаров ва А.В. Малко, унсурҳои механизми танзими ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ, факти ҳуқуқӣ ё таркиби воқеӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, санадҳои амалишавии ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, санадҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ мебошанд.
А.С.Пиголкин ҳамчун унсурҳои механизми танзими ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳуқуқ, фактҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва амалишавии ҳуқуқро меҳисобад.
В.Н. Хропаняюк ба қатори унсурҳои механизми танзими ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, санадҳои амалисозии ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро дохил мекунад.
Р.Ш. Сотиволдиев механизми танзими ҳуқуқиро аз чор унсур иборат медонад.
1. Меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки намунаи умумии рафтори субъектҳои ҳуқуқ, номгӯи ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, вазъи умумии ҳуқуқии субъектонро муқаррар мекунанд. Дар меъёрҳои ҳуқуқӣ ишора ба фактҳои ҳуқуқӣ меравад, ки дар заминаи онҳо муносибатҳои ҳуқуқӣ пайдо мешаванд, тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд.
2. Муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар заминаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, фактҳои ҳуқуқии дар меъёр ишорагашта пайдо шуда, меъёри умумиро вобаста ба ҳолатҳои мушаххаси ҳаётӣ ва субъектҳои алоҳида мушаххас намуда, иштирокчиёни ин муносибатҳоро
бо ҳам тавассути ҳуқуқҳои субъективӣ ва уҳдадориҳои ҳуқуқӣ мепайванданд.
3. Санадҳои амалишавии ҳуқуқу уҳдадориҳо, ки дар фаъолияти ҳамаи субъектҳои ҳуқуқ ифода мегарданд. Барои амалишавии ҳуқуқ, доштани салоҳияти ҳокимиятӣ шарт нест. Ҳар шахс ҳуқуқу озодиҳо, вазифаҳои конститутсионии худро дар шаклҳои пешбининамудаи қонун амалӣ мекунад. Амалишавии ҳуқуқ дар се шакли асосӣ сурат мегирад: истифода, риоя ва иҷрои ҳуқуқ. Дар натиҷаи амалишавӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ воқеӣ мешаванд, дар ҳаёт амалӣ мегарданд, талаботи субъектҳои ҳуқуқ қонеъ мегарданд, онҳо ба манфиатҳои хеш ноил мешаванд.
4. Татбиқи ҳуқуқ. Барои амалӣ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳо дар як қатор ҳолатҳо кӯмак ва саҳми мақомоти ваколатдори давлат (мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ, суд, прокуратура ва дигарон) зарур аст. Чунинчӣ, шахс ҳуқуқи хешро ба нафақа худаш амалӣ карда наметавонад, аз ҷумла барои худаш нафақа таъин намекунад, ҷазоҳои ҷиноятӣ ва дигар чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро татбиқ карда наметавонад. Дар чунин ҳолатҳо дар амалишавии ҳуқуқу уҳдадориҳо мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, хизматчи-ёни давлатӣ иштирок мекунанд. Дар ҷараёни ин фаъолият, санадҳои фардии татбиқи ҳуқуқ, аз қабили ҳукм ё ҳалномаи суд, қарори мақомоти дахлдор оид ба ҷудо намудани замин, таъини нафақа ва дигарон қабул мешаванд.Татбиқи ҳуқуқ, шакли махсуси амалишавии ҳуқуқ буда, барои амалӣ гаштани ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектон мусоидат мекунад. Тавассути санадҳои татбиқи ҳуқуқ, ҳамчунин ҳуқуқҳои субъектони ҳуқуқ ҳимоя мешаванд, аз ҷумла ҳуқуқҳои поймолшуда барқарор мешаванд, нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда чораҳои дахлдори ҷавобгарии ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд ва ғайра.
Унсурҳои механизми танзими ҳуқуқӣ якҷоя дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд. Байни онҳо вобастагии устувори ҳуқуқӣ ҷой дорад. Бинобар ҳамин, ин унсурҳо низоми муташаккилро ташкил медиҳанд, давра ба давра истифода мешаванд, аз ҷумла, аввал меъёри ҳуқуқ қабул мешавад, сипас дар асоси он муносибати ҷамъияти танзим мешавад, ҳуқуқ амалӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ татбиқ мегардад.
Танзими ҳуқуқӣ тавассути васитаҳои ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешавад.
Дар маъхазҳои илмӣ ва таълимии ҳуқуқӣ, нисбати таркибу намудҳои воситаҳои ҳуқуқӣ назари гуногун ҷой дорад. Б.В.Шейдлин, Л.С.Явич ба воситаҳои ҳуқуқӣ на танҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин тамоми дигар шаклҳои таъсиррасонии давлат ба рафтору амали одамон ва фаъолияти бошууронаи онҳоро ба мақсади мураттаб намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба манфиати аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ синфи ҳукмронро бо роҳи қабули меъёрҳои ҳуқуқӣ, татбиқ ва амалисозии онҳо дар муносибатҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дохил менамуданд.
И.В. Федоров ба сифати воситаҳои ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳуқуқ, санадҳои маъмурӣ–ҳуқуқӣ, шартномаҳо, муносибатҳои ҳуқуқӣ, таҳримҳо ва ҳавасмандгордониро эътироф менамуд.
Н.А.Коробов воситаҳои ҳуқуқиро, ба воситаҳои техникӣ ва ташкилӣ-ҳуқуқӣ, воситаҳои пешбиникунандаи оқибатҳои ногувор барои иҷро накарданд ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳо, воситаҳои таъминкунандаи ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ, бидуни бе мушаххас ва аниқ намудани онҳо, ҷудо мекунад.
Пугинский ба воситаҳои ҳуқуқӣ, дурустараш воситаҳои маданӣҳуқуқӣ шартнома, чораҳои ҷавобгарии молумулкӣ, тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳои маданӣ, чораҳои таъсиррасонии оперативӣ, чораҳои молу мулкии таъмини иҷрои уҳдадориҳо, воситаҳои алоҳидаи хусусияти ёрирасондошта (гуноҳ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, фиксияҳои юридикӣ), воситаҳоии муайянкунандаи доираи ташкилотҳо (шахси ҳуқуқӣ, воҳиди истеҳсолӣ дар таркиби иттиҳодияи дахлдор), воситаҳои танзимкунандаи сатҳи иштироки шахсон дар фаъолияти маданӣҳуқуқӣ ва тартиби амалӣ намудани ваколатҳои алоҳида (қобилҳуқуқӣ, қобиламалӣ намояндагӣ, шахси сеюм) ва ғайраро дохил мекунад..
Ю.Х. Калмиков ба зумраи воситаҳои ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, санадҳои амалисозии ҳуқуқҳои субъективӣ ва уҳдадориҳоро мансуб медонад.
Дар ибтидо, С.С. Алексеев низ, танҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои амалисозии ҳуқуқҳои субъективӣ ва ӯҳдадориҳоро аз зумраи воситаҳои ҳуқуқӣ медонист ва баъдан ба қатори онҳо воситаҳои техникаи юридикӣ (конструксияҳои юридӣ, ниҳодҳои меъёрӣ) ва дигар воситаҳои танзимро (нишондодҳои иҷозатдиҳанда, манъкунанда, уҳдадоркунанда) дохил намуд.
С.А. Комаров ва А.В. Малко ҳамчун воситаҳои ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ҳуқуқ, санадҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, шартномаҳо, фактҳои ҳуқуқ, ҳуқуқҳои субъективӣ ва уҳдадориҳои қонунӣ, муқаррароти манъкунанда, имтиёзҳо, чораҳои ҳавасмандгардонӣ, чораҳои ҷазо, санадҳои амали-созии ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳоро меҳисобанд.
Муаллифони мазкур, инчунин дигар таснифи воситаҳои ҳуқуқиро пешниҳод намудаанд.
1.Таснифи воситаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ: воситаҳои конститутсионӣҳуқуқӣ, маданӣҳуқуқӣ ва ғайра.
2.Таснифи воситаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи мазмун: воситаҳои моддӣҳуқуқӣ ва мурофиавӣ – ҳуқуқӣ.
3.Таснифи воситаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба нақш: танзимкунанда ва ҳифозатӣ .
4.Таснифи воситаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба самти иттилоотӣ-техникӣ: воситаҳои ҳуқуқии ҳавасмандкунанда (чораҳои ҳавасмандкунанда, имтиёзҳо, чораҳои иҷозатдиҳӣ) ва маҳдудкунанда (муҷозотҳо, муқаррароти манъкунанда, ӯҳдадоркунанда).
Н.Шонасридинов дар чорчӯбаи институтҳои ҳуқуқӣ ва ҳатто дар робита бо ноил шудан ба натиҷаҳои муайян, тасниф намудани воситаҳои ҳуқуқиро қобили қабул меҳисобад.
Ба андешаи мо, воситаҳои ҳуқуқиро меъёрҳои ҳуқуқӣ, шартномаҳо, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, муҷозатҳо (таҳримҳо), ҳавасмангардонӣ, санадҳои амалисозии ҳуқуқу уҳдадориҳо, санадҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ ташкил мекунанд. Ҳамзамон, мо ба қатори воситаҳои ҳуқуқӣ дохил намудани гуноҳ, эҳтимолият, намояндагӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва дигар падидаҳои ҳуқуқиро қобили қабул намеҳисобем.
Меъёрҳои ҳуқуқӣ, шартномаҳо, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, муҷозотҳо (таҳримҳо), чораҳои муҳофизатӣ, воситаҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо ва дигар воситаҳои ҳуқуқӣ, тибқи маҳакҳои муайян низ таснифмешаванд.
Масалан, меъёрҳои ҳуқуқиро аз рӯӣ таалуқмандиашон ба ин ё он соҳаи ҳуқуқ ба меъёрҳои конститутсионӣҳуқуқӣ, маъмурӣ – ҳуқуқӣ, оилавӣҳуқуқӣ, маданӣ-ҳуқуқӣ, молиявӣ-ҳуқуқӣ, банкӣҳуқуқӣ, гумруқӣ-ҳуқуқӣ ва дигар меъёрҳои соҳавӣ ҳуқуқӣ ҷудо мешаванд, ки ҳар яке аз ин намуди меъёрҳо доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро бо истифода аз тарзу усулҳои хос танзим мекунанд.
Истилоҳу мафҳумҳои меъёри ҳуқуқӣ, шартнома, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, муҷозот (таҳрим), чораҳои муҳофизатӣ, ҳавасмандгардонӣ, санадҳои амалисозии ҳуқуқ, ки бо онҳо воситаҳои ҳуқуқӣ ифода мегарданд, истилоҳу мафҳумҳои ҷамъбастӣ (кул) буда, ҷузъиёти (аломатҳо, нишонаҳо, хусусиятҳо табиати ҳуқуқӣ, мақсаду вазифаҳо ва дигар хусусиятҳои ба онҳо хосро), дар худ инъикос намекунанд.
Вакте , ки мо ба ин истилоҳу мафҳумҳо аз нигоҳи таалуқмандиашон ба ин ё он соҳаи ҳуқуқ, институти ҳуқуқ, зерсоҳаи ҳуқуқ, аз нигоҳи ҳадафу вазифаҳои думбологирифаи онҳо назар меафканем, дарҳол тамоми ҷузъиётҳои онҳо ба мо аён мешаванд.
Масалан, вақте, ки мо бо меъёрҳои ҳуқуқӣ, шартномаҳо, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, муҷозотҳо (таҳримҳо), чораҳои муҳофиҳатӣ, қадркунӣ, санадҳои амалисозии ҳуқуқ, санадҳои татбиқи ҳуқуқ аз нигоҳи таалуқи онҳо ба воситаҳои меҳнатӣ-ҳуқуқӣ, яъне ба ҳуқуқи меҳнат менигарем, фарқи ҷиддии онҳоро аз ҳамингуна истилоҳу мафҳумҳои дар дигар соҳаҳои ҳуқуқ ҷойдоштамебинем,ки мутаносибан,дармавзуитанзими онҳо, моҳияти онҳо шаклу намуди онҳо, тартиби татбиқи онҳо ва дигар ҷузъиёти онҳо мебинем.




