Зеҳн

ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА МАСОИЛИ ҲУҚУҚИИ ОН

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Инноватсия ва зеҳни сунъӣ – пояи нави идоракунии давлатии муосир мебошад, ки навсозии низоми идоракунии давлатӣ дар заминаи технологияҳои муосири инноватсионӣ ва истифодаи мақсадноки зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Татбиқи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз воситаҳои муосири идоракунии давлатӣ шинохта шудааст. Тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ҳукумати электронӣ ба баланд шудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ, шаффофият ва кам кардани дахолати шахсӣ дар равандҳои маъмурӣ мусоидат менамояд.

Калидвожаҳо: Зеҳни сунъӣ, ҳаммонандкунӣ, иноватсия, илм, таълим, таҳсил, таърих, ҳуқуқ, назария, амалия, идоракунии давлатӣ

Масоили амалияи илми психология дар таъсиррасони ба шуури инсонӣ яке аз омилҳои асосӣ дар гуфту шунид, баёни фикру андеша, пешниҳод ва қабули он буда, ҳамаи ин зинаи муайяни худро дорад, ки сантъати суханварӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба ин дар чаҳони муосир истифодаи зеҳни сунъӣ ва инчунин аз шабакаҳои интернетӣ дилхоҳ маълумотҳое, ки пешниҳод мегардад бе санҷиши дақиқ 50 - фисади аҳолии истифодабарандагони он ба ин маълумотҳо бовари ҳосил намуда, ибрози андеша мекунанд.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бар меояд, ки Сарвари давлат рушди устувори мамлакатро бо тағйироти сохторӣ ва зеҳнӣ дар низоми идоракунӣ мепайванданд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иқтисодӣ давлате метавонад мавқеи устувор дошта бошад, ки идоракунии он бар пояи дониш, таҳлил, инноватсия ва истифодаи технологияҳои пешрафта инъикос ёфта бошад. Агар дар давраҳои қаблӣ захираҳои табиӣ ва қувваи ҷисмонӣ ҳамчун омили асосии рушд баррасӣ мегардиданд, имрӯз неруи зеҳнӣ, инноватсия ва идоракунии самараноки давлатӣ ба манбаи асосии пешрафт табдил ёфтааст.

Инноватсия ва зеҳни сунъӣ – пояи нави идоракунии давлатии муосир мебошад, ки навсозии низоми идоракунии давлатӣ дар заминаи технологияҳои муосири инноватсионӣ ва истифодаи

мақсадноки зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Паём ҳамчун санади муҳими сиёсӣ на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои марҳилаи гузашта, балки нақшаи стратегии гузариш ба модели сифатан нави идоракунии давлатӣ мебошад, ки самаранокӣ, шаффофият ва ҷавобгӯ будан ба талаботи ҷомеаи муосирро кафолат медиҳад.

Таъсири ҳаргуна шухии бе маврид ва баёни фикри нодурусти бе таҳлил дар шабакаҳои интернетӣ ба психологияи насли наврас таъсири гуногунро мерасонад. Истифодабарандагони бештари сайтҳои интернетиро дар замони тараққиёти технологӣ маҳз ҷавонон ва наврасон ташкил медиҳанд.

Имрўзҳо бо истифодаи зеҳни сунъӣ бозиҳои зиёди компютерӣ пайдо гардидааст, ки омили таъсиррасонии сахти психологӣ ба ҷавонон ва наврасон гардида, тарз ва усули содирнамоии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниро бо бераҳмӣ меомўзонад. Амалҳои ҷиноӣ ба монанди куштор бо истифодаи яроқи оташфишон ва яроқи сард асосан қисми таркибии ин бозиҳои компютериро дарбар мегирад. На ҳама вақт волидайн тарзи дурусти истифодаи интернетиро назорат намудаанд, ки боиси давра ба давра вайрон намудани шуурнокии кудакон гардидааст.

Аксари мушкилоти идоракунии муосир на аз камбуди захираҳо, балки аз маҳдудияти тафаккури идорӣ ва набудани равишҳои нав сарчашма мегиранд. Дар чунин шароит инноватсия дигар танҳо маҷмуи технологияҳо нест, балки ба фалсафаи нави идоракунӣ табдил меёбад, ки фарҳанги хизматрасонӣ, муносибат ба шаҳрванд ва масъулияти хизматчии давлатиро тағйир медиҳад. Бе ислоҳоти тафаккурӣ ва фарҳангии идорӣ ҳатто пешрафтатарин технологияҳо наметавонанд натиҷаи дилхоҳ диҳанд. Имрўз ҳама қишри ҷомеъа бе шабакаи интернетӣ худро тасаввур карда наметавонанд, ин як вобастаги воқеъӣ мебошад. Аммо барои истифодаи дурусти интернет, зеҳни сунъӣ ва низоми рақамӣ бояд чораҳои дахлдор андешид.

Амнияти иттилооти бо роҳи маҳдудияти дастрасӣ ба баъзе аз шабакаҳо, тарзи дурусти истифодаро ба роҳ мондан, бо гузоштани рамзҳои махфӣ, бо истифодаи барномаҳои таъмини бехатарии шабакавӣ имконпазир аст.

Баёни фикр ва ибрози андеша барои пешрафт ва бартарафи камбуди хуб аст, аммо маълумотҳои дақиқ ва истифодаи забони бе олоиши тоҷикӣ, риояи фарҳангу маданият ва ибратгиранда асоси ин кор бояд бошад. Истифодаи зеҳни сунъӣ бо риояи маърифати ҳуқуқӣ баён намудани фикру андеша, риояи талаботи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва расму оини миллӣ қобили қабул аст.

Зеҳни сунъӣ, низоми рақами дар фаъолияти пардохтҳои ғайринақдӣ ва саноатикунонӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Барои самаранокии истеҳсолоти молу маҳсулот бояд мутахассисони соҳавии ватанӣ бештар омода карда шуда, барномаи давлатии рушди саноаткунониро бо истифодаи зеҳни сунъӣ бояд амали намуд.

Истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ дар фаъолияти давлатӣ самаранокии худро дорад, ки ин бе шубҳа дуруст аст. Вале дар раванди таълим барои инкишофи шуурнокӣ дар байни ҷавонони синну соли муайян на он қадар беҳбудиро дорост. Маҳдудияти истифодаи зеҳни сунъӣ барои наврасоне, ки дар таҳсил фаро гирифта шудаанд то синни 16 сола амали кардан зарур аст, чунки давраи инкишофи зеҳнии ҷавонон ва шуурнокии онҳо то ин синро асосан дар бар мегирад.

Аммо истифодаи зеҳни сунъӣ дар сохтани маълумотҳои бардуруғ ва бо истифодаи овозу симои шахси дигар низ имрўз дар шабакаҳои интернетӣ маъмул гардидааст, ки бояд мо огоҳ бошем. Албатто масъалаи сохтани симо ва овози шахси дигар бо истифодаи зеҳни сунъӣ барои содир намудани кирдорҳои ҷиноӣ ба монанди: шантаж, таҳқиркунӣ, туҳмат чавобгарии чиноятӣ муқаррар карда шудааст. Вале ҳастанд ҳолатҳое, ки бо истифодаи симои дигар шухии бе маврид ва ё дар овезаҳо истифода менамоянд, ки бояд ҷавобгарии маъмурӣ барои ин кирдорҳо муайян карда шавад (асос дар зер оварда мешавад).

Таъсири руҳӣ - равонӣ бо истифодаи зеҳни сунъӣ дар олами маҷози муаммо ва баҳси зиёдеро ба бор овардааст. Дар бисёр ҳолатҳо муайян намудани субъекти ҷавобгари ғайри имкон аст. Масалан воситаи нақлиёти бе сарнишин дар ҳолати содир намудани ҳуқуквайронкунӣ ва муайян намудани субъект ҳамчун ҷавобгарӣ баҳси илмӣ ва қонуниро ба бор овардааст.

Истифодаи зеҳни сунъӣ талаботи замони муосир буда, бояд ҷиҳати барасмиятдарори аз ҷиҳати қонунгузорӣ тадқиқоти муайянеро талаб менамояд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки бо истифодаи зеҳни сунъӣ ҳаммонандкунии симо ва овози шахси дигар бояд дар қонунгузорӣ бо ворид намудани муқарароти муайянро ба танзим дароварда шавад.

Дар замони муосир асоси фаъолият ва робитаи байни аҳоли бо роҳи гуфтушунид ва истифодаи психологӣ ба таври маҷозӣ ба роҳ монда шудааст. Огоҳи ёфтани ҳар як шаҳрванд аз кирдорҳои қаллобон бо истифодаи зеҳни сунъӣ ва психологӣ дар системаи бонкӣ ва истифодаи кортҳо ва фаъолияти идораву корхонаҳои давлатӣ саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

Имрўз дар олами маҷозӣ ва шабакаҳои интернетӣ релс-саҳначаҳои хурди шухӣ-таҳқиромез бисёр паҳн мегардад, ки ба тамаддун ва фарҳанги мо бегона мебошад. Бояд таълиму тарбия ва маҳдудияти муайян нисбат ба истифодаи он ба роҳ монда шавад, ки насли оянда аз таъриху тамаддуни худ дур гашта ба бегонапарастӣ роҳ надиҳанд. Ҳамзамон экосистемаи миллии инноватсионӣ ташаккул ёфтааст, ки дар он ҳамкории зичи давлат, илм, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин мегардад. Маҳз ҳамин ҳамкории фарогир имкон фароҳам овард, ки идеҳои илмӣ аз марҳилаи назариявӣ ба сатҳи татбиқи амалӣ дар идоракунии давлатӣ амали гардонида шавад.

Дар ин раванд тараққиёт ва истифодаи зеҳни сунъӣ ба яке аз воситаҳои калидии идоракунии муосири давлати табдил ёфтааст. Истифодаи он дар таҳлили маълумоти давлатӣ, банақшагирии иҷтимоию иқтисодӣ, мониторинги равандҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ имкон медиҳад, ки шаффофиятро тақвият дода, эътимоди шаҳрвандонро ба давлат афзоиш диҳад. Қарорҳое, ки бар пояи маълумоти дақиқ ва таҳлили амиқи илмӣ қабул мегарданд, сатҳи хатоиҳоро коҳиш дода, самаранокии сиёсати давлатиро баланд мебардоранд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2