Зеҳн

«Таносух» чист?

ЗЕ
Зеҳн3 ноябри 2026 · 14 дақиқа хондан

«Таносух» аз решаи «насх» омада, маънои аз як тан ба тани дигар гузаштан ё таҳвил кардани рӯҳро дорад. Фаронсавиҳо дар ин маврид мафҳуми «метемпсихоз»-ро истифода мекунанд. Ба эътиқоди пайравони ин таълимот ҷисми инсон барои рӯҳ як қолаб аст. Арвоҳ аз ҷисми фавтида ба ҷисми дигар гузашта, ба ин тартиб ҳамеша ҷойи худро иваз карда меистанд.

Эътиқод ба таҳвили рӯҳро дар ҷомеаи ибтидоӣ низ дидан мумкин аст. Аммо аз рӯйи таъсири омилҳои динӣ ва фарҳангиву миллӣ ин назария дар шаклҳои гуногун вуҷуд доштааст. Миёни тасаввуроти таҳвили арвоҳ, ки дар Мисри Қадим вуҷуд дошт ва сеҳри абадии сокинони соҳили Ганг тафовути зиёд ба назар мерасад. Ҳамчунин дар таълимоти бою рангини файласуфони юнонӣ-эллинистӣ назарияи мазкур ҳуввияти тозае касб мекунад.

Назарияи «таносух» дар замони мо низ дар миёни ҷомеа, ки ба илми тилисм, яъне ба сеҳру ҷоду таваҷҷуҳи зиёд дорад, ривоҷ ёфтааст. Аммо имрӯз андешаи «муҳоҷирати арвоҳ» ба сурати як равия ё тарзи эътиқод арзи ҳастӣ мекунад. Бахусус, дар маҳфилҳои рӯшанфикрон ҳамчун аксуламали таълимоти материалистӣ ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Ҳамин тавр ҳар куҷое якчанд нафар ҳамроҳ оянд, баҳсу муҳокимарониҳо сари мавзӯи тамассулу роҳнамоии арвоҳ, метафизика ва таъсири он ба қонунҳои физикӣ қарор мегирад.

Ба хотири дур нарафтан аз доираи суол таърихи таълимоти мазкур ва муаммои парапсихикаро мавриди баррасӣ қарор надода, ба асли масъала бармегардам.

Дар баъзе доираҳои илмӣ «таносух» ҳамчун таълимоти решагӣ ва қадимӣ шинохта мешавад. Барои ин ҳатто як қатор устураҳои таърихӣ, аз ҷумла ҳикоёти Ҳеродот, ки бештаринашон дурӯғанд, ҳамчунин масалҳои бою рангини осори Овидий ва ташреҳоти «Ҷамкитинумо» ба сифати далел оварда мешаванд. Зимнан баъзеҳо бар ин назаранд, ки «сайри арвоҳ» бо тани инсонҳо маҳдуд намонда, ба ҷисми ҳайвонҳо ва растаниҳо низ мегузарад. Пайравони назарияи «таносух» муътақиданд, ки рӯҳи инсон бояд тамоми мавҷудотро давр занад. Гӯё арвоҳи зиёде аз тани инсонҳо ба ҷисми ҳайвонот гузашта, аз ҳайвонҳо ба наботот, баъдан ба ашёи беҷону маъданҳо мегузарад ва ҳамин тавр аз хушкӣ ба об ва аз об ба хушкӣ як савқи иҷборӣ то абад идома меёбад. Интиқоли рӯҳ аз тани як инсон ба тани инсони дигар «насх», ба ҷисми ҳайвон — «масх», ба растаниву наботот — «расх», ба маъданҳо — «фасх» унвон мешавад.

Оё дар ин тасаввурот таъсири пазироии оламшумули арвоҳ дида мешавад? Он бо фарзияи «хулул ва иттиҳод» чӣ қадар алоқаманд аст? Бояд гуфт, ки аз назарияи «таносух» маншаъ гирифтани ин ду таълимоти инҳирофдидаро инкор кардан душвор аст. Ҳатто эволютсионисти англис Тэйлор қайд мекунад, ки таълимоти «таносух» бо бақои мустақилонаи рӯҳ алоқамандии зич дорад. Аз ин нуқтаи назар ҳатто шабоҳати фарзандонро бо волидайн, ки имрӯз ба қонунҳои ирсият нисбат дода мешавад, тӯли асрҳо тавассути назарияи «таносух» эзоҳ медоданд.

Гуфта мешавад, ки таълимоти «таҳвили арвоҳ» аввалан дар соҳилҳои Нил зуҳур ёфтааст, ки нишонаҳои онро дар бинои асрорангези аҳромҳо ва башараи ҷасадҳои мӯмиёӣ дидан мумкин аст. Ин назария, ки аз Миср ба Ҳиндустону Рими Қадим паҳн гардида буд, барои инсонҳое, ки майли абадият дошта, аз як тараф дар таъсири баёноти пурасрори файласуфон монда буданд ва аз тарафи дигар ба абадияти Гангу Ҳинд эътиқод доштанд, ба мояи умеду тасаллият табдил ёфт. Ҳар даъвогар барои исботи фикри худ чандин далел меовард. Масалан, соҳирону ҷодугарон аз Таврот Ниоба ва ҳамсари Ҳазрати Лутро, ки яке ба санги мармар, дигарӣ ба ҳайкал табдил ёфта буданд, далел меоранд. Баъзеҳо савқи илоҳиро дар ҳайвонот ва оҳангу низоми ҳайратоварро дар олами наботот чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё рӯҳи таҳвилшудаи инсон онҳоро идора мекарда бошад. Ба ин тартиб онҳо гумон мекунанд, ки ҳар ашё дар алоҳидагӣ рӯҳ дорад.

Бепоя будани ин аҳком дар мавриди ашёи беҷон, растаниву наботот ва олами инсонӣ ба он ҳад рӯшан аст, ки бо андаке мулоҳизаронӣ онро рад кардан мумкин аст.

Албатта, гуфтан душвор аст, ки ашёи беҷон ва наботот мувофиқи ягон барномаи муайян ривоҷ меёбанд ё не. Аммо тартибу низоми дар онҳо таҷассумёфтаро ба арвоҳи хирадманди кадом як инсоне, ки пеш зистааст, нисбат додан хандаовар аст. Дарахтон ва растаниҳо воқеан аз рӯйи қонунҳои олами наботот рушд мекунанд, вале ин бар он маънӣ нест, ки дар тани онҳо рӯҳи инсон даромада бошад ё онҳо молики рӯҳе бошанд, ки дар оянда ба тани инсон таҳвил ёбад.

Бо вуҷуди гузаронидани таҳқиқоти бешумор муайян нагардид, ки кадом як растанӣ аз ҷониби рӯҳи хирадманди инсонӣ идора шавад ва низ ҳеҷ як инсон ёд надорад, ки замоне рӯҳи ӯ дар тани растанӣ ва ё ҳайвоне қарор гирифта бошад. Ҳол он ки далелҳои аслии назарияи «таносух» аз ҳамин гуна маълумоту иқтибосоти қадимӣ, ки айни ҳақиқат талаққӣ мегарданд, иборат аст. Вале дар асл ба ғайр аз шоҳидии якчанд нафар беморони рӯҳӣ ва як-ду хабари ҳангомасоз то ҳол чизе ба мушоҳида нарасидааст.

Ҳодисоти ба санги мармар табдил ёфтани Ниоба ва ҳайкали чангин шудани ҳамсари Паёмбар Лут (а) ҳеҷ гоҳ наметавонад далел барои «таносух» бошад. Агар инро далел шуморем, пас қабул кардан зарур аст, ки арвоҳи қабзшуда ё аз ҳарорати зиёд ба чанг табдил ёфтааст, ё мисли ҷасадҳо дар оташи гудоза ба санг мубаддал гаштааст. Чунин ҷисмҳои мурдаи шахшударо дар ҳама гӯшаҳои дунё дидан мумкин аст. Дар натиҷаи кофтукобҳои археологии шаҳри Помпей, ки ба дунболи сар задани вулқони Везувий хароб гардида буд, теъдоди зиёди чунин Ниобаҳои мармаршуда пайдо гардид. Вале ин ҳодисаи ибратбахшро ба «таносух» нисбат додан ҷиддияти мавзӯъро халалдор мекунад, зеро он ҳеҷ асоси устуворе надорад.

Агар «таносух» сайру саёҳати арвоҳи инсонҳои фавтида ба ҷисми дигарон бошад, пас ин ҷо кадом рӯҳ ба кадом тан даромадааст? Балки дурусттар ин аст, ки арвоҳи чандин нафари муҷрим қабз гардида, ҷасадҳояшон барои ояндагон ҳамчун дарси ибрат ба санг табдил дода шудааст.

Таълимоти «таносух» дар Мисри Қадим, Юнон ва соҳилҳои Ганг дар заминаи эътиқоди таҳрифшуда ба охират ва рӯҳи абадӣ ташаккул ёфтааст. На дар Миср, ки мардум ба Охинотун (Эхнатон) эътиқод доштанд ва на дар Юнон, ки ба таълимоти Пифагор арҷгузорӣ мешуд, касе ба «таносух» бовар надошт. Ба эътиқоди парастандагони Охинотун пас аз ҳаёти заминии инсон ҳаёти осмонии ӯ оғоз меёбад. Аз ин рӯ баъди фавти инсон рӯҳи ӯ ба сӯйи «маҳкамаи кубро» ба боло мебарояд ва ба назди Осирис ҳозир мешавад. Ҳамаи арвоҳе, ки ба назди ӯ ҳозир мешаванд, чунин ҷавоб медиҳанд: «Ман ба ҳузури ту бе гуноҳ омадам ва дар ҳаёт бо корҳое машғул шудам, ки ба нафъи аҳли имон буд. Хуни касеро нарехтам, дуздиву зишткорӣ накардам, золим набудам. Зино накардаам...» Ҳар касе, ки чунин мегӯяд, дар паҳлӯи Осирис ҷойи худро мегирад. Он нафаре, ки ин суханҳоро ба забон оварда наметавонад ва дар тарозӯ бори сабук дорад, ба ҷаҳаннам андохта мешавад ва онро посбонҳои дӯзах пора-пора мекунанд.

Ҳамчунин дар катибаҳои динии онҳо, ки то замони мо расидааст, чунин тарзи эътиқоди софу беолоишро мебинем: «Офаридаҳои ту бешуморанд ва мо бештарини онҳоро намебинем. Эй Худованди ягона, қудрати туро каси дигаре молик нест. Ту заминро офаридӣ, ба он сурате, ки хостӣ. Ту танҳо Ту ҳастӣ. Ту барои инсонҳо ва ҳайвоноти хурду бузурги рӯйи Замин ва барои парандагони баландпарвоз ҷойгоҳи сазоворро ато кардаӣ. Тамоми зебоиҳо офаридаи туанд ва чашмони ҳама туро дар ин зебоиҳо мебинанд. Ту дар қалби ман ҷой дорӣ». Ин суханҳое, ки ман бе ягон дигаргунӣ аз китоби «Таърихи Миср»-и профессор Брестед иқтибос овардам, тақрибан чор ҳазор сол пеш дар Миср ҳамчун ҳақиқати бузурге пазируфта мешуданд.

Тасаввурот дар мавриди ҳашр ва бақои рӯҳ дар Юнони Қадим ҳам хеле устувор буд. Файласуфи бузург Пифагор талқин мекард, ки «рӯҳ вақте аз ҷасад ҷудо мегардад, ҳаёти хосе дорад. Рӯҳ пеш аз омадан ба ин дунё вуҷуд дошт ва ин ҷо бо чандин мукаллафият омадааст. Агар рӯҳ дар ин дунё бадкориҳо кунад, ба ҷаҳаннам партофта шуда, аз тарафи забониён (посбонҳои дӯзах) пора-пора карда мешавад ва агар баръакс корҳои хайр анҷом диҳад, ба мартабаҳои баланд мерасад ва ҳаёти хушбахтонае ба сар мебарад». Агар баъзе ноқисиҳои ин ақоидро ба назар нагирем, ин ҷо тасвири рангини рӯзи қиёматро дидан мумкин аст. Мулоҳизоти Афлотун, ки дар китоби «Давлат» зикр ёфтаанд, аз андешаҳои Пифагор чандон фарқе надоранд.

Ба эътиқоди Афлотун «вақте рӯҳ аз ҷисм ҷудо мегардад, ҳаёти ҷисмонии худро комилан фаромӯш карда, танҳо бо тафаккури ҳақиқат машғул мешавад. Дар ин ҳол он ба олами барои худ муносибе, ба олами абадиву лоҳутӣ рафта, он ҷо аз нуқсонҳову хатоҳо, аз тарс ва ҳатто аз ишқу ҳавасоти заминӣ, хулоса, аз ҳама норасоиҳое, ки дар табиати башарӣ дида мешавад, озод гардида, ба саодати баланде мерасад».

Аслан агар дар тасаввуроти миллатҳое, ки чунин сохтори тафаккурро соҳибанд, нишонаҳои таълимоти «таносух» ба назар расад, он яқинан маҳсули таҳрифи ин сохтори тафаккур аст.

Динҳо дар Мисри Қадим ва Юнону Ҳинд ба таҳрифот мувоҷеҳ гардида, хосияти комилан мутафовите касб карданд. Таҳрифот сабаб гашт, ки пайравони назарияи таносух ба таълимоти «таҳвили рӯҳ» эътиқод пайдо кунанд. Таълимоти «таносух», ки дар Мисри Қадим реша давонда буд, дар соҳилҳои Нил ба яке аз мавзӯъҳои асосии адабиёти мифологӣ табдил ёфт. Он тавассути тахайюлоти ғании файласуфони юнонӣ либоси рангинтаре пӯшонида шуда, ба масалҳо роҳ ёфт ва ҳамин тавр ба устураҳои ҷаҳонӣ мубаддал гардид.

Ҳиндуён — асирони назарияи мазкур, моддаро таҷаллии охирини Браҳма ҳисобида, якшавии ҷисму рӯҳро зиштиву суқут талаққӣ мекунанд. Бар хилофи ин онҳо маргро халосӣ аз иллатҳои инсонӣ, василаи расидан ба ваҷду истиғроқ ва ҳақиқат мешуморанд. Мувофиқи «Веданта» рӯҳ шарора ё ҷузъи Браҳма мебошад, ки то аз қолаб ба қолаб таҳвил наёбад, аз озору шиканҷа раҳо намешавад. Рӯҳ замоне ба мақсади худ — «маърифати илоҳӣ» мерасад, ки аз худбинӣ ва зиштиҳои он халос шавад ва он гоҳ мисли дарёе, ки ба баҳр мепайвандад, ба Маъбуди Мутлақ хоҳад пайваст. Дар натиҷаи вуслат ҳолати осоишу ҳузур ба вуҷуд меояд, ки дар оини бутпарастӣ «нирвана» ном дорад. Дар баробари беҳаракативу ғайрифаъолии буддизм, рӯҳи браҳманизм хеле фаъол аст.

Баъдан яҳудиён низ вақте аз ғояи «подоши баъди марг» даст кашиданд, назарияи «таносух»-ро қабул карданд. Таълимоти мазкур, ки тавассути соҳирон ба ибодатхонаҳои насронии Искандария роҳ ёфта буд, ба василаи баъзе ҷараёнҳои ғалатии шиамазҳаб дар байни мусулмонон андаке бошад ҳам паҳн гардид. Дар миёни миллатҳое, ки ба назарияи «таносух» эътиқод доштанд, ақидаи муштараке ба назар мерасад. Ин ақида «хулул ва иттиҳод», яъне ақидаи пайвастан ба Худои Таъоло мебошад. Онҳо гумон мекарданд, ки мумкин аст Худо дар сурати инсон таҷассум ёбад ва аз ин рӯ пайравони атенизм Атенаро, браҳманиҳо Браҳмаро, яҳудиён Ҳазрати Узайрро (а), насрониён Исои Масеҳро (а), «шииҳои ифротӣ» Ҳазрати Алиро (р) Худо ҳисобида, ба иштибоҳи бузурге роҳ додаанд. Уламои аҳли Суннат аз муҳаддисон сар карда, то фақеҳону муфассирон ва аҳли калом дар мавриди ихтилоф доштани назарияи «таносух» бо ҳақиқати ислом иттифоқ кардаанд. Ҳар як инсон бо сарнавишти худ зиндагӣ карда, мефавтад ва саранҷом барои амалҳои худ ҳисоб медиҳад. Ба хотири ба таври возеҳ шарҳ додани ин масъала зарур медонам, ки баъзе мулоҳизотро ёдрас шавам. Бо далелҳои зайл назарияи «таносух» пазируфта намешавад:

Аввалан, ҳар инсон аз амалҳои худ, ки дар тӯли зиндагӣ иҷро кардааст, ҷавобгар аст. Пас рӯҳе, ки ба ҳазорҳо ҷисм даромадааст, дар охират ба ҷойи кадоме аз онҳо ҳашр мешавад ва дар чӣ ҳолат мукофот ё муҷозот мебинад?

Дуюм, ин дунё барои имтиҳон аст. Имтиҳон бошад дар асоси имон овардан ба ғайб ҷараён дорад. Вақте рӯҳ барои гуноҳҳои худ дар ҷисми махлуқи пастфитрате ҷазо мебинад, бо пайдо кардани фурсати зиндагӣ дар ҷисми дигар роҳе меёбад, ки дар он ҳамеша имкони гузариш ба ҷисмҳои дигар мавҷуд аст ва дар ин ҳолат имон доштан ба ғайб ҳам аз миён меравад. Ҳамчунин дар ин миён мавзӯи имон овардан ба ғайб беэътибор мегардад ва ин маънои онро дорад, ки назарияи «таносух» худашро рад мекунад.

Сеюм, агар барои дарёфти саодати абадии инсон муҳоҷирати пурмашаққати арвоҳ зарур бошад, пас ваъдаи Худованд дар мавриди мукофоти некон ва муҷозоти зишткорон нолозим мешавад. Аммо дар мавриди Худованд чунин гуфтан ботил аст.

Чорум, Қуръон ва соири китобҳои илоҳӣ таъйид мекунанд, ки барои сазовор шудан ба мағфирати Парвардигор сайри тӯлонӣ ва пурмашаққати арвоҳ зарурат надорад. Марҳамати бепоёни Худоро ҳамин шоиста аст. Шояд Буддо ҳам «нирвана»-ро, ки аз сукунат ва оромӣ иборат аст, авлотар донистааст, ки пайравони ранҷбари браҳманизмро ба ин уфуқ даъват мекунад. Мувофиқи таълимоти ислом гуноҳи авфнашаванда вуҷуд надорад. Худованд ваъда додааст, ки гуноҳи ҳама тавбакорони ҳақиқиро мағфират мекунад. Дар ин маврид камиву зиёдӣ ва давомнокии гуноҳ ба назари эътибор гирифта намешавад. Мумкин аст муҷриме, ки тамоми умр исёнкорӣ кардааст, бо як соат тавбаву надомат раҳмати Худоро мазҳар шавад.

Панҷум, андешае, ки рӯҳ ба хотири мукаммал гардидан бояд сайру саёҳати тӯлониву пурмашаққат дошта бошад, нодуруст аст, зеро ин ба лутфу марҳамати Худованд мухолифат дорад. Ӯ агар хоста бошад, ашёи бекораро ба тилло табдил дода, қиматашро аз ҳама боло мебарад. Ин аз лутфу эҳсони хоси Худованд аст.

Шашум, дар миёни пайравони пайғамбарон нафароне ҳам ҷой доштанд, ки ҳаёти пеш аз имондорияшон пур аз фасод буд. Минбаъд ин гунаҳкорон ба мартабаҳои баланде расиданд, ки бузургтарини авлиё ба сафи онҳо намерасад. Ин ҳақиқати бебаҳс аст. Дар як ҳамла ба авҷи камолот расидани инсон аз лутфи Худо буда, дар айни замон далели он аст, ки рӯҳ барои тараққӣ ба ҳеҷ гуна муҳоҷират эҳтиёҷ надорад.

Ҳафтум, дар баробари қабули он ки ҳар ҷисм рӯҳи алоҳида дорад, мо офаридаҳои беинтиҳои Худоро эътироф мекунем. Аммо даъво кардан, ки теъдоди муайяни арвоҳ аз як тан ба тани дигар кӯч мебандад, Худованди Қодиру Тавоноро оҷиз муаррифӣ кардан аст.

Ҳаштум, дар ҳоле, ки дар рӯйи Замин зиёда аз шаш миллиард инсон зиндагӣ мекунад, чаро ақаллан миллион нафарашон доир ба ҳаёте, ки дар ҷисми дигар доштанд, саргузаште дар хотир надоранд. Магар миёни чанд нафаре, ки ба дунё омада, дар як рӯҳ зиндагӣ карда гузаштаанд, ягон фарҳанги муштараке пайдо нашуд? Ҳатто агар чунин нафарон аз ҳазор як ҳиссаи аҳолии рӯйи Заминро ташкил медоданд, ин теъдоди хеле зиёди инсонҳоро дар бар мегирифт ва онҳоро дар ҳама ҷо вохӯрдан мумкин буд. Вале куҷоянд онҳо?

Нуҳум, касоне, ки «рӯҳи куҳна» доранд, магар дар синни 3—4 солагӣ инро эҳсос намекунанд? Вале, оё то имрӯз чунин ҳолат боре рух додааст, ки сабт гардида бошад? Маълум аст, ки баъзе доҳиён ё авлиё ба иҷрои баъзе амалҳои аз одат берун қодиранд, аммо ин мавриди истифода қарор додани маълумоти тайёр нест, балки илтифоти самовӣ аст ё фатонати бузург, ки ашёву ҳодисотро кашф мекунад.

То ҳол ҳеҷ як далели муътамад оварда нашудааст, ки кадом як ҷисм дар рӯҳи бегона зиста бошад, албатта, агар «шаҳодат»-и чанде аз беморони рӯҳӣ ва матолиби ихтилофангези рӯзномаҳоро ба назар нагирем.

Ва ниҳоят, даҳум, ҳеҷ як далел нишон дода нашудааст, ки кадом як ҷондори ғайрибашар ягоне аз вазифаҳои инсониро иҷро карда бошад. Ҳол он ки вақте рӯҳ ба ҷисми махлуқи пастфитрат таҳвил меёбад, бояд ягоне аз аломатҳои фитрати баланди инсониро нишон диҳад. Таҳқиқотҳои муваффақи табиатшиносон то имрӯз ба ягон натиҷае, ки «таносух»-ро собит мекарда бошад, нарасидаанд.

Дар поён ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки ақидаи «таносух» дар гузашта ҳамчун инҳирофи эътиқод вуҷуд дошт ва имрӯз ҳам ба сурати васвасаҳои шайтонӣ дар бунёди баъзе нафарон зуҳур меёбад. Бале, бо ёдоварии фармудаи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар мавриди ҷой гирифтани шайтон дар рагҳои хунгарди инсон17 ва таъсири он ба ақлу дил дурусттар дарк мекунем, ки тасаввурот дар бораи таҳвили рӯҳ ҳарзае беш нест.

Аслан чунин хурофоти беасос ва хилофи ваҳй наметавонад мавриди пазириши инсон бошад, ки аз нигоҳи офариниш ашрафи махлуқот аст. Ҳақиқати ҳолро танҳо Худо медонад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2