Технология
Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси нақлиёти қадимӣ, автомобилҳо, роҳи оҳан, самолётҳо, киштиҳо, велосипеду мотосиклҳо, андозагирӣ, ҳисоб, компютерҳо ва навору аккосӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
То ихтирои чарх давлатмандон чӣ тавр ҳаракат мекарданд?
Ашрофу давлатмандонро ғуломонашон дар тахт, замбар ё курсии равон мекашонданд. Бори вазнинро ҳайвоноти боркаш: асп, хачир (Аврупо), фил, шутур (Осиё ва Африқо) ва лама (Амрикои Ҷанубӣ) мекашониданд.
Чана чист?
Қабилаҳои ҳиндувони Амрикои Шимолӣ бодиягард буда, аз як манзил ба манзили дигар кӯч мебастанд. Барои кашонидани асбобу анҷоми рӯзгор онҳо аз чанаҳо истифода мекарданд. Ду чӯби дарози хаймаро ба ҳайвони боркаш ё саг баста, байни чӯбҳо борро мегузоштанд. Дар навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон барои кашонидани бор ё маҳсулоти кишоварзӣ аз чана (чигина) истифода мекарданд.
Чиро «киштии биёбон» меноманд?
Одамон аз қадим борҳои вазнинро дар шутур мекашонданд. Ҳатто яке аз ченакҳои вазни форсӣ «шутурбор» ном дошт. Шутурҳо бе обу ғизо дар зери офтоби тафсон масофаҳои бузургро тай мекунанд, аз ин сабаб онҳоро «киштии биёбон» меноманд. Одамон шутурро тақрибан 4–4,5 ҳазор сол муқаддам ром намуда, то ҳол дар ҳамлу нақл истифода мебаранд.
Нақлиёт
То ихтирои чарх, инсон борро бар дӯш ниҳода пиёда роҳ мепаймуд. Баъдтар барои кашондани бори вазнин дар хушкӣ аз ғӯлачӯбу фишанг истифода мекарданд. Тадриҷан одамон борро бар дӯши ҳайвонот мекашидагӣ шуданд. Тақрибан 5 ҳазор сол муқаддам дар Бобилистон аробаи чархдор сохта шуд. 1500 сол муқаддам киштисозӣ равнақ ёфта, сайёҳон ба сафарҳои дур баромаданд.




