БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Кӯдак худро ба қаҳрамони интихобкардаи худ монанд намуда, мувофиқи фаҳмишу дониши худ мисли вай амал мекунад.
Бозиҳои сохтмонӣ, ки онро бозиҳои бинокорӣ, фаъолияти конструктивӣ, ё худ тарҳсозӣ меноманд. Дар рафти бозиҳои сохтмонӣ инкишофи тафаккур, идрок, муносибатҳои фазоии ашё, монандкунӣ, донистагирии ҳаҷму андоза ва дигар амалҳои фикрронӣ таъмин мегардад.
Тахаюлот ва хаёли эҷодии кӯдак дар бозиҳои сохтмонӣ ва амалҳои ихтироъкорӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ инкишоф меёбад.
Бозиҳои саҳнавишуда, ки онҳо дар дастурҳои методӣ ба номи бозии саҳнабоб (инсенировка), аз рӯи мазмуни афсона бошад, бозиҳои театрикунонидашуда, театри лӯхтак ва театри кӯдакона номбар мегардад. Мазмуни бозиҳои ба саҳна гузошташуда, асосан, аз рӯи мазмуни асарҳои бадеӣ, афсона, ҳикоя, гирифташуда, дар саҳнаҳои алоҳида, худи кӯдакон аз номи қаҳрамонони онҳо амал менамоянд.
Бозиҳои қоиданок:
- Бозиҳои серҳаракат дар режаи рӯзи муассисаи таълимии томактабӣ мавқеи хос доранд ва онҳо мунтазам дар давоми рӯз гузаронида мешаванд:
– варзиши пагоҳирӯзӣ дар шакли бозиҳои серҳаракат;
– дар байни машғулиятҳо;
– дар рафти сайругашт бозиҳои серҳаракат баргузор карда мешавад;
– дар машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ; Инчунин, дар рафти машғулияти тарбияи ҷисмонӣ бозиҳои серҳаракат баргузор карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар рӯзҳое, ки машғулиятҳои ҷисмонӣ баргузор карда мешавад, бояд дар сайругашт, бозиҳои ором (мустақилона) ба нақша гирифта шавад.
Хеле муҳим аст, ки давомнокии бозиҳои серҳаракат ба ҳисоб гирифта шавад, то ки ба фаъолияти кори дил, мушакҳо, нафаскашӣ таъсири манфӣ нарасонад. Хуб мешуд, ки бохзиҳои серҳаракат дар ҳавои кушод ташкил ва гузаронида шавад. Ин ба фаъолнокии дилу шуш таъсир намуда, хунро аз ҳавои тоза пур мекунад, ба беҳтаршавии иштиҳо, мустаҳкамшавии асаб, рушдёбии ҷисм ва муқовимати он ба касалиҳо имконият медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё