Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бозиҳои дидактикӣ. Аз номи он бармеояд, яъне таълим додан, омӯзонидан, аз худ кунонидан, ёддиҳҷ. Ин бозиҳо аз тарафи калонсолон тарҳрезӣ, эҷод, таҳия гардида, бачаҳо зери роҳбарии мураббӣ ин амалҳоро иҷро менамоянд.
Бозиҳои дидактикӣ дар навбати худ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. Бозиҳои дидактикии ашёи (халтачаи сеҳрнок ва аз рӯйи тасвирҳо гузаронида мешавад).
  2. Бозиҳои дидактикии рӯйимизӣ (лото, домино, шашка) 3. Бозиҳои дидактикии даҳонӣ (таввассути тақлидкорӣ, зарбулмасалхонӣ ва чистонгӯйӣ гузаронида мешавад).
    Бозича – ашёи мазхсус аст, ки дар худ хусусияти ашё, ҳайвонот ва одамони гирду атрофро таҷассум намуда, барои ба онҳо амал кардани кӯдакон сохта шудаанд.
    Ашёи рӯзгор, нақлиёт, симои ҳайвонҳо, лухтакҳо ва ғайра дар шакли бозича ба кӯдакон дастрас мегардад.
    Бозичаҳо заминаи моддии бозӣ буда, кӯдакон тавассути он нақшҳои хаёлии худро тарҳрезӣ менамоянд, ба ин ё он нақш ворид гардида, таасуротҳои худро оид ба ҳаёти гирду атроф амалӣ мегардонанд.
    Масалан, духтарча лухтак, хирсак, харгӯшак ва сагчаро ба бағал гирифта, дар симои он кӯдакро тасаввур менамояд, ӯро ором мекунад, алла мегӯяд, навозишу меҳрубонӣ менамояд, яъне худро ҳамчун модар тасаввур карда, ба амалҳои ӯ тақлид менамояд ва муносибатҳои худро бо “фарзанд” нишон медиҳад.
    Ҳамин тавр, бозича кӯдакро барои “зиндагӣ кардан ва амал намудан” меомӯзанд. Аз ин рӯ, аҳамияти тарбиявии бозича хеле калон аст.
    Маҳз бо мадади бозича кӯдак худро иштирокчии фаъоли ҳаёт ва зиндагии ҳаррӯза ҳис менамояд. Ба воситаи бозичаҳо шавқу ҳавас, ҳисси кунӣковӣ ва донистагирии кӯдакон инкишоф дода мешавад.
    Бозичаҳои нақшофар ва дидактикӣ шавқу рағбати кӯдаконро ба суханронӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, аз худ намудани маҳорату малакаҳои фикрронӣ водор менамоянд.
    Бозичаҳои тақсимшаванда, тарҳсоз (конструкторҳо), мазайикаҳо, воситаҳои муҳими инкишоф додани диққат, бахотиргирӣ, машқ додани маҳорати муқоисакунӣ, гурӯҳбандӣ кардан ва ғайраҳо шуда, хизмат менамояд.
    Кӯдакон ҳангоми истифодабарии бозича бо ҳамдигар машварат менамоянд, аз ҳамдигар меомӯзанд, ба якдигар гузашт намуда, фикру ақидаи ҳамсолонро ба ҳисоб мегиранд, ки ин ба рушди иҷтимоӣ – ахлоқии онҳо аҳамияти хуб дорад.
пешина
аз 108
навбатӣ