Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бинобар ин, мураббӣ бояд ба кӯдак ёрӣ расонад, барои ҳар як бурдбориҳояш таъриф карда, ӯро рӯҳбаланд намояд.
Бозиҳои дидактикӣ ба инкишофи маънавии кӯдакон созгор буда, мураббиҳо метавонанд дар сурати хубтар ба роҳ мондани онҳо ба муваффақият ва дастовард ноил гарданд.

Бозию бозича ва дунёи кӯдакон

Бозӣ фаъолияти мустақилона ва пешбарандаи кӯдакона буда, дар ҷараёни он тарбия, таълим ва рушди ҳаматарафаи шахсияти онҳо камол ёфта, таъмин карда мешавад. Бинобарин, бояд калонсолон ба бозиҳои кӯдакон ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд.
Бозӣ дар тарбияи кӯдак то ҷое нақш мебозад. Бозиҳо ба ҳаёти кӯдакон номаълум ворид мешаванд. Онҳо метавонанд хислат ва рафтори кӯдакро тағйир диҳанд. Бозии хуб ба кори хуб ва бозии бад ба кори бад бачаро роҳнамоӣ мекунад.
Бозиҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудаанд, ки ҳар яке дар таркиби худ боз бозиҳои зеринро дар бар мегиранд:

  1. Бозиҳои эҷодӣ: бозиҳои нақшдор, бозӣ-инсенировка аз рӯи мазмуни афсонаҳо, театри лӯхтак, театри панҷа, театри соягӣ ва бозиҳо бо маводҳои сохтмонӣ.
  2. Бозиҳои қоидадор: дидактикӣ, серҳаракат ва камҳаракат мешаванд. Дар навбати худ бозиҳои дидактикӣ ба дидактии чопии рӯйимизӣ, дидактикии шифоҳӣ ва дидактикии ашё ҷудо мешаванд.
  3. Бозиҳои эҷодӣ:
    Асоси бозиҳои нақшофарии мазмундорро ҳолати тасаввуршуда ташкил менамояд, ки дар он кӯдак нақши калонсолро орзу карда, онро дар муҳити махсус амалӣ менамояд. Кӯдакон тавассути бозиҳои эҷодии нақшдор бо касбу кори гуногун шиносоӣ пайдо мекунанд.
    Масалан, бозии шавқовару пурмуҳтавои “Табиб”-ро роҳандозӣ намуда, нақши табитро дар маркази диққат мегузоранд. Дар рафти бозӣ духтур бо бемор саволу ҷавоб оид ба бемории шахси гирифтори маризӣ, санҷидани набз, навиштани дору – талху турш будани онҳо сӯҳбат мегузаронад.
пешина
аз 108
навбатӣ