Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Академик Зариф Раҷабов навиштааст, гранкааш омад, ман хондам. Ҷумлаи охири мақола чунин аст: Беҳбудӣ то охири умр душмани Револютсияи октябр буд. Охир, ман ҳам Беҳбудиям, фарзандону наберагонам ҳам Беҳбудиянд.
Оқибаташ чӣ мешуда бошад?..» Он солҳо ягон вақт пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба гӯшаи хотири касе ҳам намеомад. Бинобар ин ҳолати Мидҳат-акаро фаҳмидан мумкин буд. Мақола аз редаксияи мо мерафт. Ба Мидҳатака гуфтам, ки зиқ нашавад, илоҷашро меёбем. Ӯ хомушона бадар рафт. Баъди чанд муддате андеша ба касе чизе нагуфтам, ризояти муаллифро ҳам напурсидам ва ҷумлаи охири мақоларо дар таҳрири зайл ба чоп супурдам:
«Беҳбудӣ моҳияти Револютсияи октябрро дарк карда натавонист» (ЭСТ, ҷ.1, саҳ.439).
ҚОМАТБАЛАНДУ НАЗАРБАЛАНД БУД Ӯ

Вуҷуди ман шаҳиди сӯзу соз аст, Ҷаҳони ман пур аз накшуда роз аст.
Мирсаид Миршакар
1 Дар ибтидои солҳои 80-и қарни гузашта бо ҳидояту ташвиқи устоди шодравон Убайд Раҷаб муддате ба омӯзишу нақди адабиёти бачагону наврасон машғул шудам. Чанд мақола оид ба ин адабиёти хеле рангину дилрабо дар матбуоти ҷумҳурӣ ва маҷаллаи «Детская литература» – и Маскав ба чоп расонидам. Зимни омӯзиши шахсият ва эҷодиёти намояндагони ин адабиёт барои худ кашф кардам, ки аксари адибони номвари кӯдакон шахсони бузургҷуссаву қоматбаланд ва дилкушоду назарбаланд будаанд. Ҳанс Андерсен, Корней Чуковский, Сергей Михалков… ва Мирсаид Миршакару Убайд Раҷаб аз ҳамон зумраанд.
Ин ҷо суҳбати мо аз шахсияти адабиву инсонии устод Мирсаид Миршакар аст. Бозор Собир, ки ба каме аз адибони гузаштаву имрӯз назари нек дорад, дар як мақолааш ба ёди Убайд Раҷаб иқрор кардааст, ки «Миршакар воқеан классики адабиёти бачагон аст». Камина ҷуръат мекунаму бештар аз ин мегӯям: Миршакар поягузори адабиёти касбии бачагонаи тоҷик аст. Албатта, қабл аз ӯ устодон Айниву Лоҳутӣ, Абдуррауфи Фитрат, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ барои кӯдакону наврасон, хусусан барои китобҳои дарсӣ, шеъру ҳикоя, афсонаву достонҳои хуб таълиф кардаанд. Вале ҳеч як аз онҳо ба таври ҳирфаӣ ин корро мароми эҷодии худ қарор надода, ному шуҳраташон низ ба адабиёти бачагон вобаста нест.
Мирсаид Миршакар, агарчи дар тӯли тамоми фаъолияти эҷодияш барои кӯдакону калонсолон баробар асар менавишт, аммо дар ҷомеа ва доираҳои адабӣ бештар ҳамчун шоири кӯдакону наврасон шуҳратёр шуд. Академик Раҷаб Амонов, профессор Ҷонон Бобокалонова ва бисёр ноқидону адибони дигар паҳлуҳои гуногуни назму насри бачагонаи устод Миршакарро тадқиқу тарғиб кардаанд ва танҳо дар рисолаи профессор Холиқ Мирзозода дар баробари осори бачагонаи шоир асарҳои барои калонсолон эҷодкардаи ӯ низ мавриди баррасӣ карор гирифтаанд.

пешина
аз 202
навбатӣ