Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Шакурӣ, С. Айнӣ, Ш. Раҳматуллоев ва ҳаммаслакони онҳо ёрӣ мерасонд, мактабҳо таъсис карда, дар таҳияи китобҳои нави таълимӣ кӯшиш ба харҷ медод.
Моҳи марти соли 1919 Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ аз Самарқанд озими сафар шуда, баъди гузаштан ба хоки аморати Бухоро дар Шаҳрисабз аз ҷониби амалдорони амир ба ҷурми кофиру ҷадид хонда шуданаш дастгир гардид. Сипас бо амри амир ба шаҳри Қаршӣ оваронда, ба зиндон карда ва дар ҳамон ҷо ваҳшиёна кушта шуд. Хабари кушта шудани Беҳбудӣ аҳли маърифат ва қалами тамоми Осиёи Миёнаро ба шӯр оварду аламзада кард. Махсусан С. Айнӣ ва Абдуррауфи Фитрат, ки ҷавру ситами амирро ба ҷони худ эҳсос кардаву аз Бухоро фирорӣ ва дар Самарқанд паноҳанда буданд, аз ин воқеаи даҳшатзо сахт мутаассир шуданд ва дар рисои Беҳбудӣ марсияҳои ҷонгудоз гуфтанд. Ҳамчунин дигар адаибони тоҷику ӯзбак низ дар асари ин фоҷеа шеъру мақолаҳо навиштанд, ду шумораи рӯзномаи «Шӯълаи инқилоб» ба воқеаи куштори Беҳбудӣ ва маросими дафни ӯ бахшида шуд.
P.S. Моҳи апрели соли 2014 ҳамроҳи устод Гулназар барои иштирок дар таҷлили ҷашни 100-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ ба Самарқанд рафтем. Дар девори Хонаи матбуоти вилоят, ки ҷаласаи тантанавӣ он ҷо баргузор шуд, бори аввал сурати фотографии Маҳмудхоҷа Бехбудиро дидам: як нафар зиёии ашрофи бовиқор. Ба ёдам наберааш Мидҳат Беҳбудӣ омад (ёдаш ба хайр), ки марди қоматбаланди сафедпӯсти чашмкабуд, рафтору гуфтору кирдораш хоси ашрофзодагони воқеӣ, журналист, тарҷумон ва муҳаррири варзида буд. Дар сарредаксияи Энсиклопедияи советии тоҷик ҳамроҳ кор мекардем: ман – мудири редаксияи Таърихи Тоҷикистон, СССР ва КПСС; ӯ – муҳаррири калони редаксияи Назорати илмӣ. Дар яке аз рӯзҳои баҳори соли 1977 Мидҳат-ака ба утоқи корам омад, чеҳрааш гирифта ва таъбаш хира буд. Ҳол пурсидам, гуфт: «Мулло Абдураҳмон, дар ҷилди якум дар бораи бобои ман мақолае меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё