Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамаи ин иқдомот, ки тақозои давру замон буд, ба фаъолият ва шуҷоати шахсиятҳои ҷудогона сахт вобастагӣ дошт. Дар байни онҳо чун Мирзосироҷи Ҳаким, Абдулқодир Шакурӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Садриддин Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат ва амсоли инҳо шахсони гуногунпешаву гуногунмартаба буданд, ки дар роҳи танвири афкори ҷомеа ҷоннисорона хидмат мекарданд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар ин миён мақому манзилати хоса дорад. Ӯ чи бо таълифи осори таълимӣ, мақолоти публитсиситӣ, чи бо фаъолияти рӯҳониву иҷтимоӣ ва ноширии худ дар таърихи ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ нақши равшан боқӣ гузошт. Вале чархи гардони сиёсат ба рӯи шахсият, фаъолият ва хидматҳои Беҳбудӣ ҷунон пардаи ғализи сиёҳ андохт, ки нишонаҳоеро аз онҳо дидану шинохтан даҳсолаҳо аз имкон берун монд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ соли 1875 дар дехаи Бахшитеппаи вилояти Самарқанд ба дунё омад. Маълумоти ибтидоиро аз тағояш Мулло Одил гирифт, ки муфтӣ буд. Соли 1894 падараш аз олам даргузашт ва Маҳмудхоҷа бинобар муҳтоҷии оилаашон қатъи таҳсил кард ва дар ҳузури тағои қозияш Муҳаммад Сиддиқ ба кори мирзоӣ пардохт. Дере нагузашта тағояш аз қозигӣ маъзул шуд ва Беҳбудӣ низ аз кор маҳрум монд. Вале душвориву сахтиҳои моддиву маишӣ азми ӯро ба таҳсилу таълим натавонист қатъ бикунад ва дере нагузашта Беҳбудӣ дар Самарқанд аввал мирзои муфтӣ ва баъдтар муфтӣ таъйин шуд.
Маҳмудхоҷа аз айёми наврасӣ аз тағояш забонҳои арабӣ ва туркиро омӯхта, ба нашрияҳои хориҷӣ ошноӣ пайдо карда буд. Дар танвири афкори иҷтимоиву маорифпарварии ӯ хусусан нашрияи «Тарҷумон», ки дар Боғчасарой чоп мешуд, нақши муҳим бозид. Соли 1900 Беҳбудӣ озими ҳаҷ шуд. Дар ҷараёни мусофират ӯ дар шаҳрҳои Туркия ва Миср бо вазъи мактабу маориф ва усулҳои нави таълим ошно гардид. Сипас солҳои 1903-1904 ба Русия сафар карда, дар шаҳрҳои Петербург, Қазон ва Оренбург кори мактабҳо, матбуот, ҳамчунин адабиёти русу тоторро аз наздик омӯхт, хусусан ба усули таълими савтияи маорифпарвари машҳури тотор Исмоили Ғаспаронӣ (Гаспаринский) рағбат ҳосил намуд Исмоилбек Гаспаринский (1851-1914) нависанда ва рӯзноманигор, яке аз асосгузорони тарзи нави таълим (усули ҷадида) дар мактабҳои исломӣ буд.

пешина
аз 202
навбатӣ