Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Таълимоти ӯ ба ташаккули ҳаракати ҷадидия дар Тотористон, Туркистон ва аморати Бухоро таъсир расонидааст. Аз ин хусус дар «Таърихи инқилоби Бухоро»-и устод Айнӣ низ ҷо-ҷо сухан меравад. Дар айни авҷи Инқилоби якуми рус (1905-1907) Гаспаринский аз ҷумлаи ҳимоятгарони манфиатҳои умуми Россия буд ва чунин тарғибот мебурд: «Мусулмонон бояд ба муқобили Россия инқилоб барпо накунанд ва дар назди вай хоин нашаванд» (рӯзн. «Туҷҷор», 1907, №15,14 декабр).
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ низ зери таъсири ӯ баъди бозгашт дар Самарқанд мактаби усули ҷадид боз кард ва барои ин мактаб китобу дастурҳои таълимӣ навишт («Китоб-ул-атфол», «Мухтасари ҷуғрофияи Русия», «Мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ», «Мухтасари таърихи ислом», «Амалиёти ислом», «Мадхали ҷуғрофияи умронӣ»), ҳамчунин харитаи Туркистон, Бухоро ва Хеваро тартиб дод ва нашр кард. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ низ аз Инқилоби якуми рус умедвории зиёд дошт ва баъди эълони Манифести шоҳи Россия аз 17 октябри соли 1905 дар мақолааш «Ҳуррият-озодӣ-свободаэркинлик» навишта буд: «Халқамон беҳад хурсанд ва муташаккир шудаанд, ки бо иродаи Аллоҳ ва марҳамати подшоҳамон аз як тараф ба озодӣ, аз тарафи дигар ба мартабаи вакил фиристодан ба Маҷлиси миллӣ ноил шуданд… Мо ва тамоми аҳли Русия дар як мартаба қарор мегирем» («Туркистон вилоятининг газетаси», 1906, 15 феврал, №7) Дар ҷараёни омӯзиши кори мактабу маориф, хусусан баъди сар кардани кори амалии таълим дар мактаби ҷадид Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дарёфт, ки дар доираи танҳо мактаб ва тағйири усули таълим наметавон табаддулоти чашмраси фикрӣ ба ҷомеа ворид кард. Воситаҳое лозим буд, ки имкони бо анбӯҳи васеътари мардум алоқа ва мусоҳиба карданро фароҳам оварад. Бинобар ин ӯ соли 1913 рӯзномаи «Самарқандро»-ро таъсис ва нашр кард. Худаш муҳаррири масъули рӯзнома низ буд ва дар таълифу тарҷумаи мақолаву хабарҳои рӯзнома фаъолона ширкат менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё