Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
БЕҲБУДӢ – ЯКЕ АЗ ПОЯГУЗОРОНИ МАТБУОТ
Ҳаракати маорифпарварӣ, ки дар Осиёи Марказӣ бо ибтикороти Аҳмади Дониш дар нимаи дуюми асри XIX ба вуқӯъ пайваст, аз ибтидои асри XX дар шароити иҷтимоиву сиёсии дигар, дар зинаву сатҳи сифатан нав идомат ёфт.
Аҳмади Дониш дар асарҳои иҷтимоиву фалсафӣ, таърихӣ ва бадеии худ хиштҳои аввалин ва таҳкурсии бинои маорифпарвариро гузошт. Ақидаҳо ва марому нийятҳои ӯ дар саҳифаҳои китоб ва дар гузоришҳои расмие, ки ба дарбор пеш мениҳод, сабт шуда, ба доираи маҳдуде аз аҳли китоб дастрас буд. Вале аз ибтидои асри XX вобаста ба ҷунбишҳои сиёсие, ки дар Русия ва мамолики Шарқи Наздик рух доданд, дар аморати Бухоро ва Туркистон низ оммаи васеътари мардум фикран бедор шуд. Манфиатҳои онҳо аз доираи рӯзгори хонавода ва маҳфилҳои маҳдуд фаротар рафта, ба ҳаёти кулли ҷомеа пайваст. Мардум андакандак дарк карданд, ки беҳбуди зиндагии ҳар кадоми онҳо бидуни тағайюроту ислоҳоти бисёр соҳаҳои ҳаёти ҷамъият умуман имконнопазир аст. Ин ҳақиқатро Аҳмади Дониш хусусан баъди мусофиратҳое, ки ба Русия дошт, дар осораш талқин намуда буд. Вале нахустин иқдомоти амалӣ дар ин ҷода аз ибтидои асри XX шурӯъ шуд. Ва ин ҷараён ба мусофиратҳои аҳли зиё ва тиҷорат ба мамолики ҷаҳон, ба нашри китоб, хусусан ба интишори матбуот ва таъсиси мактабҳои усули нав дар Самарқанд, Бухоро ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ вобастагии қавӣ дошт. Ин омилҳо ақидаҳои маорифпарвариро ба зинаи сифатан нави таҳаввул ҳидоят намуданд. Таъсири як худи китоби Мирзосироҷи Ҳаким «Туҳафи аҳли Бухоро»-ро ба шууру тафаккури аҳли адаб, маърифат ва мактаб дар Бухорову Самарқанд ёдрас шудан кофист, ки аҳаммияти омилҳои мазкур равшан гардад. Таконе, ки нашри рӯзномаҳои «Бухорои шариф», «Самарқанд», маҷаллаи «Ойина», инчунин таъсиси мактабҳои усули нав ба бедории фикри мардум дод, гуфтан мумкин аст, ба аҳаммияти фақулъодаи иҷтимоиву фарҳангӣ молик буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё