Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ман ҳамон вақт аз забони устод Турсунзода фаҳмидам, ки Индонезия сернуфустарин кишвари мусулмонист ва ислом дар он ҷо намоишӣ набудааст, зеро ҳадди аксари мусулмонҳои он кишвар аз таассубу хурофоти динӣ орӣ будаанд. Сабаби ин ҳолатро низ устод тақрибан чунин шарҳ доданд, ки ислом дар Индонезия на дар давраи таассуботи динии арабҳо, на бо зӯри шамшер ва на яку якбора, балки баъдтар, тадриҷан дар давоми асрҳои 13-15 ҷорӣ шуда, аз ибтидои қарни 16 то имрӯз дар байни динҳои дигари роиҷ дар ин кишвар тасаллути комил пайдо кардааст.
Суҳбати устодон дар ниҳояти шавқангезӣ ва маърифатбахшоӣ идомат меёфт. Банда сар то по ҳушу гӯш будам, вале дар як гӯшаи дилам оташи изтироби ташвишангезе хомӯш намешуд, балки ҳар лаҳза сӯзу азобам медод, гумону тахминҳое мушаввашам мекарданд, ки домулло Маъсумӣ маро ба ҳузуру суҳбати ин устоди шариф набояд фақат ба хотири ҳамроҳӣ ва шунидани суҳбат оварда бошанд…
Пас аз чанд лаҳза пешхизматзан бо аробачае пур аз хӯроку хӯришу нӯшокиҳо ворид шуд, дар як он рӯи миз дастархон орост ва ба мо иштиҳои хуб таманно карду бадар рафт.
Косагули нишаст устод Маъсумӣ буданд. Тақрибан ду – дуюним соат бо суҳбати ширину шеърхонӣ сипарӣ шуд.
Наздики соати 11-и шаб занги телефон садо дод, аз тарабхона занг мезаданд. Устод Турсунзода гӯшаки телефонро бардоштанду «маъзарат, биёед, марҳамат…» гуфтанд.
Баъди лаҳзае ҳамон хонуми пешхизмат ҳозир шуд ва табассумкунон «хайр, ҳисобӣ мекунем?» гуфт. Ӯ, аз афташ, ҳисобу китобашро пешакӣ омода карда буд. Устод Турсунзода ба назди ҷевон рафтанд ва аз кисаи дарунии пиҷакашон як дастаи нави 25-сӯмаро бароварда рӯи аробачаи хонум гузоштанду гуфтанд: «аз ин ҷо гиред». Напурсиданд, ки чанд сӯм шуд. Хонум ҳам се коғази 25-сӯмаро гирифту «ташаккур» гӯён рафтанӣ буд, ки устод ӯро боздоштанд:
«Ленаҷон, сабр кунед» ва назди аробача рафта дастаи пулро бардоштанду 2 дона 25-сӯмаро ҷудо карда ба хонум дароз намуданд: «Ленаҷон, инаш ҳаққи хизмат не, балки ҳаққи табассуми зебои Шумост».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё