Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд фаҳмидам, ки ӯ Олим Ғафуров – додари Бобоҷон Ғафуров будааст ва он вақт дар вазифаи референти Шӯрои Олии ИҶШС кор мекардааст.
Баъди ҳолпурсии сари дастархон устод Турсунзода ба домулло Маъсумӣ рӯй оварда, ба банда ишоракунон «писарро шинос накардед» гуфтанд. Маъсумӣ «ҳа, гуфта будам-ку, - ба суҳбати телефониашон истинод карданд, - ин ҷавон ҳамон аспиранти шарқшиносамон, дар институти домулло Ғафуров (Институти шарқшиносии АИ ИҶШС-ро аксари мардум он вақтҳо «Институти Ғафуров» мегуфтанд) таҳсил доранд, номашон Абдураҳмон, аз тоҷикони Тошканд, бачаи шуданӣ…» Ман намедонистам изтиробу ҳаяҷонеро, ки вуҷудамро фаро гирифта буд, чи гуна идора кунам, аз ҷой хестам. Устод Турсунзода бо ишораи даст ва табассуми малеҳ маро ба нишастан ҳидоят намуданд. Сипас аз домулло Маъсумӣ аз навигариҳои Тоҷикистону Душанбе пурсиданд ва ногаҳон ба ман рӯй оварданду «мавзӯи коратон чист?» гуфтанд. Ман, гӯё дар имтиҳон қарор дошта бошам, «анъанаи қасида дар эҷодиёти Маликушшуаро Баҳор», - гуфтам. Устод ба аломати ризоият сар ҷунбонданду гуфтанд: «Баҳор шоир ва олими бузург буд. Як қасидаи «Ҷуғди ҷанг»-аш кофист, ки дар таърихи адабиёт бимонад.
Гузашта аз ин, вай тоҷики худамон, аз Хуросон, бисёр мавзӯи хуб, кор кунед, барор мехоҳам…»
Баъд устод Турсунзода назди телефон рафтанду рақами телефони касеро гирифтанд ва пас аз омадани ҷавоб гуфтанд: «Ленаҷон, Турсунзода ташвиш медиҳад. Барои чор кас хӯроки шом… Албатта, бо газаку шарбату шароб… Ба салоҳдиди Шумо, ташаккур…» Дигар, то омадани пешхизмат устод дар бораи сафарашон ба Индонезия, ҷаласаи мақоми иҷроияи Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африка, табиат ва мардуми Индонезия бо тааннӣ суҳбат мекарданд.
Гоҳ-гоҳ ба суҳбат Носирҷон Асадович бо луқмаҳои пурсишӣ ҳамроҳ мешуданд. Олим Ғафуров ва банда шунаванда будем.

пешина
аз 202
навбатӣ