Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хонум бо ноз пулро аз дасти устод гирифт ва ташаккургӯёну ишвакунон бадар шуд. Ин рафтори устодро баъдан чун мисоли ҷавонмардӣ ва саховати ӯ дар нишасту маҳфилҳо борҳо ҳикоят кардаам. Охир он замон 50 сӯм баробари 80 доллар буд, ки маблағи калон ҳисоб мешуд.
Вақте ки устод Турсунзода баъди гусели хонум баргашта ба сари миз нишастанд, домулло Маъсумӣ як ба соати дастиашон нигаристанду «оҳо, соат аз 11 гузаштааст-ку»
гуфтанд ва ба устод рӯй оварда илова карданд: «Ман ба мулло (яъне ман) аз он хусус чизе нагуфтаам, беҳтараш худатон мегуфтед…»
Ман, ки аз муддао аслан хабар надоштам, аз дил гузаронидам, ки «омад ба сарам аз он чӣ метарсидам». Лекин масъала тамоман ранги дигар гирифт. Устод Турсунзода андак сукут карданд, аз рӯи одат холи рӯи лабашонро хориданд, сипас ба ман рӯй оварданду гуфтанд: «Носирҷон Асадович мегӯянд, ки шумо забони русиро хуб медонед, шеърфаҳмиатонро низ таъриф карданд. Мутаассифона, дар мо чунин шудааст, ки русидонҳо шеърро дуруст намефаҳманд, онҳое, ки шеъри тоҷикиро хуб мефаҳманд, русиро хуб намедонанд. Бинобар ин дар тарҷумаи таҳтуллафзи шеъри тоҷикӣ, хусусан шеъри классикон, як вазъияти хеле мураккаб ба миён омадааст. Ман имрӯз дар Иттифоқи нависандагон будам, бо директорони нашриётҳои «Художественная литература» ва «Советский писатель» суҳбат доштам. Дар суҳбатамон Шавкат Ниёзӣ ҳам буд. Агар шумо тарҷумаи таҳтуллафзи шеъри классикону шоирони муосирро ба уҳда гиред, бад намешуд. Барои худатон ҳам аз манфиат холӣ нахоҳад буд. То фардо фикр кунед, агар розӣ шавед, ба Иттифоқи нависандагон назди Шакатҷон равед, дар дасти он кас достони «Роҳи нури офтоб»-и ману Раҳимзода ҳаст.
Машқи сартароширо аз сари мо шуруъ кунед (хандиданд).
Ана, пешниҳоди ман ҳамин буд…»

пешина
аз 202
навбатӣ