Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аз солҳои 30 миқдори ғазалиёти ошиқона дар эҷодиёти Лоҳутӣ хеле афзудааст. Чунин ғазалҳо аз лиҳози бадеият ҳамон бар системаи образҳои лирикаи ошиқонаи анъанавӣ асос ёфта бошанд ҳам, сиришту табиати қаҳрамони ғаноиву мухотаб, муҳиту манзари ифодаи ҳиссиёт бар рӯҳияи замони нав қарор гирифтааст. Инчунин ҷузъиёте, ки дар ин ғазалҳо асоси шайъиву манзараи ҳиссиётро ташкил медиҳанд, маҳсули замони нав ва муҳити мушаххасанд.
Ҳамин асоси воқеии ҷузъиёт, ки муҳиту манзари тасвирро ташкил намудааст, парвозҳои баланди романтикии ҳиссиётро бо ҷузъиёти воқеии заминӣ, хаёлоти романтикиро бо ангезандаи воқеии ҳиссиёти ошиқона пайвастааст. Аз ин рӯ дар аксари ғазалҳои ошиқонаи Лоҳутӣ ҳам назокату нафосати лирикаи классикӣ нақши равшан дорад ва ҳам хусусиятҳои зебоипарастиву зебоипазирӣ ва ҷаҳонбиниву дунёшиносии шоири тавонои навовар акс андохтаанд. Масалан:
Туро дар худ ниҳон дорад дили ман,
Чунин шодӣ аз он дорад дили ман.
Туӣ бо ӯ ҳамеша, хуш ба ҳолаш,
Чи айши ҷовидон дорад дили ман!
Ту чун моҳи манӣ, дигар чӣ ҳоҷат
Ба моҳи осмон дорад дили ман?!
Фақат номи туро гӯяд, нигаҳ кун,
Чи оташ дар забон дорад дили ман!
Туро дорад дар ин дунёву бе ту
Ғами дунё ба ҷон дорад дили ман…
Ин ғазал намоёнтарин хусусиятҳои аксари ғазалиёти ошиқонаи солҳои 30-юми Лоҳутиро таҷассум намудааст.
Дар матни он таносуби сухан, образҳову таъбироти анъанавӣ ва мутаносибияти онҳо пурра риоя шуда бошад ҳам, вале рӯҳи ғазал, муносибат, оҳангу лаҳни муроҷиати қаҳрамони ғиноӣ ба мухотаб, тарзу усули ифодаи ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ маҳсул ва хоси замону муҳити иҷтимоии нав буда, дар услуби баён нақши қалами Лоҳутӣ акси равшан андохтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё