Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
намуда, аз тавсифи ҳусну ҷамоли вай, аз изҳори шикваву гила ва нолаву лоба аз зулму ситам, ҷавру бевафоӣ, фарёду фиғон аз ҳаҷру фироқи зан даст кашида, чунин тасаввуру тасвири бадеии занро қатъиян рад мекунад, ки ӯ гӯё як махлуқи фавқулъодаи дастнорас бошад:
Ман аз имрӯз зи ҳусни ту буридам сару кор,
То ба девонагиям халқ намоянд иқрор.
Баъд аз ин аз хату холат наҳаросад дили ман,
З-он ки бо ҳусни ту корам набувад дигар бор…
Моҳрӯӣ туву лозим набувад бар гуфтан,
Сарвқаддӣ туву ҳоҷат набувад бар изҳор.
З-ин қибал бештар аз ҳар кӣ тавонам гуфтан,
Лек инҳо ҳама ҳарф асту надорад миқдор…
Лоҳутӣ шууран аз меъёрҳои тавсифи анъанавии зан даст кашида, бар уҳдаи диду назари эстетикии нисбат ба зан бори маъниву ғояи иҷтимоӣ мегузорад, чашми дили худро аз сурат ба сирати ӯ бармегардонад:
Ман ба зебоии беилм харидор наям,
Ҳусн мафрӯш дигар бо ману кирдор биёр.
Дар эҷодиёти давраи Эрону Истанбул ва ҳатто солҳои аввали омадани Лоҳутӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ, хусусан солҳои 20-и қарни гузашта, мазмунҳои ошиқона дар ғазалиёти шоир аслан пайваста ва дар иртиботи қавӣ бо матлабҳои иҷтимоиву маорифпарварӣ ифода мегардиданд, балки образҳову таъбироти ошиқона барои баёни ғояву ҳадафҳои ватандӯстӣ ва миллии озодихоҳӣ, танвири афкори занону духтарон асосан чун манзару заминаи бадеӣ хизмат мекарданд. То солҳои 30 дар эҷодиёти Лоҳутӣ ғазалҳое, ки сар то по мазмуни ошиқонаву маҳрамона дошта бошанд (мисли «Ба роҳи ишқ ҷону дину дилро ҳамсафар бурдам», «Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст», «Диламро бе сабаб озурдаву хастанд чашмонат», Дар пеши ёри хеш зи бегона камтарам», «Нагӯямат, ки чунин кун ва ё чунонам кун» ва ғ.), ками андар каманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё