Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ғазалиёти ошиқонаи Лоҳутӣ ҷиҳати муҳимми услубӣ ифодаи хеле пуршиддат ва муассири эҳсосот аст. Дар онҳо ғалаёни ҳиссиёт ҳар як сухан, ҳар як таъбиру образ ва нидову хитобаро чунон фаро мегирад, ки симои қаҳрамони ғиноӣ чун муҷассамаи зиндаи ҳиссиёти самимӣ ҷилвагар мешавад.
Лоҳутӣ ошиқи зиндагӣ ва дилбохтаи зебоӣ буд. Ӯ то охирин дами ҳаёташ ғазалҳои ошиқонае сурудааст, ки саршори лутфу марҳамати беандоза нисбат ба мухотаб (ҷонона, дилдор, ёр, дилбар) мебошанд. Бубинед, дар ин ғазали ошиқонае, ки ӯ охирҳои умр (с.1954) эҷод кардааст, чи қадар ҳиссиёти самимиву нозук, чи қадар лутфу эҳсон, чи қадар меҳру муҳаббат ғунҷоиш ёфтааст:

Дар ҷону дил аз ҳар нигаҳат рахнаву роҳест,
Қурбони ду чашми сияҳат, ин чӣ нигоҳест?!
Аз дасти ту хун гашта дили зор, дар ин кор
Ҳар нохуни рангини ту рахшанда гувоҳест…
Пурсӣ, ки чӣ рӯзест маро бе маҳи рӯят,
Як ҳарф: ба мӯи ту қасам, рӯзи сиёҳест…

6 Эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ, хоса лирикаи ӯ, дар таърихи адабиёти даврони шӯравии тоҷик падидаи фавқулъода аст. Лоҳутӣ дар давоми тақрибан сӣ сол бо эҷодиёти худ маҷрои таҳаввули шеъри тоҷикиро чун роҳбалади закиву доно ва ҳодии силаҳшӯру тавоно инкишофу вусъат ва нақшу зинат мебахшид. Эҷодиёти ӯ ҳалқаҳои гусастаи силсилаи шеъри замони шӯравии тоҷикро аз шеъри ҳазорсолаи форсиву тоҷикӣ пайванд бахшид.
Устоди бузург Садриддин Айнӣ ба шахсият, истеъдод ва эҷодиёти Лоҳутӣ арҷ мегузошт. Ихлосу эҳтироми ин ду бузургвор ба ҳамдигар аз ибтидои ошноӣ то охири умрашон дар сатҳи олии самимият қарор дошт, ки мукотибаи пайвастаашон аз ин гувоҳӣ медиҳад. Устод Айнӣ аз шиносоӣ бо шеъри «Инқилоби сурх»-и Лоҳутӣ ба ваҷд омада, фавран назираи «Дар оташи ситам ҷигарам шуд кабоби сурх»-ро эҷод карда, дар «Намунаи адабиёти тоҷик» (саҳ.598) ҷой дода буд.

пешина
аз 202
навбатӣ