Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар «Ҷону ҷаҳони наср», ки ба таҳқиқи эҷодиёти Абдулҳамиди Самад бахшида шудааст, усулҳои чеҳранигорӣ, нақди адабӣ, адабиётшиносӣ ва ёддоштнависӣ бо ҳам омадаанд. Ин асар чеҳраи адабӣ ва инсонии Абдулҳамиди Самадро ва ҷойгоҳи ӯро дар насри муосир аз нигоҳи таҳлилҳои тавсифӣ ҷилвагар намудааст. «Пайғамбари ишқ»
симои адабии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро аз дидгоҳи дарку маърифати муаллиф муаррифӣ менамояд. Акнун тасаввур кунед, ки барои мутолиаи маводи ин асарҳо, таҳлилу таҳқиқ ва таълифи онҳо адабиётшинос ва мунаққид чӣ қадар заҳмат кашидааст!
Устоди дигари мо Худоӣ Шарифов соли 2004 ду асари бунёдӣ ба табъ расонид – «Рози ҷаҳон» ва «Назарияи наср», ки ҳар ду дар навъи худ дар адабиётшиносии мо сухани тозаанд.
Олими пуркору нуктасанҷ Абдуманнон Насриддинов (ёдаш ба хайр) дар ин миён мақолаҳое навишт, ки ҳар кадом уқдакушои масоили мубрами адабиёти классики тоҷику форс буд. Қисме аз онҳо дар китоби пурарзиши ӯ «Чиҳил мақола» гирд оварда шудааст, ки дар роҳи танвири афкори адабиётшиносӣ ва маърифати адабии мо хидмати шоиста мекунад.
Заҳматеро, ки Усмонҷон Ғаффоров барои таълифи китоби «Шаҳбози осмони сухан» кашидааст, наметавон нодида гирифт. Дар ин асар, ки усулҳои ҳуҷҷатнигорӣ, ёддоштнависӣ ва таҳлилу таҳқиқ ҳамбаста истифода шудаанд, чеҳраи адабиву инсонии устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ аз бисёр ҷиҳатҳо мукаммалтар гардидааст.
Дар шаш соли сипаришуда олимони адабиётшиноси мо А.Сатторзода, Х.Асозода, Н.Файзуллоев, М.Муллоаҳмадов, Н.Салимов, Ш. Раҳмонов, С.Амирзода, А.Абдусаттор, А.Давронов, А.Аминов низ мақолаву китобҳое ба табъ расонидаанд, ки ба бисёр саҳифаҳои торики адабиёти гузаштаву имрӯзаи мо равшанӣ меандозанд.
Аз мунаққидони ҷавон Мубашшир Акбарзод нисбатан фаъол аст ва тақризу мақолаҳои ҷолиб менависад. Китоби аввалинаш «Сухан з-осмонҳо фуруд омадааст» низ ба табъ расид, ки хеле хонданист.

пешина
аз 202
навбатӣ