Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аз ӯ танҳо таманное дорам, ки худро дар доираи хурдагириҳои ба истилоҳ техникии шеър маҳдуд накунад ва аз он доира фаротар низ биравад.
Шоири хушсалиқа Муҳаммадалии Аҷамӣ, ки гоҳ-гоҳ тақризу мақола менавишт, китоби хондание бо унвони «Тафаккур ва ҳис дар шеър» таълиф намуд, ки дар он чеҳраҳои эҷодии чанд тан аз суханварони шинохтаи моро хеле шоирона тасвир кардааст. Китоб хеле шавқовар ва хонданист, вале аз мутолиаи он илова ба бардоштҳои ниҳоят муфид ду нуктаро мехостам таъкид бикунам. Аввалан, муаллиф кӯшидааст, ки тақрибан аз ҳамаи шоирон ориф созад. Сониян, аз аввал то охири китоб ҳисси «мабодо касеро биранҷонам» бар ӯ тасаллут доштааст.
Чунонки мебинем, нақд ва адабиётшиносии мо дар давраи баъди Анҷумани дувоздаҳуми нависандагон то имрӯз низ хеле фаъол буд. Маҳдудияти фурсат ба мо имкон надод, ки мавзӯъро муфассалтар баррасӣ намоем. Умедворем, ки дар ҷараёни анҷуман ҳамқаламон костагиҳои мулоҳизоти моро мукаммал ва хатоҳоро ислоҳ бикунанд.
соли 2009

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё