Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар чунин ҳолат оё касе ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки аз адабиётшинос ё мунаққид фаъолиятмандӣ, асари хубу арзишманд умедвор шавад ва боз талаб ҳам кунад?
Мунаққидоне, ки таҷрибаи кор ва муошират бо адибонро доранд, хуб медонанд, ки дар аксари мавридҳо барои заҳматашон на ташаккур, балки мазаммат мешунаванд. Зеро аксари шоиру нависандагони мо баъди нашри як-ду маҷмӯаи шеър ё ҳикоя худро ба танқид дастнорас, ҳатто даҳо мепиндоранд ва дар тасаввурашон мунаққид бояд дар хидмати онҳо ва балегӯяшон бошад. Агар мунаққид, Худо накарда, дар мақола ё тақриз аз нуқсону хатоҳои асар ё тарҷума бештар сухан гӯяд, – тамом, вассалом! – як умр дар мақоми душман, ҳадди ақал дар қатори бадхоҳони муаллифи асар ё тарҷумон қарор мегирад. Чунин муносибатро бисёр дидаем ва мебинем.
Бо вуҷуди ин ҳама, дар муҳиту шароити на он қадар содаи имрӯз низ адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ то ҳадди имкон фаъол аст. Ҳар кадом аз мунаққидону адабиётшиносон дар ин давраи аз анҷуман то анҷуман аз рӯи нақшаву завқи худ тақризу мақола ва асарҳои калонҳаҷм эҷод намудаанд ва манзури хонандагон гардонидаанд.
Ба назарам, дар ин шаш соли гузашта дар соҳаи нақду адабиётшиносӣ яке аз пирони кор устод Атахон Сайфуллоев аз ҳамаи ҳамкасбон фаъолтар буд. Дар ин миён, илова ба тақризу мақолаҳое, ки дар ҳафтаномаву маҷаллаҳо ба табъ расиданд, се асари бузургҳаҷми ӯ – «Уфуқҳои тозаи наср», «Ҷону ҷаҳони наср» ва «Пайғамбари ишқ»-ро мутолиа кардам. Асари якум таҳқиқу таҳлили насри 15 соли даврони истиқлолро дар бар мегирад. Муаллиф роману қиссаҳо, ҳикояву очеркҳои ҳам нависандагони маъруф ва ҳам адибони навкорро аз нигоҳи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ баррасӣ карда, аввалин бор кӯшидааст, ки насри даврони истиқлолро аз лиҳози муҳтаво ва жанри асарҳо, ҳунар ва услуби нигорандагии нависандагон мавриди омӯзиш қарор диҳад, тамоюлоти анъанавӣ ва тозазуҳури насри имрӯзи тоҷикро муайян намояд. Дар асар усулҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар ҳамбастагӣ истифода шудаанд.

пешина
аз 202
навбатӣ