Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Камол Насрулло дар як силсила шеърҳое, ки мундариҷаашонро тасвиру тавсифи дарахт, дарё, кӯҳ ва як қатор падидаҳову мавҷудоти табиат, мухотаб қарор додани онҳо ташкил додаанд («Дарахте ҳаст», «Мо чу дарёҳои худ», «Инсон ва дарахт», «Дар канори як дарахт», «Эй дарахт!», «Куҷост боғбон?» «Ману борон», «Ҳамраҳи барг», «Сукути кӯҳ» ва ғ.), ин мавзӯъро бо диду дарки хосса ба шеър кашидааст.
Шахсан ман ҳар гоҳе, ки аз дараи Варзоб ба самти Зидеҳ мегузаштам ва ба кӯҳҳои сарафрохтаи ду ҷониби роҳу дарё менигаристам, маро ҳолате ва андешае фаро мегирифт, ки ҳар кадоме аз он калласанг ё харсангҳо мавҷуди зиндаест, ки дар мақом ва рисолати худ истода, ин роҳу дарё ва роҳгузаронро назора ва ҳифз мекунад. Ваҷоҳати ҳар кадом салобату таҳдиде дорад, ҳар кадом дар вуҷуди худ асроре, гуфтаниеро нуҳуфтааст, ки мо аз онҳо бехабарем, хамӯшии ин кӯҳҳо лабрез аз ёдҳову фарёдҳост. Инак, шеъри «Сукути кӯҳ»-и Камолро мехонаму баёни ҳамон ҳолати хешро дармеёбам:

…Ману ин танҳоӣ…
Гӯш кун, мешунавӣ?
Ки чи овози гароне дорад!
Гӯши ман ношунаво гашта зи фарёди хамӯшӣ,
Ёдҳое, ки маро буд, фурӯ ҳишта дар ин ёди хамӯшӣ.

Оҳ, ин кӯҳи хамӯш –
Сар ба сар фарёд аст!
Нолаи гунги дили пинҳон аст,
Мушти сангини фаромӯшон аст.

Манзумаҳои «Инсон ва алаллоҳ» ва «Модарпаланг», инчунин ашъори дар мавзӯи табиат эҷодкардаи Камол ба андозае дониши махсусро аз муҳаққиқ тақозо мекунанд ва банда аз таҳлили онҳо худдорӣ менамоям.
Тасвирҳои тозаву рӯҳангез дар китобҳои «Фаросӯи нигоҳ» ва «Рӯ ба меҳроби Ватан» фаровонанд.

пешина
аз 202
навбатӣ