Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Сиёвуши Касроӣ дар шеъри «Боғ» (1956) вазъи ноҳинҷори иҷтимоиву сиёсии Эронро дар нимаи солҳои 50- и қарни гузашта тавассути тасвири боғи бесоҳибу хазонгашта чунин баён карда буд:
…Буттаҳо каҷ, Шохаҳо жӯлида, Мурғон дар паноҳи хорҳо.
Булбулон хомӯш, Оҳуҳо ба дом афтода, Гулҳо баргрез…
Решаҳо попечи гулҳо буду гулҳо хоксори гомҳо, Боғ помоли гурӯҳе мардуми бегона буд.
Ҷустуҷӯ кардам, нишон аз боғбонаш хостам, Боғбони боғ қолии хуфта буд.
Нодири Нодирпур айни ҳамон вазъро дар шеъри «Ман он хамӯш дарахтам» ин тавр ифода намудааст:
…Ман он сутург дарахтам, ки дар канораи роҳ
Шикастабол нишастаст чашм бар саҳро.
Ман он хамӯш дарахтам, ки нағма дар ман нест,
Магар ки бод барорад зи ҷони ман ово.
Шикаста соқи ману боз ҳамчунон мондаст
Ниёзи печиши нилуфаре ба пайкари ман.
Шаб омадаст, биё, эй гиёҳи ваҳшихӯй,
Биё, биёву саҳар кун шабе ту дар бари ман.
Чунон ки мебинем, дар ин шеърҳо боғ ва дарахт ба мафҳумҳои фарогире табдил ёфтаанд, ки ташхисонида шуда, бори бузурги маъниҳо ва ҳадафҳои иҷтимоиро мекашанд.
Эҳсоси пайванди ҷониву имонӣ бо ашё ва падидаҳои табиат, ташхисонидани онҳо, аз онҳо рӯҳ гирифтану ба онҳо ҷон бахшидан ба шоир барои баёни ҳолати равонӣ, тасвири муҳити иҷтимоӣ, ифодаи муносибат ба вазъу равандҳои ҷомеа имконоти беҳудуд фароҳам меоварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё