Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Эй Худо, бар мо чунин неру бубахш
Чун дарахти себ будан,
Осмон бар сар чунин зебову бе осеб будан.
(«Гули себ»)
Нигоҳи шоир ба себ дар шеъри «Ин себ» низ ошиқона аст, ки мегӯяд:
Ин бӯву таровате, ки дорад,
Пайғоми муаттари биҳишт аст.
Дар себ бубину зиндагӣ кун,
Зеро ки биҳишт дар сиришт аст.
Камол аз буридаву нобуд шудани арчаҳои ҷангалистони Кӯли калон (мавзеъ дар саргаҳи рӯди Уречи деҳистони Панҷрӯд) ба сутӯҳ меояду нола мекунад («Дар сӯгвории ҷангалҳои буридаи Кӯли калон»), гӯиё гум шудани пайвандони наздики худро менолида бошад.
Тасвиру таъкиду талқини ҳамсониву ҳамҷонии инсон ва мавҷудоту махлуқоти табиат дар шеъри муосири тоҷикӣ ва форсӣ, метавон гуфт, ба ҳукми анъана даромадааст. Баробари рӯз то рӯз мубрамтар шудани масъалаи муҳити зист инсон вобастагии ҳастии худро ба табиат ва пайванди ногусастаниашро бо мавҷудоту махлуқоти муҳит бештар эҳсос мекунад. Аз ҷониби дигар, ҳолатҳои рӯҳониву равонии дилмондагӣ аз муҳити иҷтимоъ аксаран шоирро ба муҳити табиат ҳидоят мекунад. Дар ҳолатҳое, ки ӯ аз ҷумлаи ҳамҷинсони худ, аз инсонҳо, аз ҷомеаи инсонҳо нишоне аз ҳамфаҳмӣ, ҳамдардӣ, ғамшарикӣ ва ҳамдилӣ намебинаду эҳсос намекунад, вуҷуд ва ҳастии худро ба аҷсому ҳаводиси табиат мепайвандад, аз ҷумлаи онҳо барои худ мухотаберо мепазирад ва ба он аз дарду алам ва пиндору эҳсосоташ роз мегӯяд. Ин падида дар шеъри русии ибтидои асри 20 (А.Блок, В.Маяковский, С.Есенин ва ғ.) хеле маъмул буд, инчунин дар эҷодиёти шоирони навҷӯи Эрон, мисли Сиёвуши Касроӣ («Боғ», «Табиати нимаҷон», «Шабнам», «Ғазал барои дарахт», «Ман он хамӯш дарахтам» ва ғ.) ва Нодири Нодирпур («Такдарахт», «Дарахте дар андешаи ман», «Дарахту кабӯтар», «Дарахт мегӯяд», «Нигоҳи ошиқонае ба дарахт», «Дарахт ва ман»…) ба як мавзӯи муҳим ва василаи ифодаи андешаҳои иҷтимоӣ табдил ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё