Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ин ду китоб дар эҷодиёти Камол Насрулло як марҳалаи тамоман тозаро намудор карда, беш ва пеш аз ҳама шаҳодат аз он медиҳанд, ки шоир ба маслаки ватандӯстии худ садоқатманд аст ва дар айни замон пайваста ҳунари суханварияшро сайқал медиҳад, доираи назар ва мавзӯъро дар шеър тавсиа мебахшад. Баёни равшан, сухани ҳадафманд, эҳсосоти баланд ва муҳаббати бегазанди шоир ба зиндагӣ арзиши ин китобҳоро ба маротиб меафзоянд.
P.S. Ҳангоме ки ин мақола навишта шуд, Камол Насрулло манзума-албоми «Ман ту ҳастам, Тоҷикистон»-ро омодаи чоп кард ва аз банда хоҳиш намуд, ки пешгуфторе барои муаррифии ин китоб бинависам. Инак, матни он пешгуфтор манзур мешавад.
Тоҷикистонро шоирон ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар даврони истиқлол бисёр сурудаанду ситудаанд, биноан мепиндоштам, ки дар ин мавзӯъ сухане тоза гуфтан ва маъние бикр бар гуфтаҳо афзудан амрест ниҳоят муҳол. Вале ин манзума, ки аз силсилашеърҳо фароҳам омадааст, бароям як падидаи шигифтовар ва ҳайратангезест. Хушбахтона, ба Камол Насрулло муяссар гардидааст, ки чеҳраи таърихиву кунунӣ, арзишҳову муқаддасоти моддиву маънавӣ, ниҳоду сиришти тоҷику Тоҷикистонро аз дидгоҳи нав бубинад, ниёзу таманниёти ҳар ватандорро – аз сарвар то коргар, аз бузург то хурд – тавассути тавсифу тасвир ва лобаву ниёишҳои шоирона иброз дорад. «Ман ту ҳастам, Тоҷикистон!»
– бо ҳисси ифтихор ва масъулият хитоб мекунад шоир ва ин Ватани азиз, ин сарзамини озарини меҳрро дар дилу вуҷуди хеш фаро мегирад, балки худро, яъне ҳар тоҷикро, тимсоли Тоҷикистон медонад. Ӯ дар варақи сангҳо сарнавишти сангини миллаташро мехонад. Ва дар чунин андеша аст, ки мо бояд «аз ниҳоди сангҳо симои худро» ва «аз варои сангҳо фардои худро» биёбем. Мо бояд пайкари худро аз ин кӯҳҳои сангин падид орем. Ва дар ин тасвири мармуз як ҷаҳон маъниро гунҷоиш медиҳад. Дилгармӣ, рӯҳбаландӣ ва бовари шоир хонандаро фаро гирифта, ба ояндаи нек ҳидоят мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё